Главная / Гуногун / АВЛОД ВА ОИЛАИ ПАЁМБАР МУХАММАД (САВ) Таърих – биография

АВЛОД ВА ОИЛАИ ПАЁМБАР МУХАММАД (САВ) Таърих – биография

Курайшихо асосан дар шахри Макка истикомат доштанд ва хидмати Каъба, ки барои хамаи кабилахои араб хонаи мукаддас буд, дар дасти онхо буд. Каъба дар маркази шахр вокеъ буд ва хонахои мардуми Макка дар атрофи он карор доштанд. Хонахои кабилаи Курайш, ки аз намояндагони кабилахои дигар ба мартабаю эхтиром баландтар дониста мешуданд, дар наздиктари Каъба чой доштанд. Баъди хонахои курайшихо, мувофики мартаба, хонахои дигарон чой мегирифтанд. Дар атрофи шахр бенавоёну бечорагону муздурон зиндагони мекарданд.

arabho

Хар кабилаи араб, аз чумлаи шахсони бонуфузу сохибэхтиром, барои худ сарвар интихоб мекарданд. Хануз то зухури ислом сарвари кабилаи курайшихо Хошим буд. Хошим нигохубини хонаи Каъбаро низ ба ухда дошт. У шахси сарватманде буд, гайр аз он вай кавми худро водор кард, ки кисме аз моли худро барои мехмондории хочиён бипардозанд. Ашхосе, ки ба зиёрати Каъба меомаданд, мехмони худо дониста мешуданд ва Хошим тамоми хочиёнро, ки ба Макка меомаданд, бо хурок таъмин менамуд.

Баъд аз вафоти Хошим идораи Каъба дар ихтиёри авлоди у боки монд, зеро бо накукорию саховати хеш дар байни ахолии Макка обрую эътибори бузург пайдо карда буд. Хамин тарик, баъд аз вафоти Хошим сарвари кабила ва хонаи Каъба ба писари у Абдулмутталиб насиб гардид.

Абдулмутталиб дах, фарзанд дошт ва аз хама бештар ба писари хурди Абдуллох мехр дошт. Абдуллох, чавони зебову хушкиёфа ва бо одобу хушрафтор буд. У бо хоксорию хушфеъли махбуби мардуми Макка гардида буд.

Вакте ки Абдулмутталиб хафтодсола буд, сини Абдуллох ба бисту чор расида буд ва падар хост уро хонадор кунад. Абдулмутталиб Омина, духтари Вахбро, ки яке шайхони муътабари араб буд, хостгори кард ва бо розигии тарафайн никох, карданд. Баъд аз издивоч бо Омина Абдуллох фаъолияти тичоратиашро идома дод. Дар яке аз сафархояш ба Мадина бемор шуда, вафот мекунад. Омина, ки хомиладор буд, бе-парастор мемонад.

Аз Абдуллох ба Омина панч шутур, як рама гусфанд ва як каниз мерос боки монд.

Баъд аз 2 мохи вафоти Абдуллох, 27 августи соли 570 мелоди Омина писар таваллуд кард. Абдулмутталиб аз шунидани ин хабар хурсанд шуд. Вай назди Омина рафт ва набераи навзодашро гирифта ба хонаи Каъба бурд ва уро Мухаммад ном гузошт. Рузи хафтуми таваллуд Абдулмутталиб уштуреро кушта, зиёфат дод.

Дар ибтидо Омина худаш уро шир медод ва парастори мекард, чунончи кайд гардид, хазрати Мухаммад ба дунё ятим омад, бинобар ин бобояш Абдулмутталиб тарбияти набераашро ба ухдаи худ гирифт. Дар байни ашрофи Макка расме буд, ки кудаки навзодро барои ширхори ва тарбия ба кабилахои сахрои месупориданд. Абдулмутталиб хам барои нигох, доштани он одат Мухаммад /а/-ро ба Халима ном доя дода, барои тарбия ба сахро фиристод.

Халима уро шир медод ва духтараш Шаймо уро парастори мекард. Хавои сахрову зиндагии соддаи биёбон ба нашъунамои чисмони ва саломатиаш таьсири хуб расониданд. Халима ба хамсоягон мегуфт, ки аз он рузе ин кудакро ба тарбия гирифтааст, корхои рузгораш баракат ёфтаасту зиндагониашон орому хурсандона мегузарад.

Ба хамин хол Мухаммад /а/ то панчсолаги дар оилаи Халима зиндаги мекард. Фазои озоду хавои покизаи сахро чисми уро кави сохт. Муносибат ва иртиботи доими бо одамони оддию мехнати ба феълу рафтори у таъсири хуб гузоштанд, забони фасехи арабиро аз мардуми мехнати омухт. Солхое, ки у дар байни ин мардуми захматкаши сахрои гузаронида буд, ба феълу рафтори вай накши мусбат гузоштанд.

Баъд аз ба камол расидану сохиби мартаба шуданаш хазрати Мухаммад /а/ дояаш Халима ва фарзандони уро ба неки ёд мекарду ба онхо ёри мерасонд. Баъди панч сол Мухаммад ба назди модараш баргашт. Бобояш Абдулмутталиб, ки хануз сарвари кабилаи Курайш буд, тарбияи ояндаи уро пурра ба зиммаи худ гирифт. Абдулмутталиб, аз фарзандони худ дида Мухаммадро бештар дуст медошт. Хар гох, ки фарзандон дар атроф чамъ мешуданд, Мухаммадро дар пахлуи худ шинонда, ба у мехрубони мекард.

Баъд аз муддате Омина хост писарашро ба Мадина бурда, ба хешу акрабояш шинос кунад. бо хамин максад онхо ба Мадина сафар карданд. Вакте ба Мадина расиданд, Мухаммад хонаеро, ки падараш дар он чо вафот карда буд, дид ва турбати падарашро зиёрат кард. Онхо як мох, дар Мадина мехмон шуданд ва боз ба чониби Макка равон шуданд. Дар аснои баргаштан дар Абво модараш бемор шуд, баъд аз муддате вафот ёфт. Оминаро хам дар Мадина ба хок супориданд. Мухаммад ба дили пурдарду чашми гирён ба Макка баргашт. Дасти такдир бори дигар уро ятим кард ва ранчу бекасии ятимиро бештар эхсос мекард.

Ин ходиса вайро дар назди бобояш боз хам азизтар кард. Бо вучуди ин давраи ятими дар хотири Мухаммад абади накш баст. Аз ин чост, ки Мухаммад дар «Хадисхо» оид ба гамхори дар хакки ятимон суханони зиёде гуфтааст. Аз чумла дар хадисе оварда шудааст, ки «Хар кассе, ки сари ятимро сила кунад ва хотири уро шод намояд, худованди таъоло аз у рози мегардад». Худи Мухаммад хам ин амалро хеч гох фаромуш намекард, дар хакки ятимон ва дармондагон некии хешро дарег намедошт.

Аммо Мухаммадро боз фочиаи дигаре пеш омад. Дар сини хаштодсолаги бобояш Абдулмуталлиб вофот мекунад. Дар он вакт Мухаммад хаштсола шуда буд. Мухаммад аз марги бобояш бисёр гамгин гашта буд ва дунболи чаноза то оромгохи охиринаш гиря карда рафт. Симои неки бобояш, хамчун марди саховатманд, фозилу накукор дар хотираи у накш баст.

Супориш ва саволхо.

  1. Дар бораи Мухаммад пайгамбар кадолм киссахоро медонед?
  2. Кадом китобхои дини исломро медонед

 

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …