Главная / Чамъият / Алокаи барки

Алокаи барки

КОНУНИ  ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН

 Дар бораи алокаи барки

(Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, с. 2002,№4, к.2, мод. 323; с. 2006, №3, мод. 156;с. 2008, №3, мод. 198, №12, к.2, мод. 996; с. 2013, №12, мод. 891; Конунхои ЧТ аз 25.12.2015 с., № 1271; аз 15.03.2016 с., №1301)

Конуни мазкур асосхои хукукии танзим ва идоракунии фаъолият дар сохаи бунёд, амал ва рушди алокаи баркрро дар Чумхурии Точикистон мукaррар намуда, салохияти макомоти идораи давлати ва танзими сохаи мазкур, инчунин хукук ва ухдадорихои шахсони вокеи ва хукукиро, ки дар ин кор иштирок мекунанд ё аз хизмати алокаи барки истифода мебаранд, муайян мекунад.

nurek-ges

БОБИ I.

МУКАРРАРОТИ УМУМИ 

Моддаи 1. Таъиноти алокаи барки

Алокaи барки кисми чудонопазири инфраструктураи иктисоди ва ичтимоии Чумхурии Точикистон мебошад ва дар каламрави он чун чузъи ба хам алокаманди комплекси истехсолию хочаги, ки барои конеъ гардонидани эхтиёчот ва талаботи шахсони вокеи ва хукуки, макомоти хокимияти давлати ва идори ба хизмати алокаи барки нигаронида шудааст, амал мекунад.

Моддаи 2. Мафхумхои асоси

Дар Конуни мазкур мафхумхои асосии зерин истифода бурда мешаванд:

«алокаи барки» хар навъи интикол ё кабули нишонхo, ишоратхо, матни хатти, тасвирхо, овозхо ё хар намуди иттилоот тавассути симхо, радиооптика ё системахои дигари электромагнити;

«шабакаи алокаи барки» системахои интикол ва тачхизоти коммутатсиони ё самти интикол ва дигар манбаъхое, ки ба воситаи симхо, радио, воситахои оптики ё дигари электрони, аз чумла шабакоти радифи, шабакахои кайдшуда (коммутатсияи хати алока ва покати, хамзамон Интернет ва 1Р-телефони) ва сайёри замини, шабакахои барои радиошунавони ва телевизион истифодашаванда, хамчунин шабакахои кабели, ки новобаста аз намуди иттилооти интиколшаванда ишоратхоро тахвил медиханд;

«хизматрасонии алокаи барки» махсули фаъолияти оператор ва провайдер оид ба кабул, интикол, коркарди ишоратхо ва дигар намудхои иттилоот тавассути шабакахои алокаи барки;

«тачхизоти нихои» воситахои техники ё дастгоххое, ки тавассути хати абоненти ё бо истифода аз тачхизоти сими, оптикию нахи ва электромагнити ба шабакаи алокаи барки пайвастшуда, ки истифодабаранда бо ёрии онхо метавонад иттилоотро интикол дихад, дигаргун созад ё кабул кунад;

«пайвандкунии байнишабакави» амали мутакобилаи технологии байни шабакоти алокаи баркии операторони гуногуни алокаи барки, ки кабулу .интиколи иттилоотро дар байни истифодабарандагон таъмин менамояд;

«тачхизоти радио» тачхизоти баркии интиколкунанда ё кабулкунандае, ки ба воситаи он интиколи иттилоот бе ягон хати алокаи сими ба амал бароварда мешавад;

«спектри радиобасомад» мачмуи мавчхои электромагнитии (радиомавчхо бо зудии дар худуди аз ЗкГс то 3000 ГГс) дар фазо бе истифода аз мавчбари сунъи пахншаванда, ки хангоми ташкили радиоалока, эфири телевизиони ва радиошунавони ва дигар мавридхои интиколи ишоратхои барки бе пайваcти чисми истифода карда мешаванд;

«воситахои алока» дастгоххои техники, тачхизот, иншоот ва системахое, ки барои ташаккул, коркард, интикол, кабул ва коммутатсияи ишоратхои электромагнити ва оптики истифода карда мешаванд;

«оператори шабакаи алокаи барки» шахси вокеи ё хукуки, ки сохиби шабакаи алокаи барки буда, кору амал, рушди онро таъмин менамояд ва хизмати алокаи баркиро ба чо меорад;

«провайдери хизмати алокаи барки» шахси вокеи ё хукуки, ки дар асосхои тичорати ба воситаи шабакаи операторон ба истифодабарандагон хизмати алокаи барки мерасонанд:

«хизмати универсали» мачмуи хизмати алокаи баркии истифодаи умум, ки ба хама гуруздаи истифодабарандагон, аз чумла хукуки дастрас будан ба хизмати алокаи телефони ва телеграф, хизмати иттилооти ва справкадихи, хизмати телефонхои худкори истифодаи умум барои тахдили бепули зангхо ба хадамоти садамави расонида мешавад;

«истифодабарандаи хизмати алокаи барки» шахси хукуки ё вокеи, ки аз хизмати алокаи баркии истифодаи умум истифода мебарад ва ё пурсищ ба амал меоварад;

«шабакаи алокаи хукумати» шабакаи махсуеи алока, ки тахвили маълумоти дорои сирри давлатиро таъмин менамояд ва ба манфиати идории давлат дар замени осоишта ва холати чанги фаъолият мекунад;

«симкорт» модули хаммонандсози (идентификатсиони) буда, дар хотираи он иттилоот дар бораи хизматрасони, маълумоти муайянкунандаи истифодабарандаи хизмати алокаи барки чойгир карда шуда, пешниходи хизматрасонии оператори шабакаи алокаи баркиро таъмин менамояд;

«хуччатхои тасдиккунандаи шахсияти шахси вокеи ва ё хуччатхои таъсисии шахси хукуки» хуччатхои пешниходшаванда хангоми пайвастшави ба шабакаи алокаи барки барои шахси вокеи шиноснома – (барои шахсони бешахрванд – шаходатномаи бакайдгири) ва барои шахсони хукуки шаходатнома дар бораи бакайдгирии давлати мебошанд; (КЧТ аз 28.12.13с., №1047)

«системаи ракамгузори» тартиби таксим ва ракамгузори (моc кардани ракамхо ё нишонхо) байни операторон, провайдерхо ва тачхизоти нихоии истифодабарандагон;

«плани ракамгузори» ракамтузории мушаххаси байни операторон, провайдерхо ва тачхизоти нихоии истифодабарандагон.

 

Моддаи 3. Принсипхои фаъолият дар сохаи алокаи барки

 

Фаъолият дар сохаи алокаи барки мутобики принсипхои зерин ба амал бароварда мешавад:

– ба хамаи шахсони вокеи ва хукуки баробар дастрас будани   инфраструктураи хозиразамону самаранок ва хизматрасонии алокаи барки;

– мусоидат ба ракобати самаранок ва озод дар бозори алокаи барки ба манфиати истифодабарандагон;

– мухайё кардани шароити мусоид барои чалби сармоягузорони хоричи дар сохаи алокаи барки;

– фарохам овардани шароит нисбати дастрас будани шабакоти истифодаи умуми ва пайвандхои байнишабакоти, ки кафолати холисона, ошкоро, рох надодан ба поймолкунии хукук, таъмини шароитхои баробар дар бозор ва имконияти алокаро байни истифодабарандагон медихад;

– мусоидат ба расонидани хизматхои анъанавии боэътимод ва баландсифати алокаи барки,

– чори намудани шаклхои нави хизматрасони ва таъмини мутобикати шабакахои алокаи барки бо шабакахои байналмилалии алокaи барки;

– мухайё кардани хизматрасонии универсалии алока дар каламрави Чумхурии Точикистон бо дарназардошти хусуеиятхо ва шароитхои милли;

– махфуз доштани ахбороти исгифодабарандагон аз тарафи операторони шабакахои алокаи барки;

– дастрас будани шабакахои алокаи барки дар вазъиятхои фавкулодда ва барои ичрои вазифахо дар сохаи идоракунии давлати, таъмини мудофиа ва амнияти Чумхурии Точикистон ва хифзи тартиботи хукуки.

 

Моддаи 4. Конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи алокаи барки

 

Конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи алокаи барки ба Конститутсияи (Сарконуни) Чумхурии Точикистон асос ёфта, аз Конуни мазкур, санадхои меъёрию хукукии Чумхурии Точикистон ва санадхои хукукии байналмилалие, ки Чумхурии Точикистон эътироф кардааст, иборат мебошад.

 

БОБИ II.

ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТИ ДАР СОХАИ АЛОКАИ БАРКИ

 

Моддаи 5. Идоракунии давлати дар сохаи алокаи барки

 

Идоракунии давлатии фаъолият дар сохаи алокаи барки ва радиобасомадхоро дар Чумхурии Точикистон Хукумати Чумхурии Точикистон ва макомоти ваколатдори давлати дар сохаи алокаи барки ба амал мебароранд.

 

Моддаи 6. Ваколатхои Хукумати Чумхрии Точикистои

 

Ваколатхои Хукумати Чумхурии Точикистон дар сохаи алокаи барки:

гузаронидани сиёсати давлати дар сохаи алокаи барки;

фарохам овардани шароити зарури барои чалби инвеститсияхо;

тахия ва ба амал баровардани барномаи гайриинхисори ва хусусигардони дар сохаи алокаи барки;

– тасдики Тартиб ва талаботи пайвастшави ба шабакаи алокаи барки ва хизматрасонихои вобаста ба он;    (КЧТ аз 25.12.15с., №1271)

– тасдики Тартиби хизматрасони ва истифодабарии алокаи радифи; (КЧТ аз 25.12.15с., №1271)

тасдики номгуи намудхои хизмати универсали.

Хукумати Чумхурии Точикистон мувофики конунгузории Чумхурии Точикиетон ваколати танзими фаъолиятро дар сохаи алокаи барки ба макомоти ваколатдори давлати дар сохаи алокаи барки, макомоти ваколатдори давлати оид ба назорат ва танзим дар сохаи алокаи барки ва дигар макомоти хокимияти ичроияи Чумхурии Точикистон дар доираи салохияте, ки Конуни мазкур ба онхо додааст, вомегузорад.

 

Моддаи 7. Ваколатхои макомоти ваколатдори давлати дар сохаи алокаи барки

 

Ба макомоти ваколатдори давлати дар сохаи алокаи барки ваколатхои асосии зерин дода шудааст:

– тахияи сиёсати ягона дар сохаи алокаи барки дар Чумхурии Точикистон мутобики принсипхое, ки дар Конуни мазкур ифода ёфтаанд;

– татбики сиёсати мазкур ба максади вусъати фарогири бо хизмати алокаи барки барои таъмини эхтиёчоти рушди иктисоди ва ичтимоии Чумхурии Точикистон;

– тахияи лоихахои конунхо ва дигар санадхои меъёрию хукуки, инчунин стандартхо, меъёрхо ва коидахои баамалбарории фаъолият Дар сохаи алокаи барки тибки тартиби мукарраршуда;

– мухайё кардани шароити мусоид барои чалби сармоягузории хоричи ва ватани ба сохаи алокаи барки ва ба вучуд овардани мухити ракобат барои операторон ва провайдерхо бо максади таъмини даcтрас будани шаклхои нисбатан пешкадaми хизматрасонии алокаи барки барои истифодабарандагон;

– бурдани гуфтугухо оид ба масъалахои алокаи барки бо давлатхо ва хукуматхои дигар, инчунин бастани шартномахо дар сурати додани ваколатхои дахлдор;

– ба амал баровардани фаъолият дар доираи ташкилотхои минтакави ва байналмилали дар сохаи алокаи барки ба сифати маъмурияти алокаи ягона;

– ичрои дигар вазифахое, ки мутобики Конуни мазкур ва дигар cанадхои меъёриву хукуки ба ухдаи он гузошга шудааст.

 

БОБИ Ш.

ТАНЗИМКУНИ ДАР СОХАИ АЛОКАИ БАРКИ

 

Моддаи 8. Макомоти ваколатдори давлати оид ба назорат ва танзим дар сохаи алокаи барки

 

Назорат ва танзими фаъолият дар сохаи алокаи барки аз чониби макомоти ваколатдори давлати оид ба назорат ва танзим дар сохаи алокаи барки ба амал бароварда мешавад.

Таъсисдихи, вазъи хукуки ва сохтори ташкилии макомоти ваколатдори давлати оид ба назорат ва танзим дар сохаи алокаи барки аз чониби Хукумати Чумхурии Точикистон муайян карда мешавад.

(КЧТ аз 20.03.08 с., №379)

 

Моддаи 9. Вазифахои макомоти ваколатдори давлати оид ба назорат ва танзим дар сохаи алокаи барки

 

Макомоти ваколатдори давлати оид ба назорат ва танзим дар сохаи алокаи барки дар доираи ваколатхои худ мутобики Конуни мазкур вазифахои зеринро ба амал мебарорад:

– ракобати озоди (самаранок ва одилонаи) байни операторони алокаи баркиро, аз чумла ба тарики тасдики коида ва дастурхои дахлдор назорат ва танзим менамояд;

– ба хамаи истифодабарандагон баробар дастрас будани шабакоти алокаи баркии иcтифодаи умумро дар асоси хизматрасонии хушсифат ва риояи махфузияти ахборот, инчунин хифзи сирри маълумоти хусусиро дар бораи истифодабарандагон таъмин менамояд;

– ба хотири мудофиа ва амнияти миллии Чумхурии Точикистон, хифзи тартиботи хукуки ва дар вазъиятхои фавкулодда ичрои ухдадорихоеро, ки ба операторони алокаи баркии иcтифодаи умум гузошта шудаанд, таъмин менамояд;

– холат ва инкишофи шабакоти алокаи баркии иетифодаи умум ва хизматрасонии алокаи баркии иетифодаи умумро назорат мекунад;

– ба иcтифодаи радиобасомадхо дар диапазонхое, ки бо истифода аз онхо операторон ва провайдерон хизмати алокаи баркиро мерасонанд, ичозат медихад ва онхоро танзим менамояд;

– риояи пайвастшави ба шабакаи алокаи барки, хизматрасонихо ва истифодабарии он, инчунин хизматрасони ва истифодабарии алокаи радифиро санчиш ва назорат намуда, чихати ичрои талаботи мукарраргардида чорахои дахлдор меандешад;(КЧТ аз 25.12.15с., №1271)

– накшаи ракамгузории миллии алокаи Чумхурии Точикистон (аз он чумла рамзхои байнишахpи ва байналмилали)-ро тартиб медихад ва назорати ичрои онро ба амал мебарорад, иcтифодаи самараноки ракамхо, инчунин чудо кардани ракамхо ё диапазоннои ракамхоро ба операторони алокаи барки таъмин менамояд;

-сифати хизматхои алокаи баркии расонидашаванда ва холати техникии воситахои алокаи баркиро зери назорат мегирад.

 

Моддаи 10. Ваколатхои макомоти ваколатдори давлати оид ба назорат ва танзим дар сохаи алокаи барки

 

Барои ба амал баровардани вазифахои худ ба макомоти ваколатдори давлати оид ба назорат ва танзим дар сохаи алокаи барки ваколатхои зерин дода мешаванд:

– гузаронидани сертификатсия, додани сертификати мутобикат ба тачхизот ва хизмати алокаи барки (ё тартиби иcтифодаи сертификата давлатхои дигар), инчунин ба дигар воситахои техники, радиобасомадхои шуоъафкан ё манбаи мавчхои баландбасомади электромагнитие, ки дар Чумхурии Точикистон истифода мешаванд;

– якчоя бо макоми давлатии сиёсати зиддиинхиеори андешидани тадбирхои гирифтани пеши рохи фаъолияте, ки ба мукобили ракобат дар сохаи алокаи барки равон карда шудааст;

– танзими  сифати хизматрасонии шабакахои алокаи барки мувофики мукаррароти Конуни мазкур;

– танзими шароити иcтифодаи якчояи (пайвандхои байнишабакотии) шабакоти алокаи баркии иcтифодаи умум аз тарафи операторони алокаи барки;

– назорати риояи талаботи стандартхо, коидако, асноди меъёри ва ичрои шартхои ичозатномаи додашуда;

– чамъовари ва таъмини махфузияти иттилооти ба дастомада дар мавридхои зарури, ирсоли натичахои санчиш ва дигар маводи марбут ба онхо бо тартиби муайяннамудаи конун ба макомоти дахлдор;

– ба амал баровардани назорати мувофикати фаъолияти шахсони вокеи ва хукуки, ки ба истифодабарии басомадхо ичозат гирифтаанд, ба мукаррароти ин ичозатномахо, ошкор ва бартараф кардани ишоратхо ва радиохалалхои беичозат;

– ба вучуд овардан, инкишоф додан ва истифодаи системаи давлатии назорати радио, ки системаи ба хам алокаманди воситахои техникии назорати радиои дар каламрави Чумхурии Точикистон буда, ба гузаронидани ченкунии умумии истифодаи каналхо ва китъаи радиобасомадхо, тафтиши сифати техники ва истифодабарии радиоишоратхои интиколшаванда, ошкор ва фарк кардани радиофиристонихои беичозат ва манбаъхои шуоъафкании баландбасомади электромагнити, радиохалалхо имконият медихад; (КЧТ аз 20.03.08 с., № 379)

– кабул, нашр ва назорати ичрои лозимаи коидахо, нишондодхои методи, дастурамалхо ва дигар санадхое, ки барои ба амал баровардани ваколати худ заруранд;

(КЧТ аз 25.12.15с., №1271)

– мукаррар кардани тартиби мушаххаси халли ихтилофхое, ки байни операторони алокаи барки, инчунин операторони алокаи барки ва истифодабарандагони хизмати алокаи барки руй медиханд;

– ичрои дигар вазифахо ва ваколатхо мутобики Конуни мазкур ё дигар санадхои меъёрию хукукии Чумхурии Точикистон.

Карорхои макомоти ваколатдори давлати оид ба назорат ва танзим дар сохаи алокаи барки барои хамаи cубъектхои танзимшаванда дар сохаи алокаи барки сарфи назар аз шакли моликияташон хатми мебошанд.

 

Моддаи 11. бо КЧТ аз 20.03.08 с., №379 хорич карда шуд

 

Моддаи 12. Комиссияи давлати оид ба радиобасомадхои Чумхурии Точикистон

 

Бо максади тархрези ва татбики сиёсати ягона дар Чумхурии Точикистон дар сохаи таксим ва истифода аз спектрхои радиобасомад, таъмини мутобикати электромагнитии воситахои радиоэлектронии хамаи истифодабарандагон ва хифзи хукукии манфиатхои давлат дар Иттифоки байналмилалии алокаи барки аз тарафи Хукумати Чумхурии Точикистон Комиссияи давлати оид ба радиобасомадхои Чумхурии Точикистон созмон дода мешавад.

Комиссияи давлати оид ба радиобасомадхои Чумхурии Точикистон фаъолияти худро дар асоси Низомномае, ки Хукумати Чумхурии Точикистон тасдик мекунад, ба рох мемонад.

 

Моддаи 13. Вазифахои Комиссияи давлати оид ба радиобасомадхои Чумхурии Точикистон

 

Комиссияи давлати оид ба радиобасомадхои Чумхурии Точикистон вазифахои зеринро амали мегардонад:

– банакщагирии истифодаи самаранок ва бехалал аз спектри радиобасомадхои чамъияти, ба шумули истифодаи хусусии онхо;

– ба вучуд овардани Накщаи миллии таксими радиобасомадхо;

– хамохангсозии насби хама намудхои радиостансияхо дар каламрави чумхури бо максади истифодаи окилонаи мавкеъхои мавчуда;

– тахияи тавсияхо ва тартиби истифода аз спектри радиобасомад;

– тархрезии консепсияи дарозмуддати инкишофи системаи спектри радиобаеомад дар Чумхурии Точикистон;

– тахияи мавкеъ ва мусоидат кардан дар мавриди намояндаги аз манфиатхои Чумхурии Точикистон дар гуфтушунидхои байналмилали оид ба масъалахои спектрхои радиобасомад.

Карорхо дар нисбати насби радиоетансияхо танхо бо ризояти Комиссияи давлати оид ба радиобасомадхои Чумхурии  Точикистон кабул карда мешаванд.

 

Моддаи 14. Хукукхои Комиссияи давлати оид ба радиобасомадхо дар Чумхурии Точикистон

 

Комиссияи давлати оид ба радиобасомадхои Чумхурии Точикистон хукук дорад:

– карорхои пештар кабулкардаи Комиссияи давлатиро оид ба радиобасомадхои Чумхурми Точикистон дар бораи таксими басомадхо бекор кунад;

– манъ кардани истифода аз радиобасомадхо дар каламрави Чумхурии Точикистон дар сурати вайрон кардани тартибе, ки барои истифодаи онхо мукаррар шудааст;

– бекор ё манъ кардани тахия ва истехсоли дастгоххо ва воситахои радио, ки ба талаботи мукарраркардаи техники чавобгу нестанд.

 

Моддаи 15. Танзими истифодаи спектрхои радиобасомад

 

Спектри радиобасомад моликияти Чумхурии Точикистон мебошад. Тартиби танзими истифодаи спектри радиобасомад аз тарафи Хукумати Чумхурии Точикистон мукаррар карда мешавад.

Истифода аз спектри радиобасомад бо максади истифодабари аз шабакахои алокаи барки ва расонидани хизмати алокаи барки аз тарафи шахсони вокеи ва хукуки дар асоси ичозатномаи дахлдор мутобики Накшаи миллии таксимоти радиобасомадхо амали карда мешавад. (КЧТ аз 20.03.08 с., №379)

Ичозатнома ба истифода аз спектри радиобасомад хамзамон бо ичозатномаи мувофик ба оператори алокаи барки дода мешавад. Ичозатномаи иcтифодаи спектри радиобасомад ба хамон мехлате дода мешавад, ки барои ичозатномаи истифодабари аз шабакоти алокаи барки, расонидани хизмати алокаи барки, интиколи маълумот пешбини гардидааст.

Спектри радиобасомад дар асоси пули дода мещавад.

Андоза ва тартиби пардохти подош барои спектрхои радиобасомади азхудкардашударо Хукумати Чумхурии Точикистон муайян мекунад.

Хама гуна восигахои техникие, ки шуоъафканихои радиобасомади медиханд ё манбаи мавчхои баландбасомади электромагнита мебошанд, мувофики тартиби мукарраркардаи Конунгузории Чумхурии Точикистон ба кайд гирифта мешаванд.

Радиобасомадхои гирифташудаи истифодабарандагон метавонанд аз чониби макомоти ваколатдори давлати оид ба назорат ва танзим дар сохаи алокаи барки танхо дар холатхои зерин бекор ё тагйир дода шаванд, дигаргун ё аз нав таксим гарданд:

– вакте ки чунин амалро манфиати таъмини мудофиаи Чумхурии Точикистон, амнияти Чумхурии Точикистон, хифзи тартиботи хукуки ё вазъияти фавкулодда такозо мекунад ва он танхо бо карори Хукумати Чумхурии Точикистон ё мувофики созишномаpхои байналмилали ба амал бароварда мешавад;

– бо тавсияи ташкилотхои байналмилали дар сохаи иcтифодаи радиобасомадхо ё ки ба максади иcтифодаи пурраи спектри радиобасомадхо;

– агар чунин истифодабарандагон сари вакт ичозати иcтифодаи спектри дигари клёспазирро гирифта бошанд.

Дар ин холат харочотхои операторони алокаи барки ба муносибати гузариши фавкулодда ба басомадхои дигар дар натичаи татбики нишондодхои кисми шашуми моддаи мазкур аз тарафи давлат чуброн карда мешавад.

 

БОБИ IV.

ИЧОЗАТНОМАДИХИ ВА СЕРТИФИКАТСИЯ

 

Моддаи 16. Ичозатиомадихи дар сохаи алокаи барки

 

Ичозатномадихии фаъолият дар сохаи алокаи барки мувофики Конуни Чумхурии Точикистон « Дар бораи   ичозатномадихи ба баъзе намудхои фаъолият» амали карда мешавад:

– амали гардонидани сиёсати ягонаи давлати дар сохаи алокаи барки, хамохангсозии фаъолияти операторони гуногуни алокаи барки дар бозор барои таъмини хамкории мутакобилаи онхо ва бо шабакоти алокаи баркии истифодаи умум;

– мусоидат ба фаъолияти гайриинхисори дар сохаи алокаи барки, инкишофи либерализатсияи бозори хизмати алокаи барки, рушди сохибкори ва ракобати озод;

– чалб кардани сармояи хоричи барои инкишофи соха;

– таъмини сатхи баланди сифати хизмати алока.

Ичозатномахо барои ба амал баровардани намуди муайяни фаъолият дар сохаи алокаи барки умуми ё инфироди шуда метавонанд.

Ба ичозатномахои умуми ичозатномае дохил мешаванд, ки ба шахсони вокеи ва хукуки барои баамалбарории фаъолият дар сохаи алокаи барки дар асоси талаботи ягона барои гирифтани ичозатнома дода мешаванд. Мундаричаи ичозатномахои умуми барои хамаи ичозатномахое, ки ки барои истифодабарии хамон як навъи щабакаи алока, инчунин барои хамон як навъи хизматрасонии алока дода мешаванд, бояд якхела бошанд.

Ба ичозатномахои инфироди ичозатномае мансубанд, ки ба шахсони вокеи ва хукуки барои баамалбарории фаъолият дар сохаи алокаи барки дар асоси талаботу шартхои махсус дода шудаанд. Лоихакаши, сохтмон, истифодабари ва расонидани хизмати алокаи баркии зерин бояд тахти ичозатномадихии инфироди карор гиранд:

– шабакоти алокаи баркии иcтифодаи умумии махалли, байнишахри ва байналмилали;

– шабакоти алокаи мутахаррики радиотелефони (алокаи сайёри кандуи);

– шабакоти радиодаъвати шахси;

– шабакоти интиколи маълумот;

–          шабакоти пахши барномахои телевизион ва радиошунавони.

Хамаи шахсони вокеи ва хукуки ба гирифтани ичозатнома хукуки баробар доранд. Бо сабаби махдудиятхои техники ё махдудияти микдори басомад, ё дар сурати имконияти техники ва молияви надоштани аризадиханда барои ичрои муътадили ухдадорихои худ мувофики шартхое, ки ваи фаъолияти худро амали мекунад, мумкин аст ичозатнома дода нашавад.

Агар микдори ичозатномхо бо сабабхои техники махдуд бошад, додани ичозатномахо дар асоси озмун (тендер) ба амал бароварда мешавад. Тартиби гузаронидани озмун (тендер)-хоро Хукумати Чумхурии Точикистон мукаррар мекунад.

 

Моддаи 17. Сертификатсияи тачхизот

 

Хамаи воситахои алокaи барки, аз чумла тачизоти нихоии дар шабакоти алокаи баркии дар Чумхурии Точикистон истифодашаванда чихати мувофикат ба стандартхои чоpи, шартхои техники ва дигар меъёрхо, аз чумла стандартхои байналмилали ва миллии мамлакатхои дигар мувофикд тартиби мукарраршуда дар асоси шартномахои дучонибаи эътирофи сертификатсияхо мавриди сертификатсия карор мегиранд.

Сертификатсияи воситахои алокаи барки ё тартиби истифодаи сертификатхои мамлакатхои дигар дар Чумхурии Точикистон аз тарафи макомоти ваколатдори давлати оид ба назорат ва танзим дар сохаи алокаи барки ба амал бароварда мешавад.

 

БОБИ V.

ФАЪОЛИЯТ ДАР СОХАИ АЛОКАИ БАРКИ

 

Моддаи 18. Хукук ва ухдадорихои операторон ва провайдсрони хизмати алокаи барки

 

Операторон ва провайдерон  хукук, доранд:

дар сурати аз чониби истифодабарандагон вайрон кардани коидахои мукарраргардидаи истифодаи алокаи барки хизматрасониро ба онхо боздоранд;

– чуброни зарареро, ки бо айби шахсони вокеи ва хукуки руи медихад, талаб кунанд;

– нисбат ба амали гайриконунии шахсони вокеи ва хукуки мувофики  конунгузори арз кунанд.

Операторон ва провайдерон мувофики конунгузори хукукхои дигарро низ дошта метавонанд.

 

Моддаи 19. Хукуки истифодабараидагони хизмати алокаи барки

 

Истифодабарандагон хукук доранд:

  хизмати шабакаи алокаи баркии истифодаи умум ба онхо дастрас бошад;

– тачхизоти нихоии худро ба шабакаи алокаи баркии истифодаи умум мутобики шартхо ва тартибе, ки конунгузори муайян кардааст, пайваст кунанд;

– аз хизматрасонии саривакти ва босифати операторон ва провайдерон мутобики коидахои .мукарраршуда истифода баранд;

– аз хизмати алокаи барки, дар сурати аз тарафи оператор ё провайдер риоя нашудани шартхое, ки дар шартнома зикр гардидаанд, даст кашанд;

– дар натичаи нарасонидани хизмат ё сифати пасти хизматрасони пардохтани товони зарар ва чуброни зарари маънавиро талаб кунанд;

– дар сурати вайрон кардани хукукхои онхо ба макоми давлатии ваколатдор ва суд мурочиат намоянд.

Дар холати истифода гардидани хизмати алокаи барки аз чониби фарзанд, падару модари у хукук доранд аз операторон ва провайдерон оид ба истифодабарии хизмати алокаи барки маълумоти дахлдорро ба таври дахлдор гиранд  (КЧТ аз 15.03.2016 с., №1301).

Истифодабарандагон мувофики конунгузори хукукхои дигарро низ дошта метавонанд.

 

Моддаи 20. Вазифахои операторои ва провайдеропи хизмати алокаи барки

 

Операторон ва провайдерон вазифадоранд:

ба истидабарандагон хизмат расонанд;

– ба амал баровардани фаъолият дар cохаи алокаи барки мувофики шартхои ичозатнома ва коидахои мукарраршуда;

– мутобики стандартхо, коидаву меъёрхои мукарраргардида сифати хизмати расонидашавандаро таъмин намоянд;

ба падару модар маълумотро дар бораи истифодаи хизмати алокаи барки аз чониби фарзандон ройгон пешниход кунанд  (КЧТ аз 15.03.2016 с., №1301);

– шартномаро бевосита бо худи шахсони вокеи ё хукуки дар асоси хуччатхои тасдиккунандаи шахсияти шахсони вокеи ё хуччатхои таъсисии шахсони хукуки банданд; (КЧТ аз 28.12.13с., №1047)

– тибки Тартиб ва талаботи мукаррарнамудаи Хукумати Чумхурии Точикистон азнавбакайдгирии симкортхои истифодабарандагонро гузаронанд;(КЧТ аз 25.12.15с., №1271)

– сирри гуфтугухои телефони, телеграфи ва дигар ,маълумотеро, ки тарик шабакоти алокаи барки интикол мегарданд,  риоя кунанд;

–          ба истифодабарандагон сари вакт ахбороти муфассал дойр ба шароиту тартиби расонидани хизмати алокаи барки, аз чумла тагйирёбии тарифхо ба хизмати алокаи барки пешниход намоянд;

–          пардохтани товони зарари расонидашударо ба истифодабарандагон мувофики конунгузори бинобар ичро накардан ва ё бо сифати номувофик ичрр намудани шартномахои расонидани хизмати алокаи барки, инчунин нарасонйдан ва ё бо сифати номувофик расонидани хизмат пардозанд.

Операторон ва провайдерон мувофики конунгузори ухдадорихои дигарро низ дошта метавонанд.

 

Моддаи 21. Вазифахои истифодабарандагони хизмати алокаи барки

 

Истифодабарандагон вазифадоранд:

коидахои мукарраршудаи истифода аз хизмати алокаи баркиро риоя намоянд;

– тачхизоти нихоиеро, ки сертификата мувофикат ба стандартнои мукарраршуда доранд, истифода баранд;

– хангоми бастани шартнома хуччатхои тасдиккунандаи шахсияти шахси вокеи ва ё хуччатхои таъсисии шахси хукукиро пешниход намоянд; (КЧТ аз 28.12.13с., №1047)

– симкортхои худро дар операторони хизмати алокаи барки тибки тартиби мукаррарнамудаи Хукумати Чумхурии Точикистон аз нав ба кайд гиранд;(КЧТ аз 25.12.15с., №1271)

– саривакт подоши хизмати ба онхо расонидашударо пардозанд; амалхоеро, ки ба паст шудани сифати кор ва ё вайрон кардани шабакоти алокаи барки оварда мерасонанд, содир накунанд.

Истифодабарандагон мувофики конунгузори ухдадорихои дигарро низ дошта метавонанд.

 

Моддаи 22. бо КЧТ аз 31.12.08 с., №462 хорич карда шуд

 

Моддаи 23. бо КЧТ аз 31.12.08 с., №462 хорич карда шуд

 

Моддаи 24. Сирри алоки барки

 

Сирри гуфтугуйхои телефони, телеграфи, электрони ва дигар ахбороте, ки аз тарики шабакоти алокаи барки интикол меёбанд, аз тарафи конун химоя мешавад.

Хамаи операторони алокаи барки вазифадоранд, ки сирри гуфтугуйхо ва ахбороти ирсолшавандаро махфи нигох доранд. Маълумот оид ба ахборот ва инчунин худи ахбороти тавассути шабакоти алокаи барки интиколгардида танхо ба худи шахсони фиристанда ва ё намояндаи конунии он пешниход карда мешавад.

Гуш кардани гуфтугуйхои телефони, шиносои бо ахбороти тарики шабакоти алокаи барки интиколшаванда, дастрас кардани маълумот дойр ба онхо, инчунин дигар махдудиятхои сирри гуфтугуйхо ва ахборот танхо дар асос ва бо тартиби мукарраркардаи конунгузории Чумхурии Точикистон ичозат дода мешавад.

Шахсони манcабдор ва дигар ашхосе, ки ба вайрон намудани мукаррароти моддаи мазкур рох додаанд, мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон ба чавобгари кашида мешаванд.

 

БОБИ VI.

ШАБАКОТИ АЛОКАИ БАРКИ, ПАЙВАНДХОИ БАЙНИ ШАБАКАХО, ТАЧХИЗОТИ НИХОИ ВА РАКАМГУЗОРИ

 

Моддаи 25. Мачмуи амволи шабакоти алокаи барки

 

Ба мачмуи амволи алокаи барки бинохо, аппаратура, тачхизот, иншооти кабелу канализатсиони ва хати кабел, симчубхои хатхои алокаи хавои, тачхизоти хати радиорелеии алока ва сиетемахои радиотелефонии алока (бесим), тачхизоти алокаи радифии замини, воситахои наклиёт дохил мешаванд.

 

Моддаи 26. Шаклхои моликият ба шабакахои алокаи барки

 

Шабакахои алокаи барки метавонанд моликияти хуеуси ва давлатии Чумхурии Точикистон бошанд. Руихати шабакахо ва воситахои алокаро, ки танхо моликияти давлати махсуб мешаванд, Хукумати Чумхурии Точикистон муайян мекунад. хамаи сохибони шабакоти алокаи барки хукукхои баробар доранд ва бо конунгузории Чумхурии Точикистон химоя карда мешаванд.

 

Моддаи 27. Шабакаи алокаи баркии истифодаи умум

 

Шабакаи алокаи баркии истифодаи умум шабакаи алокаи баркие мебошад, ки барои расонидани хизмати алокаи барки ба хамаи шахсони вокеи ва хукукии каламрави Чумхурии Точикистон дар асоси принсипхои ягонаи хизматрасони, тартиби пешниход ва пардохти он пешбини карда шудааст.

Хар як шахси вокеи ё хукуки метавонад шабакаи алокаи баркии истифодаи умумро созмон дихад ва истифода барад, инчунин мувофики мукаррароти Конуни мазкур хизмати алокаи баркии истифодаи умумро пешниход намояд.

 

Моддаи 28. Шабакоти алокаи баркии макомоти идорави ва чудошуда

 

Ба шабакоти алокаи баркии макомоти идорави шабакоти алокаи баркие мансубанд, ки барои таъмини эхтиёчоти истехсоли ва махсуси шахсони вокеи ва хукуки пешбини шуда, дар ихтиёри онхo мебошанд ва аз тарафи онхо истифода бурда мешаванд. Шабакоти алокаи баркии макомоти идорави метавонанд барои расонидаии хизмати алокаи барки ба дигар истифодабарандагон низ пешниход карда шаванд.

Ба шабакоти алокаи баркии чудошуда шабакоти алокаи баркии шахсони вокеи ва хукуки, ки барои расонидани хизмати алокаи барки ба доираи махдуди истифодабарандагон пешбини шудаанд, мансубанд.

Коидахои хизматрасони аз тарафи операторски шабакоти алокаи баркии идорахо аз чониби операторони худи хамин шабакоти алокаи барки мутобики конунгузории Чумхурии Точикиетон мукаррар карда мешавад.

Васли шабакоти алокаи баркии идорави ва чудошуда бо шабакаи алокаи баркии истифодаи умум танхо дар асоси шартномаи дахлдор ба амал бароварда мешавад. Шарту талаботи чунин тарзи васли байнишабакоти бо Конуни мазкур мукаррар карда мешавад.

 

Моддаи 29. Васлхои байнишабакоти

 

Операторони шабакоти алокаи баркии истифодаи умум, ки мавкеи бартари доранд, вазифадоранд дархостхоро оид ба васли байнишабакотии шабакахои худ бо шабакахои операторони дигари алокаи баркие, ки ичозатнома доранд, конеъ гардонанд.

Васли байнишабакоти дар асоси шартномахои байни операторони алокаи барки, ки макомоти ваколатдори давлати оид ба назорат ва танзим дар сохаи алокаи барки тасдик мекунад, ба амал бароварда мешавад. Мукаррароти шартнома оид ба васли байнишабакоти набояд ба мукаррароти Конуни мазкур, дигар санадхои меъёрию хукуки ва шартхои васли байнишабакоти, ки онхо тарики конунгузори дар сохаи алокаи барки мукаррар гардидаанд, мухолиф бошанд.

Дар сурати вучуд доштани имконияти техники барои васли байнишабакоти ичрои он набояд рад карда шавад. Хар як радкунии васли байнишабакоти бояд пурра асоснок карда шавад.

Дар сурати рад намудан ба васли байнишабакоти барои халли масъалахои бахсталаб тарафи чабрдида мегавонад ба макомоти ваколатдори давлати оид ба назорат ва танзим дар сохаи алокаи барки мурочиат намояд.

 

Моддаи 30. Тачхизоти нихои

 

Хар як шахси вокеи ва хукуки хукyки ворид намудан, фуруш, васлу истифодабари ва Хизматрасонии тачхизоти нихоиро дорад.

Хар як тачхизоти нихои метавонад ба шабакаи алокаи баркии истифодаи умум танхо дар cурате васл карда шавад, ки он ба талаботи асосии моддаи мазкур мувофик буда, бо тартиби мукарраршуда сертификат гирифтааст.

Талаботи асоси нисбати тачхизоти нихои аз инхо иборат мебошанд:

– бехавфи барои истифодабарандагон ва хайати кормандони шабакаи алокаи барки;

– мувофикат ба талаботи мутобикати электромагнита;

– самаранок истифода бурдани спектри радиобасомад ва пешгири намудани халалхои радиотехники байни системахои кайхони ва руизамини;

– мутобикат ва хамкорихо бо воситахои шабакаи алокаи баркии истифодаи умум;

– чонибдории таснифоти дахлдоре, ки дастрас намудани алокаи таъчилиро кафолат медиханд ва кори аз онхо истифода бурдани истифодабарандагони чисман маъюбро осон менамоянд.

Макомоти ваколатдори давлати оид ба назорат ва танзим дар сохаи алокаи барки номгуи тачхизоти нихоиеро, ки сертификати мутобикат дорад, нашр мекунад.

 

Моддаи 31. Ракамгузори

 

Макомоти ваколатдори давлати оид ба назорат ва танзим дар сохаи алокаи барки идоракунии ракамгузориро ба амал бароварда, накшаи миллии ракамгузории Чумхурии Точикистонро мукаррар менамояд ва назорат мекунад.

Макомоти ваколатдори давлати оид ба назорат ва танзим дар сохаи алокаи барки операторони алока ва истифодабарандагонро, ки тачхизоти нихои доранд, бо таксимот ва истифодаи самараноки ракамхо таъмин менамояд.

Ракамхои алокаи барки ба операторон ва истифодабарандагони хизмати алокаи барки дар асоси пардохти пули дода мешавад. Микдор ва тартиби пардохти истифодабарии захирахои ракамгузори аз тарафимакомоти ваколатдори давлати оид ба назорат ва танзим дар сохаи алокаи барки дар мувофика бо макомоти давлатии зиддиинхисори  муайян карда мешаванд. (КЧТ аз 31.12.08с., №462).

 

Моддаи 32. Хизматрасонии универсали

 

Хизматрасонии универсали аз руи тарифхо ва шартхои техники ба гуруххои алохидаи истифодабарандагони чиcман маъюби ба ин хизматрасони эхтиёчоти махсусдошта пешниход гардида, барои ба онхо дастрас будани хизмати алока мусоидат менамояд. Интиколи зангзанихои бемузд ба хадамотхои садамави ва таъчили барои хамаи таъминкунандагони хизмати алокаи телефонии истифодаи умум хатми мебошад.

Ба операторов вазифахои расонидани хизмати универсали метавонанд вогузор шаванд. Тартиби расонидани хизмати универсали аз тарафи операторони алокaи баркии универсали ва маблаггузории харочоти ичрои вазифахо нисбати хизмати универсали бо Низомнома дар бораи Хизматрасонии универсали, ки Хукумати Чумхурии Точикистон тасдик мекунад, муайян карда мешавад.

 

Моддаи 33. Истифодаи шабакоти алокаи барки ба манфиати идоракунии давлати, мудофиа, амнияти милли, хифзи

                   тартиботи хукуки ва дар холатхои фавкулодда

 

Шабакаи хукуматии алокаи барки аз тарафи макомоте, ки махсус, бино ба таъиноти Хукумати Чумхурии Точикистон муайян карда шудааст, бунёд ва истифода карда мешавад. Шабакаи хукуматии алокаи барки бояд махфияти маълумотеро, ки ба таваесути ин шабака тахвил мегардад, таъмин намояд.

Хамаи вазорату идорахои Чумхурии Точикистон, ки аз шабакоти алокаи баркии дохили истифода мебаранд ва инчунин операторони шабакоти алокаи баркии истифодаи умум вазифадоранд барои ичрои талаботи идораи давлати, аз чумла мудофиа, амният, хифзи тартиботи хукуки ва дар холатхои фавкулодда пешниход намудани шабакахо ва хизмати алокаи баркиро таъмин намоянд.

Идоракунии шабакоти алокаи барки дар холатхои фавкулодда аз чониби макомоти ваколатдори давлати оид ба назорат ва танзим дар сохаи алокаи барки дар хамкори бо сохторхои кудрати, инчунин вазорату муассисахое, ки шабакоти алокаи баркии худи доранд, ба амал бароварда мешавад.

Хангоми руи додани холатхои фавкулоддае (амалиётхои чанги, офатхои табии, карантин ва гайра), ки конунгузории Чумхурии Точикистон муайян кардааст, макоми давлатии ваколатдор дар истифодабари хукуки бартариятнок дошта, инчунин барои махдудкуни ва ё боздоштани фаъолияти хар як шабака ва воситаи алокаи баркй сарфи назар аз мансубияти идоравии онхо хукук доранд.

Зарари ба операторони алокаи барки дар хoлатхои фавкулодда, инчунин бо максади таъмини мудофиаи милли, амният, хифзи тартиботи хукуки зимни иcтифодабарии шабакахо ва воситахои алокаи барки расонидашуда мутобики конунгузори ва мувофики тартибе, ки Хукумати Чумхурии Точикистон муайян кардааст, чуброн карда мешавад.

Операторони алокаи барки вазифадоранд тачхизот ва иcтифодабарии воситахоеро, ки барои хабардоркунии ахоли аз хавфи холатхои фавкулодда заруранд, таъмин намоянд.

 

Моддаи 34. Амали якчояи операторон ва провайдерони хизмати алокаи барки бо макоме, ки фаъолияти фаврии

                   чустучуро амали мегардонанд

 

Операторон ва провайдерони хизмати алокаи барки, ки дар каламрави Чумхурии Точикистон фаъолият мекунанд, сарфи назар аз мансубияти идори ва Шакли моликият, мавриди коркард, офариниш ва иcтифодабари аз шабакахои алока мувофики конунгузории Чумхурии Точикистон вазифадоранд ба макомхое, ки фаъолияти фаврии чустучуи мебаранд, кумак намоянд ва ба тавассути шабакаи алокаи барки ба амал баровардани чорабинихои фаврии чустучуи шароит фарохам оваранд, барои рох надодан ба ошкор кардани усулхои ташкили ва тактикии гузаронидани чорабинихои мазкур чорахо андешанд.

Дар сурати истифодаи гайриконуни аз воситахои алока, ки ба манфиати шахе, чомеа ва давлат зарар меоваранд, идорахои ваколатдори давлати хукук, доранд мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон фаъолияти хар гуна шабака ва воситахои алокаро, сарфи назар аз мансубияти идори ва шакли моликият боздоранд.

 

Моддаи 35. Ахбороти афзалиятнок

 

Операторони алокаи барки ва истифодабарандагон бояд бартарияти мутлаки ахбороти зеринро таъмин намоянд:

– хавфи бехатарии хаёти инсон дар об, замин, хаво, фазои кайхони;

– гузаронидани чорабинихои таъхирнопазир чихати мудофиа, амнияти милли ва хифзи тартиботи хукуки;

– садамахои калон, фалокатхо, пахншавии эпидемияхо, муриши хайвонот, офатхои табии ва дигар холатхои фавкулодда.

 

Моддаи 36. Имтиёз ва бартарихо дар мавриди истифода аз алокаи барки

 

Барои гурухи алохидаи шахсони мансабдори макомоти хокимияти давлатии Чумхурии Точикистон, намояндагони дипломативу консулии давлатхои хорича, намояндагони таппсилотхои байналмилали, инчунин гурухи алохидаи шахсони вокеи ва хукуки хангоми иcтифода аз алокаи барки афзалияту имтиёзхо оид ба навбат, тартиби иcтифодабари ва андозаи пардохти хизмати алокаи барки мукаррар карда мешаванд.

Номгуи гуруххои шахсоне, ки ба чунин афзалияту имтиёзхо хукук доранд, аз тарафи Хукумати Чумхурии Точикистон муайян карда мешавад.

Чуброни даромадхои пурра ба даст оварданашуда ба операторон ва ё хизмати алокаи барки дар натичаи мукаррар намудани имтиёзхою бартарихо чихати иcтифодабарии хизмати алока ва ё дигар намуди зарар бо тартиби мукарраркардаи Хукумати Чумхурии Точикистон амали карда мешавад.

 

Моддаи 37. Сифати хизмати алокаи барки

 

Операторони алокаи барки вазифадоранд ба исгифодабарандагон чунон хизмат расонанд, ки ба талаботи хатмии сифати хизмати алокаи барки ба стандартхо, меъёрхои техникии хизмати алокаи барки мутобик бошад, инчунин онхоро дойр ба хизмати алокаи барки ва сифати он бо ахборот таъмин намоянд.

Макомоти ваколатдори давлати оид ба назорат ва танзим дар сохаи алокаи барки чихати сифати хизмати алока барои дарачахои гуногуни хизмати алокаи барки, ки онхо аз чониби Операторони шабакаи алокаи баркии истифодаи умум пешниход  мегарданд, талаботи хадди акалро мукаррар мекунад. (КЧТ аз 31.12.08с., №462).

Талаботи хадди акал ба сифати хизмат дар асоси сифати миёнаи ба даст овардашудаи хизмат мукаррар гардида, тасхехи он бо максади баланд бардоштани сифати хизмат бо дарназардошти эхтиёчоти истифодабарандагон, тараккиёти техники ва кобилияти хаёти иктисоди давра ба давра тагйир дода мешавад.

Назорати сифати хизмат дар асоси нишондихандахои зарурии кор ва усулхои назорати сифат, ки бо дастури дахлдор муайян мегарданд, ба амал бароварда мешавад. Операторони алокаи барки хар нимсола макомоти ваколатдори давлати оид ба назорат ва танзим дар сохаи алокаи барки дойр ба сатхи сифати ба даст овардашуда огох менамоянд.

Макомоти ваколатдори давлати оид ба назорат ва танзим дар сохаи алокаи барки хукук дорад хангоми вайрон кардани талаботи сифати хизмат пешниход намудани хизмати алокаи баркиро манъ намояд.

 

Моддаи 38. Хукуки истифодабари аз шабакоти алока ва расонидани хизмати алока

 

Шахсони вокеи ва хукуки ба гирифтани хар гуна ичозатнома чихати иcтифодабари аз шабакоти алокаи барки ва ё пешниход намудани хизмати алокаи барки, инчунин ба гирифтани хар гуна ичозатнрмаи истифодабарии спектри радиобасомади вобаста ба он хукук, доранд.

Шахсони вокеи ва хукуки мувофики конунгузории Чумхурии Точикиcтон метавонанд дар хусусигардонии шабакаи алокаи баркии истифодаи умум, ки давлат ихтиёри истифода ё назорати онхоро дорад, ипл-ирок кунанд.

Шахсони вокеи ва хукукии хоричи, агар конунгузории Чумхурии Точикиcтон тартиби дигареро пешбини накарда бошад, барои фаъолият дар сохаи алока мувофики хамон шартхо ва тартиботе, ки барои шахсони вокеи ва хукукии Чумхурии Точикиcтон пешбини шудааст, ичозатнома мегиранд ва дар чараёни хусусигардони иштирок мекунанд.

 

Моддаи 39. Истифодаи забонхо ва алифбохо

 

Сурогаи шахси фиристанда ва гирандаи баркияхое, ки дар худуди Чумхурии Точикиcтон равона карда мешаванд, бояд ба забони точики ва ё забони руси ба расмият дароварда шаванд. Матни баркияхо бояд бо хуруфи алифбои точики, руси ё лотини навишта шавад. Ахбороти байналмилалии тавасеути шабакахои алокаи барки интиколёфта бо забонхое тахия мегарданд, кионхоро мукаррароти шартномахои байналмилалии Чумхурии Точикиcтон муайян намудаанд.

 

Моддаи 40. Вакти хисобу хисобот

 

Хангоми амали намудани фаъолият вобаста ба пешниход намудани хизмат аз чониби операторон ва идорахои хизматии алокаи барки, сарфи назар аз чои ва мавкеи онхо дар каламрави Чумхурии Точикиcтон вакти ягонаи хисобу хисобот – вакти махалли мебошад.

 

БОБИ VII.

ИСТИФОДАИ ЗАМИНХОИ ДАВЛАТИ ВА ВОСИТАХОИ ОПЕРАТОРОНИ ШАБАКАИ АЛОКАИ БАРКИИ ИСТИФОДАИ УМУМ

 

Моддаи 41. Истифодаи заминхои алокаи барки, тараккиёт ва таздиди воситахои алокаи барки

 

Ба заминхои шабакаи алокаи барки заминхое мансубанд, ки барои иcтифода ба операторон барои ба амал баровардани вазифахои ба онхо вогузоршуда чихати истифодабари, нигахдори, сохтмон, азнавсози, тармими иншоот ва объектхои шабакаи алокаи барки дода шудаанд.

Заминхо барои таъмин намудани фаъолияти алокаи барки мувофики тартибе, ки конунгузории Чумхурии Точикиcтон мукаррар кардаает, дода мешавад.

Барои таъмини иcтифодабари аз хатхои кабели, радиорелеи ва хатхои хавоии алокаи барки минтакдхои мухофиза мукаррар карда мешаванд. Тартиби мукаррар кардани минтакахои мухофиза, хачми онхо, тартибу низоми истифодаи заминхоеро, ки барои ин максадхо чудо карда шудаанд, Хукумати Чумхурии Точикистон муайян мекунад.

 

Моддаи 42. Чойгаронии воситахои техникии шабакахои алокаи барки

 

Мавриди тархрези ва тараккиёти шахрхо ва дигар нуктахои ахолинишин, хамчунин махаллахо ва гузархои ахолинишин, бинохои алохидаи чамъияти ва иншоотхо, идорахои меъмори ва шахрсози якчоя бо ташкилотхои лоихакаши ва сохтмони мутобики меъёрхои кобили татбик ва талаб вазифадоранд, ки талаботи операторони алокаи баркиро чихати чойгиронии воситахои техникии онхо ба назар гиранд.

Операторон ва хизмати алокаи барки метавонанд дар замин, дар бинохо, дар симчубхо, дар купрукхо, дар трубопроводхо, дар роххо ва коллекторхо, туннелхои рохи охан ва дигар чойхо, бо огохонии пешаки ва агар талаб карда шавад, бо бастани шартнома бо мулкдорон ё шахсони дигаре, ки ба чунин участкахои замин ё иншоот хукук доранд, такягоххо, хати алока ва дигар иншоотхо созанд, насб кунанд ва истифода баранд.

Корхои сохтмон, насб ва иcтифодабарии шабакаи алокаи барки бояд бо бахисобгирии талаботи амнияти экологи ва безарар ба сифатхои эсгетикии махалле, ки чунин корхо бурда мешаванд, анчом мегиранд. Хамзамон барои хар чи камтар шудани зараре, ки ба моликияти хусуси ё ба муносибати хукуки рох додан расонида мешавад, чорахо андешида мешавад. Баъди ба охир расидани хар гуна корхо оид ба сохтмон, насб ё тармими шабакаи алокаи барки дар китъаи замин, дар бино ё худ иншоот оператори алокаи барки вазифадор аст, ки китъаи замин, бино ё иншоотеро, ки дар он кор бурдааст, аз хисоби худ ба холати аввалааш оварад.

Оператори алокаи барки вазифадор ает товони зареро, ки ба бино, китъаи замин ё иншоот дар натичаи сохтмон, насб, тармим, инчунин иcтифодабарии шабакаи алокаи барки расидааст, пардозад.

Дар холатхои фавкулодда ва дар мавриди зарурати аз тарафи операторон гузаронидани коркои таъхирнопазир оид ба баркарор кардани шабакаи алокаи барки ё васлкунии иншооти алокаи барки дар китъаи замин, дар бино ё иншоотхои дигаре, ки моликияти шахсии ин гуна оператор нестанд, оператори алокаи барки вазифадор аст тамоми кушишхоро ба харч дихад, то сохиби китъаи замин, бино ё дигар иншоотхоро огох намояд ва сари вакт розигии уро барои гузаронидани корхои мутазаккира гирад. Нагирифтани ризояти сохиб монеа ба гузаронидани ин корхо шуда наметавонад ва оператори алокаи баркиро аз пардохти товони хар гуна зарар, ки мавриди ичрои ин гуна корхо расидааст, озод намекунанд.

Азнавсози ва ба чои дигар кучонидани иншооти алокаи барки, ки бо такозои сохтмони нав, васеъ кардан, тачадауди нуктахои ахолинишин ва бинохои алохида, азнавсозии роххо ва купрукхо, азхудкунии заминхои нав, азнавсозии системаи мелиоратививу коркарди канданихои фоиданок рух медиханд, аз хисоби супоришдихандаи сохтмон мувофики стандартхои чоpи ва шартхои техникии сохибони шабакот ва воситахои алокаи барки ба чо оварда мешаванд. Хамзамон зиёд кардани иктидори алокаи барки аз хисоби сохибони онхо ба амал бароварда мешавад.

 

Моддаи 43. Рафъи окибатхои садама ва вайронихо дар шабакоти алокаи барки

 

Рафъи окибатхои садама ва вайронихо дар шабакоти алокаи барки аз чониби операторони ин шабакахо ба амал бароварда мешавад.

Макомоти идораи давлати ба кори бартарафкунии окибатхои ходисахои руйдода дар шабакоти алокаи барки кумак мерасонанд.

Гузаронидани корхо чихати рафъи ходисахои руйдода дар шабакоти алокаи барки гирифтани ичозати истифодабарандагон (сохиб, ичорагяр)-и китъаи замин, моликони бино ва ё иншоот, ки дар онхо воситахои алокаи барки чойгир карда шудаанд, талаб карда намешавад. Товони зараре, ки дар натичаи бартарафкунии окибатхои ходисахои руйдода ба молик (сохиб, ичорагир) расонида мешаванд, аз операторони дахлдор ситонида мешавад.

Товони зараре, ки ба операторон дар натичаи ходисахои гайричашмдошт дар шабакаи алокаи барки бо гунохи шахсони вокеи ва хукуки руи додааст, мувофики тартиби мукарраркардаи конунгузории Чумхурии Точикистон аз худи онхо чуброн карда мешавад.

 

БОБИ VIII.

МУКАРРАРОТИ НИХОИ

 

Моддаи 44. Чавобгари барои конуншикани дар сохаи алокаи барки

 

Шахсони вокеи ва хукуки, ки барои вайрон кардани мукаррароти Конуни мазкур гунахгоранд, мувофики конунгузории Чумхурии Точикистон ба чавобгари кашида мешаванд.

 

Моддаи 45. Хамкории байналмилали

 

Хамкории байналмилали дар сохаи алокаи барки дар асоси шартнома ва созишномахои байналмилали ба амал бароварда мешавад.

Дар фаъолияти байналмилали макомоти ваколатдори давлати оид ба назорат ва танзим дар сохаи алокаи барки ба сифати маъмурияти ягонаи алока баромад мекунад, бо маъмуриятхои алокаи дигар кишвархо ва ташкилотхои байналмилалии алoкa хамкори менамояд, фаъолияти байналмилалиеро, ки шахсони вокеи ва хукуки ба амал мебароранд, хамоханг меcозанд.

Пардохти хакки узвият барои иштироки Чумхурии Точикистон дар фаъолияти ташкилотхои байналмилалии алокаи барки хатман аз тарафи давлат маблагузори карда мешавад.

 

Моддаи 46. Дар бораи мавриди амал карор додани Кокуни мазкур

 

Конуни мазкур пас аз интишори расмиаш мавриди амал карор дода шавад.

 

 

Президенти

Чумхурии Точикистон                                                                             Э. РАХМОНОВ

 

ш. Душанбе  10 майи соли 2002

№ 56

 

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …