Адабиёт чист ?

Адабиёт як навъи санъат буда, дар тафовут аз меъмори, наккоши, хайкалтароши, кандакори, гулдузи, рассоми, мусики, театр, кино, ракс ва суруд хаёти вокеиро бо сухан тасвир мекунад.

Адабиёт калимаи араби буда, шакли чамъи «адаб» аст ва маънои фазилатхои маънави (одоб, хулки нек, хушгуф тори, хушнависи ва гайра)-ро дорад. Адабиёт ба маънои васеъ ва махдуд фахмида мешавад. Агар адабиёти сиёси, илми ва гайра дар назар дошта шуда бошад, ин фахмиши адабиёт ба маънои васеъ аст.

Агар адабиёти бадеиро дар назар дошта бошем, маънои махдуд ё мушаххасаш он аст, ки мачмуи асархои бадеиро дар бар мегирад. Адабиёти бадеи хакикати хаётро ба воситаи тасвири манзара ва накшхои бадеи дар симои одамон, табиат, шароиту мухити зист инъикос менамояд.

Накшхои бадеи манзарахои хаёти зохири ва холати ботинии инсонро фаро  мегиранд.Адабиёти бадеи донишхои моро дар бораи таърихи гузашта, тамаддун ва фарханги ватанию чахони зиёд мекунад.

Аз мутолиаи адабиёти бадеи мо бо тасвирхои пурранги бадеии офаридаи нависанда вомехурем, ки онхо хулку рафтори намуна доранд ва мо аз онхо ибрат мегирем.

Накшхои начибу барчастаи адабиёти бадеи моро дар рухияи накукори, покизаахлоки, баинсофи ва рахмдили, вафодорию садокат, мехнатдустию рагбат ба илму хунар, шарафмандию хисси ифтихор, инсондустию механпарвари, боиродагию мубориза дар рохи расидан ба максад, бохимматию чавонмарди, нотарсию росткавли, часурию шучоатманди, хуллас, рафтори хамидаи инсони тарбия намуда, ниход ва тинати моро аз танбали, хирсу хасад, бухлу кина, бадбинию беадолати, мачмуан аз тамоми хислатхои нафратовар тоза мекунад.

Хангоми мутолиаи адабиёти бадеи лафзи равону шевои нависанда, тасвири манзарахои табиати дилфиреб, васфи симою сурати зебо ва дилкаши кахрамонхои мусбат, лутфу нозукбаёни, истифодаи воситахои тасвири бадеи ва санъатхои лафзи хисси зебоифахмии мо бедор мешавад, завки эстетики моро ба сайри богу бустони олами зебои даъват менамояд.

Аз ин ру, адабиёти бадеи ахамияти барчастаи таълими, тарбияви ва эстетики дорад. Адабиёти бадеи аз эчодиёти шифохии халк-фолклор сарчашма мегирад. Хануз дар замонхое, ки хат вучуд надошт, одамон суруд мехонданд, наклу ривоятхо хикоя мекарданд, афсона мегуфтанд. Матни сурудхо дар шакли назм ва матни наклу ривояту афсонахо дар шакли наср махсули эчодиёти шифохии одамони бесавод буд. Бинобар ин, адабиёт аз они халк аст ва бояд барои халк эчод шавад.

Баробари инкишофи хаёт чомеа, илм, фарханг пеш рафт ва адабиёт низ сайкал ёфт. Тамоми осори бадеи ба се чинси адаби чудо шуд: назм, наср, драматургия. Асархои манзумро аксар асархои лирики мегуянд, ки ба онхо дубайти, рубои, китъа, газал, мусаммат ва гайра дохил мешаванд.

Асархои насриро асархои эпики (аз калимаи эпос, яъне накли) меноманд, ки жанрхои хикоя, латифа, очерк, повест, роман ва дигар асархои калонхачми наклиро дар бар мегиранд.

Ба чинси сеюм асархое мутаалликанд, ки ба сахна гузошта шуда, мазмуну мундаричаи гоявии онхоро хунарпешахои театр бо харакат ва амалиёту санъати актёри пешкаши тамошобин мегардонанд. Ин чинси адаби драматургия ном дорад ва жанрхои комедия (мазхака) ва трагедия (фочиа)- ро дар бар мегирад. Асархои мазхакави аз аввал то охири намоиш бо хушхоли мегузаранд. Асархои фочиави бо хисси гаму андух намоиш дода мешаванд, ки окибати он намоиш бо нокомии кахрамонони асар анчом меёбад.

Инчунин кобед

neft

Конун дар бораи нафту газ

Конуни Чумхури Tочикистон  “Дар бораи нафту газ” 18 марти соли 2015, №1190 кабул карда шудааст, …