Главная / Чугрофия / АТМОСФЕРА

АТМОСФЕРА

Атмосфера чист? Атмосфера (лафзи юнони буда, “атмос” – буг. газ ва “сфера”- кура аст) табакаи хавоест, ки Заминро ихота хардааст. Он табакаи болотарин ва зичиаш камтарини Замин лебошад. Аз замонхои хеле кадим табиати физикии он диккати одимонро ба худ чалб мекард. Дар ин чода олимони Шарк, аз чумла Кутбуддини Шерозй сахми арзанда гузоштааст. Акидаи у оид ба таркиб, сохт ва ранги атмосфера ба акидаи илми муосир шабохат дорад. Мувофики акидаи у атмосфера аз омехтаи газхои гуногун иборат аст. Дар таркиби он инчунин заррахои чангу гарди заминй вомехуранд. Атмосфераро ба кабатхои поёни ва болои чудо мекунанд. Ранги атмосфера шаффоф аст.

КАБАТХОИ АТМОСФЕРА
КАБАТХОИ АТМОСФЕРА

Атмосфера сархади аник надорад. Бо вучуди он ки атмосфера дар таркишхои Замин ва ковокихои чинсхои кухи мавчуд аст, худудн поёнии онро сатхи Замин мехисобанд. Сархади болои хеле хам ноаёи аст ва онро шартан баландии 3000 км хисобидаанд. Баландтар аз 20 км хам мавчуд будани хаво муайян гардидааст. Вале хаво дар фазои кайхониошроканда намешавад, зеро кувваи бузурги кашиши Замин онро нигох медорад.

Хаво дар наздикии сатхи Замин зичтар ва вазнинтар аст. Агар дар сатхи бахр массаи 1 м мурабба хаво дар харорати 0°С 1 кг 293 г бошад. пас дар баландии 12 км танхо 310 г. дар баландии 40 км факат 4 г аст. Бо афзудани баланди на факат зичии хаво, балки харорат ва намии он низ тагйир меёбад. Харорати миёнаи сол дар махалхои Точикистон дар баландии 350 м 13.8°С, дар баландии 1000 м 11° С. дар баландии 2000 м 8° С ва дар баландии 3600 м харорат 1,5°С мебошад.

Таркиб ва сохти атмосфера. Таркиби хаво ба хисоби миёна аз 78 фоиз нитроген, 21 фоиз оксиген, 0.03 фоиз гази карбонат ва аз омехтаи газхои дигар иборат аст. Дар таркиби хаво гайр аз ин об ва заррахои чангу губор мавчуданд. Барои организми инсон оксиген ахамияти калон дорад ва тозагии хаво хаётан муким мебошад.

Атмосфераро ба се кабати асосй чудо мекунаид: тропосфера, страпюсфера ва кабатхои баланди он. Кабати поёнтарин ва мухимтарини атмосфера тропосфера буда, гафсии он дар болои хати истиво 17 км, дар кутбхо 8 9 ва дар минтакахои муътадил 10-11 км ает. Дар тропосфера кариб 80 фоизи тамоми массаи атмосфсра мавчуд мебошад.

Тамоми ходисахои метеорологи ва иклими дар тропосфсра рух медиханд. Чунончи, тамоми буги оби атмосфсра дар хамин кабат буда, абр, боришот ва дигар ходисахо ба вучуд меоянд. Дар тропосфера газ, чанг ва гайра мавчуданд.

Барои тропосфера ду ходиса махсусан хос аст: а)баробари афзудани баландии махал паст шудани харорат: б) мавчуд будани харорати бошиддати уфуки ва амудии хаво.

Хавои тропосфера аз гармиву сардии аз сатхи Замин хоричшуда гарм ва сард мешавад. Манбаи асосии гармшавии сатхи Замин нурхои Офтоб мебошад. Аз хамин сабаб хаво хар кадар аз сатхи Замин дур бошад, хамон кадар хунуктар аст. Харорат ба хисоби миёна ба хар 100 метр 0,6°С (дар 1 километр 6°С) паст мешавад.

Холати хаво дар тропосфера – харора г, харакати он, намноки ба он вобаста аст, ки хаво дар чй кадар баландй вокеъ мсбошад.

Стратосфера кабати аз тропосфера болои атмосфера мебошад ва то баландихо 50 – 55 км тул мекашад. Хавои он нихоят тунук аст ва кариб буги об вучуд надорад. Дар кисми поёнии стратосфера дар тропосфера харорати хаво хеле паст мешавад, вале тахминан аз баландии 20 км cap карда баланд мегардад. Дар стратосфера чамъшавии гази озон вучуд дорад, ки мавчудоти зиндаи Заминро аз таъсири нурхои зарарноки Офтоб эмин медорад.

Дар стратосфера ходисахои абр хосилшави ва боришот рух намедиханд.

Ахамияти атмосфера. Атмосфера манбаи хаёт аст. Вай сарчашмаи нафаскаши мебошад ва одам бе хаво хатго панч дакика хам зиндаги карда наметавонад. Атмосфера чун либоси Замин аст, ки онро аз нихоят гарму сардшави нигох медорад, дигар хаво намебуд, сатхи Замин монанди сатхи Мох (харорати сатхи Мох дар худуди аз +1200 то 1200 дар як шабонаруз тагйир меёбад) бехаёт мегардид. Атмосфера барои Замин монанди сипар аст ва онро аз афтидани метеоритхо ва нурхои зарарноки Офтоб мухофизат мекунад. Атмосфсра нигохдорандаи тавозуни об дар руи Замин мебошад, дар сурати набудани табакаи хаво -гамоми оби укёнусхо буг шуда мерафт.

Дар замони хозира фаъолияти хочагии инсон, хусусан афзудани истифодаи сузишвори боиси бештар ифлосшавии хаво, афзудани микдори гази карбонат гардида истодааст. Мухим аст, ки барои хифзи тозагии хаво чорахо андешида шаванд, нагузорем, ки манбаи хаёт хаво ифлос гардад, пеши рохи партофтани газхои зарарнокро гирифтан лозим аст.

Саломатии одамон. фаъолияти хочагии онхо, хусусан дар сохаи кишоварзи ба тозагии хавои атмосфера ва ходисахои дар он рухдиханда вобаста аст. Aгap хар як фард ба кадри саломати бирасад. бояд барои таъммии тозагии хаво хиссагузор бошад. Дар корхонахо гузоштани чангкаш ва дудкашхо хеле мухим аст. Дар шахру нохияхо васеъ кардани майдони кабудизор, хусусан дарахту буттахо, ба рох мондани хифзи онхо  хаётан зарур мебошад. Чунки дарахтон на танхо оксигенро ба хаво мебароранд, балки чангхоро медоранд ва бо ин барои камшавии чангу губор шароит фарохам меоранд. Аз ин ру, хамачониба омухтани холати атмосфера ахамияти калон дорад.

Савол ва сувориш

  1. Мафхуми атмосфера чист?
  2. Дар боранион ки атмосфера манбаи хаёт аст, чи далелхо оварда метавонед?
  3. Тропосфера ва страгосфераро мукоиса кунед. Онхо  чи фарк доранд?
  4. Кадом ходисахои дар тропосфера рухдодаро мушохида кардаед?
  5. Сабабхои ифлосшавии хаво дар махали шумо кадоманд?
  6. Барои мухофизати тозагии хаво чи тадбирхо андешида мешаваид?
  7. Дафтари обу хаво тартиб дихед ва ба он холати харрузаи атмосфераро нависед.

Инчунин кобед

zamin-1

КОМПЛЕКСХОИ ТАБИИИ МАХАЛ ВА ОНХОРО ТАГЙИРДОДАНИ ИНСОН

Шумо медонед, ки комплексхои табий дар натичаи робита ва таъсири мутакобилаи чинсхои кухй, хаво, об, …