АУТОАЛЛЕРГИЯ (аз юн. autos – худ ва аллергия), осебе, ки бинобар ба бофтахои худи организм таъсир расондани системаи иммуни (масуни) ба вучуд меояд. Дар шароити муътадил нисбати сафедахо ва хучайрахои бофтахои худи тобоварии иммунологи мавчуд аст. Он холатест, ки системаи иммуни ба сафедаю хучайрахо таъсир намерасонад. Дар аснои баъзе беморихо сафедаю бофтахои организм ба аутоаллерген табдил ёфта, боиси хосил шудани подтан (аутоантитела)-хо ва лимфоситхои хассос мегарданд ва хамин тавр, А. ба вучуд меояд.
Ду рохи инкишофи А. мавчуд аст. Рохи якум: фаъолияти системаи иммуни муътадил аст, вале дар организм аутоаллерген пайдо мешавад, ки системаи иммуни нисбати он хассосият зохир менамояд. Сафедахо ва хучайрахои бофтахои худи организм, ки зери таъсири дорухо ва махсули микробу вирусхо хосиятхои антигении хешро дигаргун месозанд, ба аутоаллерген табдил меёбанд. Ин гуна тагйирот метавонад дар натичаи беморихои илтихоби, некроз, гипоксия ва г. рух намояд. Хангоми ин аз узвхои осебёфта моддахое хорич мешаванд, ки нисбати онхо дар организм тобоварии иммунологи вучуд надорад (сафедаи асосии миелин, аутоаллергенхои шабакияи чашм, гадуди сипаршакл ва г.). Рохи дуюми инкишофи А. ба ихтилоли фаъолияти системаи иммуни вобаста аст; дар мавриди ин сафедахо ва хучайрахои бофтахои худи организм тагйир намеёбанд. Системаи иммуни кобилияти аз «бегона» фарк кардани «худи»-ро гум мекунад, сафедахои худро сафедахои «бегона» мепиндорад ва ба онхо чун аутоаллергенхо таъсир менамояд.
Муоличаи А. ба рафъ намудани сабабхои он нигаронида шудааст. Бо максади пешгирии А. дорухоро факат мувофики таъиноти духтур истифода бурдан лозим аст.
Инчунин кобед
Марги Мухаммад (с)
Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …