Главная / Чамъият / Ахбор барои Афкор – гурухи иттилоотию тахлили

Ахбор барои Афкор – гурухи иттилоотию тахлили

Аз таьсиси гурухи ” Ахбор барои Афкор” 6 мох сипари гардид. Шояд ёдатон бошад, ки 28 ноябри соли 2016 гурух аввал бо номи рамзии “Сарду торик” пайдо шуд ва бештар масоили вобаста ба неруи баркро ба барраси мегирифт. Баьд номашро иваз кардем. Сабаб дошт, чун мо ба хадафи тактикии худ расидем….

рачаб мирзо
Сурати Рачаб Мирзо (Рохбари гурухи Ахбор барои Афкор)

Як мох пеш, вакте 5 мохагии ташкилшавии гурухро ёдовари кардем, гурух каме бештар аз 5000 аьзо дошт. Имруз, ки шашмохагии хузури худро тачлил мекунем, боз хам каме бештар аз 6000 узв дорем.

Хулосаи чолиб: хар мох такрибан 1000 нафар ба гурух пайваст мешудааст. Ин кам аст, ё зиёд, намедонам….
Зеро, то чое фахмидам, мониторинг ва рейтинги гуруххои фейсбукии точнет аслан сурат намегирад. Чанде пеш хабаргузории “Ахбор сом” як матлаби тахлилмонанд анчом дода буд, аммо фикр накунам, маьлумоти онро сахт чидди гирифтан имкон дошт. Ба хар сурат, меьёрхои сотсиологи дар бахогузорихои хамчунин хеле дигаргунаанд…
Хуб дар ин шаш мох мо чи кардему оянда чи хохем кард?

Дуруст аст, ки мо як хабаргузори нестем. Танхо як гурух. Зимнан, бархе маврид мебинем барои бархе расонаву хабаргузорихо матолиби мо агар сарчашма нест, илхомбахш шудааст. Вале холо мо ба ахдофи нихоии худ нарасидаем. Чун мехохем дар гурух бештар барраси ва тахлил бошад. Яьне сареияти пахши хабар не, балки теьдоди назархои сифатнок барои мо мухимтар аст. Харчанд сареь будан дар бархе холатхо низ аз мадди назарамон дур нест…
Ва якбора: шояд бархе аз корбарон аз мо ноумед шудаанд, ки назари онхо ба зуди пок мегардад. Оре, аз ин пас хам чунин хохад буд, хар нафаре, ки аз мавзуь дур меравад, хакорату дашном дорад, ё ба касе тухмат кардани мешавад, дар бахси “Ахбор барои Афкор” рах намеёбад!

Мо холо хам мутмаинем, ки хама чиро гуфтан мумкин, аммо бидуни эхсосоту тахкир!

Иншоаллох дар гурух мо ниятхои хуб ва икдомхои такконбахшеро рохандози хохем кард. Дар баробари “ЯК ХИКМАТ”, “ШЕЬРИ РУЗ”,”ЛУТФИ РУЗИ ШАНБЕ”, “ЯК ИКТИБОС” ва чандин бахшхои доимиамон мо хамчунин ташкили баьзе икдомхои чолибтарро дорем, ки шояд дар расонахои Точикистон вучуд надоранд ва сарашон хам касе андеша намекунад. Холо барои пайдоиши онхо шояд имконотамон махдуд аст…
Сар аз имруз то поёни мохи шарифи Рамазон хар шом ва хар субх хадисе пешкашатон хохад гашт. Ин хамаги як икдоми мавсимист. Вале мо барномаву икдомхои дигаре хам хохем дошт…
Пас бо мо бошед ва шохид гардед.

Сипос аз хамаатон!

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …