– Афгонбачая бин!
– Анна хамин йигити хозиру нозир Афгонбача!
– Эъ, ба Афгонбача рох дихед-е!
– Э-ха, Афгонбача-ку! Кани-кани аз боло гузаред!
– Эъ, не-не, хо-о аз болои хафт кабат курпача!
Ин нидохоро на як бору ду бор шунидаем. Ва сад афсус, ки ин нидохо дилсузонаву бамехр не, балки тахкиромезу ба маломат, писхандомез садо медиханд. Он чун тири сузон ба дил кора мекунад. Наход одамон панди бузургон «аввал андеша он гах гуфтор»-ро фаромуш карда бошанд?
Магар мо кутохаклем?
Ва ё хирад ба мо бегона аст?
На, албатта, не!
Пас чаро ба якдигар неш мезанем?!
Чаро асабхои якдигарро хароб мекунем?!
Як бор ба кавли бобохоямон токиро аз сар гирифта чукур биандешед. Неку бадро ба тарозуи адлу инсоф баркашед. Охир, ки дар чумхуриямон беш аз 11 хазор нафаранд, оё бо хохиши худ ба Афгонистон рафтанд? Оё онхо барои пул, мол, тилло ё шухрат по ба хоки Афгонистон ниходанд? Не ва боз не! Охир, ки аз сад гулашон як гулашон нашкуфта буд бо амри Ватан лонаи гарму нарми волидонро тарк намуданд. Чон ба каф гирифта хун рехтанд. Пас онхо сарбозанд. Сарбози Ватан! Ва чун сарбоз ба майдони чанг бирафтанд. Ин чо суханони устод Бозор Собир ба хотирам расиданд, ки дар Анчумани нависандагони чумхури гуфтааст: «Ба майдони чанги Афгонистон ки меравад? Фарзанди халки мехнаткаш. Дар он набардгох, ки кушта мешавад? Фарзанди халки мехнаткаш. Аз он мухориба тобути киро меоранд? Тобути фарзанди халки мехнаткашро!» Инчунин хамон вакт шунида будам, ки дар огози чанги Афгонистон, яъне баъди ворид шудани китъаоти махдуди урдуи шурави ба хоки ин кишвар домоди яке «падарон»-и олирутбаи миллат дар сафоратхонаи шурави дар Кобул кор мекардааст. Хамон шахси олимаком «мабодо домодам шахид шуда, духтари нозанинам бева бимонад» гуён бо рохи воситахои абаркудратон дархол домодашро ба Ватан даъват кардааст. Фарзандони халки мехнаткаш бошанд, кур шуда, тир хурда, замин газида, «супориши интернасионали»-ро ичро менамуданд.
«Онхо фармони галатро ичро карданд!» хитоб мекунанд баъзехо. Шояд хамин тур бошад. Вале оё онхо вакте замин газида, зери борони тир мехазиданд, дар ин бора фикр мекарданд? Не ва боз не! Охир онхо карзи худро аз сидки дил ичро менамуданд. Ва маро хам вакте соати сеи шаби зимистони кахратуни соли 1979 аз хобби ноз бедор карда, аз чогахи гарм хезонданд, нагуфтам, ки «не, наметавонам, намехохам!». Охир, ман хамчун афсар касам ёд кардаам, ки ба хар фармони Ватан омодаам. Аз ин ру хестему рафтем. Се шабу руз бо собик раиси суди халкии нохияи Октябри шахри Душанбе Шухратчон Мустафокулов дар Лохур бе чои хоб, бе як бурида нону як катра об полкро ба ёрии бародаронаи афгон омода сохтем. Хангоме аз нохияи Хисор мегузаштем, одамон – хурду калон баромада ашк рехта, ба мо чихое тухфа намекарданд. Ва чунин нидохо ба гушамон мерасид:
– Бо зафар баргардед!
Лек мо холо аник намедонистем, ки душман кист. Вале мерафтем. Бе пеш. Бо нишондоди Ватан. Дар полигони шахри Термези чумхурии Узбакистон зиёда аз як мох бе сарпанох гушнаю ташна истодем. Ба чанг тайёр будем. Хушбахтона ба чанг надаромадаву сихату саломат ба Ватан баргаштем. Вале хайхот на ба хама солим баргаштан муяссар гашт. Хазорхо чавонон маслук баргаштанд. Яке аз онхо – Хабибулло Содиковро хуб мешиносам. Вай аз зодгохи ман дехаи Мехнатободи нохияи Кофарнихон аст.
Хануз солхои Чанги Бузурги Ватани шоири шарир, ватанпарвари номи Хабиб Юсуфи хуш гуфта буд:
Зи ишки Ватан чуш дорад дилам,
Ба харфи Ватан гуш дорад дилам.
Ватанро бинозам, маро дар канор,
Чу модар гирифту намуд бахтиёр!
Мо бахтиёрем. Ишки Ватан дурусттараш мехри Ватан- Модар вучуди моро хона кардааст. Мехри дилорои Ватан ба мо кувва, кудрат, шаъну шавкат ато кард, мо сохиби шохрохи абади шудем.
Ёдовар шуданием, ки шоири хама Абдурахмони Мушфики нисбати ишки поки беолоиш суханхои гаронбахо дорад. Дар як газали шевои худ фармудааст:
Ишк хун хурдану хайрон шудани хам дорад,
Хама хуб асту пушаймон шудани хам дорад.
Оре, хуб гуфтааст шоири хамадон. Чавонмарди зебо Хабибулло Содиков сурудани байти болоиро дуст медорад. Вай дар паси рули машинаи пуриктидори боркаш нишаста, пайваста шеъру таронахони мекард. Гулдухтарони дехот дилбохтагони суруди Хабибуллои мошинсавор гардида буданд. Хизмати Ватан-Модар, амри кишвари хамешабахор Хабибулло барои хизмат рохнамун сохт.
Як руз пеш аз ба хизмат рафтан Хабибуллои хушкаду комат либоси кори ба бар карду табар ба даст гирифт.
– Ту чи кор кардани хасти, чони модар?
– Барои шумо хезум тайёр мекунам, то зимистон азоб накашед.
– Э, биё мон. Захмат накаш. Худамон мекунем.
– Не нагуед, модарчон. То нашиканам дилам карор намегирад.
Ва у ба нею нестони модар нигох накарда зиёда аз си кунда шикаст. Як хара хезум шуд. Рузи дигар ба хидмати Ватан рафт. Ва расо пас аз ду сол…
Рост, аввалхо тез-тез аз вай нома мегирифтанд. Бо як шавки кудакона, ки аскарбачаи нав ба хизмат огознамударо хос аст, аз холи модари синареш чуён мегашт. «Асло гам нахуред, модарчон, хидмат ба ман писанд афтод. Онро, ки ба хуби огоз намудам, хамин тавр бо неки поён расонида наздатон меравам». Модар ин сатрхои дилангези писарро бе оби дида хонда наметавонист ва хомуш мегирист. Оре, пинхони мегирист. Наход писараш, ки пайи хифзи инкилоби Савр дар кишвари дуст адои хидмат менамояд, наояд? «Меояд, гам махур!» – нидое аз зерпардаи дилаш боло мешуд.
Рост, у омад. Вале бе ду пой. Оё ягон кас гаму андухи модари Хабибулло – холаи Чамангулро тасаввур карда метавониста бошад? Ин модари точик, ки умре дар сахро захмат кашидааст, ба чигарбандаш менигараду хун мегиряд. Ба фарзандаш менигараду чигараш сад пора мешавад. Аз охаш сабзаи тар дар мегирад. Охир Хабибулло лахти чигараш аст. Лахти чигари модар, ки ду пояшро дар набардхои хунин талаф додаст, акнун бо асочуб базур масофаеро тай мекунад. Ки мегуяд, ки пои навро аз кучо ва бо кадом арзиш харидан мумкин аст?! Ва оё ягон узви бадани инсонро бо пулу мол киёс карда мешуда бошад?! Хабибулло ва у баринхо бешубха кахрамонанд. Борхо азм намудам, ки дар бораи Хабибулло чизе нависам. Вале натавонистам. Чун хома ба даст гирам дастонам меларзанд.
Чанде пеш бо у вохурдам. Ба у гуфтам, ки назари мардум нисбати вокеахои Афгонистон дигар гашта…
– Рост мегуед, – гуфт у. – Гохо моро ба бародаркуши айбдор мекунад. Вале лахзае биандешед. Зери фармон мо ба суи марг мерафтем. Намедонистем, ки бармегардем ё не. Он кадар дилбохтаи ордену медали аз ин чанг гирифтан хам нестем. Хар гохе аз ин пичингу кинояхо дилгир мешавам, шеъри «Афгонбачахо»-ро ба ёд меорам.
Эй кош, чу навдаи дарахт аз бориш,
Бозуи буридаи Шумо сабз шавад.
Зонуи буридаи шумо сабз шавад,
Аскарбачахои чанги Афгонистон,
Ки карда фигони ин фигонистонтон…
Хамаи иштирокчиёни чанги Афгонистон рухан ва чисман мачруханд. Чарохате доранд, шифонашаванда. Мо набояд ба захми онхо бо тахкиру носазогуихо намак пошем.
Сад бор бади кардиву хайфи ту наомад,
Неки чи бади дошт, ки як бор накарди?!
Танхо неки метавонад сузиши захми онхоро паст кунад, дилашонро ба зиндаги, ба оянда гарм намояд.
Афгонбача! Бигузор чунин ном баранд онхоро. Лекин инро мо бояд бо мухаббат, эхтиром ва ифтихор ба забон орем.
Бале, онхо ба ин сазоворанд!
19 марти соли 1992.