Главная / Илм / АТСЕТОН

АТСЕТОН

1200px-aceton-svgАТСЕТОН (CH3COCH3), диметилкетон, моеъи беранг, буи хос дорад; харор. чуш. 56,2°С, харор. гуд. – 94,9°С. Дар об, спирт ва эфир нагз хал мешавад.
А. дар таркиби махсули бугронии хушки чуб мавчуд аст. Дар саноат онро бо рохи аз карбонати сери тафсон борхо гузаронидани буги кислотаи атсетат, хамчунин бо рохи дегидрогенонии спирти изопропил (ба сифати катализатор порчаи биринчи истифода мешавад) истехсол мекунанд. Бо рохи тачзияи бактериявии карбогидратхо (крахмал, декетрин, малтоза) хосил кардани А. низ маълум аст. Зери таъсири Bacterium atcetoacthylicum аз крахмал 10 – 30% спирт ва 6 – 10% А. ба даст оварда мешавад. Хини таъсири Bacillus macerans аз крахмал бо микдори зиёд А. хосил мегардад.
А.-ро дар пешоби беморони касалии канд (диабет) ошкор мекунанд. Дар 100 мл хун 1 – 2 мг А. мавчуд аст; дар микдори умумии шаборузии пешоб 0,01 – 0,03 г А. ёфт мешавад. Хангоми ихтилоли мубодилаи моддахо дар таркиби хун ва пешоб микдори А. меафзояд (онро бо усулхои Легал ва Либен мукаррар месозанд). Аз А. зери таъсири хлор ё йод ва ишкор хлороформ ва йодоформ хосил кардан мумкин аст. А. ашё барои синтези доруи хобовар – сулфонал мебошад. Бахри ин А.-ро бо этилмеркарбон пайваст намуда, сипас меркаптоли хосилшударо бо перманганати калий оксид мекунанд. А. бо хлороформ пайваст шуда, моддаи антисептики – хлорэтон (СНз)2С(ОН)ССl3 хосил менамояд. Ниг. низ Захролуди.
Т. Идрисов.

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

planet

ЗАМИН – САЙЁРАИ СИСТЕМАМ ОФТОБИ

Сабабхои тагйирёбии фаслхои сол. Аз курси табиатшиноси мо медонем, ки Офтоб ин маркази системаи офтобии мо …