Главная / Маданият ва санъат / Амал кардан ба суннахои Расул (с)

Амал кардан ба суннахои Расул (с)

Амал кардан ба суннахои Расул (с)

Расули акрам (с) фармуданд: хар ки дуст дорад аз умматони ман сунатхои маро, бас ба тахкик дуст доштааст маро ва хар ки дуст дорад маро, дар бихишт хамрохи ман бошад.

Овардаанд, ки хар касе хохиши ба хоб дидани чамоли мубораки Расул (с) дошта бошад, ба мухаббати замон ба суннатхои Расули акрам (с) машгул шавал ва салавоти шарифро бисёр гуяд.

Расули акрам (с) фармуданд: касе чизеро дуст дорад, зикри уро бисёр кунад. Суннати Пайгамбар, яъне пайравии Пайгамбар кардан чи кореро, ки у карда аст, уро ичро кардан аст..

Овардаанд, ки шахсе назди Расул (с) омада гуфт: – Ё Расулаллох (с), шаходат медихам ба ягонагии Худои таъоло ва шаходат медихам бар хак будани Пайгамбарии шумо ва панч вакт намозро ба вакти худ мегузорам. Ва рузаи мохи шарифи рамазонро медорам ва закоти молро медихам, чи савоб бошад маро?

Расул (с) гуфтанд, хар ки ба ин корхое зикр карди амал кунад, рузи киёмат хамрохи пайгамбарон ва сиддикон ва шахидон махшур гардад. Агар бар падару модар ок набошад. Агар оки волидайн бошад, аз хама савоб махрум гардида аз даргохи Илохи дур бошад.

Ривоят кунанд, ки рузе Расули акрам (с) хамрохи сахобагон нишаста, хадисе аз дуст доштани дунё намуданд. Гайр аз Самома бинни Зайд, хамаи сахобагон гиря карданд.

Самома (р) гуфт: – Ё Расулаллох, дили ман сахт шудааст. Расули акрам (с) дасти мубораки худро ба дили Самома нихода гуфт: берун шав, эй душмани Худо. Яъне, эй шайтон, аз дили у дур шав! Он гох Самома (р) ба гиря даромад.

Расули акрам (с) фармуданд, ки сахтии чашм аз сахтии дил аст ва сахтии дил аз бисёрии гунох аст. Ва бисёрии гунох аз фаромуш кардани марг аст ва фаромуш кардани марг аз кор кардани бисёр аст ва кор кардани бисёр аз дуст доштани дунё аст. Ва дуст доштани дунё сари хамаи гунохон аст.

Илохо, ба хурмати Расули акрам (с) ба хамаи бандагони муьмин ва муъминот тавфики бар по доштани суннати хазрати Сайидулмурсалин (с)-ро арзони дошта, аз дуст доштани дунё панох дихи, омин.

Инчунин кобед

neft

Конун дар бораи нафту газ

Конуни Чумхури Tочикистон  “Дар бораи нафту газ” 18 марти соли 2015, №1190 кабул карда шудааст, …