Главная / Чамъият / Амалхо оид ба эътироз ё шикояти назоратии воридшуда

Амалхо оид ба эътироз ё шикояти назоратии воридшуда

Моддаи 188-и Кодекси хукуквайронкунии маъмури. Амалхо оид ба эътироз ё шикояти назоратии воридшуда

  1. Эътироз ё шикояти назорати баъди ба суди дахлдор ворид шудан бо тартиби мукарраргардида барои барраси ба судяи хамин суд супорида мешавад. Эътироз ё шикояти назорати бояд дар мухлати  бист шабонаруз барраси карда шавад. Эътироз ё шикояти назорати амали карори тахти эътироз ё шикоят кароргирифтаро бозмедорад.
  2. Судяе, ки шикоят ё эътирозро барраси менамояд, парвандаи хукуквайронкунии маъмурии дахлдорро аз суди поёни талаб мекунад.
  3. Судя эътироз ё шикояти назоратиро омухта, яке аз карорхои зеринро кабул менамояд:

– дар бораи беканоат монондани эътироз ё шикояти назорати;

– дар бораи огоз кардани пешбурди назорати ва ба баррасии суди мархилаи назорати додани эътироз ё шикояти назорати.

  1. Карори судя бояд маълумоти зеринро дар бар гирад:

– сана ва махалли кабул кардани карор;

– номи суд, насаб, ном ва номи падари судяе, ки карорро кабул кардааст;

– насаб, ном ва номи падари шахсе, ки шикоят ё эътирози назоратиро пешниход намудааст;

– ишора ба санадхои судии мавриди шикоят ва эътироз кароргирифта;

– асосхои кабули карор.

  1. Раиси Суди Олии Чумхурии Точикистон ва муовинони у, раисони Суди Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, судхои вилояти ва суди шахри Душанбе хукук доранд бо карори судя дар бораи беканоат монондани эътироз ё шикояти назорати рози нашаванд. Дар ин маврид шахсони номбурда карори судяро бекор карда, мутобики сархати дуюми кисми 3 хамин модда карор мебароранд. Эътирози Раиси Суди Олии Чумхурии Точикистон бевосита дар суди мархилаи назорати барраси мегардад.
  2. Нусхаи карор ба шахси эътирозоварда ё шикояткарда равон карда мешавад.

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …