Главная / Биология / Ахамияти растании сабз дар табиат ва хаёти инсон

Ахамияти растании сабз дар табиат ва хаёти инсон

Олими барчастаи рус Климент Аркадевич Тимирязев дар “Хаёти растани” ном китобаш дар хусуси ахамияти растанихои сабз дар табиат ва инкишофи хаёт дар руи Замин ба таври хеле возеху фах- мо хитоб кардааст: “Замоне, дар кадом як махал нури Офтоб ба Замин афтид, аммо на ба замини бесамар, балки ба як майсаи саб- зи гандум ё аникдараш ба донаи хлорофилл. Нур ба дона бархур ду хомуш шуд, хамчун рушнои бархам хурд, аммо нест нашуд. Вай факат барои ичрои кори дохилй сарф шуд…”

Хамин тавр, растании сабз хангоми фотосинтез энергияи нури Офтобрс аз худ мекунад ва моддахои органики хосил карда, оксиген хорич мекунад. Растани аз моддахои органики гизо гирифта месабзад, гул мекунад ва дар -он мева ва тухм пухта мерасад. Хай- вонот ва одам моддахои органикии дар растанихо хосилшударо ис- теъмол мекунанд. Бе мавчудияти растанихои сабз мавчудоти зиндаи Замин бе хуроку гизо мемонд.

Растанихои сабз атмосфераро аз оксиген, ки барои нафасгирии хамаи организмхои зинда зарур аст, бой мегардонанд. Гази карбо- нати хаворо фуру бурда, хаворо тоза мекунанд. То он даме, ки дар руи Замин растанихои сабз вучуд доранд, захираи оксиген тамом намешавад.

Беша, маргзор, дашту доманакух ва дигар нохияхо бо раста- нихояшон махалли зисти хайвонот мебошанд. Хайвонот дар ин махалхо хаёт ба сар бурда, хурок меёбанд, панох мебаранд ва ба- рои афзоиш шароит пайдо мекунанд. Ба хар кадом анбухи набо- тот гурухи муайяни хайвонот мувофикати зисти доранд.

Ахамияти растанихои сабз дар хаёти инсон беандоза калон аст. Растанихо хамчун манбаи оксигени хаво ва гизои органики ба хисоб рафта, инсонро инчунин бо сузишвори, масолехи бинокори ва ашёи хоми саноати таъмин мегардонанд. Инсон хатто ба сифати сузишвори бокимондахои он растанихоеро истифода мебарад, ки хазорхо ва миллионхо сол пеш нашъунамо доштанд. Масалан, ангиштсанг ва торф.

Хусусан, кучаву хиёбонхо, чорбогу гулбогхо ва гулгаштхои сабзу хуррамро бе растани тасаввур кардан аз имкон берун аст. Рас- танихо чангу гард ва дигар губору гашхои барои саломати зарар- нокро фуру бурда, хаворо аз ифлосшавй эмин нигох медоранд.

Растанихо намнокии муътадили хаворо нигох дошта, шиддати гало- гулаву шавкунро дар кучахои шахр паст мекунанд, пеши рохи шамоли сахт ва бурони хокбодро мегиранд. Бинобар он, одамон ба шинондани дарахту буттахои серсояву зебо ва сарсабз намудани махалли худ диккати чидди медиханд.

Мутаассифона, манфиати растанихоро на хама одамон мефах- манд. Одамоне ёфт мешаванд, ки дарахту буттахоро мебуранд, гулу гиёххоро поймол мекунанд ва боиси нобудшавии растанихо мегарданд. Онхо фаромуш мекунанд, ки растанихоро нобуд кардан осон, вале онхоро сабзондану калон кардан хеле душвор аст. Барои ин солхои зиёд мебояд ранч кашид.

  1. Растанихои сабз дар табиат чи ахамият доранд?
  2. Хайвонот ва одамон моддахои органикии барои хурокашон заруриро аз кучо мегиранд?
  3. Кабудизор кардани шахру дехот чи ахамият дорад?

Инчунин кобед

prishi-ot-potseluev-na-litse-3

Собун барои доги руй

Агар шумо ба сини балогат расида ба гирифтори доги руй шуда бошед пас барои тоза …