Главная / Илм / АУТИЗМ

АУТИЗМ

autizm_simptomyАУТИЗМ (Autismus), як гурухи беморихост, ки дар мавриди онхо ташаккули малакахои нутк ба таъхир афтода, дар муносибати мариз ба дигарон ночурихо пайдо мешаванд. А. ихтилоли инкишофи рухи буда, дар шаклхои гуногун зухур меёбад. Чунин кудаконро дар хама чо – аз богча то мактабу коллечхо – пайдо кардан мумкин аст. Кудакони гирифтори А. дар муносибат ба дигарон ва мутобикати ичтимои душвори мекашанд, мухточи дастгирии махсус мебошанд. Чунин кудакон ба назари дигарон эрка, зудранч, бетарбия ва нозуктабъ менамоянд. Аз ин ру, онхо беасос танбех мегиранд, гап мешунаванд ва дар натича мачбур мешаванд мукобили чамъият амал намоянд, ба касе наздики ва дусти накунанд. Саривакт ташхис кардани А. аз нигохи тибби хеле мухим аст.
Бисёр олимони соха бар акидаеанд, ки А.-и кудакон бинобар иллати силсилаи асабхои маркази рух менамояд. Аз нигохи клиники чунин кудаконро метавон ба 4 гурухи рафтору кирдорашон мутлако гуногун чудо кард: 1) кудаконе, ки нисбати хама чиз бетаваччуханд; 2) кудаконе, ки олами атрофро намехоханд дарк бикунанд; 3) кудаконе, ки гарки дунёи хеш мебошанд; 4) кудаконе, ки ба дили онхо рох ёфтан осон нест.
Кудакони мутааллик ба гурухи аввал аз хурди диккати дигаронро бо нигохи «маънидор» ва «зиракона»-и худ чалб мекунанд. Онхо оромтабиат ва кобил мебошанд. Чунин кудаконро метавон соатхо дар гахвора танхо гузошт. Вале дар баробари ин онхо одати тарсончаки доранд, аз садохои гуногун, мас., овози чангкашак, ришгирак, шакшака ва бозичахои дигар метарсанд. Бозича барои онхо чолиб нест, аммо китоб ва садои мусикиро меписанданд. Дар зиндаги чунин кудакон барои волидон дарди сар намешаванд.
Кудакони мансуб ба гурухи дуюм нисбатан фаъол буда, модари худро аз хурди дар байни дигарон мешиносанд, намехоханд, ки у аз бари онхо дур шавад. Истеъмоли гизохои дилкашро меписанданд, аз гум кардани ягон чизи худ даргазаб мешаванд. Онхо хануз яксола нашуда ранги кубикхоро фарк карда метавонанд, харфхоро нишон медиханд. Одати тарсончаки дошта, аз овози баланд, оббози, гирифтани муйсар ва нохунхо метарсанд. Нутки ин гуна кудакон ташаккул наёфтааст.
Кудакони гурухи сеюм серхаракат ва бекарор мебошанд. Онхо бисёр вакт гирифтори диатез ва беморихои аллерги мешаванд. Волидон, одатан, чунин кудакро бемехр ва сардрафтор мехисобанд; у метавонад дар огуши модар истода ба руи вай шапоти занад. Мавзуи сухбати чунин кудакон якранг аст, доираи хаёлоти онхоро бештар вокеахои нохуш, чангхо, кушторхо фаро гирифтаанд. Хисоб, шохмот, машгулиятхои астрономиро дуст медоранд.
Ба гурухи чорум кудаконе мансуб дониста мешаванд, ки гирифтори шаклхои нисбатан сабуки А. мебошанд. Онхо аз хурди модари худро дар байни дигарон зуд фарк менамоянд, аз одамони бегона метарсанд. Чунин кудакон, одатан, бекарор, тарсончак, зудранч, ноухдабаро, мехрубон мебошанд. Суханронии онхо суст ва охири калима нимгурма аст.
Дар оила ба кудакони гирифтори А. бояд муносибати дуруст карда шавад. Барои чунин кудакон тарбияи муоличави зарур аст. Табобати онхо бояд дар хамбастаги бо равонпизишкон, духтурони асаб, духтурони равоншинос ва педагогхо сурат гардад.
Ад.: Сидоров П.И., Парняков А.В., Клиническая психология, М., 2002; Островская И.В., Психология, М., 2005.
Н. М. Шарофова.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …