Главная / Илм / АТ-ТАЛВЕХ ИЛО АСРОРИ-Т-ТАНКЕХ

АТ-ТАЛВЕХ ИЛО АСРОРИ-Т-ТАНКЕХ

0_14b515_5b31cb56_orig«АТ-ТАЛВЕХ ИЛО АСРОРИ-Т-ТАНКЕХ», асари Фахриддин Мухаммад ибни Абдуллатиф (Абдуллох)-и Хучанди (ваф. 1157). «А.» мухтасари «Танкеху-л-макнун мин мабохиси-л-Конун»-и худи муаллиф буда, «Танкех» дар навбати худ мухтасари китоби «Ал-Конун фи-т-тиб»-и Ибни Сино мебошад. Яъне муаллиф «Ал-Конун фи-т-тиб»-ро як бор мухтасар карда, сипас ин мухтасарро боз мухтасартар кардааст. «А.» бо вучуди хурд будан, масъалахоеро дарбар гирифтааст, ки дар китобхои муфассал ёфт намешаванд. Муаллиф хамчунин бисёр чизхои тозаро, ки Ибни Сино зикр накардааст, дар китоб ворид намудааст. Китоб аз панч фан иборат аст: фанни аввал дар таърифи тиб, мавзуи он ва дар умури табии; фанни дуввум дар баёни беморихо ва сабабхои онхо; фанни севвум дар баёни хифзи тандурусти; фанни чахорум дар баёни намудхои муолачахо; фанни панчум дар баёни табхо ва бухронхо. Сипас бар ин мухтасар табиб Лутфуллохи Мисри шархи муфассал навишта, онро «Ат-Тасрех фи шархи-т-Талвех» номидааст.
Ад.: Хочихалифа, «Кашфу-з-зунун ан асомии-л-кутуби ва-л-фунун», ч. 1, Лубнон, 2007.
С. Шахобуддинов.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …