Главная / Илм / АВЕСТО

АВЕСТО

avestaАВЕСТО, Авасто, Абасто, кадимтарин асари адабиёти мардуми ориёи (эронинажод), китоби мукаддаси зардуштия – оини халкхои эронинажод. Матни ибтидоии А., ки дар байни ахли мазхаб шифохи накл меёфт (забони А. дар а. 4 то м. матрук буд), баъдтар китобат шуда (алифбои «авестои» аз а. 3 болотар нест), дар ахди Сосониён (а-хои 3 – 7) сурати расми гирифтааст, аз 21 китоб (наск) иборат буда, 350000 калимаро дарбар мегирифт (танхо 83000 калимааш то замони мо боки мондааст). А. дар ду тахрир (вариант) маъмул аст: якум – мачмуаи порчахои ибодати, ки аз чанд китоби он фарохам омадааст ва дуюм – панч кисми мустакил: «Вандидод» – мачмуаи амрхои дини, «Вис- парад» ва «Ясно» – муночот; «Яштхо» – сурудхои мукаддаси эзидон (Аредви- сура Анохита, Митра, Хаома ва диг.) ва зардушти; «Хурд-Авесто» – дуохо, матнхо барои ичрои намоз ва маросимхои дини. Кадимтарин бахши А. «Готхо» (сурудхо) мебошад, ки онхоро худи Зардушт навиш- тааст. «Готхо» мухимтарин кисми «Ясно» буда, 17 боби онро (аз 72 боб) ташкил медиханд. Дар «Яштхо» асотир, киссахову ривоятхои мардуми эронинажод фарохам омадаанд. Варианти якуми А. тарчумаи пахлави (форсии миёна) надорад (бинобар он «Вандидоди сода» – соф ном гирифтааст). Матни варианти дуюм тарчумаи таф- сирноке ба забони пахлави дорад, ки онро «Занд» меноманд (ибораи «Занд-Авесто» аз хамин чо баромадааст).
А. дар ибтидои хазораи якуми то м. дар марзи Осиёи Маркази ва шим. Афгонистон пайдо шудааст. Такомули минбаъдаи А. дар кишвархое, ки мардуми эрони маскун буданд – Мод, Атропатена (Озарбойчон) ва хусусан чануби Эрон (Форс) ба амал омадааст. Бинобар он А. чун асари адаби- ёт ба халкхои ин чо низ нисбате дошта, барои омухтани таърих, маданият, эътикоди дини, фолклор ва анъанахои адабию эсте- тикии ин халкхо ахамияти бузурге дорад. А. асари динию ибодати бошад хам, бисёр порчахои адабие дорад, ки асосан аз чанбаи асотири иборат буда, намунахои фолклори эрониёни кадимро то имруз боки доштааст. А., гайри фармоишоти маросимию мазхабии соф, аз нуктаи назари гояви унсурхои ибтидоии илми, тибби, тасаввуроти конунгузори, мачмуи ба хам омезишёфтаи дастурхои акидави (дини ва фалсафии ибтидои), ахлоки ва эстетикиро низ дар бар гирифтааст.
Дар А. илми тиб чун санъати дар холати солим нигох доштани бадан баён ёфтааст. Бино ба маълумоти А. тиб ва табибон дар он давру замон мартабаи баланд доштаанд. Як кисми А. – «Вандидод» пурра ба масъалахои мухити зист ва тиб бахшида шудааст. «Вандидод» аз 22 фаргард иборат буда, дар он тахлили сабаби беморихо, ночурихои мавриди беморихо рухдиханда, роху воситахои пешгири ва табобати беморон мувофики фалсафаи зардуштия маънидод мешаванд. Хадди асосии тибби А. иборат аз се амал аст: тадбир (пешгири), табобат (бо дору, чаррохи) ва дуохони (талкин). Инчунин дар А. таълими тарзи хаёти солим (пок нигох доштани бадан, мохияти гирифтани нохуну муй, покии манзил, обу хок, мохияти гизо, машрубот, махв сохтани хашароти зарар- расон ва г.) чой доранд. Мувофики таъли- моти А. офаридгори коинот Ахура Маздо аст, ки у тачассуми неки, нур ва хакикат буда, бо ёрии фариштахои гуногун ба ма- ризон дасти ёри дароз мекунад. Дар баро- бари ин дар А. офариниши бад Ахриман низ фаъолият дорад. У сабабгори бади, дуруг ва зулмот буда, ба сари одам 99999 бемори овардааст. А. оид ба масъалахои хифзи модару тифл, оила ва никох, одоби табибу табобат, ташхиси беморихо маълу- моти чолиб медихад. Дар он таъсири ка- лом, гиёххои шифобахш ва тег аз чумлаи воситахои муоличаи маризон дониста шудаанд. Дар А. хамчунин доир ба анатомия ва физиологияи одам маълумоти умуми зикр ёфтааст. Дар байни сабабхои бемори шамол кашидан, харорати баланд, одатхои номатлуб, гуруснаги, пурхури, хастаги, гизои пастсифат ва г. баён шудаанд. Кайд гаштааст, ки бемори ба чисми одам ба во- ситаи дахон, бини, чашм, пуст, аъзои тано- сул ва г. ворид мешавад. Дар А. ба хамли дуруст, таваллуди тифли солим, бехдошти зан, пешгирии амрози занона эътибори чидди дода шудааст. Эрониёни кадим чоки кайсарро хуб медонистанд. Маълум аст, ки Рустам аз батни модар бо хамин рох берун оварда шуда буд. Дар А. оид ба беморихои чаррохиталаб (сухта, осеб, захм ва г.) низ маълумот вучуд дорад. Хамчунин таъкид гаштааст, ки часади мархум аз махалли сукунат дур нигох дошта, коидахои бехдошт риоя ва ба часад расидани оби киштзор ва асбобхои рузгор пешгири карда шавад.
Духтарону писарон аз 15-солаги болиг донис- та мешуданд. Дар А. кайд гаштааст, ки Аху- ра Маздо барои ода- мон беш аз 10 000 гиёхи шифобахш ато карда- аст. Дар А. нахустин пизишки руи замин Трита зикр шудааст. У хамаи навъхои гиёххои шифобахш ва тарзи аз онхо тахия сохтани доруро медонист. Дар А. хамчунин хосияти шифобахшии шакар, асал, равгани шафтолу, кунчид, шилми дарахт, сирко, сир, май ва г. ёдовар шудааст. Баъзе гиёххои шифобахши дар А. оварда то имруз маъ- луманд. Мас., хаома (эфедра), ки дар А. тавсиф ёфтааст, дар Хиндустон чун растании «сома», дар нох. Айни чун растании «хум», дар нох. Панчакент бо номи «хам» маълум буда, аз он дору тахия месозанд. Мувофики маълумоти А. ба табиби одамо- ни махсус шугл доштанд. Онхо дуру дароз таълим гирифта, дар баробари фаслхои назари ва амалии тиб биология, зоология, ботаника, таърих, адабиёт, астрология, фалсафа, дин ва г.-ро аз худ мекарданд. Табобати чорво низ ба ухдаи табибон вогузор буд. Нисбати табибон талаботи нихоят сахт вучуд доштанд. Мас., чаррох кабл аз он ки ба ин касб машгул шавад, бояд се нафар одамони динашон гайри зардуштиро чаррохи карда, аз санчиш мегузашт. Дар сурати натичаи дилхох надодани чаррохи табиб хукук надошт, ки ба касби худ идома дихад. Дар асоси маълумоту санадхои мавчуда метавон хулоса баровард, ки омузиши А. имкон медихад саромаду шабохат, вахдату решаи амики таърихии тибби мардуми эронинажод мукаррар карда шавад.
Ад.: Точиев Я., Исхоки Ю.Б., Таърихи мухтасари тибби точик, Душанбе, 1993; Накши Аве- сто дар тамаддуни милли ва чахони, Душанбе, 2001; Авесто, Душанбе, 2001.

М. Диловаров.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …