Главная / Илм / АТРОФИЯ

АТРОФИЯ

406efefda_320x200АТРОФИЯ (Atrophia; аз а – хиссачаи инкори ва trophe – гизо), логари, хароби, холати бефаъолияти ва ё худ хурд шудани хачм ва андозаи узвхои бадан. Одатан, дар вакти беморихои гуногун ба вучуд омада, фаъолияти узвхо вайрон ё тамоман катъ мегардад. Сабаби пайдоиши А. бартари доштани раванди диссимилятсия нисбат ба ассимилятсия аст. А. физиологи ва патологи (умуми ва чузъи) мешавад. А.-и физиологи ба тагйироти синнусоли вобаста аст (мас., А.-и гадуди панчшохашакл дар давраи расидан ба балогати чинси, А.-и гадудхои чинси, пуст, устухонхо дар пиронсоли ва г.). А.-и патологи (бехоли, кахексия) хангоми камгизои, беморихои сироятии музмин ё захролуди, ихтилоли фаъолияти гадудхои эндокрини, системаи марказии асаб, полиомиелит, атеросклерози рагхои майна, таъсири омилхои физикавию химияви ва г. инкишоф меёбад. Хангоми А. андозаи узв, одатан, хурд мешавад, вале баъзан он бинобар афзоиши бофтаи чарби, ки чойи унсурхои хучайраи атрофияшударо мегирад, ба назар калон менамояд. А.-и патологи то давраи муайян табобат мешавад. Бо максади муоличаи А. омилхои ба вучуд орандаи онро рафъ сохтан лозим.

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

planet

ЗАМИН – САЙЁРАИ СИСТЕМАМ ОФТОБИ

Сабабхои тагйирёбии фаслхои сол. Аз курси табиатшиноси мо медонем, ки Офтоб ин маркази системаи офтобии мо …