Главная / Илм / АССЕНИЗАТСИЯ

АССЕНИЗАТСИЯ

assenizaciaАССЕНИЗАТСИЯ (Assanatio; аз франсавии assainissement – тоза кардан), гун овардану безарар гардондани начосат дар махалхое, ки кубури гандоб (канализатсия) надоранд. А. тахти назорати идорахои хочагии коммунали мебошад. Барои чамъоварии начосат аз чохи халочо ва барои гандобхо аз чохе, ки дар руи хавли канда шудааст, истифода мебаранд (онхоро мохе ду бор тоза мекунанд). Начосати моеъро бо накилиёти махсус мекашонанд. Системаи А. бо автосистернахое, ки насосхои вакууми доранд, чихозонида шудааст. Накилиёти А.-ро барои дигар корхо истифода бурдан катъиян манъ мебошад.
Начосатро бештар дар китъахои махсус шудгоршуда безарар мекунанд. Дар хоки ин гуна майдон начосат нафакат безарар мегардад, балки растанихои киштзор моддахои органикии онро чаббида мегиранд. Дар тобистон баъди 1 – 1,5 мох ба 10 м2 сатхи замин 1м3 начосат андохтан мумкин аст. Сатхи замине, ки барои безарар гардондани начосат чудо мекунанд, ба микдори ахоли вобаста аст (барои 1000 наф. 0,6 га замин). Майдони А.-ро кабудизор мекунанд, дар он кубур мехобонанд ё чохе мекобанд, ки обашро гирифтан мумкин бошад; барои шустану безарар гардондани накилиёти А. майдончаи махсус месозанд.
Мувофики коидахои бехдошти санитари майдони А. чунин истифода мешавад: соли якум – начосат андохтан; соли дуюм – киштани алафхои хуроки чорво; соли сеюм – парвариши лаблабуи канд (барои чорво), соли чорум – парвариши картошка. Дар майдони А. парвариши помидор, бодринг, шалгамча, коху ва сабзавоте, ки тару тоза мехуранд, манъ аст.
Дар шахрхои калон иншоотхои нисбатан мураккаби А. бунёд мегарданд, ки дар онхо начосатро ба таври механики, физикию химияви ва биологи тоза мекунанд.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …