Главная / Чамъият / Академияи илмхои Чумхурии Точикистон

Академияи илмхои Чумхурии Точикистон

 КАРОРИ МАЧЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАЧЛИСИ ОЛИИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН 

Оиди кабул намудани Конуни ЧумхурииТочикистон «Дар бораи Академияи илмхои Чумхурии Точикистон»

(Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон  соли  2002, №4, к-1, мод. 313)

akademik-talbak-nazarov

Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон карор мекунад:

  1. Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи Академияи илмхои Чумхурии Точикистон» кабул карда шавад.
  2. Хукумати Чумхурии Точикистон:

карорхои худро ба Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи Академияи илмхои Чумхурии Точикистон» мутобик гардонад. 

 

Раиси Мачлиси намояндагони

Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон                                                    С. ХАЙРУЛЛОЕВ

ш. Душанбе  10 апрели соли 2002

№ 599 

 

КАРОРИ МАЧЛИСИ МИЛЛИИ МАЧЛИСИ ОЛИИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН

 

Оиди Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи Академияи илмхои Чумхурии Точикистон» 

(Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон  соли  2002, №4, к-1, мод. 312) 

Мачлиси миллии Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон Чумхурии Точикистонро «Дар бораи Академияи илмхои Чумхурии Точикистон» барраси намуда, карор мекунад:

Чумхурии Точикистон «Дар бораи Академияи илмхои Чумхурии Точикистон» чонибдори карда шавад.

 

 Раиси Мачлиси миллии

Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон                                                           М. УБАЙДУЛЛОЕВ

ш. Душаибе  23 апрели соли 2002

№ 285

 

КОНУНИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН

Дар бораи Академиям илмхои Чумхурии Точикистон

 

(Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон  соли  2002, №4, к-1, мод. 311; соли 2007, №5, мод.371)

  

БОБИ I. КОИДАХОИ УМУМИ

 

Моддаи 1. Максади Конун

Конуни мазкур макоми хукукии Академияи илмхои Чумхурии Точикистон (минбаъд Академияи илмхо) ва аъзои он, принсипхои ташкил ва фаъолияти Академияи илмхо, мавкеи онро дар сохаи тахкикот ва кашфиёт, ваколат ва масъулияташро ба сифати муассисаи худидорашавандаи давлатии илми муайян менамоад.

Конун барои инкишоф додани илмхои бунёди ва амали чун асоси пешрафти илми ва илмию техники, тараккиёти иктисоди, ичтимои ва фархангии Чумхурии Точикистон нигаронида шудааст.

 

Моддаи 2. Макоми Академиям илмхои Чумхурии Точикистон

Академияи илмхо муассисаи худидорашавандаи олии давлатии илмии Чумхурии Точикистон буда, дар фаъолияти худ масъалахои гузаронидан, инкишоф додан ва мутобик гардонидани тахкикоти бунёди ва амали дар чумхури, омузиши проблемахои мухими тараккиёти иктисоди, ичтимои ва фархангии чумхури, афзун гардонидани самараи истифодаи дастовардхои илми, тайёр кардани кадрхои илмии баландихтисос, пурзур кардани таъсири илм ба инкишофи маориф ва маданиятро таъмин менамояд.

 

Моддаи 3. Асоси хукукии фаъолияти Академияи илмхо

Академияи илмхо дар фаъолияти худ Конститутсияи (Сарконуни) Чумхурии Точикистон, хамин Конун, дигар санадхои меъёрию хукукии Чумхурии Точикистон, Оинномаи худ ва санадхои хукуки байналмилалиро, ки Точикистон онхоро эътироф кардааст, дастури амал карор медихад.

 

Моддаи 4. Оинномаи Академияи илмхо

Оинномаи Академияи илмхоро Мачлиси умумии он кабул карда, Хукумати Чумхурии Точикистон тасдик менамояд ва он набояд ба санадхои меъёрию хукукии Чумхурии Точикистон мухолиф бошад.

Оинномаи Академияи илмхо бояд инхоро пешбини намояд:

ном, махали вокеъ ва макоми хукукии Академияи илмхо;

вазифахои асоси ва принсипхои фаъолияти Академияи илмхо;

хукукхои Академияи илмхо;

тартиби идораи Академияи илмхо, сохторхои ташкилии он ва назорат ба фаъолияти онхо;

шаклхо ва тартиби амали сохтани худидораи илми;

салохият, тартиби ташкил ва мухлати ваколатхои макомоти рохбарии Академияи илмхо;

шарт ва тартиби интихобот ба аъзогии Академияи илмхо;

сохтори Академияи илмхо, тартиби ташкил, фаъолият ва бархам додани сохторхои ташкилии он;

хукук, ухдадори ва масъулияти аъзо ва ташкилотхои Академияи илмхо, шартхои хамкории онхо бо дигар шахсони хукуки ва вокеи;

тартиби ворид намудани тагйироту илрвахо ба Оинномаи Академияи илмхо.

Дар Оиннома инчунин дигар коидахои вобаста ба хусусиятхои макоми хукуки ва фаъолияти Академияи илмхо пешбини шуда метавонанд.

 

Моддаи 5. Хайат ва сохтори ташкилии Академиям илмхо

Академияи илмхо дар хайати худ инхоро муттахид менамояд:

шахсони вокеи-аъзои Академияи илмхо, ки бо тартиби мукарраркардаи Оинномаи он интихоб мешаванд;

шахсони хукуки-ташкилотхои илми, хизматрасонии илми ва идоракунии тайёр кардани кадрхои илми, сохаи хизматрасонии ичтимои ва дигар ташкилотхои Академияи илмхо.

Сохтори ташкилии Академияи илмхо, тартиби фаъолият ва маблаггузории ташкилотхоеро, ки ба хайати он дохил мешаванд, конунгузории Чумхурии Точикиcтон ва Оинномаи Академияи илмхо муайян менамояд.

 

Моддаи 6. Вазифахои асосии Академияи илмхо

Вазифахои асосии Академияи илмхо инхо мебошанд:

иштирок дар тартиб додани пешниходхо оид ба сохахои афзалиятноки сиёсати илмию техники;

омузиш ва тахияи проблемахои мухими тараккиёти иктисоди, ичтимои, сиёси ва давлатию хукукии Чумхурии Точикиcтон, фарханг, забон, таърих, табиат ва вазъи мухити атрофи он;

гузаронидани тахкикоти бунёдии илми оид ба самтхои мухимтарини илмхои табиатшиноси, техники, гуманитари, чамъияти ва санъат бо максади афзун гардонидани неруи илмию техники, зехни ва маънавии Чумхурии Точикиcтон;

ошкор сохтани принсипи нави пешрафти илми ва илмию техники, иштирок дар тахияи афзалиятхои фаъолияти илми ва илмию техникии Чумхурии Точикиcтон, ба амал баровардани тахкккоти бунёди ва кашфиёт оид ба самтхои афзалиятноки фаъолияти илмию техники, тахияи тавсияхо оид ба истифодаи дастовардхои илм дар амалия, хамрохи кардани онхо хангоми татбик ва истифода дар истехсолот;

гузаронидани экспертизаи илмии мухимтарин барномахои илми, илмию техники, иктисодиву ичтимои, фарханги ва лоихахои навовари;

мусоидат кардан ба истифодаи амалии комёбихои илми чахони;

дидани чорабинихо барои тайёр кардани кормандони илмии баландихтисос тавассути унвончуи, аспирантура ва докторантура, баланд бардоштани ихтисоси олимон ва мутахассисон, аз чумла дар марказхои илмии хоричи.

 

Моддаи 7. Самтхои асосии фаъолияти Академияи илмхо

Самтхои асосии фаъолияти Академияи илмхо аз инхо иборатанд:

иштирок дар ташкил ва татбики сиёсати давлатии илмию техники, тахияи пешгуихои комплексии тараккиёти илмию техникии Чумхурии Точикиcтон дар тайёр кардани маърузаи харсола дар бораи вазъ ва пешомадхои инкишофи илм дар чумхури;

тахия ва ташкили ичрои барномахои давлатии тахкикоти бунёди, накшахои ояндабини ва харсолинаи мухимтарин корхои илмию тахкикоти дар Чумхурии Точикиcтон, ба амал баровардани тахкикоти бунёди дар ташкилотхои илмии Академияи илмхо;

таъмини мутобикати тахкикоти бунёди дар Чумхурии Точикиcтон, аз чумла бо рохи таъсис додани шурохо, кумитахо, комиссияхои илми оид ба проблемахои илмхои табиатшиноси, техники, гуманитари, чамъияти ва санъат;

гузаронидан ва хамохангсозии тахкикоти илмии амали, ичрои супоришхои барномахои давлатии илмию техники, амали намудани кашфиёти тачрибави-конструктори ва тачрибави-технологи барои ба вучуд овардани намунахои техникаи нав, технологияхои нав ва баланддарача;

ташкили иетехсолоти тачрибавии махсулоти илмталаб, дигар сохторхои навовари;

иштирок дар экспертизаи илмии мухимтарин барномахои илми, илмию техники ва хочагии халк ва лоихахои алохида, амали гардидани арзёбии илмии пешниходхо оид ба тараккиёти иктисоди, ичтимоию сиёси ва маънавии чомеа, хифзи мухити зист;

иштирок дар ташкили хамкории байналхалкии илмию техники;

тахлил, чамъбаст ва мусоидат ба иcтифодаи амалии дастовардхои илмии чахони;

муайян намудани самтхои асосии фаъолияти ташкилотхои илми, ташкили хизматрасонии илми ва идора, тайёр кардани кормандони илми, сохаи хизматрасонии ичтимоии Академияи илмхо;

бо тартиби мукарраршуда тахия ва пешниход кардани лоихаи накшахои маблаггузори ва таъминоти моддию техникии тахкикоти илми, инчунин маблаггузории асосии инкишофи ташкилотхои илми ва дигар ташкилотхои Академияи илмхо;

мусоидати хамачониба барои баланд бардоштани сатхи илмии низоми миллии маориф, таргиб ва пахн кардани донишхои илми, иштирок дар тайёр намудани мутахассисон ва такмили ихтисоси профессорону муаллимони муассисахои олии таълими;

бо супориши Президенти Чумхурии Точикистoн амали гардонидани дигар ваколатхо дар сохаи илм ва ширкати илмию техники.

 

Моддаи 8. Батанзимдарории давлатии фаъолияти Академиям илмхо

Академили илмхо субъекти сиёсати давлатии илми ва илмию техникии Чумхурии Точикистон мебошад. Тахияи хамаи санадхои конунгузори оид ба масъалахои инкишофи илм дар Чумхурии Точикистон бо назардошти фикру акидаи Академиям илмхо сурат мегирад.

Давлат барои вазифахояшро ичро кардани Академияи илмхо шароит мухайё месозад ва барои таъмини фаъолияти он бо тартиби мукарраршуда маблаг чудо мекунад.

Академияи илмхо дар фаъолияти худ бо макомоти чумхуриявии идораи давлати фаъолона хамкори менамояд. Аз руи масъалахое, ки ба салохияти Академияи илмхо мансубанд, вай хукук дорад ба ин макомот, инчунин ташкилотхо, муассисахо, ва корхонахои Чумхурии Точикистон бевосита мурочиат намояд, аз онхо ба дархости худ чавоб гирад. Намояндагони ваколатдори Академияи илмхо хангоми баррасии масъалахое, ки ба салохияти Академияи илмхо мансубанд, хукук доранд дар чаласаи мушоварахо, шурохои илмию техники ва дигар машваратхои макомоти чумхуриявии макомоти давлати иштирок намоянд.

Академияи илмхо ухдадор аст мурочиати макомоти чумхуриявии идораи давлатиро оид ба масъалахое, ки ба салохияти он мансубанд, барои барраси кабул кунад.

Фаъолияти Академияи илмхо дар асоси пайвастани принсипхои танзими давлатии фаъолияти илми ва худидораи илми ба амал бароварда мешавад, ки он бояд ичрои самараноки вазифахои дар назди Академияи илмхо гузошташуда, инкишофи имкониятхои эчодии олимон, амали гардидани чустучуи озодонаи илмиро таъмин намояд.

Шаклхо ва тартиби амали гардидани худидораи илмиро дар Академияи илмхо Оинномаи он муайян мекунад.

Муносибатхои вобаста ба барпо, хифз ва истифодаи моликияти зехни, натичахои фаъолияти илми, илмию техники ва навоварии Академияи илмхо, ташкилотхои илмии он ва кормандони алохидаро конунгузории Чумхурии Точикистон танзим мекунад.

 

Моддаи 9. Хамкории Академияи илмхо бо дигар субъектхо ва иштирокчиёни фаъолияти илми, илмию техники ва навовари

Академияи илмхо мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон ва Оинномаи худ шаклу усулхои фаъолияташро мустакилона муайян менамояд, дар асоси ба хамдигар муфид ва баробархукук бо шахсони вокеи ва хукуки, ташкилотхои байналмилали ва хоричи, ки тахкикоти илми мегузаронанд, онро дастгири мекунанд ё тахкикоти илми ва кашфиётхоро дар амал татбик менамояд, аз чумла бо такя ба фаъолияти аъзои Академияи илмхо, ки дар дигар муассисахо, ташкилотхо кор мекунанд, хамкори менамояд.

Шаклхои асосии хамкории Академияи илмхо бо дигар субъектхо ва иштирокчиёни фаъолияти илми, илмию техники ва навовари инхо мебошанд:

ичрои тахкикоти илми ва кашфиёт дар доираи барномахои якчоя, накшахо ва лоихахо;

ба ичрои тахкикот ва кашфиёт дар ташкилотхои илмии Академияи илмхо чалб кардани олимон ва мутахассисон ташкилотхои илми ва мактабхои олии Чумхурии Точикистон;

иштироки олимон ва мутахассисони Академияи илмхо дар ичрои тахкикот ва кашфиёте, ки ташкилотхои илми ва мактабхои олии Чумхурии Точикистон мегузаронанд;

иштироки олимони Академияи илмхо дар тайёр кардани мутахассисон ва кормандони илмии баландихтисос дар ташкилотхои илми ва мактабхои олии Чумхурии Точикистон;

ба хайати шурохои илми, кумитахо ва комиссияхое, ки Академияи илмхо таъсис медихад, хамрох кардани олимон ва мутахассисони ташкилотхои илми ва мактабхои олии Чумхурии Точикистон;

гузаронидани сессияхо, конференсияхо, машваратхо, симпозиумхо, семинархои якчояи илми ва илмию амали;

дар нашрияхои даврии Академияи илмхо ба табъ расондани натичахои тахкикоти илмии олимон.

Ташкилотхои илми ва мактабхои олии Чумхурии Точикистон хукук доранд доир ба самтхои фаъолияти илмии худ аз руи ихтисосхои эълоншуда номзадхоро ба узвияти хакики (академики) ва узвияти вобастаи Академияи илмхо пешбари намоянд. Тартиби пешбарии номзадхоро аз чониби ташкилотхои илми ва мактабхои оли Оинномаи Академияи илмхо муайян мекунад.

Академияи илмхо хукук дорад аз ташкилотхои илми ва мактабхои оли, ки аз хисоби маблаги бучети чумхури тахкикоти бунёди ва амали мебаранд, дар бораи холат ва натичахои тахкикоти бунёди ва амали ахборот талаб намояд ва ба даст оварад, якчоя бо макомоти болоии ин ташкилотхои илми ва мактабхои оли тафтиш гузаронад ва ба холату дарачаи тахкикоти бунёди ва амалии ичрошаванда бахо дихад.

Барои амали гардонидани хамохангии тахкикоти бунёди ва амалии илми дар микёси чумхури дар назди Академияи илмхо инхо таъсис дода мешаванд:

Шурои хамохангсозии тахкикоти бунёди ва амали, ки хайат ва низомномаи онро

Хукумати Чумхурии Точикистон тасдик менамояд;

шабакаи шурохои илми ва эксперти доир ба проблемахои гуногун. Академияи илмхо метавонад барои бехтарин корхои илми ба олимони чумхури ва донишчуёни мактабхои олии Чумхурии Точикистон мукофотхои Академияи илмхоро таъсис дихад ва супорад, инчунин барои бехтарин донишчуён ва аспирантхои Чумхурии Точикистон стипендияхои махсус таъсис кунад.

 

БОБИ 2. АЪЗО ВА КОРМАНДОНИ АКАДЕМИЯИ ИЛМХО, ХУКУК ВА УХДАДОРИХОИ ОНХО

 

Моддаи 10. Аъзои Академияи илмхо

Аъзои хакики (академикхо), аъзои вобаста, аъзои фахри ва хоричии Академияи илмхо аъзои Академияи илмхо мебошанд.

Олимон-шахрвандони Чумхурии Точикистон, ки дар инкишофи илм сахми калон гузоштанд, аъзои хакики (академикхо), аъзои вобаста интихоб шуда метавонанд. Шахрвандони Чумхурии Точикистон, ки дар тараккиёти иктисодиёти милли, фарханг ва маориф сахми калон гузоштаанд, мумкин аст аъзои фахри интихоб шаванд.

Олимон ва шахсиятхои барчастаи хоричи аъзои хоричи интихоб шуда метавонанд. Тартиб ва шартхои интихоби аъзои хакики (академикхо), аъзои вобаста, аъзои фахри ва хоричии Академияи илмхоро Оинномаи он муайян мекунад.

 

Моддаи 11. Ухдадори ва хукуки аъзои Академиям илмхо

Аъзои хакики (академикхо) ва аъзои вобаста ухдадоранд:

дар ичрои вазифахои ба зиммаи Академияи илмхо гузошташуда фаъолона иштирок намоянд;

илмро бо рохи тахкикоти шахсии илми, ташкили тахкики дастчамъии проблемахои илми ва рохбарии илми ба ин тахкикот бо комёбихо гани гардонанд;

ба татбики амалии дастовардхои илм фаъолона мусоидат намоянд, барои тайёр кардани кормандони илми ва баланд бардоштани ихтисоси онхо кор баранд;

супоришхои Раёсати Академияи илмхо ва шуъбахои дахлдорро ичро намоянд, инчунин дар кори мачлиси умумии Академияи илмхо ва мачлисхои умумии шуъбахои дахлдор иштирок намоянд;

ба шуъбаи дахлдори Академияи илмхо дар бораи фаъолияти илмии худ хар сол хисоботи хатти пешниход кунанд.

Аъзои хакики (академикхо) ва аъзои вобаста барои фарохам овардани шартхо аз чониби Академияи илмхо, ки барои гузаронидани корхои шахсии илми ё шахсан ташкилкунандаи онхо заруранд ва онхоро шуъбаи дахлдори Академияи илмхо маъкул донистааст, хукуки афзалиятнок доранд.

Аъзои   фахри ва хоричии Академияи илмхо хукук доранд дар чорабинихои умумиакадемии илми ва илмию ташкили иштирок кунанд, дар кори мачлиси умумии Академияи илмхо ва мачлисхои умумии шуъбахо бо овози машварати иштирок намоянд.

 

Моддаи 12. Кормандони Академиям илмхо

Тартиби киро кардан, ишгол намудани вазифахо, хукуку ухдадорихо ва масъулияти кормандони Академияи илмхо мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон, Оинномаи Академияи илмхо ва оинномахои ташкилотхои он муайян карда мешавад.

 

БОБИ 3. МАКОМОТИ РОХБАРИКУНАНДАИ АКАДЕМИЯИ ИЛМХО

 

Моддаи 13. Мачлииси умумии Академияи илмхо

Мачлиси умумии Академияи илмхо макоми олии рохбарикунандаи Академияи илмхо мебошад ва ба хайати он аъзои хакики (академикхо) ва аъзои вобастаи Академияи илмхо дохил мешаванд.

Мачлиси умумии Академияи илмхо:

оинномаи Академияи илмхоро кабул мекунад ва ба он тагйирот ва иловахо ворид мекунад;

проблемахои инкишофи илмро дар чумхури мухокима менамояд;

масъалахои дохилиакадемии дорои хусусияти илми ва ташкилиро мухокима ва хал мекунад;

самтхои тахкикоти илмиро дар сохаи илмхои табиатшиноси, техники, гуманитари ва ичтимои муайян менамояд;

хисоботи Академияи илмхоро тасдик мекунад, маърузахои Раёсат, шуъбахо ва дигар ташкилотхои Академияи илмхо, инчунин аъзои онро мешунавад;

бо тартиби муайянкардаи Оинномаи Академияи илмхо аъзои хакики (академикхо), аъзои вобаста, аъзои фахри ва хоричии Академияи илмхоро интихоб мекунад.

Мачлиси умумии Академияи илмхо аз руи зарурат, вале на камтар аз як маротиба дар як сол даъват карда мешавад.

 

Моддаи 14. Раёсати Академияи илмхо

Раёсати Академияи илмхо макоми доимоамалкунандаи Академияи илмхо буда, фаъолияти онро идора менамояд. Раёсат дар хайати Президент, ноиби Президент (ноибони Президент), саркотиби илми, академикхо-котибони (раисони) шуъбахои Академияи илмхо ва дигар аъзои Раёсат ба микдори муайянкардаи Мачлиси умуми ташкил карда мешавад.

Аъзои Раёсатро Мачлиси умумии Академияи илмхо ба мухлати панч сол интихоб мекунад. Тартиби пешбарии номзадхо ва интихоби аъзои Раёсати Академияи илмхо, вазифа ва ваколати онхоро Оинномаи Академияи илмхо муайян менамояд.

Раёсати Академияи илмхо:

Мачлиси умумии Академияи илмхоро даъват мекунад;

дар бораи ташкил, навсози ва бархам додани ташкилотхои илми ва дигар ташкилотхои Академияи илмхо ба тартиби мукарраркардаи конунгузории Чумхурии Точикистон карор кабул менамояд;

оинномахои онхоро тасдик мекунад, ба риоя намудани Оинномаи Академияи илмхо аз чониби хамаи ташкилотхо ва шахсони мансабдори Академияи илмхо назорат мебарад;

сметаи солонаи Академияи илмхоро тасдик намуда, дурустии харчи маблагхои чудошударо назорат мекунад;

дигар вазифаю ваколатхоро мутобики оинномаи Академияи илмхо амали мегардонад;

дастгохи Раёсати Академияи илмхо макоми кории Раёсати Академияи илмхо буда, дар асоси Низомномаи тасдиккардаи Раёсати Академияи илмхо амал мекунад. Рохбари дастгохи Раёсати Академияи илмхо аз руи вазифа саркотиби илмии Академияи илмхо мебошад.

 

Моддаи 15. Президенти Академияи илмхо

Президенти Академияи илмхо бо Фармони Президенти Чумхурии Точикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад.

Президенти Академияи илмхо:

ба Академияи илмхо рохбари мекунад ва барои ичрои вазифахои ба зиммаи Академияи  илмхо гузошташуда шахсан масъул аст;

дар макомоти хокимияти давлатии Чумхурии Точикистон, ташкилотхои ватани ва байналмилали, чамъиятхо, ассотсиатсияхо, иттифокхо аз Академияи илмхо намояндаги менамояд;

ба кори Раёсати Академияи илмхо рохбари намуда ва дар чаласахои он раиси мекунад;

дар Мачлиси умумии Академияи илмхо раиси мекунад;

аз руи вазифа Раиси Шурои хамохангсозии тахкикоти бунёди мебошад;

дар чаласахои Хукумати Чумхурии Точикистон иштирок менамояд;

хар сол ба Хукумати Чумхурии Точикистон дар бораи фаъолияти илми, илмию тахкикотии Академияи илмхо хисобот пешниход мекунад.

 

Моддаи 16. Шуъбахои Академияи илмхо

Шуъбахои Академияи илмхо вохидхои асосии илми ва илмию ташкили буда, ташкилотхои илмии Академияи илмхо, инчунин олимони як ё якчанд сохаи илмро муттахид менамояд. Шумора ва сохтори ташкилии шуъбахоро Оинномаи Академияи илмхо муайян мекунад.

Ба фаъолияти шуъба академик-котиби шуъба рохбари мекунад, ки уро Мачлиси умумии шуъба аз байни аъзои хакики (академикхо) ё аъзои вобаста ба мухлати панч сол интихоб менамояд ва мачлиси умумии Академияи илмхо ба вазифа тасдик мекунад.

Фаъолияти шуъбахои Академияи илмхо, хукуку ухдадории академик-котиби шуъбаро Оинномаи Академияи илмхо танзим мекунад.

 

БОБИ 4. ТАШКИЛОТХОИ АКАДЕМИЯИ ИЛМХО

 

Моддаи 17. Ташкилотхои илмии Академияи илмхо

Акдемияи илмхо дар хайати худ ташкилотхои илми-институтхои  илми-тадкикоти, филиалхо, марказхо ва дигар ташкилотхо дорад, ки онхо шахсони хукуки буда, дар асоси оинномахои тасдиккардаи Раёсати Академияи илмхо амал мекунанд. Оинномахои ташкилотхои илми на бояд мухолифи Оинномаи Академияи илмхо бошанд.

 

Моддаи 18. Дигар ташкилотхои Академияи илмхо

Барои таъмини фаъолияти илми, илмию техники, навовари, илмию ташкили, ахбороти, патентию литсензиони, метрологи, тахририю нашри, хочаги ва дигар фаъолият дар хайати Академияи илмхо ташкилотхои тачрибави, тачрибавию конструктори, татбиккуни, хизматрасонии илми ва сохаи ичтимои, инчунин дигар ташкилоту корхонахо таъсис ёфтанашон мумкин аст, ки онхо мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон, Оинномаи Академияи илмхо ва оинномахои худ амал мекунанд.

 

БОБИ 5. ВОСИТАХОИ МОЛИЯВИ ВА АМВОЛИ АКАДЕМИЯМ ИЛМХО

 

Моддаи 19. Воситахои молиявии Академияи илмхо

Воситахои молиявии Академияи илмхо аз хисоби инхо ташкил меёбанд:

маблаги бучетхои чумхурияви ва махалли, ки барои фаъолияти илми, илмию техники ва навовари равона карда мешавад;

маблаги фондхои таъиноти махсус;

даромад аз фаъолияти хочагии Академияи илмхо, аз чумла аз хисоби хиссачудокуни аз фоидаи корхонахои тичорати, ки бо иштироки Академияи илмхо таъсис дода шудаанд;

сахмияхои ихтиёри ва хайрияхои корхонахо, ташкилотхо, фондхо ва шахсони алохида, аз чумла хоричиён;

дигар манбаъхои манъ накардаи конун.

Маблагхои бучет, ки барои бо пул таъмин кардани фаъолияти илми ва илмию техники пешбини шудаанд, ба максадхои зерин истифода бурда мешаванд:

гузаронидани тахкикотхои бунёди;

ичрои барномахои илмию техники ва лоихахои навовари;

тайёр кардан ва такмил додани ихтисоси кадрхои илми;

равнаку ривочи моддию техникии Академияи илмхо ва ташкилотхои он;

таъминоти ташкилии фаъолияти Академияи илмхо, нигох доштани Раёсати Академияи илмхо ва китобхонаи марказии илми;

пардохти хармохаи иловапули барои унвонхои илмии узви хакики (академик) ва узви вобастаи Академияи илмхо ва дарачахои илми;

тайёр ва нашр кардани адабиёти илмию техники ва илмию методи;

гузаронидани чорабинихои илми ва илмию амали;

хамкории байналмилалии илмию техники дар асоси шартномахои байналмилали;

пардохти харочоти ичтимои (барои табобат, пешгирии беморихо, мустахкам кардани саломатии кормандон, додани карзхои имтиёзнок барои халли масъалахои ичтимои);

бо маблаг таъмин намудани харочоти вобаста ба мухокимаи корхое, ки барои гирифтани мукофотхои давлатии Чумхурии Точикистон дар сохаи илм ва техника пешбари мешаванд;

бо маблаг таъмин намудани харочоти вобаста ба мухокимаи корхое, ки барои гирифтани мукофотхои таъсисдодаи Академияи илмхо пешбари мешаванд ва пардохти ин мукофотхо;

додани стипендияхои махсуси Академияи илмхо барои бехтарин донишчуён ва аспирантхои Чумхурии Точикистон.

Маблагхои бучет инчунин бо максадхои зерин истифода шуда метавонанд:

нигох доштани объектхои сохаи ичтимои;

бо маблаг таъмин кардани сохтмони асосии объектхои таъиноти илмию истехсоли ва ичтимои;

мутобики тартиби мукарраркардаи конунгузории Чумхурии Точикистон ба кормандони Академияи илмхо додани субсидияи якдафъинаи беподош барои сохтан (аз нав сохтан) ё харидани манзилгох.

Академияи илмхо воситахои молиявиро мутобики карори Раёсати он истифода мебарад. Маблагхое, ки то охири соли чори харч нанамудаанд, барои истифода дар соли оянда нигох дошта мешаванд.

 

Моддаи 20. Амволи Академияи илмхо

Амволи Академияи илмхо ба моликияти чумхурияви мансуб буда дар идораи оперативии Академияи илмхо карор дорад.

Ихтиёрдори кардани амволи ташкилотхои давлатии илмии Академияи илмхо бо тартиби мукарраркардаи конунгузории Чумхурии Точикистон ба амал бароварда мешавад.

Объектхои бештар киматбахои илми, ки дар ихтиёр ва истифодабарии Академияи илмхо карор дошта, ахамияти умумидавлати доранд, бо тартиби мукарраркардаи конунгузории Чумхурии Точикистон мумкин аст сарвати милли эълон карда шаванд.

 

БОБИ 6. ХУКУКХОИ АЛОХИДАИ АКАДЕМИЯИ ИЛМХО

 

Моддаи 21. Унвонхои илмии академи

Академияи илмхо хукук дорад унвонхои зерини илмии академи дихад:

Узви хакикии (академики) Академияи илмхои Точикистон;

Узви вобастаи Академияи илмхои Точикистон.

Додани ин унвонхо аз руи натичаи интихобот, ки мувофики Оинномаи Академияи илмхо гузаронда мешавад, сурат мегирад. Ба аъзои хакики (академикхо) ва аъзои вобастаи Академияи илмхо, инчунин нафакахурхое, ки ин унвонхоро доранд, барои унвонхои илмии академи иловапулии хармоха мукаррар карда мешавад, ки хачми онро Президенти Чумхурии Точикистон муайян менамояд.

Аъзои хакики (академикхо) ва аъзои вобаста, ки мансубияташон ба академияи илмхои мушаххас дода нашудааст, хукук доранд танхо аъзои хакики (академикхо) ва аъзои вобастаи академияи илмхои Точикистон номида шаванд.

 

Моддаи 22. Бойгонихои илмии Академияи илмхо

Академияи илмхо дар бойгонии илмии Академия ва бойгонихои ташкилотхои илмии он дастнависи олимон, ходимони адбиёт, фарханг ва санъат, инчунин маводи бойгонии ташкилотхои Академияи илмхо ва дигар маводро, ки барои таърихи илм гаронбахо мебошанд, махфуз медорад.

Академияи илмхо дар бораи таркиб ва мундаричаи хукукхои бойгонии Академияи илмхо ва бойгонихои ташкилотхои илмии он ба максади ба мачмуаи фонди давлатии бойгонии Чумхурии Точикистон дохил кардани маълумотхо дар бораи онхо ба макомоти дахлдори чумхурияви ахборот пешниход менамояд.

 

Моддаи 23. Фаъолияти нашри ва нашрияхои Академияи илмхо

Академияи илмхо ба фаъолияти нашри, аз чумла нисбати нашрияхои расмии даври, инчунин ба мубодилаи нашрияхо бо ташкилотхои илми ва мактабхои оли, китобхонахо ва осорхонахои Чумхурии Точикистон ва мамлакатхои хоричи тибки конунгузории чори хукук дорад.

Академияи илмхо хар сол нашрияхои расмии илмии даври ба табъ мерасонад. Академияи илмхо ва ташкилотхои илмие, ки ба хайати он дохил мешаванд, бо тартиби мукарраркардаи конунгузори дигар нашрияхои даври чоп карда метавонанд.

 

Моддаи 24. Тартиби мавриди амал карор додани конуни мазкур

Конуни мазкур пас аз интишори расмиаш мавриди амал карор дода шавад.

 

 

      Президенти

Чумхурии Точикистон                                      Э. РАХМОНОВ

ш. Душанбе  10 майи соли 2002

№52                       

 

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

sheri-padar

Шеър дар бораи кудаки

Тифлию шашсолаги дар ёди ман. Чашм пушам волидон дар хоби ман. Шаш соли умри ман …