Главная / Чамъият / Амали кардани хукук ба рухсатии мехнатии харсола хангоми аз кор озод намудан

Амали кардани хукук ба рухсатии мехнатии харсола хангоми аз кор озод намудан

Моддаи 118-и Кодекси Мехнат. Амали кардани хукук ба рухсатии мехнатии харсола хангоми аз кор озод намудан

  1. Хангоми аз кор озод намудан, новобаста аз асосхои мавчуда ба корманде, ки рухсатии мехнатии худро кисман ё пурра истифода набурдааст, чубронпули дода мешавад.
  2. Хангоми бекор кардани шартномаи мехнати бо хохиши корманд рухсатии мехнатии харсолаи истифоданашуда ба у бо шарти аз кор озод кардан пас аз ба итмом расидани рухсати дода мешавад. Дар ин холат санаи аз кор озод шудан рузи охирини рухсати хисоб карда мешавад.
  3. Хангоми аз кор озод шудан бинобар ба охир расидани мухлати шартномаи мехнати рухсати бо шарти баъд аз рухсати аз кор озод гардидан вакте дода шуда метавонад, агар мухлати рухсати пурра ё кисман аз мухлати шартномаи мехнати бештар бошад. Дар ин холат амали шартномаи мехнати то ба охир расидани рухсати дарозкардашуда ба хисоб меравад.
  4. Чубронпули барои рухсатии пурраи мехнати дар сурате пардохт карда мешавад, ки агар корманд то рузи аз кор озод шудан дар тамоми соли кори кор карда бошад. Агар то рузи аз кор озод шудан корманд як кисми соли кори мехнат карда бошад, чубронпули мутаносибан ба вакти кори кардашуда пардохт карда мешавад.
  5. Чубронпули барои рухсатии мехнатии истифоданашуда хангоми аз кор озод кардан дар рузи озодкуни пардохт карда мешавад.

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …