КОНУНИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН ДАР БОРАИ АВФИ ШАХРВАНДОН ВА ШАХСОНИ ХУКУКИИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН БИНОБАР КОНУНИГАРДОНИИ БАЪЗЕ МАБЛАГХОИ ОНХО
Конуни мазкур асосхои хукуки ва ташкилии аз чониби давлат анчом дода шудани амали истисноии якдафъаина оид ба авфи шахрвандон ва шахсони хукукии Чумхурии Точикистон бинобар конунигардонии маблагхояшон, ки барои харидории сахмияхои Чамъияти сахомии кушодаи “Неругохи барки обии Рогун” истифода шудаанд ё аз бонкхои давлатхои хоричи ба бонкхои Точикистон интикол дода шудаанд ва озод намудани онхоро аз чавобгарии алохидаи пешбининамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон муайян менамояд.
Моддаи 1. Мафхумхои асоси
Дар Конуни мазкур мафхумхои асосии зерин истифода мешаванд:
– конунигардонии маблаг – раванди сармоягузории маблаг ба иктисодиёти Точикистон тавассути харидории сахмияхои Чамъияти сахомии кушодаи “Неругохи барки обии Рогун” ва аз бонкхои давлатхои хоричи ба бонкхои Точикистон интикол додани маблаге, ки каблан аз гардиши конун дар Чумхурии Точикистон бароварда шуда, дар эъломия расман нишон дода нашудаанд;
– авфи шахрвандон ва шахсони хукуки – аз чавобгарии алохидаи пешбининамудаи конунгузори озод намудани шахрвандон ва шахсони хукукии Чумхурии Точикистон, ки маблаги худро тибки Конуни мазкур конуни гардонидаанд;
– давраи конунигардони – даврае, ки тибки талаботи моддаи 3 Конуни мазкур барои конунигардонии маблаги шахрвандон ва шахсони хукукии Чумхурии Точикистон мукаррар карда шудааст.
Моддаи 2. Амали Конуни мазкур
- Амали Конуни мазкур нисбат ба шахрвандон ва шахсони хукукии Чумхурии Точикистон пахн мегардад, ки маблаги худро мутобики Конуни мазкур ва санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон барои харидории сахмияхои Чамъияти сахомии кушодаи “Неругохи барки обии Рогун” истифода кардаанд ё аз бонкхои давлатхои хоричи ба бонкхои Точикистон интикол додаанд.
- Шахсони хукукие, ки сармояи оинномавиашон ба моликияти муштараки шахсони вокеи ва хукукии Чумхурии Точикистон ва хоричи асос ёфтааст, хукук доранд дар доираи сахми шахрвандон ва шахсони хукукии Чумхурии Точикистон сахмияхои Чамъияти сахомии кушодаи “Неругохи барки обии Рогун”-ро харидори намоянд ва амали Конуни мазкур нисбат ба онхо низ пахн мегардад.
- Мукаррароти Конуни мазкур нисбат ба маблаги дигар шахсон ё маблаги хамчун карз (кредит) гирифташуда ё ухдадорихое, ки аз ахдхои граждани бармеоянд, инчунин нисбат ба маблаге, ки барои харидории сахмияхои Чамъияти сахомии кушодаи “Неругохи барки обии Рогун” дар бозори дуюмдараиаи когазхои киматнок истифода мешавад, татбик намегардад.
Моддаи 3. Тартиб ва шартхои конунигардонии маблаг
- Маблаги шахрвандон ва шахсони хукукии Чумхурии Точикистон, ки барои харидории сахмияхои Чамъияти сахомии кушодаи “Неругохи барки обии Рогун” истифода шудаанд ё то ба анчом расидани сохтмони ин неругох истифода мешаванд, новобаста аз микдори ин маблаг конунигардонида хисобида мешавад.
- Маблаги шахрвандон ва шахсони хукукии Чумхурии Точикистон, ки аз бонкхои давлатхои хоричи ба бонкхои Точикистон то 31 декабри соли 2011 интикол дода шудаанд, конунигардонида хисоб меёбад ва ин маблаг аз хама гуна андозу пардохтхои вобаста ба интиколи он озод карда мешавад.
- Маблаги шахсони хукукии ба моликияти муштараки шахсони вокеи ва хукукии Чумхурии Точикистон ва хоричи асосёфта танхо дар доираи сахми шахрвандон ва шахсони хукукии Чумхурии Точикистон мумкин аст барои харидории сахмияхои Чамъияти сахомии кушодаи “Неругохи барки обии Рогун” истифода шавад ва ин маблаг конунигардонида хисобида мешавад.
Моддаи 4. Кушодани хисобхо барои маблаги воридшаванда
- Кушодан ва пешбурди хисобхои бонки барои шахрвандон ва шахсони хукукии Чумхурии Точикистон, ки маблаги худро аз бонкхои давлатхои хоричи ба бонкхои Точиикистон интикол медиханд, бо тартиби муайяннамудаи Бонки миллии Точикистон амали карда мешаванд.
- Ба шахсоне, ки маблаги худро конуни мегардонанд, бонкхои чумхури, ки ба хисобхои онхо маблаги конунигардонидашаванда ворид мешавад, хуччати расмие медиханд, ки микдор ва таърихи ворид шудани ин маблагро нишон медихад. Шакли ин хуччати расми аз чониби Бонки миллии Точикистон тасдик карда мешавад.
Моддаи 5. Авфи шахрвандон ва шахсони хукукии Чумхурии Точикистон, ки бо тартиби
мукаррарнамудаи Конуни мазкур маблаги худро конуни гардонидаанд
- Шахрвандони Чумхурии Точикистон, ки бо тартиби мукаррарнамудаи Конуни мазкур маблаги худро конуни гардонидаанд, авф карда шуда, аз чавобгарии, чинояти барои чиноятхои пешбининамудаи моддахои 259, 259(1), 260, 263, 264, 269, 286, 289 кисми 1, 291-293 ва 340(1) Кодекси чиноятии Чумхурии Точикистон, ки то мавриди амал карор гирифтани Конуни мазкур содир кардаанд, озод карда мешаванд.
- Шахрвандон ва шахсони хукукии Чумхурии Точикистон, ки бо тартиби мукаррарнамудаи Конуни мазкур маблаги худро конун гардонидаанд, авф карда шуда, аз чавобгарии маъмурии хукуквайронкунихои пешбининамудаи моддахои 538, 541, 572 кисми 2, 599, 607, 617 ва 618 Кодекси хукуквайронкунии маъмурии Чумхурии Точикистон, ки то мавриди амал карор гирифтани Конуни мазкур содир кардаанд, озод карда мешаванд.
Моддаи 6. Кафолати хукуку манфиатхои шахрвандон ва шахсони хукукии Чумхурии
Точикистон, ки маблаги худро мутобики Конуни мазкур конуни гардонидаанд
- Давлат хифзи хукуку манфиатхои шахрвандон ва шахсони хукукии Чумхурии Точикистонро, ё ки маблаги худро тибки Конуни мазкур конуни мегардонанд, кафолат медихад.
- Макомоти дахлдори давлатии Чумхурии Точикистон махфияти маълумотро оид ба маблаги сахмияхои харидашуда, шахсияти харидорони сахмияхо ва гирифтани суди (дивиденти) сахмияхо, инчунин маблаге, ки аз бонкхои давлатхои хоричи ба бонкхои Точикистон интикол шудаанд, таъмин намуда, ин маълумотро ошкор наменамоянд.
- Санчиши фаъолияти шахрвандон ва шахсони хукукии Чумхурии Точикистон, ки сахмияхои Чамъияти сахомии кушодаи “Неругохи барки обии Рогун”-ро харидори намудаанд, маблаги худро аз бонкхои давлатхои хоричи ба бонкхои Точикистон интикол додаанд, инчунин фаъолияти бонкхо оид ба фуруши сахмияхо, бакайдгири ва номнависии сертификати сахмияхо, чамъоварии маблаги фуруши сахмияхо ва сертификати сахияхои Чамъияти сахомии кушодаи “Неругохи барки обии Рогун”, сарчашмаи маблаге, ки барои харидории сахмияхо истифода шудааст ва маблаги аз бонкхои давлатхои хоричи ба бонкхои Точикистон интиколдодашуда манъ аст.
- Дар сурати аз чониби шахрвандон ва шахсони хукукии Чумхурии Точикистон ва кормандони бонкхо содир намудани чиноят ва дигар хукуквайронкунихо маблаги сахмияхои харидашуда ва маблаги аз бонкхои давлатхои хоричи ба бонкхои Точикистон интиколдодашуда танхо бо ичозати Прокурори генералии Чумхурии Точикистон санчида мешавад.
Моддаи 7. Масунияти андоз
Маблагхои мутобики Конуни мазкур аз чониби шахрвандон ва шахсони хукукии Чумхурии Точикистон конунигардонида ба даромади андозбандишаванда дохил карда намешаванд ва дар давраи то амалх гардидани конунигардони ва дар соли таквимии амали гардидани конунигардони аз андоз ва дигар пардохтхо вобаста ба хамин маблачхо озод карда мешаванд.
Моддаи 8. Мухлати даъво
Мухлати даъво доир ба масъалахои конунигардонии маблаг тибки тартиби мукаррарнамудаи Конуни мазкур як сол буда, пас аз гузаштани ин мухлат чунин масъалахо аз чониби суд аз нав барраси карда намешаванд.
Моддаи 9. Чавобгари барои риоя накардани Конуни мазкур
Шахрвандон ва шахсони хукукии Чумхурии Точикистон, ки талаботи Конуни мазкурро риоя намекунанд, тибки конунгузории Чумхурии Точикистон ба чавобгари кашида мешаванд.
Моддаи 10. Тартиби мавриди амал карор додани Конуни мазкур
Конуни мазкур пас аз интишори расми мавриди амал карор дода шавад.
Президенти
Чумхурии Точикистон Эмомали Рахмон
ш. Душанбе, 25 феврали соли 2010
№ 596