Главная / Биология / Ахамияти паррандахо ва мухофизати онхо

Ахамияти паррандахо ва мухофизати онхо

95 фоизи паррандагон фоидаовар буда, танхо 5 фоизи онхо ба инсон зарароваранд. Аз ин чихат паррандахо хам як манбаи боигарии табиии Ватанамон ба шумор рафта дар зери назорату мухофизат мебошанд.

Паррандагони хашаротхур хашароти зараррасон ва тухму кирминаи онхоро нобуд карда, ба хосилнокии растанихо ёри мерасонацд. Мисол. Эзорсурхак, соч, фотимачумчук, магасхурак, булбул, сихдум, фароштурук, сангобдавак ёрдамчиёни мо мебошанд. Як насли чучахои соч дар ду хафта кариб 8 хазор гамбуски саврй ва кирмчахои онро, ки ба решаи нихолу дарахтон зарар мерасонанд, нобуд мекунанд. Шурнул дар як руз то 500 кирмчаи кунгузи сиёхи зарарнокро мехурад. Умуман дар Точикистон паррандахон фоидаовар бисёранд. аз чумла лаклаки сиёх ба «Китоби сурх»-и Точикистон дохил карда шудааст.

parandahoi-xonagiЯк оилаи фотимачумчук дар як руз зиёда аз 350 кирмча, гамбуск ва тукумшуллукхоро нобуд мекунад. Куку дар як соат то 100 кирмаки муякдор (мурро), ки паррандагони дигар аз хурданаш хазар мекунанд, нобуд мекунад. Эзорсурхак бошад, дар як шабонаруз ба чучахояш то 300 маротиба хурок меорад, ки он хашарот аст. Паррандагони тезчанголи рузона (укоб) ва шабгард (чугз) бисёр хояндахои майда. зараррасонхои киштзорро мехуранд. Масалан, як чугз дар як шаб то 22 мушро дошта мехурад. Чарх ном парранда соле 1000-1200 мушхоро нобуд мекунад. Барои хамин хам шикори паррандахои тезчангол дар давраи Иттиходи Шурави манъ карда шуда буд.

Аз паррандагони ёбои (мисол аз лонаи гага) пару пати мулоим мегиранд. Паррандахо гайр аз ин боз ахамияти зебои хам доранд. Аз ин ру, хар як шахрванд бояд гамхору дустдори паррандагони табиати худ бошад. Калонсолон нагузоранд, ки бачахо лонаи паррандахоро вайрон карда, тухмашонро шикананд, камонгулаку санзани кунанд, онхоро шикор намоянд. Баръакс, барои онхо лона созанд, хурок тайёр намуда, дар вактхои зарури (зимистони кахратун) ба донхуракхои онхо резанд.

Паррандапарвари сохаи хеле фоиданоки хочагии кишоварзи мебошад. Аз чумла мург нисбат ба дигар хайвоноти хонаги тез ба воя расида. ба микдори зиёд тухму гушт медихад.

Мургиарварй сохаи кадимаи хочагидори ба шумор меравад. Мургхои хонаги аз мургхои вахшии буттагарди Бирма, Хитой, Хиндустон 5 хазор сол пеш пайдо шудаанд. Онхо лонаашонро дар руйи замин сохта, тухм гузошта. пахш мекунанд. Чучахои аз тухм баромада, мустакилона хурокро нул зада мехуранд.

Аз он дам то хол селексионерхо табиатан мургхоро тагйир дода, зотхои нави ба шароит, мувофику сертухм ва сергуштро ба вучуд оварданд. Вазни мургони вахшии буттагард 600-700 гр буда, дар як сол 15-20 тухм мемонд, мургхои хонаги бошанд, 2-5 кг вазн дошта, то 320 дона тухм медиханд (ба расми 38 нигаред).

Мурги марчон гушти сафеди лазиз дорад. Хачмаш калон, пойхояш бакувват мебошад. Болхои кутох, сару гардани бепар, обилаи гуштии болои нул дорад. Ачдоди аввалаи онхо дар Америкаи Чануби буда, баъд аз кашфи китъаи Америка бори аввал ба Аврупо оварданд. Чучахои он ба хунукию рутубат токат

надоранд. Дар айии хол зоти кавказии мурги марчон бештар дар хочагихои шахсии Дарвоз парвариш меёбанд, ки то 12 кг гушт медиханд.

Дар Хучанд, нохияи ба номи Чаббор Расулов, Файзобод, Вахдат, Шахринав, Хисор, Чиптура. Кофарнихон, ва дар даххо шахру нохияхои Точикистон 10-12 сол пештар фабрикахои паррандапарварии механиконидашуда буданд, ки ахолиро бо тухму гушти парранда таъмин мекарданд.

Мургоби ба хочаги фондаи калон оварда, аз он гушт, тухм, пару пат мегиранл. Мургоби паррандаи оббоз аст. Бинобар ин вайро дар хавзхои махсус парвариш мекунанд. Вай растанихои обй ва кирмаки хашароги обиро хурда, тез калон мешавад ва дар синни 2-мохагиаш 2 кг вазн дорад. Мургобии хонаги инстинкти (олати) парвозро гум кардааст.

Мурги курк то 20 дона тухмро пахш карда, чуча мебарорад. Дар инкубаторхо бошад, хазорхо дона тухм дар зери таъсирн харорати +37.50 гарми дар муддати 21 руз чуча мебароранд.

Дар Точикистон фермахои махсуси бедонапарвари низ мавчуд буданд.

Савол ва супоришхо:

  1. Дар дафтаратон паррандахои Точикистонро ба накша дароред.
  2. Оид ба ахамияту зарари паррандахо ва мухофизати онхо мисолхо оваред.
  3. Оид ба тараккиёти паррандапарвари — коз, мург, мурги марчон, мургоби, бройлер ва дигар паррандахо мисол оред.
  4. Дар бораи паррандахои мавсими ва мукимии Точикистом чихоро медонед?
Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

prishi-ot-potseluev-na-litse-3

Собун барои доги руй

Агар шумо ба сини балогат расида ба гирифтори доги руй шуда бошед пас барои тоза …