Главная / Гуногун / Акибмонии иктисоди ва сиёсии мамлакатхои Америкаи Лотини

Акибмонии иктисоди ва сиёсии мамлакатхои Америкаи Лотини

Мамлакатхои Америкаи Лотини, ки халкхои онхо дар муддати чандин асрхо дар асорати мустамликадорони Испания ва Португалия буданд, аз чихати тараккиёти иктисодию сиёси аз Европа ва Америкаи Шимоли хеле акиб монданд. Дар ин мамлакатхо сармоядори суст таракки карда буд. Муносибатхои феодали макоми калон доштанд. Дар чандин минтакаи Америкаи Лотини чамоаи кабилавии хиндухо низ вучуд доштанд. Дар баъзе мамлакатхо хатто гуломдори ва бокимондахои он махфуз буданд.

amerikai-lotini

Дар кишоварзии мамлакатхои Америкаи Лотини муносибатхои нимфеодали хукмрон буданд. Мулкхои нихоят калон ба номешикони калон тааллук доштанд. Калисои католики низ дар ихтиёри худ заминхои зиёд дошт. Кишоварзони камзамин, ичоракорон ва мардикорон, ки гирифтори мухточи ва кашшокии сахт буданд, дар киштзорхои заминдорони калон ва калисохо кор мекарданд.

Вазъияти сиёсии мамлакатхои Америкаи Лотини як хел набуд. Масалан, Куба ва Пуэрто-Рико то соли 1898 мустамликахои Испания буданд. Баъди чанги Испанияю Америкаи соли 1898 Куба ниммустамликаи ИМА шуд, Пуэрто-Рико бошад, ба мустамликаи ИМА табдил ёфт. Дарачаи тараккиёти иктисоди ва сиёсии Аргентина, Чили ва Уругвай аз дарачаи тараккиёти Эквадор, Перу, Боливия, Парагвай ва чумхуриятхои Америкаи Маркази барин мамлакатхои хеле кафомонла як дарача баландтар ба назар мерасид.

Дар аксарияти мамлакатхои Америкаи Лотини диктаторхои хокимияти мутлакдошта хукмрони мекарданд. Онхо аз байни заминдорон ва чорвопарварони калони ин мамлакатхо баромада буданд.

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …