Главная / Биология / Афзоиши нашви ба воситаи реша ва барг

Афзоиши нашви ба воситаи реша ва барг

Бисёр растанихо дар табиат бо реша ва барг афзоиш меёбанд. Дар кишоварзи хам онхоро бо каламчаи реша ва барг зиёд мекунанд.

Хусусан, тамашки боги, настаран (хуч), баъзе навъхои себ ва рас- танихои ороиширо аз каламчареша зиёд мекунанд. Каламчареша чузъи решаест, ки 15-25 см дарози дорад. Бо воситаи каламчареша факат он растанихоеро афзоиш карда метавонанд, ки агар бо тези дар решаашон мугчахои иловаги инкишоф ёфта тавонанд. Одатан баъди шинондани каламчареша аз мугчахои иловагии он навдахои руизамини меруянд. Ва онхо хамчун растании нав ба нашъунамои мустакилона мегузаранд. Хусусан, коку бо осони аз каламчарешааш сабзида нашъунамо мекунад. Барои ин решаи онро ба порчахо (хиссахо) чудо карда, мешинонанд. Тобистон аз онхо мугчахои иловаги хосил мешавад ва аз онхо растании нав инкишоф меёбад.

bex-sd

Бисёр вакт дар атрофи дарахтони баркамоли сафедор, губайро, ёс, олуболу, тамашк, махлаби руси ва ларзонбед навдахои наврасро мушохида кардан мумкин аст, ин навдахоро бехчаст мегуянд. Онхо аз мугчахои иловагии растанихо инкишоф ёфтаанд. Агар чузъи решае, ки растаниро бо бехчаст пайваст мекунад, нобуд гардад, бехчаст ба растании мустакил табдил меёбад.

Баъзе намудхои хонагии гули бегония, бриофиллиум (сабргиёх), сансевера, лиму ва бунафшаи узамбари (сенполия) тавассути баргашон (каламчабарг) афзоиш мекунанд . Барои ин баргро ба реги нам шинонда барои таъмин кардани мухити нам онхоро бо зарфи шишагин ё пардаи полиэтилени мепушонанд. Дар барг мугчахо ва решахои иловаги месабзанд. Дар растании бриофилли- ум бошад, навнихолхои нихоят хурдандоза хатто дар канорхои барг пайдо шуда, сипас ба поён меафтанд. Онхо ба чои мувофик афтода сабзишашонро идома медиханд. Дар шароити табии бошад, дилгиёхи маргзори аз баргаш зиёд мешавад.

Дар солхои охир дар баъзе муассисахои тадкикоти усули нави парвариши хучайрахои бофтаи хосилкунанда, ки дар мухити мах- суси гизои сабзонда мешаванд, кор карда шудааст. Чунин тарзи афзоиши растанихо парвариши бофтаги номида мешавад. Дар утокхои махсусе, ки тамоми шароитхои лозими (харорат, намноки, равшани) мухайёст, хучайрахои бофтаи хосилкунандаи аз растанихои муайян гирифташуда фаъолона таксим шуда, сипас аз хар кадоми онхо нихолчахои нихоят хурдчусса инкишоф меёбанд. Бо

Аз барг афзудани растани усули парвариши бофтаги новобаста ба мавсими сол мивдори зи- ёди кучати растанихоро ба даст овардан мумкин аст.

  1. Каламчареша чист?
  2. Кадом растанихо бо каламчарешаашон афзоиш мекунанд? Бехчастхо чи тавр хосил мешаванд?
  3. Кадом растанихо ба туфайли бехчастхо зиёд мешаванд?
  4. Растанихои бо барг афзоишкунандаро номбар кунед?
  5. Парвариши бофтаги чист?
Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

dandon-pizishk

Хомиладорон читавр дандонхоро нигохубин намоянд

Ташрифи дандонпизишк хар ним сол, як маротиба тавсия карда мешавад. Бо фаро расидани давраи хомиладори …