Главная / Гуногун / Ахкоми дуруд фиристодан

Ахкоми дуруд фиристодан

Ва чумхури уламо бар онанд, ки амри ба салавоти бар он Хазрат (с) дар ин оят махмул аст бар вучуб, аммо ихтилоф дар микдори он вочиб аст. Имом Молик (paх) гуяд, ки: «Дар хамаи умр як бор вочиб аст ва зиёда бар он мандубу мустахаб ва дар баъзе мавозеъ истехбоби муаккада аст», яъне дар намоз баъд аз ташаххуди аввал ба мазхаби Имом Шофеи (paх) ва дар ташаххуди охир вочиб аст. Ба мазхаби Имом Абуханифа (paх) ва бархе аз уламои шофеия суннат аст. Ва аиммаро дар вакти гуфтану шунидани номи он Хазрат (с) ихтилоф аст, баъзе бар онанд, ки дар хар навбат дуруд гуфтан вочиб бувад ва чамъе гуянд, ки дар як мачлис як навбат, ё се навбат вочиб асту бас. Ва фатво бар он аст, ки номи он Хазрат (с) дар мачлисе хар чанд бор, ки такрор ёбад, як навбат дуруд вочиб аст ва боки суннат.

surati-tarixiВа дар кайфияти салавот аходиси гуногун ворид шудааст.

Ва Имом Нури (paх) фармуда, ки афзал он аст, ки чамъ намояд миёни аходиси мазкура, ки аксари он ба сиххат пайваста ва алфози воридаро ба тамом биёрад, бар он вачх ки:

Аллохумма салли ало Мухаммадин абдика ва расулика-н-набиййи-л-уммиййи ва ало оли Мухаммадив-ва азвочихи ва зуррийятихи камо саллайта ало Иброхима ва ало оли Иброхима; ва борик ало Мухаммадин-набиййи-л-уммиййи ва ало оли Мухаммадив-ва азвочихи ва зуррийятихи  камо боракта ало Иброхима ва ало оли Иброхима фи-л-оламина, иннака Хамиду-м-Мачидун ва саллама таслиман касиран касиро.

Китъа:

Ё Сайиду-л-аном, дуруди чаноби ту

Вирди забони мост маху солу субху шом.

Наздики ту чи тухфа фиристем мо зи дур,

Дар дасти мост хамин салавоту вассалом.

Ва Кози Абубакр гуфт: «Фарз гардонид Хак чалла ва ало бар муъминон, ки салавоту салом фиристанд бар Пайгамбари вай (с) ва нагардонид мар онро вакте муайян, пас, вочиб аст, ки бисёр гуфта шавад ва гафлат варзида нашавад».

Масъала. Салавот гуфтан дар намоз фариза аст, ё суннат? Бар кавли Шофеи (paх) фариза аст ва бар кавли уламои мо суннат аст. Вачхи кавли Шофеи (paх) он аст, ки Худованд азза ва чалла мефармояд, ки: «Инналлоха ва малоикатаху юсаллуна ала-н-набийи ё айюха-л-лазина оману саллу алайхи ва саллиму таслимо». (тарчума ва шархи ин оятро дар аввали китоб оварда будем) ва ба хадиси он Хазрат (с) он, ки «Ло салота ли ман лам юсалли алайя», яъне: «Нест намоз бар шахсе, ки то нагуяд бар ман дуруд». Шофеи (рах) гуфтааст, ки субути ин салавот гуфтан хам ба ояту хам ба хадис аст, бояд ки фариза бувад. Ва уламои мо мегуянд (paх), ки салавот гуфтан ба оят собит аст, валекин таъйини дар намоз ба амри Пайгамбар (с) аст. Ва он чи Расулуллох (с) фармудаанд, аз рохи фазилату камол фармудаанд. Далел бар он, ки Расулуллох (с) фармудаанд, ки: «Нест намоз хамсояи масчидро чуз дар масчид». Ва агар хамсояи масчид дар хона намоз мегузорад, раво бувад, лекин он фазилату камол набувад, ки дар масчид гузорад, ин низ хамон хукмро дорад. Расулуллох (с) фармудаанд, ки: «Намоз нест дар замини гасби». Ва низ фармудаанд (с), ки: «Намоз нест мар зани хашмгирифтаро». Ва агар эшон намоз гузоранд, раво бувад, ин низ хамон хукмро дорад, то агар касе намоз гузорад ва салавот нагуяд, намозаш раво бувад, аммо он фазилату камол набувад, ки салавот гуяд.[1]

Ва салавот гуфтан дар муддати умри худ як бор фариза аст, чунончи калимаи шаходатро як бор гуфтан фариза асту баъд аз он суннат аст, валекин бояд ки пайваста бигуяд. Расулуллох (с) фармудаанд, ки: “Хар ки як бор бар ман салавот гуяд, боки намонад бар вай аз гунохони вай заррае».[2]

Масъала. Чамоате дар як чой номи Расулуллох (с) мегуянд, ё мешунаванд, хар боре, ки мегуянд, ё мешунаванд, салавот бар Расулуллох (с) гуянд, ё не? Абулхасани Кархи (paх) гуфтааст, ки се бор гуянд ва баъд аз он нагуянд, гунахгор нашаванд, аммо зохири ривоят он аст, ки хар бор, ки гуянд, ё шунаванд, бояд ки салавот гуянд, зеро ки Расулуллох (с) чунин фармудаанд, ки: “Хар ки номи ман шунавад ва бар ман салавот нагуяд, пас, чафо кардааст бар ман».[3]

Масъала. Дар хангомахо номи Расулуллох (с)-ро мегуянд, салавот гуфтан шояд, ё не? Нарм шояд гуфтан баланд не, аз барои он, ки эшонро нияти ибодат нест ва муроди эшон гармии хангома аст, чун ту нарм[4] гуи, Худованди таоло савоби ибодат дар девони ту сабт гардонад.[5]

Масъала. Агар касе дар умри худ як бор хам дуруд нафиристод, пас, халок шуд ва зиёнгор гардид, чун ки у аз чумлаи муъминон набудааст.

Масъала. Дар хутбаи намози чумъа, агар ояти «Инналлоха ва малоикатаху юсаллуна ала-н-набийи ё айюха-л-лазина оману саллу алайхи ва саллиму таслимо» хонда шавад, дуруд нахонад, магар дар дили худ. Халка баста, ё дар масочид ба овози баланд дуруду салом хондан чахл[6] ва бидъат аст. (Дурру-л-мухтор).[7]

Масъала. Ва чун номи гиромии он Хазрат (с)-ро дар китобе менависад «саллаллоху алайхи ва саллам»-ро мукаммал бинависад ва танхо бар «салъам», ё бар “Сод” кифоят накунад ва пеш аз исми гироми «Сайидино» ва ё мисли он хар кадом лакаберо бинависад, мустахаб аст (Дурру-л-мухтор).[8]

Масъала. Дар намоз гайр аз ташаххуди охир дар дигар чо дуруд хондан макрух аст. (Дурру-л-мухтор).[9]

Масъала. Ба гайри тахорат хондани дуруд чоиз аси аммо ботахорат нуран ало нур аст. (Зоду-с-саид).[10]

Масъала. Рузи чумъа хондани дуруд аз дигар вактхо афзал аст ва шаби чумъа низ дар хукми руз аст.

Наъти Абдулхайи Мучахарфи (paх)

Хабиби Холики якто Мухаммад,

Мухибби Хазрати Мавло Мухаммад.

Амири кишвари мулки хидоят,

Имоми Ясрибу Батхо Мухаммад.

Шавад Арши барин фарши рахи у,

Мукими тахти «Ав-адно» Мухаммад.

Шахи касри «Кафо биллох» бошад,

Махи бадри фалакпаймо Мухаммад.

Бувад сарви лаби чуйи иродат,

Гули хуби чаманоро Мухаммад.

Дихад бар ташнакомони чахон об

Зи чоми сураи «Тохо» Мухаммад.

Ба гулзори хидоят пурфигон буд

Дамодам андалебосо Мухаммад.

Ба гуфтораш, ки холи аз хаво буд,

Фиканда дар чахон гавго Мухаммад.

Гунахгорони умматро ба махшар

Бувад охир фарахбахшо Мухаммад.

Ба ёдаш шод дилхои мухиббон

Фарахбахшандаи чонхо Мухаммад.

Асои дасти хар афтода номаш,

Хаёлаш рохати дилхо Мухаммад.

Тарабафзост, эй шамъи дилоро,

Ба дилхо ёди руят, ё Мухаммад.

Салоту хам саломи аз хад афзун

Ба рухат, эй Хабиби мо, Мухаммад.

Ба Абдулхай насими боги фирдавс

Расад аз хоки куят, ё Мухаммад.

[1] «Салоти Масъуди». Сах. 58.

[2] «Салоти Масъуди». Сах. 58.

[3] «Салоти Масъуди». Сах. 58.

[4] Нарм — паст.

[5] «Салоти Масъуди». Сах. 59.

[6] Чахл – нодони.

[7] «Рачоу-л-макбул». Сах. 242.

[8] «Рачоу-л-макбул». Сах. 242.

[9] «Рачоу-л-макбул». Сах. 243.

[10] «Рачоу-л-макбул». Сах. 243.

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …