Главная / Илм / Алергия: сабаб ва табобати ин бемори

Алергия: сабаб ва табобати ин бемори

Аллергия  –  ин аксуламали  музмини системаи масъунияти организми одам  ба маводу махсулотхое аст, ки маъмулан безарар хастанд. Нишонахои (симптомхои) аллергия метавонанд дар чойхои гуногуни организм пайдо шаванд, шояд аз як чанд дакика то якчанд соат давом кунанд ва аз чихати дарачаи вазнини хеле гуногун  бошанд.

Садамоти (шоки) анафилактики Садамоти (Шоки) анафилактики – ин вокуниши номувофики (гайриадекватии) организм ба ягон аллергени муайяне мебошад. Он барои хаёти инсон хавфнок аст.

alergiyaОмоси (варамшавии) Квинке Омоси (варамшавии) Квинке – ин аксуламали аллергии музмин ва барои хаёти инсон хатарнок мебошад, ки дар шакли пайдошавии омоси пахншудаи пуст, хучайрахои зери пуст  ва мушакхо (фасций) ба назар мерасад

Варачаи хасбедаги (Сенная лихорадка) Варачаи хасбедаги  (Сенная лихорадка) —  дар асл варача (табларза/талвоса) нест, балки ин худ аксуламали аллергие мебошад, ки бо  хуручи атсазани, зукком ва махкамшавии бини. хамрохи карда мешавад.

Аллергия

Аллергия –  ин аксуламали музмини системаи масъунияти организми одам  ба маводу махсулотхое аст, ки маъмулан безарар хастанд. Нишонахои (симптомхои) аллергия метавонанд дар чойхои гуногуни организм пайдо шаванд, шояд аз як чанд дакика то якчанд соат давом кунанд ва аз чихати дарачаи вазнини хеле гуногун  бошанд.

Маълумотхои умуми

Аллергия метавонад ба пашми баъзе намудзхои хайвонот, маводхои хуроквории гуногун, чангу губор, дорухо, маводхои кимиёви, газидани хашаротхо ва гарди гулхо пайдо шавад.

Маводхое ки боиси пайдошавии аллергия мегарданд,  аллергенхо номида мешаванд. Дар баъзе холатхо аксуламалхои аллерги чунон сабук мегузаранд, ки хатто шояд шумо умуман нафахмед, ки аллергия доред.

Аммо аллергия метавонад, баръакс аз хад зиёд хатарнок ва хатто барои хаёт тахдидкунанда низ бошад. Дар одамоне ки гирифтори аллергия хастанд, шояд садамоти анафилактики пайдо шавад, ки холати вазнини патологи мебошад ва шояд бо аксуламали  аз хад зиёд шадиди организм бо аллерген алокаманд бошад. Садамоти (шоки) анафиалакти метавонад аз сабаби аллергенхои гуногун, аз кабили маводхои дорувори, газидани хашаротхо, маводхои хуроквори, пайдо шуда бошад. Садамоти анафилакти инчунин метавонад аз сабаби ба пуст расидани аллерген, масалан бо латекс, пайдо шавад.

Аллергия ба маводхои хуроквори ин аксуламали масъунияти мебошад, ки аз маводхои муайяни хуроквори ба вучуд меояд ва бо нишонахои (симптомхои) маълум хамрохи карда мешавад. Аллергия ба маводхои хуроки вакте ба вучуд меояд, ки организм ягон намуди маводи хуроквориро ба таври иштибохи хамчун хатар барои организм кабул мекунад ва барои худмухофизаткуни системаи масъуниятро мачбур мекунад, ки антителахоро коркард карда барорад. Хангоми боз дубора истеъмол кардани аллерген системаи масъуният аллакай ба зуди ин маводро мешиносад ва фавран аксуламал (вокуниш) нишон медихад ва антителахоро коркард карда мебарорад. Айнан хамин маводхо нишонахои аллергиро ба вучуд меоранд. Аллергия ба маводхои хуроквори кариб ки хама вакт ба хамин тарик инкишоф меёбад.

Дар баъзе холатхо дар калонсолон, он намуди аллергияхое ки дар синни хурдсолиашон мушохида карда мешуданд, аз байн мераванд. Аммо агар аллергия акунун факат дар синни калонсоли пайдо шуда бошад, аз он халос шудан хеле мушкил аст.

Зуккоми аллерги (мутахассисон ин холатро ринит меноманд) ё варачаи хасбедаги (сенная лихорадка) дар хар яке аз дах (1/10)  нафари мушохида карда мешавад,  дар аксар мавридхо мероси (авлоди) аст. Одамоне ки дигар намуди беморихои аллерги, масалан астмаи бронхиали ё шукуфа (экзема) доранд, дар аксар мавридхо аз зуккоми аллерги низ азият мекашанд. Ин гуна шакли аллергия назар ба мардхо бештар дар занхо мушохида карда мешавад. Хангоми гирифторшави ба зуккоми аллерги шояд нишонахои зерин пайдо шаванд: хориш дар чашмон, дар гулу, дар бини ва дар ком, атсазани ва инчунин махкамшавии бини, обрави аз чашмон, обравии луоби аз бини, конъюнктивит (сурхшави ва дарди чашмон). Дар холатхои вазнин зуккоми аллерги метавонад хуручи астма (дар одамоне ки аз астма азият мекашанд) ва ё шукуфаро (экземаро) ба бор орад.

Сабабхои ба вучуд омадани аллергия

Дар баъзе одамон системаи масъуният бар зидди баъзе  маводхои муайяне (аллергенхо), моддахои  кимиёвии гуногунеро коркард карда мебарорад ва ба таври шадид аксуламал нишон медихад. Яке аз онхо гистамин буда, нишонахои аллергиро пайдо мекунад. Аксуламали организм метавонад дар натичаи бо нафас ба дарун кашидани ин аллерген, бо пуст тамос гирифтани он, ворид кардани аллерген ё бо хурок истеъмол кардани он ба вучуд ояд. Ба сифтаи аллерген пашми хайвонхо, пашмаки дарахтон, маводхои хуроки, маводхои ороиши (косметики), маводхои доруги, гарди гул  ва дуди сигор мисол шуда метавонанд.

Нишонахои (симптомхои) аллергия

Аксуламали аллерги метавонад дар чойхои гуногуни бадан пайдо шавад, аммо нишонахои он метавонанд аз якчанд дакика то ба якчанд руз мушохида карда шаванд.
— Роххои болоии нафаскаши: варачаи хасбедаги (сенная лихорадка), астма;
— чашмони сурхшуда ва обрав;
— дард ва илтихоби бугумхо;
— сузгиёх (газна/крапивница), шукуфа (экзема);
— шикамрави, кайкуни, исхол (дарунрави).

Оризахо

— садамоти (шоки) анафилактики (аксуламали вазнини аллерги);
— нафаскашии душворшуда ё виззосси;
— набзи тезтапанда;
— араки хунук;
— пусти часпак;
— сузгиёх;
— ихтилочи меъда (желудочные спазмы);
— сарчархзани;
— дилбехузури;
— сакта (коллапс) (ночурии шадиди рагхо);
— рагкашихо (ихтилочхо).

Хангоми мавчуд набудани ёрии тибби холати аллергияи вазнин метавонад ба фавтшави бурда расонад.

Шумо худатон чи кор карда метавонед

Аксуламалхои сабуки аллерги боиси пайдо шудани зукком, обравии чашмон ва дигар нишонахои ба беморихои хунукзадаги монанд, шуда метавонанд. Инчунин шояд каме доначахои хоришкунанда низ пайдо шаванд. Агар шумо дар худатон ё дар шахсони наздикатон тез – тез хамин гуна аксуламалхоро мушохида кунед, пас бояд ба духтур мурочиат намоед.

Дар ёд дошта бошед, ки дар холати садамоти анафилакти, аллергия ба тамоми организм таъсирашро мерасонад. Садамоти анафилакти метавонад дар давоми 15 дакика пас аз истеъмол кардани аллерген (барангезанда) ба амал ояд, барои хамин бояд чорахои таъчили андешида шаванд (бояд ёрии таъчили даъват карда шавад).

Аз маводхои хуроквори,  дорувори ва дигар маводхое, ки шумо боре ба онхо аллергия доштед, худдори намоед.

Бояд дустони шумо, хешовандон ва хамкоронатон дар бораи ба кадом чизхо аллергия доштани шумо бохабар бошанд. Хамеша ба хамаи духтурон (аз он чумла стоматологхо, косметологхо ва гайра) дар бораи хама гуна аксуламалхои аллергиатон, махсусан дар бораи ба кадом маводхои доруги аллергия доштанатон, гуфта монед. Ин хам ба дорухои бо дорухат (ресепт) тавсияшванда  ва хам бе дорухат тавсияшуда дахл дорад, Пеш аз истеъмол кардани хама гуна дорухо, аввал бодиккат бо когазпеч ва тавсияномаи (дастурамали)  он шинос шавед.

Хангоми шаклхои сабуки зукком барои бартараф кардани нишонахои он аз катрахои зиддиомоси ва дорухои пошшаванда истифода баред. Агар аллергия аз маводхои дорувори пайдо шуда бошад, фавран аз истеъмоли он дору даст кашед ва бо духтур маслихат кунед.

Маводхои доругии антигистаминиеро истифода баред, ки аз тарафи духутр тавсия шудаанд. Хангоми истеъмол кардани маводхои антигистамини, ки таъсири седативи доранд, аз идора кардани автомобил ва механизмхо худдори кунед, чунки онхо боиси хоболуди шуда метавонанд. Дар айни замон холо як катор дорухои антигистаминие низ мавчуд хастанд, ки таъсироти седативи надоранд. Хангоми аксуламалхои аллерги дар пуст, барои бартараф кардани сузиш дар чойхои доначахои пайдошудаи хоиршкунанда аз крем ё лосйонхои зидди хориш  истифода баред.

Духтури шумо чи кор карда метавонад

Духутр бояд эхтимолияти вучуд доштани дигар беморихоро истисно кунад ва инчунин барои муайян кардани аллерген, санчишхо (тестхо) гузаронад ва агар зарур бошад дорухои антигистамини ва ё стероидхоро навишта тавсия дихад. Агар аллерген муайян карда шуда бошад, аммо бо он тамос доштан ногузир бошад,  пас бояд духур барои пешгири ва табобат кардани аллергия, ваксинаи махсусеро ба шумо гузаронад.

Духтур инчунин метавонад барои бемороне, ки аз аллергия ба маводхои хуроки азият мекашанд, пархезкунии (диетаи) махсусеро низ тавсия намояд.

Чорахои пешгирикунанда хангоми аллергия

Кушиш кунед, ки маводхои барангезандаи аллергияро муайян намоед, ки дар шумо аллергияро ба вучуд меоранд ва хамеша худро аз онхо дур гиред. Назорат кунед, ки хамеша дар хонаи шумо тозаги бошад ва чангу губор, пашмаки дарахтон ва канахо набошанд. Дар вакти рубу чин ё тозакуни бо чангкашак, афшондани чанги мебелхо, иваз кардани болопушхои рахти хоб ва дигар тамосгири бо ашёхои чанголуд, биниатонро махкам кунед (аз бандинаи докаги ё никоби руй истифода баред). Хангоми аллергия доштан ба баъзе хайвонхои хонаги аз нигох доштани онхо дар хонаатон худдори кунед.

Агар шумо ба маводхои доругии тибби аллергия дошта бошед, хамеша бо худ кортеро нигох доред,  ки бояд дар он ба кадом дорухо аллергия доштани шумо, навишта шуда бошад. Дар ин гуна холат, хатто агар шумо дар холати бехуши бошед ё номи ин гуна дорухоро ба ёд оварда натавонед хам, шумо аз воридшавии аллерген ба баданатон эмин хастед. Агар аллергияи вазнин (шадид) дошта бошед, дар ин бора ба ахли оилаатон ва хамкоронатон хабар дихед ва аз огох кардани духтур низ дар ин бора фаромуш накунед.

Коидахои зистан бо аллергия

Вакте ки дар бораи аллергия сухан мегуянд, гуё хама мутахассис хастанд: касеро фарзандаш — аллергиядор хаст, касе аз бардошт накардани баъзе маводхои хуроки азият мекашад, касе тамоми бахор атса мезанад ва сулфа мекунад ва илова бар ин хориши бадан хам дорад. Месазад ки дар бораи поллиноз ё зуккоми аллерги ба таври алохида гап занем. Ин холат барои организм хатарнок мебошад ва дар якчояги бо дерматити атопики метавонад боиси астмаи бронхиали гардад.

Сабабхо

Одатан чунин мехисобанд, ки «хамаи беморихо бо холати асабхо рабт доранд»  ва аллергия низ аз ин истисно нест. Дар асл ин тавр нест: стресс накши «гиронкунак» ё триггеро мебозад, ки моилияти ирсии аллергиро бедор месозад. Яъне ки, агар пас аз ягон хел хаячони сахти рухи ё асаби, шумо мушохида кунед, ки аз чи бошад ки зукком (шамолхури) дертар давом карда истодааст  ва шумо аз сулфаи  хушки бехолкунанда ором ёфта наметавонед, ба аллерголог – иммунолог мурочиат кунед. Агар шумо аз хориш азият кашида истода бошед, сабаби пайдошавии онро духтури дерматолог фахмида метавонад. Шояд ин хориш неврогенни бошад ва шояд – стресс бемории хобидаро бедор карда бошад.

Аллергия дар аксар мавридхо дар синни барвакти кудаки пайдо мешавад. Оё он «афзоиш» карда метавонад? «Ин дар аксар мавридхо рух медихад. Мо инро мушохида мекунем ва аз хамин сабаб кушиш мекунем ки ба таври максимали табобати доругиро камтар кунем, мухити беаллергениро мухайё кунем, то ин ки системаи масъуниятии кудак худаш бо раванди (просесси) барпо кардани бехисси ё чи тавре ки мо мегуем бардошткуни ба аллергенхои аз чихати сабаб мухимро ухда карда тавонад» — накл мекунад  доктори илмхои тибби, рохбари илми, сардухтури НККЦ –и аллергия ва иммунология  Юрий Смолкин.

«Ба пурраги» сихат шудан аз аллергия гайриимкон аст, чунки ин намуди хоссаи аксуламали системаи масъуният мебошад, ки шумо онро хамчун мероси ирси кабул мекунед.

Агар тамоми мачмуъи (комплекси) чорабинихо, аз кабили барпо кардани мухити гипоаллергени, гузаронидани табобати махсус то гулшукуфи ва табобати симптоматики дар аснои гулшукуфи гузаронида шаванд, худи ин бемориро бартараф ё сабук кардан мумкин аст.

 

Окибатхои номатлуб

Аллергенхои аз хама пахншудатарин – ин гарди гул, чанги канахои чангпошдиханда, пашми хайвонхо, металлхо, дорухо, маводхои хуроки, пеш аз хама махсулоти шири, кулфинай ва мевахои ситруси мебошанд. Барои муайян кардани аллергени фардии худатон бояд ба духутр – аллерголог мурочиат кунед ва аз санчишхои махсус гузаред.

Хангоми зуккоми аллерги – поллиноз аз гарди гул,  хуручи хоришкунии пардахои луоби, обрави аз чашмон, зукком, атсазани ва (баъзан) сулфаи давомнок ба вучуд меояд. Растани – аллергенхои аз хама маъмул тарин – ин дарахти тус (берёза), сафедор (тополь), дарахти роздор (ольха), булут (дуб), бед (ива), дар чануб – сарв (кипарис) ва растанихои хушадор (злаки) мебошанд. Аллергени аз хама пуркувватарин ин бегонаалафи карантинии амброзия – растание бо гулхои хурди зард мебошад.

Набояд поллинозро хамчун нохушии (мушкилоти) аламовари муваккати хисоб кунем. Сегонаи ринити аллерги,  дерматити атопики  ва астмаи бронхиали хамчун «марши атопики» номида мешавад.

Мувофики маълумотхое, ки д.и.т., профессори кафедраи аллергологияи клиникии РМАПО Наталя Ненашева овардааст, дар Россия дерматити атопи дар 6,2 – 15,5 % — и кудакон, ринити аллерги дар 12 – 24% — и ахоли вомехурад, астмаи бронхиали  дар байни кудакон 5,6 – 12,1%,  дар калонсолон  5,6 – 7,3% — ро ташкил медихад. Астмаи бронхиалии атопи дар аксар мавридхо бо ринити аллерги якчоя мебошад.

Чи тавр бояд зист

Яке аз чорахои мухими комёбшави дар мубориза бо аллергия – ин пархезкунии (диетаи) зиддиаллергияви   мебошад. Сабзавотхои тару тоза, лубиёгихо ва растанихои хушадор, ба ратсион бештар ворид кардани мохи, на ин ки гушт, — раванди ин бемориро осонтар менамояд. Аз нушокихо бе кофеинашро интихоб намоед. Аммо пархезкуни (диета) бояд ба таври чидди, пас аз гузаронидани санчишхо инфироди таъин карда шавад: шояд ки айнан мохи ё мевахои донакдор «душмани шахсии» шумо бошанд.

Чунин акидае пахншуда (роич) мебошад, ки гуё барои аллергикхо дар мухити намнок зистан зараровар аст ва мухити хушку гарм барои онхо – ин дармони хама дардхо мебошад. Шояд ин акида барои дигар беморихо, аз он чумла Бемории Сил дуруст бошад, аммо на барои аллергия.

Дигарон фикр мекунанд, ки баръакс ба аллергикхо зарур аст, ки дар лаби бахр зиндаги кунанд. Ин нодуруст аст. Дар лаби бахр низ алафхо (боз хамон амброзия), гулхо ва дарахтон меруянд, ки гарди гули онхо ба масофахои дур пахн мешавад.

Набояд дар давраи тирамох ва зимистон (тобистон), дар давраи эпидемия худро дар хона кулф зада шинед – баръакс, сайру гашт дар хавои тоза хеле фоидаовар аст. Аммо хам барои одамони солим ва хам барои одамоне,  ки аз аллергия азият мекашанд, меарзад ки аз тамоси мустаким доштан бо шахсони сироятшуда хазар кунанд.

Вокеъан, дар байни намудхои гуногуни аллергия, аллергия ба офтоб – фотодермит низ вучуд дорад. Набояд шумо умед бандед, ки малхамхои (кремхои)  зиддиофтоби шуморо аз пайдошавии доначахои хоришкунанда эмин нигох медоранд. Гарчанде ки барои аллергикхо истифодаи чунин кремхо тавсия дода мешавад, бояд худро харчи камтар ва ба таври минимали дар зери таъсири нурхои офтоб карор дихед.

Чи тавр бояд табобат гирифт

Чунин моддахое вучуд доранд, ки нишонахои (симптомхои) аллергияро ба таври назаррас кам мекунанд. «Маводхои доругии антигистамини аз руи коида хангоми табобати симптоматики зарур мебошанд. Ин воситаи хуби табобати мустаким ва ёридиханда мебошад, аммо ин холо дармони дардхо нест, — гуфта мефахмонад Юрий Смолкин. – Хангоми ринит маводхои пошшавандаи (спрейхо) димогии ба чойхои алохида таъсиррасон тавсия дода шудаанд, хангоми астма – бронхолитикхо ва хангоми дерматит — маводхои таъсири беруна истифода бурда мешаванд».

Нисбати воситахои антигистамини муносибати одамон бохазар (эхтиёткорона) аст – одамон чунин мехисобанд ки ин дорухо боиси бекуввати ва хоболуди мешаванд. Аммо дорухои насли нав боиси одаткуни ва хисси бехавсалаги намешаванд.

Имрузхо воситаи аз хама таъсирноктарин барои сабук кардани нишонахои (симптомхои) поллино,  кортикостероидхои димоги шуморида мешаванд. Муносибати одамон нисбати инхо, назар ба маводхои доругии антигистамини, боз хам манфитар мебошад – чунки охир, хормонхо хамчун воситаи сахттаъсир ва дорои як катор таъсироти номатлуб шухратдору маъмул гаштаанд.

Кортикостероидхои димоги амалан ба чараёни хун чаббида намешаванд ва ба организм ба таври умуми таъсир намерасонанд. Бо вучуди ин, истеъмолкунии давомноки онхо метавонад боиси зарарбинии замбуругии пардахои луобии бини гардад.

Мувофики тавсияхои  аврупои, ки аз тарафи кордонхои (экспертхои) амрикои ва россияги низ кабул карда шудаанд, хангоми беморие ки симптоматикахои ба таври норавшан зухуршаванда дорад, кортикостероидхои димоги ба муддати 3 мох таъин карда мешаванд ва пас аз ин самаранокии онхо баходихи карда мешавад.

Хангоми холатхои хеле вазнинтар табобат ба як мох таъин карда мешавад ва баъдан холати бемор баходихи карда мешавад. Агар риносинусит ва поллиноз вучуд дошта бошад, имконияти табобат бо усули чаррохи ба назар гирифта мешавад.

Усули ягонае, ки ба сабаби аллергия таъсир мерасонад, мисли пештара эмкунони (ваксинатсия) бо аллерген мебошад. Ин гуна эмкунони хам барои калонсолон ва хам барои кудакон гузаронида мешавад. Ин гуна кори мушкилро факат ба мутахассисони олидарача  бовар кардан мумкин аст.

Агар хатогиеро дарёфт карда бошед? Онро намоён карда монед ва тугмахои Ctrl+Enter – ро зер кунед.

Табобати беморихои аллерги

Беморихои аллерги дар асоси (таркиби) худ механизмхои нихоят (ба кадри кифоя) мураккаберо дарбар мегиранд.

Бояд чудо кардани ин гурухро ба аллергияхо (ки дар одамони солим вомехурад ва хангоми тамос ё ба дохили организм афтодани антигенхои конкрети, масалан маводхои дорувори, доруворихои  «ношинос», хушмаззакуннадахо ва гайра)  ва атопияхо (беморихое ки дар асоси (таркиби) онхо моилияти генетики ба аксуламалхои пурзур нисбати  аллергенхо хобидааст); ба атопияхо астмаи бронхиали, ринити аллерги, дерматити атопи ва гайра дохил мешаванд. Фахмо аст, ки табобат кардани беморихои ин кадар фарккунанда, нисбатан аз хам фарк хохад дошт.

Дар умум табобати беморихои аллерги, аз байн бурдани тамосгири бо аллерген, тарзи хаёти (рузгори) гипоаллергени, пархезкуни (диета) ва табобат бо дорухоро дарбар мегирад.

Чорахои фаври

Агар дар шумо ё фарзанди шумо ба ягон барангезанда аксуламали аллерги пайдо шуда бошад, бояд шумо доруи антигистаминии насли 1умро (супрастин, тавегил ва гайра)  аз руи воягузории синусоли кабул кунед ва бетаъхир ба духтур мурочиат намоед. Агар шумо хуручи холати барои хаёт тахдидкунандаеро, аз кабили хуручи астмаи бронхиали  (ки бори аввал пайдо шудааст) ё омоси Квинкеро шубха карда бошед – ёрии таъчилиро даъват намоед. Агар дар шумо ё дар фарзанди шумо ташхиси астмаи бронхиали гузошта  шуда бошад, хангоми пайдо шудани хуручи он ба таври чидди аз руи тавсияхои духтур амал кунед. Дар табобати доругии холатхои вазнини аллерги дорухои антигистамини, глюкокортистероидхо, бронхолитикхо, энергосорбентхо ва гайра истифода бурда мешаванд. Вобаста ба вазнинии раванду гузариши бемори духтур табобати заруриро интихоб мекунад.

Табобат дар давраи ороми

«Давраи ороми» он давраеро меноманд, ки хуручи бемории аллерги пешгири шудааст ва бемор табобат нагирифта истодааст ё табобати базисие гирифта истодааст, ки барои пешгирии хуручхои нав равона карда шудааст. Вобаста ба вазнинии бемори аллерголог метавонад пархезкуни (диета), тарзи хаёти гипоаллергени ва табобати доругиро тавсия дихад.

Пархезкуни (диета) барои беморихои аллерги дар маколаи алохида барраси карда шудааст.

Тарзи хаёти гипоаллергени ин тавсияхои умуми барои хамаи бемороне мебошад, ки аз беморихои атопики азият мекашанд. Онхо махдуд кардани тамосгирии бемор бо чангу губор, гарди гул, пашми хайвоноти хонаги, тамоку ва дигар аллергенхоро дарбар мегиранд.

Барои ин шолу намадхо, колинхо, рохаткурсихо, болиштхои зиёдати ва хама гуна чизхоеро, ки дар онхо чангу губор чамъ шуда метавонад, бояд аз хона бароварда шаванд ва ба матрасу болиштхо руйкашхои масхуси чангногузар кашида шаванд, руйпушхои рахти хоб ва болопушхо (одеялахо) то хадди имкон зуд-зуд шуста шаванд, хучрахо мунтаззам бояд хавоиваз (вентилятсия) карда шаванд, боя дар хона аз кашидани сигор даст кашид ва гайра.

Табобати доругиро вобаста ба дарачаи такроршави ва вазнинии эпизодхои аллерги интихоб ва таъин мекунанд. Пас аз сар кардани табобат бояд зуд-зуд ба назди духтур равед ва дар бораи вазъи саломатиатон ба вай хабар дода истед, то ин ки вай тавонад табобатро ба назми дуруст дароварда танзим кунад. Хама тавсияхои духтуро риоя кунед. Дар хона рузномаи махсус тартиб дихед. Сана ва вакти руй додани хар як хуручро ва хамон аллергенеро низ, ки хуручро ба бор меорад навишта монед, хангоми ба кабули духтур рафтанатон ин рузномаро бо худ гиред. Ба ин тарз барои духтур осонтар мешавад, ки оиди вазъи сихатии шумо чи кор карданашро донад. Аз духтур фахмида гиред, ки кадом аломатхо оиди бадшавии вазъи саломати хабар медиханд. Шумо бояд аник тасаввур кунед, ки хангоми руй додани хуруч чи амалхоро бояд ичро кунед.

Аллерген- иммунотерапияи махсус

Ин усули табобат аз он иборат аст, ки ба организми бемор вояхои баландшавандаи афшурдаи (экстракти) хамон аллергене ворид карда мешаванд, ки бемор ба он хассосияти баланд дорад. Дар натичаи ин гуна табобат зиёдшавии тадричии устувории организм ба таъсироти хамин аллерген мушохида карда мешавад. Дар ёд дошта бошед, ки иммунотерапия (СИТ) ба таври истиснои факат дар давраи ремиссия ва чиддан аз руи нишондихандахо гузаронида мешавад. Дар сурати ба таври окилона гузаронидан, ин усули самаранок ва бехатар мебошад. Вале дар айни хол дар ёд дошта бошед, ки бо максади рох надодан ба оризахо, пас аз ворид кардани аллергенхо, ба муддати на камтар аз 30 дакика бояд бемор дар зери назорати духтур бошад.

Пешгирии хуручи беморихои аллерги

Мутаасифона, кисми бештари беморихои аллерги музмин мебошанд, онхо бо даврахом хуручкуни ва ремиссия мегузаранд.

Дар давраи ремиссия, шояд бемор оиди саломатиаш ягон шикояте надошта бошад.  Давраи хуручкунии бемори бошад, бо нишонахои назаррас ва бадшавии вазъи умумии саломатии бемор худро нишон медихад. Айнан барои хамин, пешгирии хуручи бемори яке аз максадхои асосии табобат мебошад. Шояд хама чиз мухим бошад: яъне шумо чи мехуред, чи менушед, дар кучо истичомат мекунед, оё зуд-зуд ба сайру гашт мебароед,  тарзи хаёти шумо дар хона чи тавр ташкил карда шудааст, оё шумо хайвоноти хонаги доред, шумо аз кадом намуди косметика истифода мебаред, оё шумо ба ресторан меравед, шумо ба кадом намуди варзиш шугл доред ва гайра.

Агар дар шумо яке аз беморихои аллергиро ташхис гузошта бошанд, духтур хатман ба шумо дар бораи асосхои пешгирии хуручхо накл мекунад. Маълум аст, ки барои хар як бемори усулхои дакики пешгири кор карда бароварда шудааст. Ин чо мо факат тавсияхои умумиро меорем.

Худдори кардан аз тамос бо аллергенхои асосан сабабшаванда

Хангоми муоина кардани бемор ё гузоштани ташхиси бемории аллерги, аз руи коида духтур кушиш мекунад, ки омилхои барангезандаро муайян ва пайдо кунад.  Барои муайян кардани аллергенхо якчанд намуди усулхои ташхис вучуд доранд: намуна-санчишхои пусти, тахлили хун барои санчиши махсуси IgE, намуна-санчишхои хуручангез. Духтур, таърихи бемории шуморо тахлил карда, яке аз ин тахкикотхоро фармоиш медихад. Баъд аз муайян кардани аллерген, духтур ба шумо оиди тагйир додани тарзи хаёт, барои бартараф кардани тамос бо ин омилхои барангезанда, тавсияхо медихад.

Назорат аз болои омилхои мухити зист

Хусусияти физиологии одамоне, ки аз ягон намуди беморихои аллерги азият мекашанд, ин моилияти хамешагии (ибтидоии) онхо ба зухуроти гуногуни аллергия мебошад. Махсусан ин холат дар даврахои хуручкуни, дар он вакте ки организм дар холати гипперактиви карор дорад, вазнинтар мегардад. Дар ин давра хатто барангезандаи ночизе хам метавонад, зухуроти бемории асосиро вазнинтар гардонад. Айнан барои хамин хам дар илми аллергология мафхуме бо номи тарзи хаёти гипоаллергени вуучуд дорад, яъне ба таври максимали катъ кардани тамос бо аллергени потенсиали.

Хонаи худатонро аз омилхои хафноки мухофизат намоед. Хайвонхои хонагиро дар мавзеъи чудогона нигохдори кунед ё ба дасти ягон одамони хуб дихед. Дар хона тамоку (нос) ва сигор накашед. Аз маводхои хушбуйкуни ва дигар маводхои буйи сахтдошта истифода накунед. Палосу колинхо, мулоимкурсихо, болиштхои зиёдати ва хама гуна чизхоеро, ки дар онхо чангу губор чамъ шуда метавонад, дур кунед. Дар болиштхо ва матрасхо руйкашхои махсуси чангногузар кашед. Аз матрасхо, болиштхо ва болопушхои (одеялахои) гипоаллергени истифода намоед. Руйкашхои рахти хоб ва курпахоро (одеялахоро) то хадди имкон зуд-зуд шуед. Хучрахоро мунтаззам хавоиваз (шамолдихи/вентилятсия) намоед. Аммо нагузоред, ки ба дохили хучрахо аллергенхо, аз кабили гарди гул ё пашмаки дарахтон ворид шаванд.

Пархезкуни (диета)

Тавсияхои пархезкуни (диета) вобаста ба бемории чудогонаи хосса фарк мекунанд. Риоя кардани пархезкунии гипоаллергени дар бисёр холатхо имкон медихад, ки инкишофёбии хуручи бемори пешгири карда шавад.

 

Табобаткуни бо дорухо

Пас аз аник шудани ташхис, шояд барои шумо табобати доимии базиси таъин карда шавад, ки метавонад хамчун пешгирикунандаи хуручхои нав хизмат намояд. Бояд дар ёд дошт, ки ин гуна доруворихоро мунтаззам ва аз руи тавсияи духтур кабул мекунанд. Ба таври мунтаззам кабул накардани дорухо дар аксар мавридхо ба инкишофёбии хуруч оварда мерасонад. Шумо ба ин дорухо вобастаги пайдо намекунед, хатто агар онхоро дар давоми солхои зиёд хам истеъмол кунед.

Аллерген- иммунотерапияи махсус

Ин усули табобат аз он иборат аст, ки ба организми бемор вояхои баландшавандаи экстракти хамон аллергене ворид карда мешаванд, ки бемор ба он хассосияти баланд дорад, Дар натичаи ин гуна табобат зиёдшавии тадричии устувории организм ба таъсироти хамин аллерген мушохида карда мешавад. Дар ёд дошта бошед, ки иммунотерапия (СИТ) ба таври истиснои факат дар давраи ремиссия ва чиддан аз руи нишондихандахо гузаронида мешавад. Дар сурати ба таври окилона гузаронидан, ин усули самаранок ва бехатар мебошад. Вале дар айни хол дар ёд дошта бошед, ки бо максади рох надодан ба оризахо, пас аз ворид кардани аллергенхо, ба муддати на камтар аз 30 дакика бемор бояд дар зери назорати духтур бошад.

Мушохидаи доимии (санатсияи) сарчашмахои мавчудаи сироятшави

Дар аксар мавридхо яке аз омилхои сегонаи (триггерии) инкишофёбии хуручи беморихои аллерги, дар организм мавчуд будани сарчашмахои сироятшави мебошад. Баъзан вакт сироят метавонад бе хеч гуна нишонахо (бе симптом) зухур кунад ва танхо дар аснои муоинакунии махсус муайян карда мешавад. Дар дигар холатхо дар организм сарчашмахои сироятшави дар шакли карес, беморихои илтихобии пусти ва гайра мавчуд мебошанд. Айнан барои хамин, бояд аллергикхо вазъи сихатиашонро бодиккат назорат кунанд ва дар сурати зарурат аз табобат гузаранд.

Тарзи хаёти солим

Тарзи хаёти солим дар худ ба таври окилона ташкил кардани речаи кор ва истирохат, хобравии басанда, хуроки солим, мунтаззам дар хавои тоза сайру гашт кардан ва бо варзиш шугл варзиданро дарбар мегирад (хатман аз духтуратон пурсед, ки оё ба шумо ичоза хаст, ки ба ин намуди спорти интихобкардаатон машгул шавед ва дар кадом хачм). Ташкил кардани речаи руз махсусан дар сини кудаки, дар он даврае  ки кудак холо худаш наметавонад дарачаи мондашавиашро бахо дихад ва дар аксар мавридхо дар холати хаячони (барангехта) ва гипперактиви карор дорад, хеле  мухим аст.

 

Ба таври дакик риоя кардани хама таъинотхои духтур

Ин коидаи аз хама мухимтарин мебошад. Ба духтури худатон эътимод дошта бошед ва хама тавсияхои уро ичро намоед. Агар бо ягон сабабе духтур ба шумо маъкул набошад, ба духтури дигар мурочиат кунед, ки бояд мутахассиси бештар боэътибору масъулиятнок бошад.

Аллергия ба хурокворихо (аллергияи хуроки)

Аллергия ба хурокворихо  – ин хама гуна аксуламали аллерги ба хурокворихои мукаррарии безарар ва маводхои таркибии хурокворихо (ингредиентхо) мебошад.

Маълумотхои умуми

Ягон то аз намудхои хурокворихо метавонад бисёр аллергенхои хурокиро дошта бошад.  Аз руи коида инхо сафедахо ва ахёнан – чарбухо ва карбогидратхо мебошанд. Хангоми аллергия системаи масъуният антителахоро ба он микдоре кор карда мебарорад, ки аз меъёр зиёд мебошанд, ва бо хамин кор организмро то он дарача кобили аксуламал месозанд, ки он хатто сафедаи безарарро низ хамчун агенти сирояткунанда кабул мекунад. Агар системаи масъуният ба раванд (просесс) чалб нашуда бошад, пас ин аллергия ба хурокворихо намебошад, балки хамту дуст надоштани (бардошт накардани) яке аз хурокворихо мебошад.

Аллергияи асли ба хурокворихо хеле ахёнан (дар камтар аз ду фоизи ахоли) ба назар мерасад. Бештар аз хама сабаби ин ирси мебошад. Дар кудакон одатан аллергия дар солхои аввали хаёташон зухур мекунад (дар аксар вакт ба сафедии тухм) ва баъдан он дар онхо “рушд” мекунад.  Дар миёни калонсолоне, ки тахминан аллергия ба хурокворихо доранд, такрибан 80 % фоизашон дар асл он гуна холатеро доранд, ки онро мутахассисон хамчун “псевдоаллергия ба хурокворихо” ном ниходаанд. Гарчанде ки он нишонахое, ки дар онхо мушохида карда мешаванд, ба нишонахои аллергияи асли монанд хастанд, шояд сабаби онхо факат хамту дар дуст надоштани (бардошт накардани) яке аз хурокворихо нихон бошад. Бештар аз он, дар баъзе одамон аксуламалхои псхосоматики ба баъзе хурокворихо инкишоф ёфта метавонанд, чунки онхо чунин фикр мекунанд, ки он хуроквори барои онхо хамчун барангезандаи аллергия (аллерген) мебошад.

Сабабхои аллергия ба хурокворихо

Он кудаке, ки яке аз волидонаш гирифтори аллергия хаст, назар ба он кудаке ки волидонаш аллергик нестанд, ду маротиба бештар хавфи гирифторшави ба аллергия дорад. Агар харду волидайн гирифтори аллергия бошанд, хавфнокии пайдошавии аллергия дар кудак боз ду маротибаи дигар меафзояд ва ба хамин тарик ин хавфноки чор маротиба зиёдтар мегардад. Аммо хамзамон моддахое ки барои кудак аллерген хастанд, шояд аз аллергенхои волидайни вай фаркият дошта бошанд.

Ба он нигох накарда, ки аллергия амалан метавонад ба хама гуна намудхои хуроквори инкишоф ёбад, аллергенхои аз хама маъмултарин инхо; шир, тухм, мохи, моллюскхо, соя, гандум ва чормагзхо, махсусан чормагзи замини (арахис) мебошанд.

Инчунин аллергияи чандтарафа (перекрестная) низ вучуд дорад, ки баъд аз аксуламал ба яке аз аллергенхо пайдо мешавад. Ба хамин тарик одамоне, ки гирифтори аллергия ба чормагзи замини хастанд, метавонанд нисбати дигар намуди лубиёгихо, аз кабили нахуд, лубиёи соя ва наск низ аллергия дошта бошанд. Инчунин бемороне ки ба харбузаи хушбуй аллергия доранд, метавонанд бо мурури замон ба бодиринг ва каду низ аксуламали аллерги пайдо кунанд; ва айнан хамин тавр одамоне ки гирифтори аллергия ба харчанги бахри (креветка)  хастанд, шояд нисбати харчанги хурд  (краб) низ хассосиятнок мешаванд.

Дар баъзе одамон ба сулфатхо – маводхои кимиёви аллергия пайдо мешавад, ки онхо барои нигохдории ранги хурокворихо, масалан дар хушкмевахо ва сабзавотхо истифода бурда мешаванд. Аксуламал нисбати онхо аз нафаскашии канда-канда ё садамоти (шоки) аллерги, пас аз истеъмолкунии хурокхое, ки дар таркибашон сулфатхо доранд, иборат мебошад. Сулфатхо метавонанд боиси хуручи вазнини астма низ шаванд.

 

Нишонахои (симптомхои) аллергияи хуроквори

Аксуламалхои аллерги одатан дар давраи аз якчанд дакика то ду соат, пас аз истеъмоли хурок пайдо мешаванд. Аммо дар бемороне, ки гирифтори шакли вазнини аллергия хастанд, хатто дастрасони ё буй кардани хурок метавонад посухи аллергиро барангезад.

Нишонахои (симптомхои) барвактии маъмули (типпики) аз варамкуни ва хоришу сузиши лабхо, дахон ё гулу иборат хастанд. Пас аз воридшави ба системаи хозима, хуроквории барангезанда метавонад дилбехузури, кайкуни, халаи рудахо ва шикамравиро барангезад.

Аксар вакт хориш, испарма (крапивнитса), шукуфа ва сурхшавии пуст сар мешавад.

Дар баъзе беморон хуроквори ринити аллергиро барангехта метавонад, ки барои он зукком, сулфакуни ва нафаскашии болои (кутох-кутох/дамкутохи) хос мебошанд.

Баъзан метавонад аз лахзаи фуру бурдани  аллерген аксуламали аллергии кутохмуддат руй дихад – ба муддати аз якчанд соат то ду руз.  Дар мукоиса бо аксуламали фаври, нишонахои аксуламали аллергии кутохмуддат он кадар сахт намудор намешаванд ва метавонанд аз шукуфа, испарма (крапивнитса) ва астма иборат бошанд.

Садамоти (шоки) анафилакти – ин холати ахёнан руйдиханда, вале барои хаёт хатарноке аст, ки хангоми гирифтори ба он якчанд органхо ва системахои организм ба аксуламали аллерги гирифтор мешаванд. Нишонахои он аз хориши шадид (интенсиви) испарма (крапивнитса), араккуни, варам кардани пардахои луобии гулу, нафастанги ва пастшавии фишори артериали иборат мебошанд. Агар ин гуна холат харчи тезтар ва ба таври дуруст муолича карда нашавад, он метавонад ба зуди вазнинтар шавад ва ба холати бехуши  ё хатто фавтшави бурда расонад.

Шумо чи кор карда метавонед?

Агар шумо дар гурухи хавфнок карор дошта бошед  (яъне агар дар оилаи шумо холатхои гирифторшави ба аллергия рух дода  бошанд), нисбати аксуламали организми шумо ба хама гуна хурокворихои нав хеле хушёр бошед. Хангоми зарурати чашидани ягон хуроки нав аз хиссахои (порсияхои) кам сар кунед ё умуман аз он даст кашед, махсусан агар шумо аз хонаи худатон ё аз тамаддуният (сивилизатсия) дар масофаи дур карор дошта бошед.

Шумо бояд нагзакак фахмед, ки чиро хурда истодаед. Тамгакогазхои он махсулотхоеро, ки харидори мекунед, хонда бароед. Агар ягонто аз он чизхое, ки шумо одатан харидори мекунед, хамчун «моли нав» ё «бехтар кардашуда»  эълон шуда бошанд, тамгакогази онро дубора аз нав дида бароед.

Факат махсулотхои тару тоза ва навро истеъмол кунед. Кушиш кунед, ки  хурокворихои хушккардашуда, консервонидашуда ва коркардшударо истеъмол накунед.

Махсулотхои хурокии навро ба менуи фарзандатон тадричан ворид кунед, махсусан агар шумо ва шавхаратон харду гирифтори аллергия бошед.

Хар дафъае, ки ба кудакатон ягон гизои нав медихед, аввал ба вай хиссаи на он кадар калонро дихед ва онро бо мурури замон зиёдтар кардан гиред.

Агар дар шумо ба ягон то аз кисмхои таркибии (ингредиентхои) хуроквори аксуламал пайдо шуда бошад, бо аллерголог машварат кунед, ки оё дар хакикат ин нишонахо аз аллергия ба хуроквори пайдо шудаанд ё аз сабаби ягон мушкилоти дигар.

Агар мабодо боре ба шумо ташхиси аллергияи хуроквори гузошта бошанд, усули ягонаи самараноки халосшави аз он ин муайян кардани маводи (агенти) барангезанда  ва аз он дури чустан мебошад.

Хавфи фавтидан аз аксуламали аллерги меафзояд, агар шумо гирифтори астма бошед. Агар вазъият чунин бошад, пас бояд шумо хамеша вояи эпинефринро (адреналин) барои эхтиёт дар чойи дастрас дошта бошед, то ин ки онро хангоми сар задани аксуламали аллерги  кабул кунед. Шумо бояд донед, ки дар кадом холатхо ва чи тавр сузандоруи эпинефрин гузаронида мешавад. Баъзан кабул кардани дорухои антигистамини низ кумак мерасонад. Аммо шояд истифода кардани эпинефрин хаётан мухим бошад.

Духтур чи кор карда метавонад?

Аллерголог дар асоси тахлили таърихи бемории шумо, муоина ва санчиши объективона ва санчишхои лаборатори, метавонад ташхиси аникро гузорад.

Барои ташхиси аллергияи хуроквори аз намунаи скарификатсионии (харошидашавии) пусти истифода мекунанд, ки хангоми ин усул афшураи (экстракти) махлулкардашудаи махсулотро дар руи пуст мегузоранд ва хамзамон дар он чо якчанд харош ё сузанзани хам мекунанд. Агар хеч гуна аксуламал руй надихад, ин санчиши пуст манфи аст. Аммо агар дар давоми 15 дакика сурхшави ва варамкуни ба монанди чойи газидаи хомушак ба амал ояд, мумкин аст, ки шумо ба махсулоти тадкикшаванда аллергия дошта бошед. Аммо ба ин нигох накарда ин гуна санчиш (тест) метавонад натичахои бардуруг-мусби ё бардуруг-манфи нишон дихад.

Усулхои бештар дакиктар ин тахлилхои хуни мебошанд, ки хамчун санчиши радиоаллергосорбенти (радиоаллергосорбентный тест (РАСТ)) ва тахлили иммуноферменти (иммуноферментный анализ (ИФА)), ва тадкики антителахо маълум мебошанд. Аммо инхо низ метавонанд натичахои бардуруг-мусби диханд.

Санчиши пусти ва тахлили хун барои антителахо — он аллергенхоеро пайдо мекунанд, ки ба таври потенсиали метавонанд аксуламалхои аллергиро дар ягон одаме барангезанд. Агар пас аз санчиши пусти ва тахлили хун низ ташхис номуайян монад, духтур метавонад санчишхои барангезандаро таъин намояд. Ин гуна тахкикотхо дар статсионархои аллергологи ва аз руи нишондихандахои чидди гузаронида мешаванд. Хангоми гузаронидани санчишхои барангезанда дар бини, дар зери забон ё мустакиман дар бронххо микдори на он кадар калони аллерген гузаронида мешавад ва пас аз чанд муддате аксуламал ба он баходихи карда мешавад. Ин тадкикот метавонад дар бемор аксуламали шадиди аллергиро барангезад, барои хамин бояд он дар хузури духтур гузаронида шавад, чунки вай метавонад дар холати зарури кумаки фаврии тибби расонад.

Агар дар шумо аллергияи асли ба хуроквори пайдо шуда бошад, ба шумо пархезкунии (диетаи) махсус тавсия дода мешавад, ки аллергини гумонбаршударо (тахминиро) пурра истисно мекунад. Дар давоми якчанд хафта бояд ин гуна пархезкунии гипоаллергени риоя карда шавад (одатан он аз биринч, салат, себ иборат мебошад). Баъд аз муддати муайяне ин пархезкуниро гуногунранг кардан мумкин аст  ва баъдтар ба он худи хамон аллергени пайдокардашударо низ дохил кардан мумкин аст. Агар баъди ворид кардани хамон аллерген боз аз нав аллергия инкишоф ёбад, ба шумо зарур меояд ки ин пархезкунии (диетаи) огознамудаатонро давом додан гиред.

Дар ёд доред, ки хама гуна пархезкунии истиснои (диетаи элиминатсиони) (диета бо истисно кардани махсулотхои аллергени) танхо  бо розигии духтури шумо ва дар зери назорати диетологи тахассуси метавонад гузаронида шавад.  Чунки хатто бо хамин гуна пархезкуни хам шумо бояд бо хурок тамоми маводхои зарурии организмро кабул кунед. Духтур метавонад ба таври окилона махсулотхои аллергениро ба дигархояш иваз намояд, ки хамон маводхои гизои ва витаминхоро дар таркибашон доро мебошанд. Хеч вакт аз диетаи худатон ягон гурухи пурраи махсулотхоро якуякбора ба муддати якчанд хафта истисно накунед, махсусан агар сухан дар бораи кудакони хурдсол, пиронсолон ва одамони бемор рафта истода бошад.

Риоя кардани пархезкунии чидди ба бисёр одамон кумак мерасонад, ки аз аллергияи хуроки сихат ёбанд. Яке аз тадкикотхо маълум намуд, ки пас аз 1-2 соли ба таври поквичдонона риоя кардани диетаи гипоаллергени, тахминан аз се як хиссаи кудакони синни болои ва калонсолон низ аз хассосноки ба хуроки барангезанда халос шуданд. Лекин аллергия ба чормагзи замини (арахис), чормагзхо, мохи ва моллюскхо дар аксар мавридхо метавонад то охири хаёт боки монад.

Пархезкуни хангоми беморихои аллерги

Беморихои аллерги  – ин гурухи калони беморихо мебошад, ки дар худ холатхои чиддиеро аз кабили омоси (варами) Квинке, садамоти анафилакти, астмаи бронхиали ва беморихои барои хаёт камтар хатарнокро (ринити аллерги, дерматити атопи ва гайра) дарбар мегирад.

Маводхои хуроки барои давраи ори аз хуручхои бемори

Барои баъзеи ин беморихо омили барангезанда айнан махсулотхои хуроквори мебошанд. Барои дигархояшон асосан аллергенхое ба мисли гарди гули растанихо, пашми хайвонот, чангу губор ва гайра сабаб мешаванд. Фахмо аст, ки тавсияхои пархези барои ин кадар патологияхои гуногун ба таври назаррас фарк хоханд кард. Аммо хамзамон як катор тавсияхое низ хастанд, ки барои хама манфиатнок мебошанд.

1) Бо аллергологи худатон руйхати аники махсулотхои хуроквории «ичозат додашуда» ва «манъшуда» — ро мувофика кунед. Мумкин аст, ки барои аник кардани мавчудияти аллергенхои конкрети ба шумо гузаштан аз санчишхои скарфикатсионии пусти ё тахлили махсуси IgE –ро дар хуноба (сиворотка) тавсия диханд.

2) Бояд махсулотхои нави хурокиро бо эхтиёти зиёд чашида бинед. Бехтар аст, ки ин гуна коро шумо дар шароити хона ва дар зери назорати наздиконатон ичро кунед, ки метавонанд дар сурати пайдо шудани аллергия ба шумо кумаки зарури расонанд.

3) Хурокро худатон мустакилона аз махсулотхои хоми аввали тайёр кунед. Гушт ва мохиро факат бо буридахо харидори кунед.

4) Кушиш кунед, ки махсулотхои нимтайё (полуфабрикатхо), махсулотхои консервонидашуда, майонезхо ва дигар соусхоро истифода накунед. Шумо хеч вакт наметавонед оиди таркиби махсулотхои тайёри харидорикардаатон пурра мутмаин бошед.

5) Тавсифи таркиби хама гуна хурокхои тайёро, ки онхоро нияти хурдан доред, бодиккат хонда бароед.

Тавсияхои мазкур хам ба кудакон ва хам ба калонсолон дахл доранд. Агар фарзанди шумо гирифтори аллергия бошад, зарур аст, ки вояи хуроки (ратсиони) вайро бо диккат зери назорат гиред. Дар он вакте ки холо кудак хурд аст ва ба мактаб ё богчаи бачагона намеравад, хама чиз нисбатан осон ва оддитар аст. Хамин ки кудак калонтар ва мустакил мешавад, назорат кардани вай мушкилтар мегардад. Ба кудак фахмонидан зарур аст, ки кадом махсулотхоро барои вай хурдан мумкин аст ва кадомашро не. Дар айни замон бояд чунин шакли муколлама интихоб карда шавад, ки кудак бояд фахмад, ки дастуру тавсияхои шумо факат “дилсузии модарона” набуда, балки кори зарури мебошанд. Агар махсулотхои барои вай “манъшуда” зиёд бошанд, меарзад, ки онхоро дар ягон намуди корте нависем ва ба кудак дихем то бо худаш гардонад. Бояд ошпази мактаб ва муаллимон низ дар бораи мушкилии фарзанди шумо бохабар бошанд. Агар шумо оиди сифати хурокхои нахории мактаби мутмаин набошед, бояд барои кудак дар хона хурок тайёр кунед ва дар куттичаи пластмаси ба вай дихед то бо худаш барад.

Хурокхури (хурокворихо) дар давраи хуручи беморихои аллерги

Чи тавре ки пештар ёдрас шуд, хусусияти физиологии одамоне, ки гирифтори ягон бемории аллерги хастанд, ин моилияти ибтидоии онхо ба хама гуна ходисахои аллерги мебошад. Махсусан вазъият дар давраи хуручи бемории асоси вазнин мешавад, ки дар он вакт организм дар холати гиперактиви карор дорад, дар ин давра хатто барангезандаи ночизе хам метавонад зохиршави бемории асосиро вазнинтар гардонад ё аксуламали аллергии наверо зохир кунад.

Айнан барои хамин тавсияхои пархези дар давраи хуручи бемори барои хамаи беморихо монанд хастанд ва ба кадри кифоя чидди мебошанд.

Мана руйхати тахминии махсулотхои «ичозатшуда» ва «манъшуда».

Истисно шудаанд:

— мургшурбо, хурокхои сернамак, тезу тунд ва бирёншуда, хурокхои дуд додашуда, кулчакандхо, махсулотхои хасиби ё гастрономи (хасибхои пухташуда ё дуд додашуда, хасибчахо, сарделкахо ва гушти намакардашуда), гушти чигар;

— мохи, тухми мохи, махсулотхои бахри;
— тухм;
— панирхои тезу тунд ва обкардашуда, яхмос, майонез, афшураи помидор (кетчуп);
— турб (редька), шалгамча (редис), шилха (щавель), испаног (шпинат), помидор, каланфури булгори, карами намакин (квашеная капуста), бодиринги намакин (соленые огурцы);
— занбуруг, чормагз;
— мевахои ситруси, кулфинайи ёбои (земляника), кулфинай (клубника), тамашк (малина), зардолу (абрикосы), шафтолу (персики), анор, ангур, ангат, киви, ананас, харбуза, тарбуз;
— чарбухои деробшав (душворгудоз) ва маргарин;
— нушокихои газноки меваги, квас;
— кофе, какао, шоколад;
— асал, карамел, зефир, киём (пастила), торт, кекс (бо  ароматизаторхо ва гайра.);
— намудхои гуногуни сакичхо.

Махдуд карда шудаанд:

— ярмаи кашки (манная крупа), махсулотхои макарони, нон аз ордхои навъи оли
— шири холис ва каймок (факат бо хурокхо дода мешаванд), творог, йогуртхо бо иловагихои меваги;
— гушти барра, гушти мург;
— сабзи, шалгам, лаблабу, пиёз, сирпиёз;
— олуболу, коти сиёх (черная смородина), банана, клюква, марминчон (ежевика), оби хуч (отвар шиповника);
— равгани маска (сливочное масло).

Тавсия дода мешаванд (бо дарназардошти бардошткунии инфироди):

— ярма (гайр аз ярмаи кашки);
— махсулотхои ширтуруши (кефир, биокефир, йогуртхо бе иловагихои меваги ва гайра );
— навъхои тезу тунд набудаи панирхо;
— гушти пархези (гушти гов, хук, заргуш, мурги марчон), консервахои махсуси гушти барои хуроквории кудакон;
— хама намудхои карам, кадуи таррак, кадуи патиссон, кадуи маъмули, чаъфари (зелень петрушки), шибит (укропа), нахуди тару тозаи сабз (молодой зеленый горошек), лубиёи лубиёи гилофаки (стручковая фасоль);
— себхои сабзранг ва сафедранг, муруду нок, навъхои сафедранги гелос ва олу, коти сафед ва сурх (белая и красная смородина), бектоши (крыжовник);
— равгани зарди (пухташудаи) маска (топленое сливочное масло), равгани растанигии поккардашуда ва хушбуйкардашуда (рафинированное дезодорированное растительное масло) (чуворимаккаги, офтобпарасти, зайтуни ва гайра);
— фруктоза;
— нони гандуми аз орди навъи дуюм, кулчакокакхои галлаги (хлебцы зерновые), чубчахо ва патарокхои ирисии шириннашуда (несладкие кукурузные ирисовые палочки и хлопья).

Ин гуна парзезкуниро (диетаро) хангоми гирифтор будан ба беморихои вазниншудаи аллерги ба муддати 7-10 руз таъин мекунанд, пас аз он мувофики тавсияи духтур охиста-охиста ба диетаи инфиродии гипоаллерги (диетае ки махсулотхои хурокии конкретиро, ки барои беморони конкрети аллерген мебошанд,  истисно мекунад) гузаштан мумкин аст.

Дар охир аз хамаи аллергикхо хохиш кардан мехостем, ки диетаро хамчун шакли азияткаши кабул накунанд.

Дар ёд дошта бошед, ки тавассути риоя кардани тавсияхои пархези (диети), бо вучуди бемории аллерги доштанатон хам, шумо барои худатон имконияти бо хаёти солим ва пурарзиш зистанро фарохам меоред.

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

planet

ЗАМИН – САЙЁРАИ СИСТЕМАМ ОФТОБИ

Сабабхои тагйирёбии фаслхои сол. Аз курси табиатшиноси мо медонем, ки Офтоб ин маркази системаи офтобии мо …