Главная / Илм / АТЕЛЕКТАЗИ ШУШ

АТЕЛЕКТАЗИ ШУШ

atelectazАТЕЛЕКТАЗИ ШУШ (аз юн. ateles – нопурра, чалла ва ektasis – ёзондан), бемории шуш, ки бинобар нарасидани хаво алвеолахо пуч мегарданд. Сабаби А. ш. руст шудани бронх ё фишор ёфтани шуш аст. Вобаста ба сабаб ва тарзи инкишоф А. ш. модарзоди ва гайримодарзоди мешавад. А. ш.-и модарзоди хоси навзодхо буда, дар натичаи аспиратсияи оби хамрохак ё хун ба вучуд меояд. Сабаби А. ш.-и гайримодарзоди, одатан, дар натичаи бо чисмхои бегона, балгами часпак, хун, маводи кай, омос ва г. руст шудани бронххо мебошад.
Дар мавзеи иллати илтихоб – пневмонияи ателектази ба вучуд омада, фаъолияти хавогирии он суст мешавад. Агар ателектаз шадид ва дар муддати кутох рух намояд, бронххо бо луоби гафсу тоза пур мешаванд. Дар чунин мавридхо баъди рафъ сохтани сабабхои иллат бофтахои шуш метавонанд аз дигар ба фаъолият пардозанд.
Муоличаи А. ш. дар беморхона сурат мегирад. Бо максади баркарор сохтани кобилияти гузаронандагии бронххо аз бронхоскопия истифода мекунанд. Дар мавриди сабук будани раванди иллат балгам ва хунро ба воситаи катетер метавон берун овард (онро ба бронх аз рохи бини ё дахон ворид месозанд).
Пешгирии А. ш. хусусан баъди аз сар гузаронидани амалиёти чаррохи зарур аст. Бемор бояд чукур нафас кашад; ба у фахмондан лозим аст, ки барои озод будани рохи нафас сурфида истад.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …