АВЧ

avchАВЧ, чашмаи минерали дар нох. Ишкошим. Дар сохили д. Панч, 26км дуртар аз маркази нохия вокеъ аст. Баландиаш аз с. б. 2410м. Дебиташ – 5 л/сон., харор. обаш +34 – +350С. Дар таркиби оби чашма микроэлементхои аз чихати биологи фаъол – магний, охан, никел, фтор, рух ва бром мавчуданд. С. 1895 дар назди чашма хаммом сохта шуда буд, ки дар он сархадбонон шустушу мекарданд. Маълумоти аввалини илми оид ба чашма ба калами олими шурави Н. М. Прокопенко (1930) тааллук доранд. Оби чашма газнок буда, микдори гази карбонати халшуда дар он 80 фисадро ташкил медихад; буи гидрогенсулфид эхсос карда намешавад, харчанд микдори он дар таркиби об 61,4 мг/л аст. Дар таркиби оби чашма литий, охан, никел, фтор, рух, бром, радон (2,3 нКи/л) низ ёфт шудаанд. Оби чашмаро метавон ошомид, чун обзан (ванна) ва барои ингалятсия, оббози, шустани меъда ва рудаи дувоздахангушта истифода бурд. Вобаста ба таркиби химияви А. ба оби нарзанхои сулфатии Кисловодск наздик аст. С. 1978 дар заминаи Беморхонаи нох. Ишкошим шуъбаи физиотерапевтии Авч ташкил карда шуд, ки дорои 60 кат мебошад. Оби чашма барои табобати амрози дилу рагхо, узвхои хозима, мубодилаи моддахо, беморихои занона, гурдаю пешобдон ва гадудхои усораи дохили нафъ дорад.
Ад.: Бобоходжаев И.Я., Давлатмама- дов Ш.М., Лечебные минеральные источники Памира, Д., 1994.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …