Главная / Илм / АТЕРОСКЛЕРОЗ

АТЕРОСКЛЕРОЗ

aterosklerozАТЕРОСКЛЕРОЗ (Atherosclerosis; аз юн. athere – шула ва skleros – сахт), бемории музмини артерияхо, ки боиси тадричан танг шудани сурох ва ихтилоли фаъолияти онхо мегардад. Зимни пайдоиши А. чараёни хун дар шараён, ки узвхоро бо оксиген ва моддахои гизои таъмин мегардонад, нокис ва фаъолияти он махдуд хохад шуд. Дар натича узв аз ухдаи ичрои вазифахои худ дуруст баромада наметавонад.
А. дар чавони чун атероматоз ба вучуд омада, сол аз сол бештар мешавад. А. нисбат ба мардон дар занон 3 – 4 маротиба камтар ва ба хисоби миёна 10 сол баъдтар, одатан, баъди огози давраи климакс вомехурад. Дар натичаи А. рагхои хаётан мухими дил ва майна осеб меёбанд. А. метавонад боиси корношоями ва фавти беморон гардад.
Дар он кисми девораи артерия, ки аз А. осеб дидааст, гайр аз хучайра ва торхои бофтаи фибрози хамеша холестерин низ гирд меояд. Аз ин ру духтурон онро сабаби ягонаи инкишофи А. мепиндоштанд. Вале дар раванди омузиши амики хусусиятхои А. маълум шуд, ки акидаи мазкур чандон асос надорад. Холестерин ба микдори зиёд дар майна ва гадудхои болои гурда хосил ва чамъ мешавад; вай дар таркиби пардаи бисёр хучайрахои организми зинда мавчуд аст; бофтахои чарби низ холестерини зиёд доранд. Дар организми одам холестерин дучори тагйироти гуногун мегардад. Дар натича вобаста ба хусусиятхои чараёни мубодила пайвастхои холестериние хосил мешаванд, ки бидуни мамониат ба девораи раг мегузаранд (асосан моддахои табиаташон сафедави). Дар ин холат гилзати холестерин дар зардоби хун меафзояд; аз ин лихоз гилзати зиёди холестерин (гиперхолестеринемия) дар хуни маризони гирифтори А. омили номатлуб буда, ба инкишофи бемори мусоидат мекунад.
Дар пайдоиш ва инкишофи А. тагйироти хучайрахои бофтаи девораи артерияхо мавкеи мухим ва хатто халкунанда доранд. Чараёни А. ду тамоюлро дарбар мегирад: якум – афзудани осеби девораи раг ва дар он тахшин шудани холестерин; дуюм – аз девораи артерия дур гаштани тахшини холестерин ва дуруст шудани кисмхои осебдидаи девора. Ба таври дигар гуем, А. нафакат хусусияти инкишоф ёфтан, балки кобилияти бозгаштан низ дорад.
Азбаски А. суст (дар муддати дахсолахо) инкишоф меёбад, он бояд аз синни чавони то охири умр пешгири карда шавад. Тадбирхои чилавгирии А. ичрои маслихат ва тавсияхои духтурро оид ба тарзи хаёти солим дар назар доранд.
Дил ва силсилаи рагхо амалан дар хама гуна таассури одам нисбат ба ангезандахои мухит ширкат меварзанд. Бинобар ин табиист, ки изтироби системаи асаб боиси кори пуршиддати дил ва силсилаи рагхо мегардад. Асабони шудан ё азоби рухи кашидан аз омилхоест, ки ба силсилаи рагхо таъсири манфи мерасонад. Аз ин ру хотима бахшидан ба рафторхои номатлуб аз чумлаи мухимтарин роххои пешгирии А. махсуб меёбад.
Барои пешгирии А. кабл аз хама фаъолияти хуби танзими асабу гормони зарур аст. Костагии фаъолияти мушакхо (гиподинамия), истеъмоли зиёди хуроки серчарб (боиси фарбехи мегардад), камии витаминхо дар хурок ва тамокукаши ба пайдоиши А. мусоидат мекунанд. Азбаски чигар чараёни мураттаби табаддулоти биохимиявиро таъмин менамояд, барои кори муътадили он хурок бояд сервитамин бошад. Гайр аз ин, дар баъзе мавридхо пархез лозим аст. Барои бартараф намудани тахшинхои атеросклерози истеъмоли равгани растани (офтобпараст, пахта, зайтун ва г.) нафъи зиёд дорад.
Инкишофи А. ба баланд шудани фишори хун низ вобаста аст. Бояд огох кард, ки худмуолича (бо максади паст кардани фишори хун) окибати нохуш ба бор меорад, чунки якбора паст шудани фишори хуни одамони гирифтори А. кори магзи сар, дил ва диг. узвхоро халалдор месозад. Диабети канд аз кабили он беморихоест, ки ба инкишофи А. такон медихад. Чунин беморон бояд хатман тахти назорати доимии духтур бошанд.
А. бемории ирси нест ва аз падару модар ба фарзанд намегузарад. Вале майл доштан ба он дар хакикат ходисаи мероси аст. Бинобар ин шахсоне, ки падару модарашон дучори А. шудаанд, бояд ин бемориро хатман пешгири кунанд.
А.-и умуми (хамаи рагхо) нисбатан кам дучор меояд. Хангоми он, одатан, рагхои магзи сар, дил, гурда ва пой бештар осеб меёбанд. Дар мавриди багоят афзудани тагйироти атеросклерози ихтилоли шадиди гардиши хуни рагхои майна рух намуда, эхтимол дорад бо сактаи магзи сар анчом пазирад. Дар натичаи А.-и рагхои иклили ва камхунии мушакхои дил нокисии иклили ном бемори ба вучуд меояд. Дар заминаи он зики дил ва сактаи дил барин ночурихо инкишоф меёбанд. Хангоми ба склероз гирифтор шудани артерияхои пой мушакхои соки пой дард карда, пой бемадор ва рох рафтан мушкил мешавад.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …