Главная / Чамъият / Алокаи почта

Алокаи почта

КОНУНИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН  

Дар бораи алокаи почта

  Мачлиси намояндагон кабул намуд – 4 июни соли 2003

Мачлиси милли чонибдори намуд – 16 июли соли 2003

(Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, с. 2003, №8, мод. 462; с. 2004, №5, мод. 341;

с. 2007, №7, мод. 684; с. 2014, №7, к. 2, мод. 412, мод. 413; Конуни ЧТ аз 14.11.2016 с., №1370)

Конуни мазкур асосхои хукукии танзими фаъолиятро дар сохаи ташкил, амал ва инкишофи алокаи почта дар Чумхурии Точикистон мукаррар намуда, ваколати макомоти идораи давлати ва танзими фаъолияти мазкур, инчунин хукук ва ухдадорихои шахсони вокеи ва хукукиро, ки дар ин фаъолият иштирок менамоянд ё аз хизмати алокаи почта истифода мебаранд, муайян менамояд. 

pochta-tajik

Боби 1. Мукаррароти умумИ

Моддаи 1. Таъиноти алокаи почта

Алокаи почта кисми чудонашавандаи инфраструктураи иктисоди ва ичтимоии Чумхурии Точикистон мебошад ва дар каламрави он чун комплекси ба хам пайванди истехсолию хочаги, ки барои конеъ гардонидани эхтиёчот ва талаботи шахсони вокеи ва хукуки, макомоти давлати ва идоракуни, ки ба хизмати алокаи почта пешбини шудааст, амал менамояд.

Моддаи 2. Мафхумхои асоси

Дар Конуни мазкур мафхумхои асосии зерин истифода мешаванд:

алокаи почта – намуди алокае, ки аз комплекси ягонаи истехсолию технологии воситахои техники ва наклиёти иборат буда, кабул, коркард, кашонидан, бурда расонидан (супоридани) муросилоти почта, инчунин тахвили маблагхои пулиро ба воситаи почта таъмин менамояд;

худуди ягонаи алокаи почта – худуде, ки дар он меъёрхо ва коидахои ягона дар сохаи алокаи почта амал карда, комплекси ракамгузории иншоотхои алокаи почтаро дар каламрави Чумхурии Точикистон, тартиби ягонаи ба расмият даровардан, кабул, коркард, кашонидан ва бурда расонидани (супурдани) хама намудхои муросилоти почтаро мукаррар менамояд;

алокаи байналмилалии почта – мубодилаи муросилоти почта дар байни ташкилотхои алокаи почта, ки дар доираи хукукии давлатхои гуногун карор доранд;

хизмати алокаи почта – амал ё фаъолият оид ба расмият даровардан, кабул, коркард, кашонидан, бурда расонидани (супоридани) муросилоти почта, инчунин ба амал баровардани тахвили маблагхои пули ба воситаи почта;

хизмати универсалии алокаи почта – мачмуи хизмати алокаи почта, ки барои конеъ гардонидани истифодабарандагони алокаи почта чихати табодулоти муросилоти почта дар каламрави Чумхурии Точикистон ва берун аз он бо нархи дастрас;

хизмати гайрианъанави – мачмуи хизмате, ки операторони алокаи почта ба истифодабарандагон дар асоси шартнома пешниход менамоянд;

тахвили маблагхои пули бо почта – хизмати ташкилотхои алокаи почтаи давлати оид ба расмият даровардан, кабул, кашонидан (тахвил), бурда расонидани (супурдани) маблагхои пули бо истифода аз шабакахои алокаи почта;

оператори миллии алокаи почта – шахси хукукие, ки дар асоси ичозатнома хизмати алокаи почтаро хамчун намуди асосии фаъолият, аз чумла хизмати универсалии алокаи почтаро  ба амал мебарорад;  (КЧТ аз 14.11.16 с., №1370)

операторони алокаи почта – шахсони вокеи ва хукукии хама гуна шаклхои ташкиливу хукуки, ки дар асоси ичозатнома хизмати алокаи почтаро пешниход мекунанд;  (КЧТ аз 14.11.16 с., №1370)

воситахои алокаи почта – бинохо, иншоотхо, манзилхои гайриистикомати, тачхизотхо ва наклиёти алока, ашёи номи, мошинхои тамгазани, лифофахои почта, кортхои почта ва зарфхои почта, ки барои хизмати алокаи почта истифода мешаванд;

иншооти алокаи почта – кисмхои чудокардашудаи ташкилоти алокаи почта, почтамтхо, почтамтхои назди рохи охан, шуъбахои боркашонии истгоххои назди рохи охан ва фурудгоххо, узелхои алокаи почта, инчунин сохторхои таркибии онхо (шуъбахои алокаи почта, нуктахои алокаи почта ва дигархо);

ташкилоти алокаи почта – шахси хукукии хамагуна шаклхои ташкиливу хукуки, ки дар асоси ичозатнома хизмати алокаи почтаро ба сифати намуди асосии фаъолият пешниход мекунад;  (КЧТ аз 14.11.16 с., №1370)

ташкилотхои давлатии алокаи почта – ташкилотхои давлати, почтамтхо, узелхои алока ва сохторхои таркибии онхо, ки ба чараёни ягонаи истехсоливу технологи чихати расонидани хизмати алокаи почта ба кор андохта шудаанд ва дар базаи моликияти давлати ташкил ёфтаанд;

шабакаи алокаи почта – мачмуи иншоотхо, аз чумла, маршрутхои харакати почта, ки хизмати алокаи почтаро ба чо меоранд;

муросилоти хатти – мактубхо (одди, фармоиши бо эълони нарх), кортхои почта (одди, фармоиши), секограммахо (муросилоти почта, ки танхо барои нобинохо пешбини мешавад), бастахои когази (одди, фармоиши бо эълони нарх) ва покетхои хурд;

сурогаи почта – чое, ки барои истифодабарандагони хизмати оператори алокаи почта барои расонидани (супоридани) муросилоти почта ва тахвилоти почта муайян кардаанд;

индекси почта – аломатхои шартии ракамии сурогаи почта, ки ба иншооти алокаи почта дода мешавад;

ашёи номи – штамп барои дар хуччатхо ва муросилоти почта гузоштани накше, ки дар он номи иншооти алокаи почта, санаи кабул ва бурда расонидани муросилоти почта ё маълумоти дигар зикр шудааст;

аломатхои давлатии пардохти алокаи почта – маркахои почта, ки ба муросилоти почта гузошта мешаванд ва пардохта шудани хизмати алокаи почтаро тасдик менамоянд, блокхо, лифофахои маркадор, кортхои почта;

мошини тамгазананда – мошине, ки барои дар муросилоти хатти гузоштани аломати давлатии маркаи почта пешбини гардида, пардохти хизмати алокаи почта, санаи кабули муросилоти мазкур ва дигар маълумотро тасдик мекунад;

куттии почтаи абоненти – куттии махсуси кулфкардашаванда, ки барои аз тарафи муштари гирифтани муросилоти почта пешбини карда шудааст;

сандуки почтаи абоненти – сандуки махсус бо куттичахои кулфкардашаванда, ки дар бинохои истикомати, инчунин дар участкахои бурдарасони барои аз тарафи абонентхо гирифтани муросилоти почта гузошта мешавад;

куттии почта – куттии махсуси кулфкардашаванда, ки барои чамъ кардани мактубхои одди ва кортхои почта пешбини шудааст;

муросилоти почта – муросилоти хаттии ирсолшаванда, муросилахо (одди, фармоиши, бо эълони арзиш), тахвилоти пули ба воситаи почта;

хаткашон – корманди чудокардашудаи алокаи почта, ки муросилоти почта ва нашрияи давриро ба ташкилотхо, муассисахо ва хонахо бурда мерасонад;

истифодабарандагони хизмати алокаи почта – шахсони вокеи ва хукуки, ки аз хизмати алокаи почта истифода мебаранд;

транзити муросилоти почта – харакати муросилоти байналмилалии почта ба дигар давлатхо ба воситаи каламрави Чумхурии Точикистон.

Моддаи 3. Конунгузории Чумхурии Точикистон дар сохаи алокаи почта

Конунгузории Чумхурии Точикистон дар сохаи алокаи почта ба Конститутсияи Чумхурии Точикистон асос ёфта, аз Конуни мазкур, дигар санадхои меъёрию хукукии Чумхурии Точикистон ва санадхои хукукии байналмилалие, ки Чумхурии Точикистон эътироф кардааст, иборат мебошад.  (КЧТ аз 14.11.16 с., №1370)

Моддаи 4. Принсипхои фаъолият дар сохаи алокаи почта

Фаъолият дар сохаи алокаи почта дар Чумхурии Точикистон дар асоси принсипхои зерин ба амал бароварда мешавад:

– риояи конуният;

– дастрас будани хизмати алокаи почта ба хамаи шахсони вокеи ва хукуки;

– расонидани хизмати универсали дар каламрави Чумхурии Точикистон бо назардошти риояи хукуки истифодабарандагони хизмати алокаи почта;

– озодии транзити муросилоти почта дар каламрави Чумхурии Точикистон ва таъмини хамкорихои алокаи почтаи чумхури бо корхонахои байналмилалии алокаи почта;

– мусоидати самаранок ва ракобати одилона дар бозори алокаи почта ба манфиати шахсони вокеи ва хукуки;

– мухайё кардани шароити мусоид барои чалби сармоягузории дохили ва хоричи дар сохаи алокаи почта;

– таъмини хукуки хар кас ба махфияти ахбороти почта;

– таъмини устувори ва идорашавандагии шабакаи алокаи почта;

– таъмини коидахо, стандартхо, талабот ва меъёрхои ягонаи алокаи почта;

– дастрас будани воситахои алокаи почта хангоми ичрои вазифахо дар сохаи идоракунии давлати, таъмини мудофиа ва бехатарии Чумхурии Точикистон, инчунин дар холатхои фавкулодда.

 

Боби 2.

Идоракунии давлатИ, назорат, ТАНЗИМ ВА ИЧОЗАТНОМАДИХИ

дар соХаи алокаи почта

(КЧТ аз 14.11.16 с., №1370)

 

Моддаи 5. Идоракунии давлати дар сохаи алокаи почта

 

Идоракунии давлатии фаъолиятро дар сохаи алокаи почта дар Чумхурии Точикистон хукумати Чумхурии Точикистон ва Хадамоти алокаи назди Хукумати Чумхурии Точикистон дар сохаи алокаи почта ба амал мебароранд. (КЧТ аз 26.07.14с., №1116)

 

Моддаи 6. Ваколатхои хукумати Чумхурии Точикистон

 

Салохияти хукумати Чумхурии Точикистон дар сохаи алокаи почта аз инхо иборатанд: (КЧТ аз 26.07.14с., №1116)

– муайян ва чори кардани сиёсати давлати дар сохаи алокаи почта;

– тасдики барномаи инкишофи алокаи почта ва фарохам овардани шароитхои зарури барои сармоягузори;

– коркард ва ба амал баровардани барномахои зиддиинхисори ва хусусигардони дар сохаи алокаи почта;

– тасдики номгуи мавод ва ашёхое, ки бо муросилоти почта фиристодани онхо манъ карда шудааст;

– тасдики номгуи хизмати универсалии алокаи почта;

– дигар ваколатхое, ки аз конунгузории Чумхурии Точикистон бармеоянд.

 

Моддаи 7. Ваколатхои Хадамоти алокаи назди Хукумати Чумхурии Точикистон дар сохаи алокаи

                   почта

(КЧТ аз 26.07.14с., №1116)

 

Хадамоти алокаи назди Хукумати Чумхурии Точикистон дар сохаи алокаи почта ваколатхои асосии зеринро ичро менамояд: (КЧТ аз 26.07.14с., №1116)

– тахияи сиёсати ягонаи давлати дар сохаи алокаи почта мутобики принсипхое, ки дар Конуни мазкур баён шудаанд;

– татбики хамин сиёсат бо максади бо хизмати алокаи почта васеъ фаро гирифани фаъолияте, ки ба тараккиёти иктисоди ва ичтимоии Чумхурии Точикистон нигаронида шудааст;

– тахияи лоихахои конунхо, барномахои давлати ва дигар санадхои меъёрию хукуки барои мувофики тартиби мукарраршуда ба рох мондани фаъолият дар сохаи алокаи почта;

– фарохам овардани шароитхои мусоид барои сармоягузории хоричи ва дохили ба сохаи алокаи почта, мухайё кардани мухити ракобат дар байни операторон бо максади таъмини дастрас будани намудхои нисбатан нави хизмати алокаи почта ба истифодабарандагон;

– бурдани гуфтушунидхо доир ба масъалахои алокаи почта ва бастани шартномахои дахлдор бо дигар давлатхо мувофики тартибе, ки конунгузории Чумхурии Точикистон мукаррар кардааст;

– ба сифати маъмурияти ягонаи алокаи почта дар доираи корхонахои минтакави ва байналмилали ба рох мондани фаъолият дар сохаи алокаи почта;

– тайёр кардани ракамгузории иншоотхои алокаи почтаи Чумхурии Точикистон;

– муайян кардани намунахо, номиналхо, адади нашр, намудхои лифофахои тамгадори почта ва мухлати амали маркахои почтаи давлати;

– ичрои дигар вазифахое, ки ба алокаи почта тибки Конуни мазкур ва дигар санадхои меъёрию хукукии Чумхурии Точикистон вогузор карда шудаанд.

 

Моддаи 8. Макоми танзим дар сохаи алокаи почта

 

Танзими фаъолият дар сохаи алокаи почта аз тарафи макоми  ваколатдори Чумхурии Точикистон доир ба танзими алока ба амал бароварда мешавад.

Вазъ ва сохтори ташкилии макоми ваколатдори Чумхурии Точикистон оид ба танзими алока аз тарафи хукумати Чумхурии Точикистон муайян карда мешавад.

 

Моддаи 9. Ваколатхои макоми ваколатдори танзими алока

 

Макоми ваколатдори танзими алока дар доираи салохиятхои худ вазифахои зеринро ба амал мебарорад:

– додани ичозатномахо барои фаъолият дар сохаи алокаи почта;  (КЧТ аз 14.11.16 с., №1370)

– якчоя бо макоми давлати оид ба сиёсати зиддиинхисори андешидани чорахо барои пешгири кардани фаъолияте, ки ба ракобат дар сохаи алокаи почта нигаронида шудааст;

– танзими тарифхо ва сифати хизмати алокаи почта мутобики талаботи Конуни мазкур;

– тасдики тарифхо ба хизмати операторони алокаи почта барои хизмати алокаи почта, ки дар бозор бартари доранд;

– назорати риояи талаботи стандартхо, коидахо, санадхои меъёри, санадхои меъёрии хукуки ва ичрои шарту талаботи ичозатномаи додашуда(КЧТ аз 14.11.16 с., №1370)

– назорати риояи ракамгузории иншоотхои алокаи почта дар Чумхурии Точикистон;

– мукаррар намудани тартиби аники танзим ва халли ихтилофхое, ки байни операторони алокаи почта, инчунин байни операторони алокаи почта ва истифодабарандагони хизмати алокаи почта пайдо мешаванд.

Карорхои макоми ваколатдор барои хамаи субъектхои алокаи почтаи танзимшаванда, сарфи назар аз шакли моликияташон, хатми мебошанд.

 

Моддаи 10. Ваколатхои макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати дар сохаи алокаи

                     почта

(КЧТ аз 26.07.14с., №1116)

 

Макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати: (КЧТ аз 26.07.14с., №1116)

– ба ташкилотхои алокаи почта барои дар худуди худ чой додани иншоотхои алокаи почта мусоидат менамоянд, дархостхои ин ташкилотхоро дар хусуси барои почта чудо кардани хонахо ё мавриди сохтани бинохо чудо кардани чой барои шуъбахои алокаи почта дар онхо ба инобат мегиранд ва дигар масъалахои чойгиркунонии иншоотхои алокаи почтаро барраси менамоянд;

– ба тачхизонидани иншоотхои алокаи почта бо воситахои механикони, автоматикунони ва иттилоотони, ки барои фаъолияти пурсамар ва вусъат бахшидан ба хизматрасони ба шахсони вокеи ва хукуки заруранд, мусоидат менамоянд;

– тартиби кори иншоотхои алокаи почта ва хизматрасони ба муштариёни хизмати алокаи почтаро бо назардошти хусусиятхои кори иншоотхои мазкур хамоханг месозанд;

– ба ташкил ва дастгирии кори мустакими маршрутхои махаллии почта мусоидат мекунанд, ба операторони алокаи почта барои расонидани муросилоти почта ба махалхои душворгузари ахолинишин дар мухлатхои мукарраршудаи назорати бурда расонидани онхо ёри мерасонанд;

– ба ташкилотхои алокаи почта дар таъмини нигахдории муросилоти почта ва маблагхои пулие, ки бо маршрутхои почта кашонида ва расонида мешаванд, мусоидат мекунанд;

– ба ташкилотхои алокаи почта барои чойгиркунонии куттихои почта дар худуди худ, таъмини нигахдории ташкилотхое, ки аз хонахои истикомати истифода мебаранд, дар холати кори нигох доштани куттихои почтаи абоненти ва сандукхои почтаи абоненти ёри мерасонанд.

Макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати дар махалхо хукук доранд ба макоми давлати дар бораи инкишофи шабакаи алокаи почта дар худуди худ таклифу дархостхо пешниход намоянд. (КЧТ аз 26.07.14с., №1116)

 

Моддаи 11. Ичозатномадихи дар сохаи алокаи почта

(КЧТ аз 14.11.16 с., №1370)

 

Ичозатномадихи дар сохаи алокаи почта тибки талаботи Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи ичозатномадихи ба баъзе намудхои фаъолият» амали карда мешавад.  (КЧТ аз 14.11.16 с., №1370)

 

Боби 3.

Фаъолият дар соХаи алокаи почта

 

Моддаи 12. Намудхои алокаи почта дар Чумхурии Точикистон

 

Дар Чумхурии Точикистон намудхои зерини алокаи почта амал мекунанд:

– алокаи почтаи истифодаи умуми, ки аз тарафи ташкилтхои давлатии алокаи почта, инчунин дигар операторони алокаи почта  ба амал бароварда мешавад;

– алокаи махсус- кабул ва бурда расонидани муросилоти махсус, махфи, ки дар асоси санадхои меъёрию хукуки ва дастурхои махсус;

– алокаи давлатии фелдегери, ки онро чузъхои хизмати давлатии фелдегери мутобики Конуни Чумхурии Точикистон “Дар бораи алокаи фелдегери ” ба амал мебароранд. (КЧТ аз 26.07.14с., №1116)

 

Моддаи 13. хукукхои операторони хизмати алокаи почта

 

Операторони алокаи почта хукук доранд:

– доир ба кабули обуна, пахн намудани матбуоти даври, додани нафака ва ёрдампулихо, кабули пардохт барои хизмати коммунали ва дигар хизмате, ки конунгузории Чумхурии Точикистон манъ накардааст, хизмати иловаги пешниход намоянд;

– мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон бонки гайридавлати таъсис диханд;

– мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон барои сармоягузори бо максади истифодаи самараноки ташкилотхои алокаи почта оид ба расонидани хизмати алокаи почта шароитхои зарури фарохам оваранд;

– нисбат ба амали гайриконунии шахсони вокеи ва хукуки тибки конунгузории Чумхурии Точикистон шикоят намоянд.

 

Моддаи 14. Ухдадорихои операторони хизмати алокаи почта

 

Операторони алокаи почта ухдадоранд:

– ба истифодабарандагони хизмати алокаи почта хизмат расонанд;

– дар асоси ичозатнома ва коидахои тасдикгардидаи почта оид ба расонидани хизмати алокаи почта фаъолият намоянд;  (КЧТ аз 14.11.16 с., №1370)

– мувофики стандартхои мукарраргардида, коидахо ва меъёрхои мавчуда сифати хизматрасониро таъмин намоянд;

– махфияти мукотибаро нигах доранд;

– ба макоми ваколатдори муковимат ба конунигардонии (расмикунонии) даромадхои бо рохи чиноят бадастоварда ва маблаггузории терроризм дар бораи ахд ва амалиёти шубханок хабар диханд. Чунин амал фошкунии махфияти мукотиба хисоб намеёбад;(КЧТ аз 26.07.14с., №1115)

– нигахдории муросилоти почтаро таъмин намоянд;

– ба истифодабарандагон дар бораи шартхо ва тартиби расонидани хизмати алокаи почта, аз чумла дар бораи тагйирот дар тарифхо барои хизмати алокаи почта сари вакт маълумоти муфассал диханд;

– товони зарарро барои ичро накардан ё мувофики табъ ичро накардани хизмати алокаи почта, инчунин барои нарасонидан ё бо сифати гайри кобили кабул расонидани хизмат мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон пардозанд.

Операторони алокаи почта мутобики Конуни мазкур ва дигар санадхои меъёрию хукукии Чумхурии Точикистон дар назди истифодабарандагони хизмати алокаи почта чавобгарии модди низ дошта метавонанд.

 

Моддаи 15. Хукукхои истифодабарандагони хизмати алокаи почта

 

Истифодабарандагони хизмати алокаи почта хукук доранд:

– ба дастрасии хизмати алокаи почтаи истифодаи умуми;

– ба хизмати саривакти ва хушсифати операторон мутобики коидахои тасдикшудаи алокаи почта;

– ба гирифтани муросилоти почта бо сурогаи истикоматии худ ба воситаи куттихои почтаи абоненти дар дахлезхои бинои истикомати, бо нишонии чои кор ё дархости;

– даст кашидан аз хизмати алокаи почта мутобики коидахои тасдикшудаи алокаи почта;

– ба гирифтани товони зарар, чуброни зиёни маънави дар натичаи нарасонидан ё бо сифати номувофик расонидани хизмати алокаи почта;

– ба макомоти давлати ё суд мурочиат кардан дар сурати вайрон кардани хукуки онхо.

Истифодабарандагони хизмати алокаи почта мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон дигар хукукхоро низ дошта метавонанд.

 

Моддаи 16. Ухдадорихои истифодабарандагони хизмати алокаи почта

 

Истифодабарандагони хизмати алокаи почта ухдадоранд:

– коидахои тасдикшудаи истифода аз хизмати алокаи почтаро риоя намоянд;

– хакки хизмати алокаи почтаро сари вакт пардозанд;

– ба амале, ки ба паст шудани сифати кори алокаи почта оварда мерасонад, ба дигар истифодабарандагони хизмати алокаи почта ё ба коркуноне, ки бо коркарди муросилоти почта, ки бар асари ба муросилоти почта андохтани ашё ва маводи барои фиристонидан манъбуда ё ба сабаби риоя накардани коидаи борбанди зиён меоварад, даст назананд;

– куттихои абонентиро дар холати кори нигох доранд, дар сурати корношоямии онхо муросилоти почтаро, ки ба сурогаи онхо расидааст, аз ташкилотхои алокаи почта гиранд.

Истифодабарандагони хизмати алокаи почта мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон дигар ухдадорихоро низ дошта метавонанд.

 

Моддаи 17. Тарифхои хизмати алокаи почта

 

Тарифхо барои хизмати алокаи почта, ба истиснои хизмат аз руи шартнома аз тарафи макоми давлати бо мувофика бо макомоти давлатии зиддиинхисори тавассути муайян кардани тарифхо ё хадди охирини онхо мувофики тартиби чори ва дар асоси принсипхои зерин ба кор андохта мешаванд:

– тарифхои хизмати алокаи почта, ба истиснои хизмати универсали, бояд ба арзиши аслии онхо наздик бошанд ва ба ташаккули муносибатхои бозоргони ба хотири рушди ракобат мусоидат намоянд;

– тарифхо бояд бо нарххои асосии байналмилали бо назардошти то хадди нихои конеъ гардонидани талаботи шахрвандони чумхури ба хизмати алокаи почта мувофик бошанд;

– тарифхо набояд ба ракобати боинсофонаи дигар тахвилкунандагони хизмати алокаи почта дар бозори хизмати алокаи почта таъсири манфи расонанд;

– мавриди муайян кардани тарифхо бояд таъинот ва тавсияхои Иттиходи умумичахонии почта, ки Чумхурии Точикистон узви он мебошад, ба назар гирифта шаванд.

Тарифхо барои хизмат аз руи шартнома ва дигар хизмате, ки характери гайрианъанави дорад, аз тарафи ташкилотхо ва операторони алокаи почта дар асоси шартнома мукаррар карда мешаванд.

 

Моддаи 18. Махфияти мукотиба

 

Махфияти мукотиба, дигар муросилоти ба воситаи шабакаи алокаи почта фиристодашуда тибки конунгузории Чумхурии Точикистон хифз карда мешавад.

Ташкилотхои алокаи почта мувофики тартиби мукарраргардида хукук доранд аз муросилоти почта мутобики номгуи ашё барои ирсол бо муросилоти почта ашёхои барои тахвил манъшударо гиранд.

Ташкилотхои алокаи почта хукук доранд дар сурати номумкин будани бурда расонидани муросилот ё ба сурогаи дигар равон кардани онхо бо сабаби набудани нишонии фиристанда ва муштари онхоро кушоянд.

Тартиби кушодани муросилоти почта, инчунин аз он берун баровардани андухтахои барои тахвил манъбуда ва муросилоти почтае, ки муштарии худро наёфтаанд, аз тарафи макоми давлати дар сохаи алокаи почтаи Чумхурии Точикистон мукаррар карда мешавад.

Ташкилотхои алокаи почта ухдадоранд дар бораи ичрои ахд ва амалиёти шубханоки муштариёни худ (кушиши анчом додани ахд ва амалиёти шубханок) фавран ба макоми ваколатдори муковимат ба конунигардонии (расмикунонии) даромадхои бо рохи чиноят бадастоварда ва маблаггузории терроризм хабар диханд. (КЧТ аз 26.07.14с., №1115)

Фош намудани маълумот аз чониби ташкилотхои алокаи почта риоя нашудани талаботи махфияти мукотиба ва дигар муросилоти ба воситаи шабакаи алокаи почта фиристодашуда хисоб намеёбад. (КЧТ аз 26.07.14с., №1115)

 

Моддаи 19. Идоракунии шабакаи алокаи почта дар холатхои фавкулодда

 

Дар холатхои фавкулодда идоракунии шабакаи алокаи почтаро  Хадамоти алокаи назди Хукумати Чумхурии Точикистонбо вазоратхо, идорахо ва бо макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати амали мегардонанд. (КЧТ аз 26.07.14с., №1116)

Дар холатхои фавкулодда макоми ваколатдор сарфи назар аз тобеияти идори ва шакли моликият тавре ки конунгузории Чумхурии Точикистон муайян кардааст, ба истифодаи бартари аз шабакахои алокаи почта хукук дорад.

Чуброни зараре, ки ба хар як оператори алокаи почта дар холатхои фавкулодда расонида шудааст, мувофики тартиби мукаррарнамудаи Хукумати Чумхурии Точикистон пардохта мешавад.

 

Моддаи 20. Сифати хизмати алокаи почта

 

Талаботхои асоси ба сифати хизмати алокаи почта инхоанд:

– расонидани хизмати алокаи почта дар тамоми каламрави Чумхурии Точикистон бо хукукхои баробари фарохам овардани чунин хизмат барои хамаи истифодабарандагони хизмати алокаи почта;

– аз тарафи ташкилотхои давлатии алокаи почта таъмин намудани фаъолияти иншоотхои алокаи почта мутобики тартибе, ки барои истифодабарандагони хизмати алокаи почта мувофик аст, бо ба инобат гирифтани хусусиятхои технологияи алокаи почта;

– аз тарафи операторони алокаи почта мутобики талаботи стандартхои байналмилали таъмин намудани сифати зарурии хизматрасонии алокаи почта;

– бо маълумоти саривакти дар бораи хизмати алокаи почта таъмин намудани истифодабарандагони хизмати алокаи почта.

Талабот ба сифати хизмати алокаи почтаро, ки  операторони шабакаи алокаи почта пешниход мекунанд, макоми ваколатдор ба танзими алока муайян менамояд.

Талабот ба сифати хизмати алокаи почта дар асоси талаботхои  истифодабарандагон ба шароитхои тараккиёти техники ва ичтимои-иктисодии Чумхурии Точикистон ба амал бароварда мешавад.

 

Моддаи 21. Таъмини нигахдории муросилоти почта ва маблагхои пули

 

Ташкилотхо ва операторони алокаи почта вазифадоранд амнияти муросилоти почта ва маблагхоеро, ки аз истифодабарандагони хизмати алокаи почта кабул кардаанд, таъмин намоянд.

Бо максади таъмини нигахдории иншоотхои алокаи почта, муросилоти почта  ва маблагхои пули операторони алокаи почта хукук доранд кисмхои бехатарии почта ва посбонхои тобеи идорави ва воситаи махсуси мухофизатро тибки тартиби пешбининамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон дошта бошанд.

Ташкилотхо ва операторони алокаи почта якчоя бо идорахои манфиатдори тобеъ амнияти иншоотхои алокаи почта, наклиёти почта ва кормандони ташкилотхои алокаи почта, инчунин мухофизати муросилоти почта ва маблагхои пулиро таъмин менамоянд, чорахои пешгирии ходисахои гумшави, тасарруфи муросилоти почта ва маблагхои пулиро меандешанд, риояи махдудиятхоро дар мавриди тахвили мавод ва ашёхои манъкардашударо ба воситаи шабакаи алокаи почта зери назорат мегиранд.

 

Моддаи 22. Хизмати универсалии алокаи почта

 

Хизмати универсалии алокаи почта аз тарафи оператори милли дар шакли ирсоли мактубхо, кортхои почта, бандеролхо ва покетхои хурд бо нархи арзони пасттар аз арзиши асли пешниход карда мешавад.

Хизмати универсалии алокаи почта бо нархи пасттар аз арзиши аслии он, ки бо макоми давлатии зиддиинхисории Чумхурии Точикистон мутобик кунонида шудааст, мутобики руйхати пешниходшудаи хизмати мазкур расонида мешавад.

(К.3 бо КЧТ аз 26.07.14с., №1116 хорич карда шуд)

Операторони алокаи почта, ки хизмати универсалии алокаи почтаро пешниход менамоянд, вазифадоранд стандартхои сифати пешниходнамудаи хизмати универсалии алокаи почтаро риоя кунанд.

Тартиби пушонидани харочоти оператори алокаи почтаро чихати расонидани хизмати алокаи почта ба ахоли, ки аз маблаги воридот аз пардохти хизмати алока зиёд аст, хукумати Чумхурии Точикистон муайян менамояд.

 

Моддаи 23. Истифодаи забонхо дар фаъолияти алокаи почта

 

Тибки конунгузории Чумхурии Точикистон дар ташкилотхои  алокаи почтаи Чумхурии Точикистон коргузории хизмати бо забони давлати ба рох монда мешавад.

Сурогаи фиристанда ва гирандаи муросилоти почта дар худуди Чумхурии Точикистон ба забони давлати ва ё ба забони руси навишта мешавад.

Муросилоти байналмилалии почта тибки шартномахои байналмилалии Чумхурии Точикистон тахия ва корбаст мешаванд.

 

Моддаи 24. Вакти хисобу хисобот

 

Мавриди ба амал баровардани фаъолияти алокаи почта дар равандхои технологии ташкилотхои алокаи почта, сарфи назар аз чойгиршавии онхо, вакти ягонаи хисобу хисобот вакте мебошад, ки дар Чумхурии Точикистон амал мекунад.

Дар алокаи байналмилалии почта вакти хисобу хисобот мувофики шартномахои байналмилалии Чумхурии Точикистон муайян карда мешавад.

 

Боби 4.

Таъмини фаъолият дар соХаи алокаи почта

 

Моддаи 25. Чойгиркунонии иншоотхо ва воситахои алокаи почта

 

Ба заминхои шабакаи ташкилотхои алокаи почта заминхое мансубанд, ки барои истифода ба операторони алокаи почта барои ба амал баровардани вазифахои дар назди онхо гузошташуда чихати истифодабари, нигахдори, сохтмон, азнавсози, тармими иншоотхои шабакаи ташкилотхои алокаи почта пешниход гардидаанд.

Китъахои замин барои иншоотхои алокаи почта мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон чудо карда мешаванд.

Ташкилотхои давлатии алокаи почта вазифадоранд иншоотхои алокаи почтаро мувофики меъёрхои технологи дар назди истгоххои автомобили, рохи охан ва фурудгоххо чой гиронанд.

Макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати дар махалхо вазифадоранд  ташкилотхои давлатии алокаи почтаро дар бинохои истикомати ё дигар бинохое, ки ба меъёрхои технологи мувофиканд, ройгон чойгир намоянд. (КЧТ аз 26.07.14с., №1116)

 

Моддаи 26. Истифодаи воситахои наклиёт барои кашонидани муросилоти почта ва воситахои пули

 

Ба ташкилотхои алокаи почта хукук дода мешавад, ки дар асоси шартнома муросилоти почта ва воситахои пулиро бо хамаи маршрутхо ва роххои автомобили, рохи охан, наклиёти хавои хамрохи коркунони ташкилотхои алокаи почта кашонанд ё муросилоти почтаро барои кашонидан бо шарти чавобгари ба ихтиёри корхонахои наклиёти вогузоранд.

Макомоти давлати дар сохаи наклиёти рохи охан мувофики шартнома рафтуомади поезди почтаву багочро ташкил мекунад, вагонхои почтаро ба хайати поездхои мусофиркаши мепайвандад ва кабули поездхоро бо вагонхои почта дар платформахое, ки барои боркунию борфарори мувофиканд, ба рох мемонад. Ба хорич кардани вагонхои почта аз поездхои зудгард ва мусофиркаш бе розигии ташкилотхои алокаи почта рох дода намешавад. (КЧТ аз 26.07.14с., №1116)

Наклиёти ташкилотхои алокаи почта бояд нишонахои махсуси фарккунандаи худро дошта бошад. Наклиёти алокаи почта ба сифати нишони фарккунанда дар партави ранги кабуд рахи сафеди диагонали бо аломати ташкилот навиштачоти “Почта” дошта бошад ва оператори миллии алокаи почта иловаги, бо бонгу чарогакхои махсуси шуълаафкан мучаххаз карда шавад. Наклиёти почта хукук дорад бо хамаи кучахои махалхои ахолинишин ва роххои Чумхурии Точикистон бемамониат харакат кунад.

Наклиёти ташкилотхои давлатии алокаи почта барои расонидани хизмати алокаи почта ва ичрои корхое, ки ба фаъолияти мукарраршудаи алокаи почта дахл надорад, бе розигии ин ташкилотхо чалб карда намешавад.

Рафтуомади наклиёти почтаи ташкилотхои давлатии алокаи почта то иншоотхои алокаи почта ва комплекси боркаше, ки дар назди истгоххои автомобили, рохи охан, фурудгоххо чой гирифтаанд, барои табодули муросилоти почта, ки бо наклиёти автомобили, вагонхои  поезд, киштихои хавои оварда шудаанд, дар навбати аввал ройгон ба амал бароварда мешавад.

 

Моддаи 27. хукуки моликият ба воситахои алокаи почта

 

Иншоотхо ва воситахои алокаи почта дар Чумхурии Точикистон моликияти давлати ва хусуси буда метавонанд. Номгуи иншоотхо ва воситахои алокаи почтаро мутаалик ба моликияти давлати танхо хукумати Чумхурии Точикистон муайян менамояд. хама сохибони иншоотхо ва воситахои алока хукуки баробар дошта тибки конунгузории Чумхурии Точикистон хифз карда мешаванд.

Воситахои алокаи почта ва дигар моликият барои бурдани корхои хочаги ва идоракунии фаври тибки конунгузории Чумхурии Точикистон ба ихтиёри ташкилотхои давлатии алокаи почта дода мешаванд.

 

Моддаи 28. Маблаггузории фаъолияти корхонахои давлатии алокаи почта

 

Манбаъхои маблаггузории ташкилотхои давлатии алокаи почта инхоанд:

– даромадхое, ки аз расонидани хизмати алокаи почта гирифта мешаванд:

– маблагхое, ки аз расонидани хизмат аз руи шартномахо мувофики Конуни мазкур, инчунин аз дигар фаъолияте, ки конунгузории Чумхурии Точикистон манъ накардааст, ба даст меоянд;

– аз хисоби Бучети давлати барои пушондани харочотхои операторони алокаи почта оиди расонидани хизмати универсалии алокаи почта ба ахоли, ки аз маблаги пардохти хамин хизмат зиёд аст.

Макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати дар махалхо метавонанд маблаггузории фаъолияти ташкилотхои алокаи почтаро амали намоянд. (КЧТ аз 26.07.14с., №1116)

 

Боби 5.

Мукаррароти хотимавИ

 

Моддаи 29. Хамкории байналмилали

 

Дар фаъолияти байналмилали Хадамоти алокаи назди Хукумати Чумхурии Точикистон хамчун маъмурияти ягонаи алока дар фаъолияти байналмилали баромад мекунад ва дар доираи салохияте, ки мувофики созишномахои байналмилали пешбини гардидааст, зимни хамкорихо бо маъмурияти алокаи мамлакатхои дигар ва ташкилотхои байналмилалии алока, аз манфиатхои Чумхурии Точикистон дар сохаи алокаи почта намояндаги мекунад ва химояи онро ба амал мебарорад, хамзамон ин намуди фаъолиятро, ки аз тарафи хамаи шахсони вокеи ва хукуки ба рох монда мешавад, хамоханг месозад. (КЧТ аз 26.07.14с., №1116)

Чумхурии Точикистон хамчун узви Иттиходи умумичахонии почта ба худуди ягонаи почта барои табодули муросилоти почта дохил мешавад ва транзити озоди онхоро дар каламрави худ кафолат медихад.

Пардохти хакки узвият барои иштироки Чумхурии Точикистон дар фаъолияти ташкилотхои байналмилалии алокаи почта хатман аз тарафи давлат маблаггузори карда мешавад.

 

Моддаи 30. Чавобгари барои вайрон кардани Конуни мазкур

 

Шахсони вокеи ва хукуки барои вайрон кардани Конуни мазкур тибки конунгузории Чумхурии Точикистон ба чавобгари кашида мешаванд

 

Моддаи 301. Аз эътибор сокит донистани баъзе санадхои конунгузории Чумхурии Точикистон

 

Конуни Чумхурии Точикистон аз 27 декабри соли 1993 «Дар бораи алока» (Ахбори Шурои Олии Чумхурии Точикистон соли 1994, №1, мод. 24), кисми VII Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи дохил кардани тагйироту иловахо ба баъзе санадхои конунгузории Чумхурии Точикистон» (Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон соли 1997, №9, мод. 117), кисми ХХIХ Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи ворид намудани тагйироту иловахо ба баъзе санадхои конунгузории Чумхурии Точикистон» (Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон соли 1997, №23-24, мод. 333) аз эътибор сокит дониста шавад.

 

Моддаи 31. Мавриди амал карор додани Конуни мазкур

 

Конуни мазкур пас аз интишори расми мавриди амал карор мегирад.

 

 

Президенти

Чумхурии Точикистон                                          Э. РАХМОНОВ

 

ш. Душанбе, 1 августи соли 2003

№ 39

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

Ташкилёбии хизбхои сиёси дар ИМА

Хизбхои сиёси дар хаёти ИМА макоми хосса доранд. Дар ибтидои асри XIX дар мамлакат гуруххои …