Главная / Чамъият / АЗ НАВ ДИДА БАРОМАДАНИ ШАРТХОИ КАРЗ

АЗ НАВ ДИДА БАРОМАДАНИ ШАРТХОИ КАРЗ

Мукарароти умуми:  Агар карз батаъхир меафтад ё худ интизор меравад, ки бинобар сабаби гайри чашмдошт бад шудани вазъи молиявии карзгиранда чунин холат рух медихад, бонк метавонад шартхои муайяни чудокунии карзро барои карзи дахлдор, аз нав дида барояд ва ин холатро тачдиди карз мегуянд.

Чунин аз нав дида баромадан тадбири нихои махсуб мешавад ва танхо дар холатхои истиснои, хангоми риоя намудани шартхои Низомномаи мазкур, барраси мегардад.

Шартхои карз метавонанд танхо як маротиба аз нав дида баромада шаванд.

Шартхо

Ба аз нав дида баромадани шартхои карз танхо он вакт рох дода мешавад, ки агар талаботхои зерин риоя карда шаванд:

а) Карзгиранда бо ташкилот бо тамоми масъулият ва шаффофкорона дар тули хамаи давраи карзи ва дар тули карзхои пешина хамкори карда бошад. Дар байни Ташкилот ва карзгиранда муносибатхои каноатбахши карзи мавчуд аст.

б) Карзгиранда ба таври ихтиёри хамаи маълумотхои талаб гардидаи молияви ва микдори – сифатиро доир ба тичорати худ пешниход намуда, сабабхои пардохт нашудани карзро кушода додааст ва тамоми маълумоти зарурии бокимодаро пешинход кардааст.

в) Карзгиранда бо ташаббуси худ ба Ташкилот мурочиат намуда, ба таври ихтиёри, дар давраи ибтидои, доир ба мушкилотхои пардохткуни маълумот додааст.

г) Сабабхои батаъхир афтидани пардохтани карз вокеи мебошанд ва имконияти тафтиш кардани онхо мавчуд аст.

д) Шаходати (далели) он, ки карзгиранда максади бе чуну чарои пардохтани карзро дорад, мавчуд аст.

е) Шаходати (далели) он мавчуд аст, ки дар сурати кабул шудани шартхои нави карздихи, карзгиранда сари вакт ва пурра хамаи ухдадорихои хешро аз руи карз, мувофики шартномахои карзи ичро менамояд.

Тартибот

Баъд аз тахлили вазъият ва кушишхои бе натича анчом ёфтаи бо дигар роххо ситонидани карз, эксперти карзи метавонад аз нав дида баромадани шартхои карзро пешниход намояд. Бояд пешниходи мазкур, дар заминаи тахлили пурраи тичорат ва хочагии манзилии карзгиранда, мувофик ба коидахои ин Низомнома,  тартиб дода шавад. Карз чунон тахлил карда мешавад, ки гуё карзгиранда бори аввал барои гирифтани карз мурочиат карда бошад. Аз руи натичахои тахлил, эксперти карзи доир ба аз нав дида баромадани шартхои карз таклифхо омода менамояд.

Бояд карзгиранда оиди аз нав дида баромадани шартхои карз, ба таври хатти мурочиат намояд (замимаи №23)

Пешниходи эксперти карзи ва аризаи карзгиранда, барои барраси ва кабули карор ба Кумитаи карзи пешкаш карда мешавад.(Замимаи №24)

 Кумитаи карзии вохиди амалиётии Ташкилот, пешниходи эксперти карзиро оиди дар асоси аризаи хаттии карзгиранда аз нав дида баромадани шартхои карз барраси намуда, карори пешаки кабул менамояд (карори Кумитаи карзиро аз руи карзхои мушкилситон тартиб медихад – Замимаи № 25) ва бо максади баррасии минбаъдаи парвандаи карзии мазкур (карзи мушкилситон), ба Мудирияти карзи ва рушди махсулотхои бонки мурочиат менамояд. Сипас, Мудирияти карзи ва рушди махсулотхои бонки пешниходи вохиди амалиётии бонк ва парвандаи карзи, пайдархамии амалхоро, аз додани карз шуруъ карда то ин лахза барраси намуда, хулоса – пешниходхои худро омода месозад ва ин парвандаро барои мухокима дар чаласаи Кумитаи карзии сатхи оли ё худ Кумитаи кор бо карзхои мушкилситон, ки карори нихоиро кабул менамояд («дастгири карда шавад», «рад карда шавад» ё худ «то муайян намудани маълумотхои зарури барои кабул кардани карор, ба вакти дигар гузаронида шавад»), пешниход мекунад.

Мудирияти карзи ва рушди махсулотхои бонки, хукук дорад дар холати мавчуд будани сабаб ва далелхои шайъии вайрон шудани тартибот, ба вохиди амалиётии ташкилот, барои тагйир додани шартхои карз, мустакилона чавоби радкунанда дихад.

 Эксперти карзи метавонад ба таври иловаги таъминоти гарав ва / ё худ замонат / замонати карзи аз нав дида баромада шударо, талаб намояд.

Аз нав дида баромадани шартхои карз метавонад дар бар гирад:

            а) Тагйир ёфтани мухлати пардохтани карз ва фоизхоро аз руи он;

            б) Тагйир ёфтани меъёрхои фоизи;

            в) Тагйир ёфтани тарз ва / ё тартиби навбати пардохткуни;

            г) Дар холаи зарури, дигар шартхои шартномаи карзи.

Созишномаи иловаги, ки дар он шартхои карзи аз нав дида баромада шуда инъикос шудаасту аз чониби Ташкилот ва карзгиранда ба имзо мерасад (дар холати зарури аз чониби нотариус тасдик мешавад), бояд хамрох ба Шартномаи карзи духта шавад (Замимаи № 26).

Накшаи нави пардохткуни, ки накшаи пардохткунии каблиро иваз менамояд, инчунин бояд хамрох ба Шартномаи карзи духта шавад.

Барасмият даровардани Созишномаи иловаги ба Шартномаи амалкунандаи карзи, мувофики талаботхое, ки дар Боби 10 – и (Барасмият даровардани шартномахо ва хуччатхо) Низомномаи мазкур баён гардидааст, сурат мегирад. 

Мониторинг

Карзи аз нав дида баромадашуда, мониторинги муассир ва ташрифории санчишии муназзамро талаб менамояд.

Карзи аз нав дида баромадашуда, минбаъд батаъхир афтода хисоб карда намешавад (то он вакте, ки карзи мазкур мувофики чадвали пардохтхои чадид аз нав ба таъхир наафтад). Агар пардохткунии карзи аз нав дида баромадашуда бо таъхирхо сурат гирад, пас бояд эксперти карзи ва Кумитаи карзи мониторинг ва мачбуран ситонидани карздории нисбат ба мукаррари катъитарро, пешбини намоянд.

Карзи аз нав дида баромадашуда, ки бештар аз 30 руз батаъхир меафтад, чун коида, ба хамон доираи карзхое ворид карда мешавад, ки то лахзаи аз нав дида баромада шудани он, дохил буд.

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …