Главная / Гуногун / Акида нисбати халки точик

Акида нисбати халки точик

Ман (НУРИДДИН САИДОВ ) халкхои бисёреро дидам ва дар ватани онхо зистам, вале ба мисли халки точик начибе надидам. Хак ба чониби Гегел аст, ки хануз 200 сол мукаддам гуфта буд: «… дар Форс (у сарзамини точикони онрузаро бо Хинду Чин мукоиса кардааст) худро хамчун дар хонаи худ эхсос мекуни, дар ин чо тарзи тафаккури аврупои, накукории инсони ва шавки одамиро дармеёби …».

Бузургии ин хаяк боз дар он аст, ки ананахои гузаштаи дури худро нигах дошта, кобилияти баланди эчодии худро дар таърих на як бору ду бор нишон додааст. Вале имруз пас аз садамахои пай дар пайи таърихи, ки ба сари ин халк фуру рехт, чанд омили мухими ичтимои ва уклони ба ин халк намерасад:

  1. Ахли мансаб ва бизнесменхои точик, ки Худо онхоро имруз сохиби пулу сарват гардонидааст, усули ба халкашон ру оварда, сарваташонро дучанд гардониданро наёфтаанд. Пули бисёреро ба сохтани кулбахои нодаркор сарф мекунанду ба бонкхо мегузоранд, ки дар ин хусус Бобо Тохири Урён мегуянд:

 

Азизо, лаззати дунё касе бурд,

Ки хам пушиду хам бахшиду хам хурд.

Касе, ки туша карду гуша андохт,

Худаш мурду занаш бо дигарон хурд.

 

  1. Аксари кулли зиёиёни точики замони мо, ки иликашон дар замони шурави пур шудааст, ба хакикати таърихи бовари надоранд. Аз ин лихоз, онхо нафакат ба таърихи халки худ рафтори индифферентиви зохир мекунанд, балки чун гуфтахои бузургонро, аз кабили Гегел, ёдовар мешавед, ба Шумо бо истехзо лакаби фолбини ё ягон чизи аз он бадтарро мечаспонад.

Набояд мо фаромуш кунем, ки такдири халк дар дасти равшанфикрон аст, халки рус, ки нав аз гуломи – хукуки крепостнои (с.1861) рахо шуда буд ва ба кавли Плеханов «ришдарози бедин» буд, дар арзи ним аср ин халкро ба сахнаи таърих гузоштанд ва дар ибтидои асри  20 ин халк чахонгир шуд.

  1. Бисёр аз зиёиёни динии мо хам дини Исломро тахриф мекарданд. Кабули дини Ислом маънои гузаштаи таърихии халки худро инкор кардан нест. Ба мамлакатхои имрузаи Араб нигаред, онхо доир ба таърихи гузаштаи худ хазорон китоб иншо намуда, дини мубини Исломро ба курсии баланди илми гузоштанд.

Ришдарози ба Мухаммад(с) мутлако бегона ва зид буд. Ришдарози хоси яхудихо аст, ки аз онхо дар ибтидои асри милоди ба халкхои дигар гузашт.

Шукри Худо имруз ахли дини Ислом дар ватани таърихии точикон бо салобати чидди ба суи равшани мераванд.

 

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

obama

Агар яке аз номзадхо бохтро эътироф накунад, чи мешавад?

ИМА рузи 3 ноябр тасмим мегирад, ки Доналд Трамп дар Кохи Сафед бимонад. Номзад ба …