Главная / Чамъият / АССОТСИАТСИЯИ ИСТИФОДАБАРАНДАГОНИ ОБ

АССОТСИАТСИЯИ ИСТИФОДАБАРАНДАГОНИ ОБ

КОНУНИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН

 ДАР БОРАИ АССОТСИАТСИЯИ ИСТИФОДАБАРАНДАГОНИ ОБ

 (Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон соли 2006, №11, мод.474; с. 2011, №3, мод. 173;)

Конуни мазкур асосхои хукукии ташкил, фаъолият ва идора намудани ассотсиатсияи истифодабарандагони обро хамчун ташкилоти гайритичорати, чихати таъмини истифода ва нигохдории шабакахои обёри барои манфиатхои чамъияти танзим месозад.

БОБИ 1.

МУКАРРАРОТИ УМУМИ

Моддаи 1. Конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи ассотсиатсияи истифодабарандагони об

waterКонунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи ассотсиатсияи истифодабарандагони об ба Конститутсияи (Сарконуни) Чумхурии Точикистон асос ёфта, аз Конуни мазкур ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон, инчунин санадхои хукукии байналмилалие, ки Чумхурии Точикистон эътироф намудааст, иборат мебошад.

Моддаи 2. Мафхумхои асоси

Дар Конуни мазкур мафхумхои асосии зерин истифода бурда мешаванд:

ассотсиатсияи истифодабарандагони об – ташкилоти гайритичоратие, ки аз чониби шахсони хукукии дорои хукуки истифодаи замин барои истехсоли махсулоти кишоварзи ва ташкилотхои тичорати таъсис дода мешавад;

шабакахои обёри – мачмуи иншоотхои обёри, захбуру захкашхо, кубурхо, каналхо, обанборхо, иншоотхои гидротехники, пойгоххо ва чоххои обкаши, хатхои интиколи барк ва алока, роххо, купрукхо, иморатхо ва дигар инфраструктураи марбути хочагии об;

гурухи истифодабарандагони об – сохибони китъахои муайяни замин, ки аз як канал, пойгох ва чохи обкаши, сарбанд ва иншооти обтаксимкунанда бо об таъмин мегарданд. Ин китъа ба хочагихои дехкони (фермери), кооперативхои истехсоли, корхонахо новобаста аз шакли моликияташон ва дигар хочагихо тааллук дошта метавонад;

аъзои ассотсиатсияи истифодабарандагони об – сохибкорони инфиродива шахсони  хукукии дорои хукуки истифодаи замин барои истехсоли махсулоти кишоварзи, ки дар худуди минтакаи хизматрасонии ассотсиатсияи истифодабарандагони об чойгир буда, оинномаи ассотсиатсияи истифодабарандагони обро эътироф намуда, бо хохиши худ аъзои ассотсиатсия  шудаанд;

минтакаи намояндаги – кисми минтакаи хизматрасонии ассотсиатсияи истифодабарандагони об ва замин, ки аъзои ассотсиатсияи истифодабарандагони об буда, як ё якчанд намояндаро ба мачлиси намояндагон интихоб мекунанд;

маблаги аъзохакки – маблаге, ки бо карори мачлиси умуми аз аъзои ассотсиатсияи истифодабарандагони об чамъ карда, барои идора ва нигохдории шабакахои обёри ва таъмини фаъолияти ассотсиатсияи истифодабарандагони об сарф карда мешавад;

маблаги хакки хизмати обрасони – маблаге, ки аз аъзои ассотсиатсия ва дигар истифодабарандагони об чамъ карда шуда, барои пардохти хакки обрасонии идорахои давлатии хочагии об, чихати бо об таъмин намудани минтакаи хизматрасонии ассотсиатсияи истифодабарандагони об харч  карда мешавад;

идораи хочагии об – ташкилоти давлатие, ки чихати таъмини эхтиёчоти гуногуни сохахои хочагии халк, аз манбаъхо гирифтани об, расонидан ва байни истифодабарандагон таксим намудани он фаъолият мебарад;

минтакаи хизматрасонии ассотсиатсияи истифодабарандагони об – минтакаи муайяни чугрофи, ки хизматрасони ба он аз тарафи ассотсиатсияи истифодабарандагони об сурат мегирад.

Моддаи 3. Максад ва вазифахои ассотсиатсияи истифодабарандагони об

Ассотсиатсияи истифодабарандагони об бо максади нигох доштан, истифода намудани шабакахои обёрии дохилихочаги, ки дар истифодаи якчоя ва инфироди карор доранд, чихати таксими боадолатона, самаранок ва бахангоми об байни аъзои он ва дигар истифодабарандагони об, чамъоварии пули пардохти обрасони, халли низоъхои байни аъзо ва дигар истифодабарандагони об оид ба таксим ва истифодаи об ташкил дода мешавад.

Вазифахои асосии ассотсиатсияи истифодабарандагони об инхоянд:

– бастани шартнома бо идорахои хочагии об оид ба таъмини минтакахои хизматрасонии ассотсиатсияи истифодабарандагони об аз манбаъхо;

– идораи шабакахои обёри дар минтакаи хизматрасонии ассотсиатсияи истифодабарандагони об ва таксими об дар асоси шартномахо ба аъзои ассотсиатсияи истифодабарандагони об ва ба онхое, ки аъзои ассотсиатсияи истифодабарандагони об намебошанд;

–  идора, нигохдори, баркароркуни, таъмир ва бехтар гардонидани системахои обёри дар минтакаи хизматрасонии ассотсиатсияи истифодабарандагони об ва хангоми зарурат анчом додани корхои сохтмони;

– дастрас, васл, иваз намудан ва нигох доштани тачхизоти гидротехники дар минтакаи хизматрасони;

– бахисобгирии хачм ва сифати оби истифодашуда, супоридани хисоботи омори ба макомоти ваколатдори давлати оид ба танзим ва истифодаи об;

– сарфа ва пешгири намудани ифлосшавии об дар минтакаи хизматрасонии ассотсиатсияи истифодабарандагони об;

– гузаронидани чорабинихо оид ба истифодаи самаранок, хифз ва бехтар намудани холати мелиоративии заминхо;

– ба аъзо ва дигар истифодабарандагони об омузонидани роххои сарфакоронаи обёри, истифодабарии техника ва технологияи нави обёрикунанда;

– халли бахсхое, ки хангоми истифодабарии об дар байни аъзо ва дигар истифодабарандагони об, инчунин хангоми нигохдори, истифодаи шабакахои обёри ва дигар холатхо ба миён меоянд.

Ассотсиатсияи истифодабарандагони об метавонад бо дигар намуди фаъолияти мукаррарнамудаи оиннома машгул гардад.

Моддаи 4. Принсипхои умумии фаъолияти ассотсиатсияи истифодабарандагони об

Ассотсиатсияи истифодабарандагони об дар асоси принсипхои зерин фаъолият мекунад:

– чалби аъзои ассотсиатсияи истифодабарандагони об чихати иштироки онхо дар корхои идоракуни ва таъмиру баркароркунии иншоотхои обёри;

– риоя намудани адолат, баробархукуки, ба назар гирифтани фикру акида ва  пешниходи аъзои ассотсиатсияи истифодабарандагони об ва дар асоси принсипхои демократи, конунгузории Чумхурии Точикистон хал намудани масъалахои пешниходгардида;

– кафолату таъмини шаффофияти маълумотхо оид ба корхои чори ва фаъолияти молиявии ассотсиатсияи истифодабарандагони об ва расонидани он ба аъзои ассотсиатсия;

– кафолати дуруст ва баробар таксим намудани об дар байни аъзои  ассотсиатсияи истифодабарандагони об ва дигар истифодабарандагони об мувофики меъёри обёри ва накшаи истифодабарии об;

– таъмини истифодаи окилона ва самараноки об бо максади сарфаи он ва пешгири кардан аз захролудшави, ботлокшави ва шуршавии заминхо;

– кафолати хифзи хукуку манфиатхо ва чонибдории акидаю андешахои макбули аъзои ассотсиатсияи истифодабарандагони об;

– таъмини шаффофияти кабули карорхо ва дигар асноди ассотсиатсияи истифодабарандагони об.

БОБИ 2.

ТАШКИЛ ВА БАРХАМДИХИИ  Ассотсиатсияи  истифодабарандагони об

Моддаи 5. Ташкили ассотсиатсияи истифодабарандагони об

Ассотсиатсияи истифодабарандагони об дар асоси карори муассисон ташкил карда мешавад.

Муассисони ассотсиатсияи истифодабарандагони об шахсони хукуки ва сохибкорони инфироди, ташкилотхои тичорати шуда метавонанд, ки дорои китъаи замини обёришаванда мебошанд. Аз хисоби муассисон ва дигар истифодабарандагони об кумитаи ташаббускор ташкил карда мешавад, ки ба он аз хар минтака як нафари намоянда шомил мешавад ва онхо аз байни худ раиси кумитаро интихоб  мекунанд.

Кумитаи ташаббускори ассотсиатсияи истифодабарандагони об минтакаи хизматрасони, шумора ва чойгиршавии гуруххои истифодабарандагони об, шумораи маълумотхои заруриро муайян намуда, дар чараёни вохурихои расми ва гайрирасми максад, вазифа ва принсипхои ташкилот, вазифа ва ухдадорихои аъзои ассотсиатсияи истифодабарандагони обро фахмонда медихад. Дар чараёни фаъолияти кумитаи ташаббускор дар чамъомади гайрирасмии истифодабарандагони об аз зумраи намояндагони истифодабарандагони оби минтакаи хизматрасони гурухи кори оид ба тахияи лоихаи оиннома таъсис дода мешавад. Гурухи кори тахияи лоихаи оинномаи ассотсиатсияи истифодабарандагони об ва мухокимаи онро дар минтакахои намояндаги ташкил намуда, баъд барои мухокима ва кабул ба мачлиси умумии муассисон пешниход менамояд.

Ассотсиатсияи истифодабарандагони об ба сифати шахси хукуки аз лахзаи бакайдгирии давлатии он бо тартиби мукаррарнамудаи Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи бакайдгирии давлатии шахсони хукуки ва сохибкорони инфироди» фаъолият менамояд. (КЧТ аз 25.03.11с №706)

Моддаи 6. Хуччатхои таъсисии ассотсиатсияи истифодабарандагони об

Хуччатхои таъсисии ассотсиатсияи истифодабарандагони об шартномаи таъсисии аз чониби аъзои он имзогардида ва оиннома  мебошанд.

Шартномаи таъсисии ассотсиатсияи истифодабарандагони об бояд маълумоти зеринро дар бар гирад:

– созишнома оид ба ташкили ассотсиатсияи истифодабарандагони об бо тасдики номи ассотсиатсияи истифодабарандагони об;

– максади асосии таъсиси ассотсиатсияи истифодабарандагони об;

– тартиби ташаккули манбаъхои маблаггузори ва моликияти ассотсиатсияи истифодабарандагони об;

– хуччатхои асосии танзимкунандаи кори ассотсиатсияи истифодабарандагони об;

– муайян намудани тартиби  муносибати ассотсиатсияи истифодабарандагони об бо макомоти идораи давлати;

шартхои кабул ва ворид кардани тагйирот ба шартномаи таъсиси, кабули аъзои нав, бархамдихи ва азнавташкилдихии ассотсиатсияи истифодабарандагони об.

Оинномаи ассотсиатсияи истифодабарандагони об аз чониби хамаи муассисони он тасдик карда мешавад.

Оинномаи ассотсиатсияи истифодабарандагони об бояд маълумоти зеринро оид ба ин чизхо дар бар гирад:

– номи ассотсиатсияи истифодабарандагони об;

– максаду вазифахои ассотсиатсияи истифодабарандагони об;

– махалли чойгиршавии ассотсиатсияи истифодабарандагони об;

– шакли идоракунии ассотсиатсияи истифодабарандагони об;

– хукуку ухдадорихои ассотсиатсияи истифодабарандагони об;

– хукуку ухдадорихои аъзои ассотсиатсияи истифодабарандагони об;

– шарт ва тартиби аъзо шудан ба ассотсиатсияи истифодабарандагони об ва баромадан аз аъзогии он;

– манбаъхои ташаккули  маблагу моликияти ассотсиатсияи истифодабарандагони об;

-тартиби ворид сохтани тагйирот ба оинномаи ассотсиатсияи истифодабарандагони об;

– сохтор, тартиби таъсисдихи ва салохияти макомоти идоракунандаи ассотсиатсияи истифодабарандагони об, инчунин  тартиби кабул намудани карорхо;

– тартиби ташкил, бакайдгири,  азнавбакайдгири ва бархамдихии ассотсиатсияи истифодабарандагони об;

– тартиб ва ташкили манбаъхои маблаггузори барои пардохти товони зараре, ки аз тарафи ассотсиатсияи истифодабарандагони об ба аъзои ассотсиатсияи истифодабарандагони об, ба хочагихо, аъзо ва ба заминхои он расидааст;

– принсипхои асоси фаъолияти ассотсиатсияи истифодабарандагони об;

-талабот ба коргузори ва хуччатгузории ассотсиатсияи истифодабарандагони об;

– макомоти ичроияи ассотсиатсияи истифодабарандагони об, сохтор, вазифахо ва ухдадорихои он.

Оинномаи ассотсиатсияи истифодабарандагони об метавонад мукаррароти дигареро, ки ба Конститутсияи (Сарконуни) Чумхурии Точикистон ва конунгузории Чумхурии Точикистон мухолиф нестанд,  дар бар гирад.

Дар оинномаи ассотсиатсияи истифодабарандагони об метавонад чавобгарии узви ассотсиатсияи истифодабарандагони об барои риоя накардани мукаррароти оиннома ва карорхои макоми олии идоракунии он пешбини шавад.

Моддаи 7. Азнавташкилдихи ва бархамдихии ассотсиатсияи истифодабарандагони об

Ассотсиатсияи истифодабарандагони об бо карори мачлиси умумии аъзои он метавонад ихтиёран  аз нав ташкил  ё бархам дода шавад.

Хангоми азнавташкилдихии ассотсиатсияи истифодабарандагони об санади супоридан ва ё аз тавозун баровардани механизму иншоотхои обёри тартиб дода мешавад, ки дар он тартиби ба хамаи кредиторхо ва карздорон гузаштани ухдадорихои ассотсиатсияи азнавташкилшавандаи истифодабарандагони об ифода меёбад.

Санади супоридан ва ё аз тавозун баровардани механизму иншоотхои обёри аз тарафи мачлиси умумии ассотсиатсияи истифодабарандагони об, ки карори азнавташкилдихии ассотсиатсияро кабул  намудааст, тасдик карда, бо дигар хуччатхои таъсисии ассотсиатсияи азнавташкилшуда барои бакайдгирии давлати пешниход карда мешавад.

Дар давраи бархамдихии ассотсиатсияи истифодабарандагони об комиссияи бархамдихии ассотсиатсия аз хайати макомоти идоракунанда ва аъзои ассотсиатсияи истифодабарандагони об таъин карда мешавад, ки он фаъолияти худро дар асоси конунгузории Чумхурии Точикистон амали менамояд.

Маблаг ва активхое, ки дар суратхисоби ассотсиатсияи истифодабарандагони об мавчуданд, бо карори комиссияи бархамдихии ассотсиатсия танхо баъд аз пардохти хама гуна карзхо байни аъзои ассотсиатсияи истифодабарандагони об таксим карда мешаванд.

Бархамдихии ассотсиатсияи истифодабарандагони об дар холате ба субут мерасад ва ассотсиатсияи истифодабарандагони об дар хамон вакт бархамхурда хисобида мешавад, ки номи он аз фехрасти давлатии шахсони хукуки хорич карда шавад.

БОБИ 3.

ВАЗЪИ ХУКУКИИ

Ассотсиатсияи  истифодабарандагони об

Моддаи 8. Хукукхои аъзои ассотсиатсияи истифодабарандагони об

Аъзои ассотсиатсияи истифодабарандагони об хукук доранд:

– дар асоси меъёр ва накшаи истифодабарии об аз  ассотсиатсияи истифодабарандагони об барои обёри об талаб намоянд;

– аз хизмати обрасонии ассотсиатсияи истифодабарандагони об тибки меъёрхои кабулгардида истифода кунанд;

– мутобики оиннома дар кабули карорхо бевосита иштирок намоянд;

– дар мачлиси умуми ё мачлиси намояндагони минтакахои намояндаги хамчун шахси масъул ширкат варзида, ба рузномаи мачлис таклифхо пешниход намоянд;

– номзадии худ ва дигар аъзоро ба макомоти  рохбарикунанда пешбари кунанд;

-мувофики конунгузории Чумхурии Точикистон ва оинномаи ассотсиатсияи истифодабарандагони об хукукхои худро химоя намоянд;

– дар сурати риоя накардани шартнома, расонидани зарар ба замин ва зироатхо мувофики конунгузории Чумхурии Точикистон товони зиёнро аз ассотсиатсияи истифодабарандагони об ситонанд;

-бо хуччатхои бахисобгири ва хисоботии ассотсиатсияи истифодабарандагони об  шинос шаванд;

-пас аз анчоми соли молияви мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон аз хайати ассотсиатсия бароянд.

Моддаи 9. ухдадорихои  аъзои  ассотсиатсияи истифодабарандагони  об

Узви ассотсиатсияи истифодабарандагони об ухдадор аст:

– оинномаи ассотсиатсияи истифодабарандагони об ва дигар карорхои дохилии онро, ки аз тарафи мачлиси умуми ё мачлиси намояндагон кабул мегардад, ба рохбари гирад;

– мутобики оиннома ва шартнома саривакт маблаги муайянро пардохт намояд;

– накшаи обтаксимкунии ассотсиатсияи истифодабарандагони обро риоя намояд;

– дар худуди замини худ барои дуруст нигох доштани шабакахои обёри ва холати мелиоративии заминхои оби кафолат  дихад;

– товони зиёнеро, ки бо айби у ба амволи ассотсиатсияи истифодабарандагони об  расидааст, дихад;

– ба ассотсиатсияи истифодабарандагони об оид ба истифодаи замин ва об маълумот пешниход намояд;

– ба ассотсиатсияи истифодабарандагони об барои  истифода ва таъмири иншоотхои обёрии китъаи заминаш бе расонидани зарар ба замин ва зироатхо ичозат дихад.

Моддаи 10. Хукукхои ассотсиатсияи истифодабарандагони об

Ассотсиатсияи истифодабарандагони об хукук дорад:

– амволи заруриро харидори намуда, хукукхои амволию гайриамволи ба даст оварад;

– бо идорахои давлатии хочагии об ва истифодабарандагони об шартнома бандад;

– барои саривакт омода намудани  шабакахои обёри ба мавсими обдихи маблаги зарури дарёфт намояд;

– аз истифодабарандагони об маблаги хизмати обрасони ва дигар пардохтхои мукарраршударо талаб намояд;

– дар мавриде, ки заминро барои ба кандани чую захбур ва сохтани рох истифода мебаранд, ба истифодабарандагони он дар холати расидани зарар мутобики Кодекси замини Чумхурии Точикистон товони онро чуброн намояд;

– оид ба воридоти амвол ба Чумхурии Точикистон барои таъмини фаъолияташ шартнома бандад;

– бо максади хамохангсозии ичрои вазифахои оинномавии худ метавонад Федератсияи ассотсиатсияхои истифодабарандагони обро ташкил дихад, ки мутобики оинномаи тасдикгардида амал менамояд;

– дигар фаъолиятро, ки бар хилофи конунгузории Чумхурии Точикистон намебошад, ичро намояд.

Моддаи 11. ухдадорихои ассотсиатсияи истифодабарандагони об

Ассотсиатсияи истифодабарандагони об ухдадор аст:

– иншоотхои обёриро дар холати кори нигох дорад, дар мавриди зарурат иншооти нави обёри бунёд созад;

– таксими одилона ва назорати истифодаи самараноки обро мувофики меъёрхои агротехники ва мелиоративи дар байни аъзояш ва дигар истифодабарандагони об ба рох монад;

– оид ба  хифзи мухити зист, пешгири ва бартараф намудани зарару окибати офатхои табии, шуршави ва ботлокзор шудани замин тадбирхо андешида,  барои амали гардонидан онхоро ба макомоти хокимияти давлати пешниход намояд;

-корхои обёрикуниро дар минтакаи хизматрасони бо истифодабарандагони об мутобик созад;

– фикру акидаи макбули аъзои худро дастгири намояд;

– маблаги хизмати обрасониро ба идораи хочагии об мувофики хачми оби истифодашуда пардохт намояд;

-бахсу ихтилофхоро, ки дар чараёни истифодаи об байни аъзои ассотсиатсияи истифодабарандагони об ба вучуд меоянд, барраси ва хал намояд;

-корхои дигари бехтар кардани таъминоти об, холати мелиоративии заминхои оби, истифодаи окилонаи об ва заминро дар минтакаи хизматрасониаш анчом дихад.

Ассотсиатсияи истифодабарандагони об аз руи ухдадорихои аъзои худ масъулият надорад.

БОБИ 4.

ИДОРАКУНИИ  Ассотсиатсияи истифодабарандагони об

Моддаи 12. Макомоти идоракунии ассотсиатсияи истифодабарандагони об

Макомоти идоракунандаи ассотсиатсияи истифодабарандагони об инхоянд:

– мачлиси умумии аъзои ассотсиатсияи истифодабарандагони об;

– раёсати ассотсиатсияи истифодабарандагони об;

– комиссияи тафтишотии ассотсиатсияи истифодабарандагони об.

Ассотсиатсияи истифодабарандагони об метавонад инчунин чихати халли бахсхо комиссия ва дигар макомотро мутобик ба Конуни мазкур ташкил дихад.

Як шахс наметавонад дар як вакт узви раёсат, комиссияи тафтишоти ва комиссия оид ба халли  бахсхо бошад.

 

Моддаи 13. Мачлиси умумии аъзои ассотсиатсияи истифодабарандагони об

Мачлиси умуми макоми олии идоракунии ассотсиатсияи истифодабарандагони об ба шумор меравад.

Масъалахои зерин аз салохияти мустаснои мачлиси умуми мебошанд:

-кабул ва тагйир додани оинномаи ассотсиатсияи истифодабарандагони об;

– кабул ва хорич намудани аъзои ассотсиатсияи истифодабарандагони об;

– муайян намудани тартиби овоздихи ва интихоби аъзои раёсат, раиси ассотсиатсияи истифодабарандагони об, аъзои комиссияи тафтишоти ва комиссия оид ба халли бахсхо;

– тасдики карорхои раёсат, комиссияи тафтишоти ва комиссия оид ба халли бахсхо;

– муайян намудани маблаги аъзохакки;

– мукаррар кардани музди мехнати кормандони кирояи ассотсиатсияи истифодабарандагони об;

-тасдики накшахо ва бучети солонаи ассотсиатсияи истифодабарандагони об;

-ташкили сохтори идоракунии ассотсиатсияи истифодабарандагони об ва катъ намудани ваколати онхо;

– тасдики хисоботи солона ва тавозуни мухосибавии ассотсиатсияи истифодабарандагони об;

-мухокима ва кабули хисоботи раёсат, комиссия ва кумитаи  ассотсиатсияи истифодабарандагони об;

-кабул ва тасдики низомнома, дастурамал ва коидахои дохилии ассотсиатсияи истифодабарандагони об;

– таъсиси мачлиси намояндагон;

-кабули карорхо оид ба таъсис ва бархам додани ассотсиатсияи истифодабарандагони об.

Мачлиси умуми дар сурате салохиятнок хисобида мешавад, ки дар он  аз се ду хиссаи аъзояш иштирок дошта бошанд.

Хар узви ассотсиатсияи истифодабарандагони об хангоми кабули карори мачлиси умуми як овоз дорад.

Мачлиси умуми аз руи масъалахои баррасишаванда дар доираи  салохияти худ бо тарафдории аксарияти шумораи аъзои ассотсиатсияи истифодабарандагони об карор кабул мекунад ва ичрои онро назорат менамояд.

Тартиби даъват ва гузаронидани мачлиси умумии навбати ва гайринавбатиро оинномаи ассотсиатсияи истифодабарандагони об муайян менамояд.

Мачлиси умумии гайринавбати бо ташаббуси раёсати ассотсиатсияи истифодабарандагони об, комиссияи тафтишоти ва бо талаботи на камтар аз 10  фоизи аъзои ассотсиатсия даъват карда мешавад.

Раёсати ассотсиатсия аъзои ассотсиатсияи истифодабарандагони обро 7 руз пеш аз гузаронидани мачлиси гайринавбатии умуми бо нишондоди рузнома ва макону замони  гузаронидани мачлис ба таври хатти огох мекунад.

 

Моддаи 14. Намояндаги дар мачлиси  умумии ассотсиатсияи истифодабарандагони   об

Ассотсиатсияи истифодабарандагони об бо назардошти холати вокеии шабакахои обёри ва шохахои он, махалхои ахолинишини минтакахои хизматрасонии ассотсиатсияи истифодабарандагони об бо карори мачлиси умумии  ассотсиатсияи истифодабарандагони об мачлиси намояндагони ассотсиатсияи истифодабарандагони обро таъсис дода, меъёри намояндагиро аз минтакахои намояндаги ба мачлиси намояндагон муайян менамояд.

Салохияти пешбининамудаи Конуни мазкур ва оинномаи ассотсиатсияи истифодабарандагони об вобаста ба мачлиси умуми нисбати мачлиси намояндагон низ татбик мешавад.

Намояндагон дар асоси оинномаи ассотсиатсияи истифодабарандагони об дар мачлиси минтакахои намояндаги бо овоздихии кушода ё махфи интихоб карда мешаванд.

 

Моддаи 15. Раёсати ассотсиатсияи истифодабарандагони об

Рохбарии чории фаъолияти ассотсиатсияи истифодабарандагони обро раёсати ассотсиатсия амали мегардонад.

Раёсати ассотсиатсияи истифодабарандагони обро раиси раёсат рохбари мекунад, ки аз тарафи мачлиси умумии аъзои ассотсиатсияи истифодабарандагони об интихоб карда мешавад.

Аъзои раёсат аз хисоби аъзои ассотсиатсияи истифодабарандагони об дар мачлиси умуми ё мачлиси намояндагон интихоб мегарданд.

Шумораи хайати раёсат, мухлати интихоби онро оинномаи ассотсиатсияи истифодабарандагони об муайян менамояд.

Мачлисхои раёсат тибки оинномаи ассотсиатсияи истифодабарандагони об гузаронида мешаванд.

Ба салохияти раёсат тамоми масъалахои фаъолияти ассотсиатсияи истифодабарандагони об, ки тибки Конуни мазкур ва оинномаи ассотсиатсияи истифодабарандагони об ба салохияти мустаснои мачлиси умуми ё намояндагон дохил нашудаанд, мансубанд.

Раёсат дар мачлисхои худ карор кабул мекунад.

Мачлиси раёсат дар сурати хузур доштани аз се ду хиссаи аъзои раёсат дар он салохиятнок хисобида мешавад.

Карори раёсат бо тарафдории на камтар аз се ду хиссаи аъзои дар мачлис хузурдошта кабул мегардад.

Раиси раёсат дорои ваколатхои зайл мебошад:

– аз номи ассотсиатсияи истифодабарандагони об бе ваколатнома амал мекунад;

– дар мачлиси умуми ва раёсати ассотсиатсияи истифодабарандагони об раиси мекунад;

– моликияти ассотсиатсияи истифодабарандагони обро идора намуда, аз номи он ваколатнома медихад;

– дар бонкхо ва дигар муассисахои кредити суратхисоб мекушояд;

– ба карорхои раёсат имзо мегузорад;

– бо карори раёсат кормандонро ба кор кабул ва аз кор озод менамояд;

– дар доираи салохияти худ фармонхо мебарорад;

– бо карори раёсат оид ба халли бахсхо комиссия ташкил мекунад;

– барои хал намудани масъалахои таъчилии берун аз салохияти худ мачлиси гайринавбатии умумии ассотсиатсияи истифодабарандагони обро даъват мекунад.

Идоракунии фаъолияти чории ассотсиатсияи истифодабарандагони об, татбики карорхои мачлиси умуми, раёсат бар ухдаи макомоти ичроияи ассотсиатсияи истифодабарандагони об вогузор карда мешавад. Вазифахои макомоти ичроияро оинномаи ассотсиатсияи истифодабарандагони об танзим менамояд.

Раиси ассотсиатсияи истифодабарандагони об барои саривакт насупоридани хисобот, андоз ё калбаки будани онхо тибки мукаррароти конунгузории Чумхурии Точикистон чавобгар аст.

 

Моддаи 16. Комиссияи тафтишоти

Мачлиси умуми ё мачлиси намояндагони ассотсиатсия барои назорати фаъолияти молиявию хочагии ассотсиатсияи истифодабарандагони об комиссияи тафтишотиро дар хайати на камтар аз 3 нафар аъзои ассотсиатсия  интихоб менамояд.

Аъзои комиссияи тафтишоти аз байни худ раиси комиссияро интихоб менамоянд.

Комиссияи тафтишоти холати молиявии ассотсиатсияи истифодабарандагони обро аз руи чамъбасти соли молияви тафтиш менамояд.

Тафтишоти гайринавбатии фаъолияти молиявию хочагии ассотсиатсияи истифодабарандагони об бо карори мачлиси умуми ё мачлиси намояндагон ва бо талаби на камтар аз 10 фоизи аъзои ассотсиатсия гузаронида мешавад.

Комиссияи тафтишоти ба мачлиси умуми ё мачлиси намояндагон хисобот медихад ва аз натичаи тафтишот ба ин макомот таклифхо пешниход менамояд.

Барои халли масъалахои таъчилии берун аз салохияти худ мачлиси гайринавбатии умумии ассотсиатсияро даъват мекунад.

 

Моддаи 17. Комиссия оид ба халли бахсхо

Бо максади халли бахсхое, ки дар байни аъзои ассотсиатсия ва дигар истифодабарандагони об хангоми таксим ё истифодаи об ва гайра мушкилот  ба амал меоянд, бо карори раёсат комиссия оид ба халли бахсхо дар хайати на камтар аз се нафар интихоб карда мешавад.

Натичаи кори комиссияи халли бахсхо бо санаде, ки онро хамаи аъзояш имзо мекунанд, анчом ёфта, барои ичро ба хадамоти дахлдори ассотсиатсияи истифодабарандагони об  супорида мешавад.

Хангоми дар комиссия халлу фасл нашудани бахсхо халли онхо ба тарики суди анчом меёбад.Фаъолияти комиссия баъд аз дида баромадани бахсхо анчом меёбад.

 

БОБИ 5.

МОЛИКИЯТИ Ассотсиатсияи истифодабарандагони об

Моддаи 18.  Моликияти ассотсиатсияи истифодабарандагони об

Моликияти  ассотсиатсияи истифодабарандагони об аз сарчашмахои зерин ташкил меёбад:

– маблаги аъзохаккии аъзои ассотсиатсияи истифодабарандагони об;

– депозити маблаги дар бонк мавчуда;

– кумаки башардустона аз тарафи шахсони вокеи ва хукуки;

– дигар манбаъхое, ки конун манъ накардааст.

Ассотсиатсияи истифодабарандагони об хак дорад сохибмулки хама гуна амвол бошад.

Ассотсиатсияи истифодабарандагони об фондхои асосии шабакахои обёриро, ки дар минтакаи хизматрасонии ассотсиатсияи истифодабарандагони об мавчуданд, бо розигии сохибмулк барои истифодабари ва нигахдори ба тавозуни худ кабул менамояд.

Ассотсиатсияи истифодабарандагони об хукуки фурухтан ё ба дигар ташкилотхо ба ичора, барои истифодабари додани фондхои асосии шабакахои обёрии дар тавозуни худ бударо надорад. Дар холати аз байн рафтани ассотсиатсияи истифодабарандагони об ин фондхо аз руи мансубият ба сохибмулкони пештараашон баргардонида мешаванд.

 

Моддаи 19. Бучети  ассотсиатсияи истифодабарандагони об

Бучети ассотсиатсияи истифодабарандагони об барои пардохти музди мехнати кормандони кироя, таъмири шабакахои обёри ва бехтар намудани холати мелиоративии замин, пардохти харочоти гайринакшавии минтакахои хизматрасони, пардохти андоз ва инчунин дар холатхои фавкуллода истифода бурда мешавад.

Ассотсиатсияи истифодабарандагони об хамчун ташкилоти гайритичорати дар доира ва бо шартхои мукаррарнамудаи Кодекси андози Чумхурии Точикистон андозбанди карда мешавад.

 

БОБИ 6.

МУКАРРАРОТИ ХОТИМАВИ

Моддаи 20. Хисобот дар ассотсиатсияи истифодабарандагони об

Ассотсиатсияи истифодабарандагони об ухдадор аст, ки дар бораи фаъолияти худ тибки мукаррароти конунгузори ба макомоти давлати хисобот пешниход намояд.

Хисоботи солона ва тавозуни мухосибавии ассотсиатсияи истифодабарандагони обро мачлиси умуми ё мачлиси намояндагон баъд аз тафтиши комиссияи тафтишоти тасдик намуда, ба макомоти андоз ва омори давлати дар мухлати мукарраршуда пешниход менамояд.

 

Моддаи 21. Танзим ва дастгирии давлатии ассотсиатсияи  истифодабарандагони об

Танзим ва дастгирии давлатии ассотсиатсияи истифодабарандагони обро макомоти танзимкунанда ва дастгирикунандаи ассотсиатсияи истифодабарандагони об таъмин менамояд, ки Хукумати Чумхурии Точикистон ба ин макомот ваколати танзимкунанда ва дастгирикунандаи ассотсиатсияи истифодабарандагони обро додааст.

Макомоти танзимкунанда ва дастгирикунандаи ассотсиатсияи истифодабарандагони об дар фаъолияти худ хукук дорад:

– фехристи  ассотсиатсияи истифодабарандагони обро ба рох монад;

– ба ассотсиатсияхои истифодабарандагони об оид ба масъалахои хукуки, мухосибави ва техники маслихат дихад ва кумак намояд;

– тартиби истифодаи захирахои об, хифзи онхо аз ифлосшави, камшави ва хушкшави, пешгири ва бартараф кардани таъсири зараровари обро мукаррар намояд;

– накшаи истифодаи тамоми манбаъхои об ва хифзи онхо, тавозуни об, амали гардонидани назорати давлатии истифода ва хифзи захирахои об, мониторинги сифати об ва ифлосшавии объектхои обро тасдик намояд;

– тадбирхоро оид ба истифода ва хифзи об, пешгири ва бартараф намудани таъсири зараровари онхоро ба накша гирад;

– дигар масъалахоеро, ки танзим ва дастгирии давлатии ассотсиатсияи истифодабарандагони обро талаб менамоянд, хал намояд.

 

Моддаи 22. Танзими давлатии фаъолияти  ассотсиатсияи истифодабарандагони об

Танзими давлатии фаъолияти  ассотсиатсияи истифодабарандагони об дар асоси мукаррароти конунгузории Чумхурии Точикистон амали карда мешавад.

Об дар асоси шартномахо, накшахои (чадвалхои) дохилии истифодабарии он дар  ассотсиатсияи истифодабарандагони об мавриди истифода карор     мегирад. Ин накшахо бо ташкилотхои обрасон мувофика карда, аз чониби макомоти махаллии ичроияи хокимияти давлати тасдик карда мешаванд.

 

Моддаи 23. Муносибатхои мехнати дар ассотсиатсияи истифодабарандагони об

Муносибатхои мехнати дар ассотсиатсияи истифодабарандагони об мутобики Кодекси мехнати Чумхурии Точикистон амали мешаванд.

Кормандони ассотсиатсияи истифодабарандагони об мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон ба сугуртаи ичтимои ва таъминоти ичтимои хукук доранд.

 

Моддаи 24. Чавобгари барои вайрон намудани Конуни мазкур

Шахсони вокеи ва хукуки барои вайрон кардани Конуни мазкур бо тартиби мукарраргардидаи конунгузории Чумхурии Точикистон ба чавобгари кашида мешаванд.

 

Моддаи 25. Мавриди амал карор додани Конуни мазкур

Конуни мазкур пас аз интишори расми мавриди амал карор дода шавад.

 

          Президенти Чумхурии Точкистон                                                                 Э. РАХМОНОВ

 

    ш. Душанбе, 21 ноябри соли 2006, №213.

 

 

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …