Главная / Илм / АТАКСИЯ

АТАКСИЯ

koordinaciyaАТАКСИЯ (аз а – хиссачаи инкори ва юн. taxis – сомон, тартиб), халал ёфтани созгорию низоми харакат; ба хамдигар мувофикат накардани фаъолияти мушакхо. Барои дуруст харакат кардан ва мувозинати чисм фаъолияти муштараки мушакхо зарур аст. Чунба (импулс)-хое, ки аз мушакхо, рагу пай ва банду бугум меоянд, тавассути хароммагз ба майна интикол меёбанд. Бахри харакати борабт хусусан чунбахое, ки аз каналхои гуши даруни меоянд, хеле мухиманд. Хангоми ихтилоли яке аз кисматхои он А. сар мезанад. А. статики (носозии мувозинат дар вазъи рост истодан) ва динамики (ночурии харакатхо) мешавад. Хангоми А. харакати бадан носарех ва беробита мегардад. А. чор навъ мешавад: сенситиви (тахсиси), пешонави, майначави ва лабиринти. А.-и сенситиви хангоми ночурии силсилаи асабхои канори ба амал меояд. Аломати он нодуруст рох рафтан аст. Бемор пойхояшро васеъ гузошта, калон-калон кадам мегузорад, бо зури пой менихад. А.-и пешонави дар натичаи ихтилоли фаъолияти роххои пешонаю майнача мушохида мешавад. Дар мавриди А.-и майначави андозаи харакати зарури вайрон шуда, аз эътидол мебарояд (гиперметрия), ичрои харакатхои тези пайдарпай (мас., тез-тез чаппаву роста кардани кафи даст) номумкин мегардад. Бемор пойхояшро васеъ гузошта, калавида-калавида рох меравад, аъзои бадан кашиш хурда меларзад, чашмхо беихтиёр парида меистанд, нутк вайрон шуда, суст ва канда-канда харф мезанад. Дар мавриди А.-и лабиринти сарчархи, номураттабии мувозинати бадан ва г. ба назар мерасад.
Бо максади табобати А. бемории асосиеро, ки сабабгори он шудааст, дармон кардан лозим. Дар ин маврид ахамияти варзиши шифои низ кам нест.

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

planet

ЗАМИН – САЙЁРАИ СИСТЕМАМ ОФТОБИ

Сабабхои тагйирёбии фаслхои сол. Аз курси табиатшиноси мо медонем, ки Офтоб ин маркази системаи офтобии мо …