Главная / Гуногун / АСРИ ДУРАХШОНИ АДАБИЁТИ ФОРСИИ ТОЧИКИ

АСРИ ДУРАХШОНИ АДАБИЁТИ ФОРСИИ ТОЧИКИ

Аз чихати инкишофи назми классики асри X нахустин рузгори дурахши адабиёти халки точикро ташкил медихад. Адабиёти ин давра на факат огози тараккии адабиёти классикии точик аст, балки дар сайру такомули он чун асос ахамияти бузург дорад. Дар ин давра устоди шоъирон Рудаки ва дар охири он суханвари чахони Фирдавси зиндаги ва эчод мекарданд. Абуали ибни Сино низ аз нобигахои аср буд. Шахиди Балхи (ваф. 937) аз дустон ва хамкорони Рудаки буда, ба ду забон — араби ва точики шеър мегуфт. У бо олими машхури сохаи фалсафа Закариёи Рози (ваф. 945) дар масоили гуногуни илми бахсу мунозирахо пайваста, фикрхояшро дар шакли рисола менавишт. Вай хаттоти пурхунаре хам буд. Аксари адибони дигаре, ки дар ин аср рузгор ба сар мебурданд, низ сохиби шухрати хосе буда, дар адабиёти точик бо фаъолияти эчодии худ  макоми арчмандеро сохиб шуданд. Абушакури Балхи, Кисойии Марвази, Шахиди Балхи, Дакики, Муроди, Фаролови, Хусравони, Гургони, Тохири, Чагони, Мунчик, Абдулфатхи Бусти, Майсари ва дигарон намояндагони барчастаи адабиёти ин давра мебошанд. Дар замонхои баъдина кам ба назар мерасад, ки  дар як аср ин кадар суханварони сохибмакоме ба камол расида бошанд, ки доройи табъи салиму истеъдоди фитри бошанд.

Бале, пояи  хакикии  адабиёти  навини  точик дар  асрхои IX—X гузошта шудааст. Чаро адабиёти ин давра адабиёти навин ва пояи тараккиёти  минбаъдаи адабиёти точику форс номида мешавад? Чунки  то ин замон адабиёти точик ё ба забонхое, ки баъдан аз байн рафтанд, навишта  шудааст, ё ба  забони  араби таълиф гардидааст, ки  забони барои халк бегона буд. Аз асри    IX сар карда адабиёти точик ба забоне офарида мешавад, ки бо он имруз хам  мардуми мо гуфтугу доранд. Забони осори Рудаки, Дакики, Фирдавси, Абуали Сино ва дигарон аз чихати таркиби лугави, таъбиру ифодахо, воситахои  тасвир, сарфу  нахв  ва  тарзи  талаффуз  аз забони хозираи точик фарки куллие надорад. Бар замми  ин,   анъанахои   асосии   адабиёти  точик  дар   хамин замон ба вучуд омада, минбаъда инкишоф ёфтанд. Асоси назариявии адабиёти точик ва талабхои    эстетикии он дар хамин давра  гузошта  шуд. Жанрхои  навъхои асосии адабиёти мо дар насру назм—кисса, кисса андар кисса, хикоят, касида, газал, рубоъи, китъа, маснави, хелхои гуногуни достон махз дар хамин асрхо тавлид гардида, ба низом дароварда шуданд ва минбаъда таракки карданд. Вазни аруз ва тарзи хатмии кофиябандии хос барои хар  як навъи шеъри точики  низ дар хамин давра   устувор  гардид.  Хамаи   ин  пайвандхои   ногусастание мебошанд,  ки  адабиёти  асрхои   IX—Х-ро бо тамоми даврахои адабиёти минбаъдаи мо пайваст   менамоянд  ва тамоми ин  адабиётро чун як адабиёти томи дорои конунхо, талабхо, хадафхо ва анъанахои устувор чилва медиханд.

Тавлид, сабзиш ва такомули адабиёти точик дар асрхои IX—X заминахои хоси таърихи дошт, ки мухимтаринашон аз инхо иборат буданд: ташаккули халки точик, таъсиси давлатхои мустакили точикон, болоравии худшиносии мардум, хамчун забони адабиёту илм маком ёфтан ва забони расмии давлати кабул гардидани забони форсии дари, инкишофи шахрхо чун марказхои илму хунару савдо, дастгирии хокимон аз ахли илму адаб ва амсоли инхо. Хануз соли 1926, ба муносибати нашри «Намунаи адабиёти точик»-и Устод Айни, аллома Саъид Нафиси (1896—1966) дар маколаи худ «Сарзамини поки  ниёконам» назишта буд: «Шуъарои Туркистон маъруфтарин ашъори форсиро сурудаанд. Шахрхои бузургу ободи ин нохия, ки аз кадимтарин шахрхои Эрон шумурда мешаванд, мисли Бухорову Самарканду Балх, то замоне, ки авлоди Темур салтанат карданд, хамеша дорулъилми Эрон буданд. Хануз бадеътарину зеботарин шохкорихои меъморону киштисозони Эронро дар Бухорову Балху Самарканд метавон ёфт. Бузургони Эрон аглаб аз ин сарзамин бархостаанд. Хар китоби форси, ки мехонем, хамеша моро ба ёди ин водии ниёкон меандозад. Чи кадар падарони мо дар он чо мадфун шудаанд! То авосити карни дувоздахум сатре яз таърихи Эрон нест, ки  як бор исми Бухоро ё Самарканду Балх дар он бурда нашуда бошад. Орзуи ман ин аст, ки ин сарзамини поки  ниёкони худро зиёрат кунам ва як бор дар умри хеш забони ширини порсиро аз забони самаркандиёну бухороиён бишнавам».55

Донишманди мучарраби эрони Махмуди Мудаббири рочеъ ба гирд овардан, ташхису интикоди осори шоъирони гумном ё, дурусттараш, бо ибораи худи мусаххех, шоъирони бедевони карнхои Ш, IV, V хичри тадкикоти шоистаеро анчом дода, тахти унвони «Шархи ахволу ашъори шоъирони  бедевон  дар  карнхои  3, 4, 5  хичрии камари»  китоберо соли

1370/1991 дар Техрон ба табъ расонд, ки ба таъриф меарзад. Ин мухаккики  пухтакор  дар  асоси  221  манбаъ  ва  адабиёти илми 58 байти мутафаррикаи 7 шоъири асри 3 хичри, намунаи осори 59 шоъири замони Саффориён, Тохириён  ва  Сомониёнро,  ки  баъзехо дар  каламрави  Оли

Зиёру Оли Бувайх мезистанд, чамъ оварда, тамоми шакли китобату фарки матни он ашъорро сабт кардааст. Аз ин шоъирон, ба гайр аз «Шох-нома»-и Фирдавси, «Донишнома»-и Майсари (4481байт), «Гуштоспнома» ва ашъори парокандаи Дакики (1308 байт), хамчунин, осори дастраси Рудаки (1045 байт), ки мустакилона ба чоп расидаанд, ба номи 54  шоъир  1820  байт гирд оварда шудааст. Тибки тадкики Махмуди Мудаббири, алхол аз замони Салчукиёну Газнавиён 164 шоъир шинохта шудааст, ки аз онхо 164 хазору 593 байт имруз дастрас аст. Аз чумла, 15 манзумаи бузургу хурд, 11 девону мачмуъаи ашъори шоъирони ин ахд бокист, ки кариб хама ба тарзи алохида ба чоп расидаанд, 56 ки «Шохнома» (49529 — 53882 байт), «Бежаннома» (1900 байт) ва «Барзунома»-и Атоии Рози (такр. 38000 байт), «Варкаву Гулшох»-и Айюки (2239 байт), «Гаршоспнома»-и Асади (9110 байт), «Вису Ромин» (8897 байт)-и Фахриддини Гургони, «Юсуфу Зулайхо»-и Амонии Хуросони (5976 байт) аз он чумла буда, Махмуди Мудаббири маснавии Бадоеъи «Рохат-ул-инсон» ё «Пандномаи Анушервон»-ро дар китоби худ чой додааст, ки хамаги 436 байтро ташкил медихад.57

Аз руйи он ки Насри I марди диндору хирадманде буда, шеърро хуб месуруд, уро чун адибе фозил ёд кардаанд. Конуни адабии Сомониён хануз дар Самарканд гарм будааст. Бухоро, ки аз соли 892 пойтахти Сомониён карор гирифта буд, дар охири асри IX – ибтидои асри X ба маркази бузурги илмиву адабии мамлакат табдил ёфт. Дар дарбору берун аз он махфилхо ва анчуманхои адабиву илми гарму гардон буданд.

Нахустин   шоъираи   форсу   точик   Робиъаи     духтари Каъб низ  дар  хамин  карн  зиндаги  ва  эчод  кардааст. У  зодаи Балхи бостони буда, дар хусну чамол, фазлу камол, зехни тезу кудрати шоъири ба форсии   дари ва араби машхур буд.

Сайёхи араб Ибни Хавкал, ки дар замони Мансур ибни Нух  (962—977) ба Бухоро омада буд,  дар   асари  худ   «Сурат-ул-арз»   менависад:   «Дар миёни сарзаминхои исломи шахре босафотару зеботар  аз  Бухоро нашунидаву  надидаам. Чун ба болои кухандизи он бирави, беруни шахрро чунон мебини, ки сабзахо ба осмони оби пайвастааст, гуйи осмони кабуд бар бисоте сабз хам шудаву коххо чун сипархо тиббиётиву мулти менамоянд, ё ба сони ситорагони осмон дар миёни обхои сафеду дурахшонанд».58

Адибони карнхои баъдина бо ифтихор чун намунаи ибрат аз шоъирони он давр ёд мекунанд.

Манучехрии Домгони дар касидае як идда шоъирони машхури Хуросонро, ки гараз аз Хуросон хамон кишвари Сомониёну пойтахти он Бухорост, ном мебарад:

Дар Хуросон Бушуъайбу Бузар, он Турки Каши

В-он Сабури Порси в-он Лукарии Чангзан.

Он ду Гургониву ду Розиву ду Валволачи,

Се Сарахсиву се, к-андар Сугд буда мустакан…

Аз Бухоро панчу панч аз Марву панч аз Балх, боз

Хафт Нишопуриву се Тусиву се Булхасан,

К-аз фароз оянду шеъри устодам бишнаванд,

То гаризи равза бинанду табиъи настаран!

           Дар касидаи дигар Манучехри мефарояд:

Булъалову Булъабосу Бусалику Булмасал

В-он ки омад аз навоех в-он ки омад аз Хари.

Аз хакимони Хуросон гу Шахиду Рудаки,

Бушакури Балхиву Булфатхи Бусти, хокази?!

Гу: «Биёеду бибинед ин шариф айёмро,

То кунад харгиз шуморо шоъири кардан кази!

           Манучехри дар ин порчахои шеъри барои азамати Унсуриро боз хам боло бардоштан бузургони адабиёти замони Рудакиро ёд мекунад, ки шохиди дигари эътирофи сарвактиву барвактии эшон аст.

Шоъироне, ки ба форси шеърхои баланд гуфта, то дарачаи сохибдевони расидаанд, танхо дар асри IХ пайдо шудаанд. Аммо тамоми адибони асрхои IX— X забони араби ва баъзехояшон забонхои сугди, пахлави, бохтари, хоразми, хатто юнони ва яхудиро низ медонистанд, ба форсию араби шеър мегуфтанд. Аз аввалин шоъироне, ки ба форси шеъри пухта гуфтаанд, инхо маълуманд: Абухафси Сугди, Мухаммади Васиф, ки соли 867 дар мадхи Яъкуб ибни Лайси Саффори ба порси касидае гуфтааст, Ханзалаи Бодгиси (ваф. 834), Бассоми Курд, Шахиди Балхи, Махмуди Варрок (ваф. 835), Фирузи Машрики (ваф. 897), Абусалики Гургони, Мухаммад ибни Мухаллад ва Масъуди Марвази. Аз шеърхои ин шоъирон факат порахои пароканда ба даст омадааст, ки дар китобхои таъриху лугат чун санаду мисол сабт гардидаанд, ки дар боло дарчашон намудем. Бо ин хама, маълум мешавад, ки шеъри асрхои IX—X форсии точики дар шаклхои касида, газал, чкитъа, дубайти, рубоъи ва маснави навишта шуда, аз чихати мавзуъ мадх, панд, ахлок, ишк ва таърихро фаро мегирифтааст.

Дар каламраву дарбори Саффориён сурудани касида расм шуда буд. Мувофики хабари «Таърихи Систон» (асри XI), соли 867 амири Саффори Яъкуб ибни Лайс ба Хирот хучум оварда, зафар меёбад, ки «шуъаро ба шарафи у шеърхои араби гуфтанд… Яъкуб, ки марди нохондае буд, аз маъни огох нашуд… Пас Мухаммад ибни Васиф шеъри форси гуфтан гирифту аввалин касе аз Ачам буд, ки шеъри порси гуфт».59

Бархак, аз чихати инкишофи назми классики асри X нахустин асри дурахшони таърихи адабиёти форсии точики ба хисоб меравад. Адабиёти ин давра на факат огози тараккии адабиёти классикии форсу точик аст, балки дар сайри такомулоти минбаъдаи он чун асос макоми бузурге дорад.

Дар ин замон адибони зиёде асар менавиштанд. Дар ибтидои он устоди шоъирони форсилисон – Одамушшуъаро Абуабдуллохи Рудаки (858—941) ва дар охири он суханвари чахони Хаким Абулкосими Фирдавси (934—1020) зиндагиву эчод мекарданд, ки бе таъкиди ному осорашон азамату хашамати адабиёти форсии точики тасаввурнопазир аст. Устод Айни дуруст мефармояд: «Точикон дар асри дах Устод Рудаки — бузургтарин нобигаи забону хунарро ба зухур расониданд, ки тамоми халкхои фарсизабон дар адабиёти оламшумули форси рахини миннати ин устоданд. Аз миёнаи точикон ва дар асри дах баромадани Устод Рудаки як ходисаи тасодуфи набуда, балки ифодакунандаи истеъдоду барчастагии ин халк аст. Дар хамон асру замон баромадани Хусравони, Шахиди Балхи, Муродии Бухорои, Дакики ва дигар шуъарои бузург ва баъд аз замони Рудаки ва бевосита ба замони у расидани Фирдавси, Фаррухи, Унсури, ки хамаги аз шоъирони бузурганд, ин кавли моро исбот мекунад».60

Харчанд, ба истиснои Дакикиву Фирдавси, аз осори адабии аксари адибони асри X намунахои каме то замони мо боки мондаанд, дар асл онхо хеле сермахсул будаанд. Рудаки, Аммораи Марвази, Муроди, Абулхасани Огочи, Мунчики Тирмизи ва дигар шоъирони сохибдевони замон сохиби обруйи калону макоми бузурги чамъияти буданд. Сарвару устоди тамоми адабони аср Устод Рудаки аз зумраи онхое буд, ки дар натичаи мухити созгори фарханги ва системаи мусоиди парвариш чун Фороби, Ал-Хоразми, Абубакри Рози, Фирдавси, Беруни, Абуали ибни Сино, Абумухаммади Хучанди, Балъами ва амсоли инхо дар 16—18-солаги тамоми донишхои замони худро фаро гирифта, бо сухани пухта дар равнаки илму адабиёт сахми мухим гузоштааст. Вай дар таърихи халки точик аввалин устоди сухан аст, ки  тачрибаву муваффакиятхои аслофи худро дар сохаи адабиёт чамъбаст намуда, бо шеваи сахли мумтанеъ ашъори баландсанъати дар лафз хубу ба маъни осон суруда, дар шеъри худ масъалахои мухимми ичтимои, ишки поку беолоиш, зебоихои табиати диёрро бо тамоми таровату рангу бу, бузургии инсон, андешаву пиндори мардумро доир ба    сулху осоишу одамият бо рухи мутахаррики  инсонпарварона, образхои  нотакрор ва чилои фалсафи чунон инъикос намудааст, ки абри бахор, борони найсон, чах-чахи  булбулу  андалеб,  парвози укобу парасту, хониши сору амсоли инхо дар пеши назархо зиндаву равшану гуё чилвагар  мешавад.

Дар шеъри Рудаки таргиби мухаббат ба  Ватан, эхсоси гаму шодии халк, тараннуми хирад, ахволи ахли захмат ва дигар масъалахои доги зиндаги чун аксе бар ойина мунъакис гардидаанд, ки баъдан касеро муяссар нашудааст.

Аз хамасрони Рудаки номи се нафар дар абёти бокимондаи устод эрод мешавад, ки Шахид, Муроди ва Фаролови мебошанд, ки, якинан, шуъарои забардасти замон будаанд. Дар бораи Муроди Устод Рудаки мефармояд:

Мурд Муроди, на, хамоно, ки мурд,

Марги чунон хоча на корест хурд!

Абулхусайн Мухаммад Муроди аз Бухоро буда, анису чалиси Рудаки будааст, ба араби низ шеър мегуфтааст. Аз ашъори форсии   у ду байт боки мондааст, ки чанбаи ахлоки дошта, дар бебакойии хашамату ганч ва ногузир будани марг бахс мекунад:

Аз хашаму ганч чи фарёду суд,

Марг кунад бар сари ту тохтан!

Рочеъ  ба  Абуабдуллох  Мухаммад ибни  Мусои Фаролови,   ки аз шеърхои    у 55  мисраъ боки мондааст, ва Абулхасан  ибни    Хусайни  Варроки    Чахудонакии Балхи Рудаки мегуяд, ки факат Фаролови ва Шахид шоъир буда, дигарон рови мебошанд:

Шоъир    Шахиду    шухра    Фаролови

В-ин дигарон ба чумла хама рови!

Фаролови умри дароз дида (Мани рахи пиру сустпой шудам, — Натавон рох кард бе болод), мадху шеъри ошикона (Зи чашми масти ту олам хароб аст, — Ба банди зулфи ту дилхо гирифтор), манзаранигори (Мег чун турке ошуфта тир андозад, — Барк тир аст мар уро магару рахш камон?!), хачву танз ва панду андарз месурудааст:

Чун набошад бинои хона дуруст,

Бегумонам, ки зер ришт ояд!

Шахиди Балхи (ваф. 937) низ аз дустону хамнишастону хамкорони Рудаки буда, ба араби низ шеър мегуфт. Вай аз донишмандони бузурги аср дар фалсафа, хикмат ва калом ба шумор рафта, бо файласуфи бузурги замон Мухаммад ибни Закариёи Рози (ваф. 925) рочеъ ба масъалахои гуногуни фалсафа бахс намуда, барои рад кардан ва тасдики фикри якдигар рисолахо навишта, бо далелхои акли ва накли фикри худро баён мекарданд. Аз ин чо маълум мешавад, ки у дар фалсафа ва хикмат бисёр мохир будааст. Аз мероси форсии у такрибан 90 байт бокист. Фаррухии Систони (нимаи аввали асри XI) Шахидро дар шеър хамрадифи Рудаки мешуморад:

Шоъиронат чу Рудакиву Шахид,

Мутрибонат чу Саркашу Саркаб.

Шахид  хушнависи мохир ва дар эчоди газали ошикона машхур буда,  аз  маргаш  Рудаки хеле мутааллим гашта будааст. Шахид «дар боби лаззат ва илми илохи ва сукуну харакат ва  меъод ва дар ин масоил нукузе бар Рози ва Рози низ кутубе дар радди у навишт».61

Абусулаймони Мантики дар китоби «Сивон-ул-хикмат» навишта будааст, ки Шахид мефармояд: «Нахустин фазилати лаззоти нафсони бар лаззоти чисмони давому иттисоли онхост, зеро лаззоти нафс дар натичаи масаррате, ки у бо вучуди матлуби худ монанди хикмату илм ба даст меоварад ва ба сабаби иконе, ки ба фазилати он бар умури дигар дорад, доиму муттасил аст ва сипари намешавад ва инкитоъ намепазирад. Аммо лаззати бадан бастаги ба вучуди кувваи хоса дорад ва ба хамин сабаб мункази ва зоил аст ва басуръат табаддул ва истихола мепазирад».62

Мухтавиёти абёти бокимондаи Шахидро мадхия, ишк, васфи табиъат, панду андарз, хикмат, танкид ва амсоли инхо ташкил медихад:

Хазор кабк надорад дили яке шохин,

Хазор банда надорад дили худованде!

Ё:

Дардо, ки дар ин замонаи гампарвард,

Хайфо, ки дар ин бодияи умрнавард,

Хар руз фироки дусте бояд дид,

Хар лахза видоъи хама мебояд кард!

Дар васфи маъшукаи тангдахон мефармояд:

Дахон дорад чу як писта, лабон дорад ба май шуста,

Чахон бар ман чу як писта  бад-он пистадахон дорад.

Мазмуни бисёр байтхои Шахидро накухиши ахлоки ношоиста ташкил медихад:

Аз чи тавба накунад хоча, ки хар чо, ки бувад,

Кадахе май бихурад, рост кунад зуд харош?!

Нигориши зебо, алфози пухта ва оханги панд аз хусусиятхои мумтози ашъори Шахид аст. У хонандаи худро ба такводори ва некноми даъват менамояд, ки ин хасоил гузарномаест ба суйи чаннати барин:

Хама диёнату дин варзу некноми кун,

Ки суйи хулди барин бошадат гузарнома!

Алхак, Шахид аз адибону мутафаккирони номии адабиёти асри X форси точики буда, бисёр хосиятхои шеъру дониши замонаро тачассум доштааст.

Дар кори боло бурдани фархангу маданият, хоса адабиёти замони Сомомиён, накши вазирони эшон басе бузург аст, ки голибан намояндагони машхури ахли фазли замон буданд. Дар ин кор, кабл аз хама, Абулфазл Мукаммад ибни Абдуллохи Балъамиро бояд ном бурд, ки хануз аз замони Исмоил ибни Ахмади Сомони (279—295 х.) ба корхои девони машгул шуда, дар айёми хукумати Наср ибни Ахмад (914—943) беш аз бист сол дар маснади вазири нишаста буд. У шахсе донишманд, покдин, бофарханг, раъиятпарвар, дуст ва хомии Рудаки буда, чун адиби чирадаст ва факехи сохибмактабаш низ ёд кардаанд. Вай хамрохи Абуабдуллох Ахмад ибни Мухаммади Чайхони, Абутаййиби Атиби ва дигарон дар равнаки  адабиёт, ойин, шахрдори ва шахрсози накши бузурге бозидааст. Одатан, гуфтахои Балъамиро чун кавли шахсияти муътабаре, чун бурхоне далел меоранд. Мулло Самъони дар «Китоб-ул-ансоб» мегуяд: «ва кона Абулфазл ал-Балъами вазири Исмоъил ибни Ахмад – волии Хуросон якул: «Лайса лил Рудаки фи-л-Араб ва-л-Ачам назир».63 Яъне, чунон ки Абулфазли Балъами – вазири Исмоил ибни Ахмади волии Хуросон мефармояд, «Рудакиро дар Арабу Ачам монанде нест».

Дар нимаи дувуми карни дахи мелоди кори ин вазирони ботадбирро Абуалии Чайхони, Абуали Мухаммад ибни Мухаммад давом дода, дар устувор гардидани пояхои забони форсии   точики хидмати арзандаеро ба чо овардаанд. Ба вижа, ба забони форси тарчума  шудани «Таърих»-у  «Тафсири  Табари»  эътибори ин забонро хеле боло бардошт, микдори шоъирони форсигуй низ чандин бор афзуда, мавзуъи осори онхо рангинтар гардид. Яке аз достонхои пурраи то замони мо махфузмондаи он давр достони Майсари мебошад, ки  рочеъ ба илми тибб таълиф гардидааст.

Абусаид Хусайни Сабзавори (тав. 908) марди фозилу донишманде буда, дар илохиёт, сарфу нахв, фикху хадис, адабиёту риёзиёт дасти тавоно дошта, шеър хам мегуфтааст, вале ашъораш пурра аз байн рафтааст. Китобхои «Масобих-ул-кулуб», «Рохат-ул-арвох» ва «Мунис-ул-ашбох», «Бахчат-ул-манохич», «Гоят-ул-маром фи афозил-ил-киром» аз таълифоти   у мебошанд.

Абусахли Саълуки. Номи у Мухаммад ибни Сулаймон (906—969) буда, дар Исфахон ба дунё омада, улуми мутадовиларо фаро гирифта, дар Басра дониши худро такмил медихад. Сипас дар Исфахон ба касби мударриси машгул мешавад. Баъдан, бо даъвати ахли Нишопур ба он шахр  омада,  то  охири умр мударриси мекунад ва дар фикх, хадис, сарф, нахв, балогат ва китобат ном мебарорад. Аз карори маълум, вазифаи козиюлкуззоти Хуросонро низ ба зимма доштааст. Шеърхои хуб хам мегуфтааст, ки аз байн рафтаанд. «Шамс-ул-маъоли» ном таълифотеро низ ба калами у мансуб медонанд, ки аз он хам дараке нест.

  Абушакури Балхи зодаи Балхи бостони буда, соли ба дунё омаданашро худаш  303 хичри нишон медихад, ки ба 915 мелоди баробар меояд.  Балх баъд аз Бухоро дувумин шахру вилояте буд, ки дар ахди Сомониён адибони зиёдеро ба камол расонидааст. Аз махсули эчодии Абушакури Балхи нисбатан бештар абёт боки мондааст. Абушакур чанде дар даргохи Нух ибни Насри Сомони (943—954) хизмат мекард. Шоъири маснавигу буд. Гайр аз маснавии «Офариннома», ки соли 947 сурудааст, аз гуфти устод Саъид Нафиси, боз сохиби ду маснавии дигар буда, ки яке дар вазни хазачи мусаддаси максур, дувум дар бахри хафифи мусаддаси махбуни махзуф суруда шудааст. «Офариннома» калонтарин маснавии Абушакур буда, аз он 372 байт боки мондааст. «Офариннома» маснавиест панду ахлоки, ки бо сабку услуби содда ва пухта нигориш ёфта, доир ба ситоиши хираду накукори, васфи донишу хирад, накухиши дусти бад ва чахолату торики бахс карда, бисёр порахои он ба араби хам баргардонида шудаанд.

Абёти зерин аз «Офариннома»-анд, ки хадафи шоъиру эчоди достонашро хувайдо мегардонанд:

Ду чиз андух аз дил ба берун барад:

Рухи дусту овози марди хирад.

Ва:

Задан мардро чуб бар тори хеш

Бих аз бозгаштан зи гуфтори хеш!

«Офариннома», бархак,  баъди «Калилаву Димна» ва «Синдбоднома»-и Рудаки, дувумин маснавии дастраси пандиву ахлоки ба забони точики буда, суннати адабии Рудакиро    давом медихад.    Чунончи, дар сабки пири шуъарои Ачам, дар ситоиши    хирад Абушакур чунин мефармояд:

Хирадманд гуяд хирад подшост,

Ки бар хосу бар ом фармонравост.

Хирадро тани одами лашкар аст,

Хама шахвату орзу чокар аст!

Абушакур бо ифтихор изхор медорад, ки ба туфайли калами худ хар кадаре зару нукра хохад, метавонад  пайдо бикунад, ки далели кадру кимати баланде доштани шеъру шоъир – хомаву сухан дар он замонахо мебошад:

Чу динор бояд маро ё дирам,

Фароз оварам ман зи нуги калам!

Абушакур, бо вучуди истеъдоду макоми баланди адабии худ, шахси фурутане будааст, ки хазинаи бехудуди илму донишро фаро гирифта бошад хам, онро хамеша нокифоя мешуморидааст:

То бад-он чо расид дониши ман,

Ки бидонам хаме, ки нодонам!

Дар хакикат, инсон хар кадаре, ки донишу илмро бештар фаро гирад, хамон кадар ба кашфи нави асрори оламу одам шавкмандтар мешавад. Абушакур донишомузии паёпайи максаднокро, хусусан дар чавонию кудаки, такозо мекунад, чун муаллими ахлок кадру мавкеъи чамъиятии инсонро ба дарачаи илму донишу хунари у медонад:

Бад-он куш, то зуд доно шави,

Чу доно шави, зуд воло шави!

На донотар он кас, ки волотар аст,

Ки волотар он кас, ки донотар аст!

Ба акидаи Абушакур, донишро дар овони кудакиву чавони (барнои) фаро гирифтан зарур аст:

Ба хангоми барноиву кудаки

Ба дониш тавон ёфтан зираки.

Касе, ки донишманд мешавад, дар чамъият арчманд мегардад, зеро дониш аст, ки мушкилихои инсонро осон мекунад:

Касе, к-у ба дониш барад рузгор,

На у бозмонад, на омузгор.

Чахонро ба дониш тавон ёфтан,

Ба дониш тавон риштану бофтан!

Шоъир хавфи хучумхои ачнабиро ба сарзамини худ ба назар гирифта, панд медихад, ки инсони хакики бояд хамеша аз душман бархазар ва нисбат ба он оштинопазир бошад:  

Ба душман – барат устувори мабод,

Ки душман дарахтест талх аз ниход!

Дарахте, ки талхаш бувад гавхаро,

Агар чарбу ширин дихи мар варо,

Хамон меваи талх орад падид,

Аз у чарбу ширин нахохи мазид!

Хар кадар душманбадбиниро талкин намояд, хамон андоза кадри дусту дустиро боло мебардорад. У дуруст мефармояд, ки дуст гамгусору мададгор, пушту паноху куввати дили хар инсон аст. Дар дунё аз дусти бихтар ниъмати маънавие нест. Хулосаи шоъир пандест гуворо барои авлодаш:

Шавад дуст аз дуст ороста,

Чу бо эмани мардум аз хоста.

Хама чиз пири пазирад, бидон,

Магар дусти, к-он бимонад чавон!

Аз чихати суфтаги, пурмазмуни ва соддаги хикматхои Абушакур хукми маколу зарбулмасалро гирифтаанд.

Абулаббоси Рабанчони. Мавзеъи Рабанчон дар наздикихои Бухоро (мавзеъе аз сарзамини Сугд) чой гирифта будааст. Абуабдуллохи Фазл ибни Аббос ё Шайх Абулаббоси Рабанчонии Бухорои, ба кавли сохиби «Чахор макола» , дар ватани худ бо шоъири ном бароварда, сипас ба доираи адабии Сомониён рох меёбад. Аз осори у хамаги шаш байт бокист, ки дар марсияи Наср ибни Ахмади Сомони (914—943) суруда шудааст:

Подшохе гузашт хурнажод,     Подшохе нишаст фаррухзод!

3-он гузашта замониён гамгин,

3-ин нишаста чахониён дилшод!

Бингар акнун ба чашми аклу бигу,

Хар чи бар мо зи Эзид омад, дод!

Гар чароге зи пеши мо бардошт,

Боз шамъе ба чойи у бинход!

В-ар Зухал нахси хеш пайдо кард,

 Муштари низ доди хеш бидод!

Абулмасали Бухорои аз хамсухбатони Абулмуайяди Балхи ва Сипехрии Бухорои буда, бист байти у то замони мо расидааст. Касида, маснави ва газал мегуфтааст. Панду андарз, ахлок ва ситоиши ишк мундаричаи осори Абулмасал аст:

Касе беайб набвад дар замона,

Рутабро раста бошад дар миёна!

Чу гардад огах хоча зи корномаи ман,

Ба шахриёр расонад сабук чакомаи ман.

Абулхасани Лукари Али ибни Мухаммади Газнави ному насаб дошта, шоъири нимаи дувуми асри X буда, чангро неку менавохта ва ба Лукарии Чангзан маъруф будааст. Зодгохаш Лукар аст аз шахрхои наздики Марв. Абулхасан Нух ибни Мансури Сомони ва вазири у Убайдуллох ибни Ахмадро мадх мегуфтааст. Шоъири касидасаро ва газалгу буда, аз гуфтори у 19 байт дастрас шудааст, мисли:

Убайдуллох ибн Ахмад — вазири шохи Сомони, Хаметобад шуъои дод аз он пурнур пешони!                Ба сурат одами омад, ба маъни нури субхони,      Худоё, чашми бад хохам, к-аз он сурат бигардони! Бухоро хуштар аз Лукар, Худовандо, хамедони, Валекин курд нашкебид аз дуги биёбони!

Мувофики гуфти Мухаммад Авфи, Абулхасани Лукари дар адабиёти форсу точик касидаи тамомматлаъро асос гузоштааст, ки намунаи он абёти болост.

Абулаббоси Аббоси аз шоъирони асри X аст, ки номаш дар касидаи Манучехри, ки дар ситоиши Унсурист, зикр мегардад (он касидаро каблан ёд карда будем). Асадии Туси дар «Лугати дари» аз у абёти зиёде меорад. Дар китоби «Ашъори хамасрони Рудаки» 66 байти Абулаббоси Аббоси дарч шудааст, ки мазмунхои лирики-ишки, порчахои хамоси, шиквойи, мадхи ва хачвиро фаро мегирад. Аз хамин абёт маълум мегардад, ки дар сохахои гуногуни шеър дасти кави дошта, аз шоъирони забардасте будааст, ки аз чихати сабки нигориш гуфтори у ба гуфтахои Рудаки бисёр хам наздик аст:

Зи хону мону каробат ба гурбат афтодам,

Бимондам он чо бесозу баргу ангушто!

Шеъри Абулаббос аз чанбаи ахлоку панд ва хикмат низ холи нест:

Табоеъ гар сутуни ту, сутунро хам бипусад бун,

Напусад он сутун харгиз, к-аш аз тоъат зани коза!

Абулаббоси Аббосиро аз шоъирони Мовароуннахр гуфтаанд.

Абулмуайяди Балхи дар замони Нух ибни Мансур (976—997) зиставу эчод кардааст. Дар чавони сухбати Рудакиро дарёфтааст. Шоъиру носиру чугрофидон буда, асари мансураш «Ачоиб-ул-булдон», «Шохнома»-аш, ки кисмати «Гаршоспнома»-ро ховист, достони «Юсуфу Зулайхо»-яш маълум аст. То замони мо бист байти Абулмуайяд, ки далериву накукориро таргиб менамоянд, расидааст, ки абёти зерин аз он чумлаанд:

Далере, ки тарсад зи пайкори шер,

 Зани зоч хонаш, махонаш далер!

Ё:

Малул мардуми колусу бемахал бошад,

Макун, нигоро, ин хуву табъро бигзор!

Тохири Чагони аз умарои Чагониён буда, ба кавли Авфи, уро ашъори латифи обдор аст. Мунчику Дакики аз дарбориёни у будаанд.

Абулмузаффари Тохир ибни Фазл ибни Мухаммад соли 987 фавтидааст. Аз у 27 байт боки мондааст, ки асосан аз газалу рубоъи иборат буда, дар мавзуи ишк, шикоят аз носомонихои рузгор ва зиндагии талх бахс мекунанд:

Дилам танг дорад бад-он чашми танг

Худованди дебои фирузаранг!

Ба чашм у гавазн асту рафтор кабк,

Ба кушиш чу гур асту кибр у паланг!

Сухан гуфтанаш талху ширин ду лаб,

Чунон, к-аз миёни ду шаккар шаранг!

Абулфавориси Фанорузи аз Фаноруз ном махалле дар карибихои Самарканд ва ному насабаш Абулфавориси Хоча Амид буда, дар  ахди Нух ибни Мансури Сомони, соли 339 хичри (950—951 мелоди) «Синдбоднома»-и хиндиро ба дари гардондааст. Асли асари Абулфаворис аз байн рафта, тахрири чадиди Захирии Самарканди (асриХП) то замони мо бокист, ки дар Истамбул (1948), Техрон (1953) ва Душанбе (1971) нашр шудааст.

Абуалии Балхи. Абуали Мухаммад ибни Ахмад, бино бар гуфти Абурайхони Беруни дар «Осор-ул-бокия», яке аз адибону муаррихонест, ки «Шохнома»-ро ба забони форси ба наср нигошта, ки таърихи шохони Ачамро аз Каюмарс то Сосониён фаро мегирифтааст. Лекин нусхахои он акнун мафкуданд.

Абузироъаи Гургони. Абузироъа Муъаммарии Гургони шоъири нимаи дувуми асри X буда, дар охирхои хукмронии Давлати Сомониён ба дарбор рох ёфта, касида месурудааст. Аз у 11 байт боки мондааст. У хамон касест, ки дар бораи Рудаки гуфта буд:

Агар ба давлат ба Рудаки намемонам,

Ачаб макун, сухан аз Рудаки на кам донам!

Агар ба курии чашм у биёфт гетиро,

Зи бахри гети ман кур буд натвонам!

Абузироъа шоъирест дунёбезор, ки шояд азобу кулфати рузгор уро ба чунин холат расонида бошад. Мумкин аст, ки навмедию яъс дар шеъри Абузироъа як приёми адаби бошад:

Чахоншинохта гаштам ба рузгори дароз,

Ниёзу ноз бидидам дар ин нишебу фароз.

Надидам аз паси дин хеч бихтар аз хасти,

Чунонки нест пас аз кофири батар зи ниёз!

Харчанд   Абузироъа   ба   Рудаки   монанд   набудани худро иброз медорад, абёти бокимондаи у бо шеърхои Рудаки ва Абушакури Балхи хеле хамоханганд:

Чи пуши чавшани гафлат, ки рузе

Ту боши тири михнатро нишона!

Амал бо умрат-андар них ба миъёр,

Нигах кун, то кучо гардад замона!

Абуисхоки Чуйбори. Чуйбор аз махаллахои Бухорост. Исми шоъир Иброхим ибни Мухаммад буда, аз касби дехкони таъмини рузгор мекардааст. Манзарахои табиъат бо холати психологии кахрамони лирики дар шеъри у тавъам тачассум ёфтаанд:

Ба абр пинхон кард офтоби тобонро,

Ба сабза бинхуфт он лолабарги хандонро.

Ба суйи хар ду махаш бар ду шох райхон буд,

Ба шохи мурд бипайваст шохи райхонро.

Буте, ки хастадилонро ба буса дармон аст,

Дарег дорад аз ин дарддида дармонро.

Ба абри найсон монам кунун ман аз гами у,

Сазад, ки санъати хуб аст абри найсонро.

Ба як гузар, ки сахаргох бар гулистон кард,

Бихишт кард саросар хама гулистонро!

Аз офаридахои Абуисхоки Чуйбори хамаги хафт байт боки монда бошад хам, маълум мешавад, ки у шеърро пухта,  бо санъатхои  фаровони бадеъи  ва суханхои суфтаву сара мегуфтааст.

Дакики. Абумансур Мухаммад ибни Ахмади Дакики аз сухансароёни бузурги асри X мебошад. Соли таваллуди у аник маълум нест, вале азбаски вафоташ соли 978 вокеъ гардида, ба ривояте дар вакти маргаш 47-сола будааст, соли 931-ро замони таваллуди у шумурдан имкон дорад. Дар китобхои таъриху тазкира, ки шархи холи шоъиронро фаро мегиранд, уро аз Самарканд, Марв, Тус ва Хирот гуфтаанд. Аммо олими бузург Абурайхони Беруни (973—1048), ки муосири Дакики буд, Балхро зодгохи Дакики ёд мекунад.

Бинобар хамин, соли 1978, ба муносибати 1000-солагии рузи вафоти у хотираи Дакики бо Карори махсуси ЮНЕСКО (Муассисаи байналхалкии фархангии назди Созмони Милали Муттахид) тачлил гардида, Балхи буданаш эътироф карда шуд. Сабаби самарканди, марвази, туси ва хироти дониста шудани у он аст, ки Дакики дар Бухоро ва Чагониён, ки хамчун вилоят водии Хисори имруза ва ё хозира вилояти Сурхандарёи Узбакистонро фаро мегирифт, низ зиндаги кардааст.

Дакики овози хуши сарояндаги дошта, аз илмхои замони худ огох буда, хамчунин, забонхои араби, пахлави ва сугдиро хуб медонистааст. Пайрави ойини бобоёнаш буда, мазхаби зардушти доштааст. Парастиши мазхаби зардушти ва, умуман, майл ба анъанахои мадании милли, он вактхо хеле пуркувват шуда, дар асри дах як навъ истиклолчуйии халк аз таъсири арабхо ва зътироз нисбат ба мафкураи табакаи хукмрон буд.

 Зардуштиёне, ки дар он замон боки монда буданд, чун одамони бомаърифат ба гузаштаи ачдоди худ, махсусан забон, урфу одат, эътикод ва таърихи он дилбастагии бенихоят доштанд. Махз аз муъбадон — пешвоёни ойини зардушти, ки донандаю нигахдорандаи таърихи халк буданд, чандин варианти «Шохнома» навишта гирифта шуда буд.

 Дакики низ дар маъсалаи аз нав зинда кардан ва ба назм даровардани достонхои кахрамониву таърихии халкхои эронинажод, ки точикон аз он кабиланд, хизмати арзандае кардааст. Вай пеш аз Фирдавси бо супориши амири Сомони Нух ибни Мансур, ки солхои 975—997 хукумат рондааст, ба назми «Шохнома» сар мекунад. Назми «Шохнома» барои он ба Дакики супурда мешавад, ки хануз дар чавони хамчун шоъири тавоно, донандаи забардасти гузаштаи пурифтихори халк, дустдори фидоии обу хоки сарзамини худ шинохта шуда буд.

 Дакики аз «Шохнома» кисмати достони Гуштоспро ба назм медарорад, ки мураккаб аз хазор байт аст. Мазмуни достонро шархи подшохии Гуштосп, пайдоиши Зардушт, чангхои мазхабии Гуштоспу Арчосп, ки подшохи Турон аст, ташкил медихад. Дакики Туронро дар Хитой медонад. Азбаски Дакики саргузашти Гуштоспро накл мекунад, «Шохнома»-и уро «Гуштоспнома» низ гуфтаанд.

«Гуштоспнома» ё «Шохнома»-и Дакики бо назми махками соддаю равону пурмаъни иншо шудааст. Дар он гояи истиклоли маънави, сиёси ва иктисоди вобаста ба мухофизати Ватан ва шарафу номуси халк ба миён гузошта мешавад. Хамчунин, гояи ба давлати маркази аз руйи вичдон итоат кардани гумоштахо дар вилоятхо таргиб карда мешавад. Ин кори начиби Дакики ба сабаби марги у, ки аз тарафи мухолифони гоявиву мазхабиаш ташкил карда шуда буд, катъ гардид. Аммо назми «Шохнома» катъ нашуд, зеро манфиати халку вазъи сиёсии кишвар, ки дар хавфи тахдид ва тачовузи ачнабиён монда буд, зарурати мухофизати Ватан ва кушиши зинда гардонидани расму ойини гузаштагон талаб мекард, ки назми «Шохнома» давом дода шавад. Ба ин амри пуршараф Фирдавсии бузург камар баста, кори саркардаи Дакикиро давом дод. Фирдавси кисмати назмкардаи Дакикиро аз чихати мазмун, гоя ва шеърият писандида, онро айнан ба «Шохнома»-и худ бо номи сохибаш хамрох намуд.

Фирдавси «Шохнома»-ро дар вазни интихобкардаи Дакики давом дод, ки мутакориби мусаммани максур буда, маънои мусамман хаштгона ва маънои максур кутохшуда мебошад. Ин вазн дар асрхои минбаъда чун вазни достонхои кахрамони, ки дар адабиётшиносии умумичахони достонхои эпики ва ба точики достонхои хамоси мегуянд, расм шуд. Вазни кутох ва рукнхои баробари он назми ин навъ достонхоро лангардор ва пурхашамат чилвагар менамояд.

Дакики дар навъхои дигари шеър низ асархои барчаста офарида, сохиби девони азиме будааст. Девони Дакики фарогири касида, газал ва китъа будааст, ки хамаи онхо ба жанри лирики дохил мешаванд.

Касидаю газалхои Дакики намунахои бехтарини назми асри X точикро ташкил медиханд. Худи у низ ишорае дорад, ки дар ин ду навъи шеър машхур буданашро ифода менамояд:

Маро чуед зи чандин шеъри шохон,

Зи чандин ошикона шеъри дилбар!

Дакики дар навъхои дигари шеъри точики низ асархои барчаста офарида, дар онхо зебоихои маъшука, шучоату далери, хусни бахор, чилвахои табиат ва амсоли инхоро тараннум мекунад:

Кош, ки андар чахон шаб нести,

То маро хичрони он лаб нести!

Захми акраб нести бар чони ман,

Гар варо зулфи муъакраб нести!

В-ар набуди кавкабаш дар зери лаб,

Мунисам то руз кавкаб нести!

В-ар мураккаб нести аз некуви,

Чонам аз ишкаш мураккаб нести!

В-ар маро бе ёр бояд  зистан,

Зиндагони, кош, ё раб, нести!

Бар замми оханги гушнавозу рухпарвар, таъсири эмотсионалии газали болоро нидои «кош, ки» ва «кош», мачози «захми акраб» («акраб»-каждум, «муъакраб»-каждуммонанд)-и зулф, мачозан ба маънои дандон истифода шудани «кавкаб» (ситора) барчаста ба назар мерасонанд, ки шакли зебои шеърро бо мазмуни дилрабои он хеле мувофик кардаанд.

Дакики дар сурудани ашъор аз ташбеху истиора, мачозу киноя ва мукобилгузори зиёд истифода мебарад. Хамаи воситахои эчоди бадеъии у содда, замини, дидашаванда, фахмо ва ба идрок наздик мебошанд, мисли:

Шаби сиёх бад-он зулфакони ту монад,

Сапед руз ба покии рухони ту монад!

Ё:

Ба зулф каж, валекин ба кадду комат рост,

Ба тан дуруст, валекин ба чашмакон бемор.

Вале на хамаи ашъори Дакики шодоб аз сувари хаёли дидашаванда мебошанд. Ба порашеъри поён таваччух фармоед:

Барафканд, ай санам, абри бихишти,

Заминро хилъати урдибихишти!

Бихишти аднро гулзор монад,

Дарахт- ороста хури бихишти!

Замин бар сони хунолуда дебо,

Хаво бар сони ниландуда вашти…

Чунон гардад чахон хазмон, ки гуйи,

Паланг оху нагирад чуз ба гушти!

Профессор Расул Ходизода хотирнишон менамояд, ки «тасвири бахор дар ин шеъри Дакики бо образхои мучаррад (абстракти) сохта шудааст: абри бихишти, хилъати урдибихишти, бихишти адн, хури бихишти-хама тасвир ва ташбеххои абстракти ва аклонианд, ки эхсоси онхо ба тарзи чисмони номумкин аст. Дар байти охирин бошад, Дакики ташбехи нихоят пушида (ба ибораи илми бадеъи классики, «ташбехи музмар»)-ро ба кор бурдааст, ки чигунагии вазъи табиатро тасаввур кардан душвор аст: чахон, яъне табиъат, — мегуяд шоъир,— хар замон чунон дигаргун мешавад, ки гумон мекуни паланг охуро дар гушти ба чангаш медарорад. Дар ин чо шоъир шояд онро дар назар дошта бошад, ки хаво мисли паланг дар вакти ба оху дарафтодан хашмолуд (тирагии абр) мешавад ва дар кахр мегурраду садои пурхашм мебарорад».64

Хушбахтона, микдори чунин абёт дар ашъори бокимондаи шуъарои асри X хеле ба нудрат ба чашм мерасад.

Баробари ин, Дакики касида, газал, рубоъи, китъа ва дубайтихои зебои пурмухтаво низ гуфта, лирики мохире буд:

Дакики чор хислат баргузида

Ба гети аз хама хубиву зишти:

Лаби ёкутрангу нолаи чанг,

Шароби лаълу кеши зардухишти!

Нихоят, Дакики курбони дасисаи душманони давлати Сомони мешавад: гуломи туркаш уро ба катл мерасонад.

Касидаву газалхои Дакики дар асрхои баъд шухрати зиёд доштаанд, вале ёдгори човидони у хамон «Гуштоспнома»-и вай аст, ки як  бахши  «Шохнома»  ва  сармашки   Фирдавси  дар  бунёди асари    хамноми безаволи у гардидааст.

Аммораи Марвази. Абумансур ибни Мухаммад марвазиюласл буда, дар байни солхои 1004—1014 аз олам гузаштааст. У марсияе дорад, ки дар  сугвории охирин  подшохи сулолаи Сомони – Абуиброхим ибни Нух ибни Мансур (997—999) гуфта шудааст. Дар ситоиши Султон Махмуди Газнави низ мадхияе дорад. Мувофики маълумоти сарчашмахо, аз Марв берун нарафтааст. Байти у «Андар газали хеш нихон хохам гаштан, — То бар лаби ту буса занам, чун-ш бихони» дар доирахои ахли тасаввуф хеле шухрат доштааст, ки ин холатро китоби «Асрор-ут-тавхид фи макомоти Шайх Абусаъид» таъкид кардааст.

Аз Аммора 108 байт акнун дар даст аст, ки аз завки баланди у дарак медиханд:

Он зогро, нигох кун, чун мепарад?!

Монанди яке киргун чалипо!

Ё:

Бо чанги сугдиёнаву бо болигу кабоб

Омад ба хони чокари худ хоча бо савоб.

Андарзу насихату хакикат бархе аз абёти  Аммораро ба гунаи дигар зеб медиханд:

Гарра машав бад-он, ки чахонат азиз кард,

Ай бас азизро, ки чахон кард зуд хор!

Мор аст ин чахону чахончуй моргир,

Аз моргир мор барорад хаме димор!

Васфи май, ситоиши мамдух,  андарзу хикмат    ва шухи мухтавои абёти дигари Аммора мебошанд:

Чаро, ки хоча бахилу занаш чавонмард аст?!

Зане, чи гуна зане?! — Симсоъиду лунба!

Тасвири манозири табиъат низ дар гуфтори Аммора латифу неку ба назар мерасад:

Чахон зи барф агар чанд гох симин буд,

Зумуррад омаду бигрифт чойи тудаи сим.

Бахорхонаи кашмириён ба вакти бахор

Ба бог карда хама накши хештан таслим.

Ба даври бода хама руйи некувон, гуйи,

Пашиз сохта аз гул ба пушти мохи шамим!

Баррасии абёти бокимондаи Аммора нишон медихад, ки мавсуф аз шоъирони забардасти замонаш ва дар эчоди касидаву маснавию газал устод буда, ашъораш на факат дар замони зиндагиаш, балки минбаъда хам  дар  байни  акшори гуногуни чомиъа шухрат доштааст. Суфии номи

Абусаъиди  Абулхайр  (967—1014)   мазмуни   орифонаи байти зайли Аммораро басе меписандидааст:

Андар газали хеш нихон хохам гаштан,

То бар лаби ту буса занам, чун-ш бихони!

Абутаййиби Мусъаби. Номи шоъир Мухаммад ибни Хотам, кунияташ Абутаййиб ва тахаллусаш Мусъаби мебошад. Вафоташ соли 938 иттифок афтодааст. Аз шоъирони хамкору хамнишини Рудаки буда, ба забонхои араби ва форси шеър менавиштааст. Бо Балъами дусти меварзидааст. Ба чойи Балъами ба мансаби вазорат нишастани Чайхониро намехостааст. Аз сабаби хилофи амри амир баромадан кушта мешавад. Саъолаби ашъори зиёди арабии Мусъабиро дар «Ятимат-уд-дахр» дарч кардааст.

Касидаи форсии у бошад, бо оханги танкидии худ тафовут дорад:

Чахоно, хамоно фасунию бози,

Ки бар кас напойиву бо кас насози!

Абушуъайби Харави. Исми ин адиб Солих ибни Мухаммад буда, зодгохаш Хирот аст. Аз гуфтори Абушуъайб 14 байт боки мондааст, ки чанбаи ишки доранд:

Дузахикеше, бихиштирую кад,

Охучашме, халказулфе, лолахад!

Силсилачаъде,   бунафшаъоразе,

К-аш Сиёвуш афдару Парвиз чад…

Гар бибахшад хусни худ бар зангиён,

Туркро, бешак, ба занг ояд хасад!..

Башшори Маргази хам ба форси ва хам ба този шеър мегуфтааст. Аз у касидае боки мондааст, ки дорои 31  байт асту монанди касидаи «Модари май»-и Рудаки аз тарзи тайёр кардани    шароб    ва хусусиятхои шодибахши он кисса мекунад:

Разро Худой аз кибали шоди офарид,

Шодиву хуррами хама аз раз бувад падид!

Аз чавхари латофати махз офарид раз,

Он к-у чахону халки чахонро биёфарид…

Ангури токи у нагирад, васфи у шунав,

Васфи тамом гуфт, зи ман боядат шунид!

Шокири Бухоройи. Ному насаб, чараёни зиндаги, соли таваллуду вафот ва навиштачоти у маълум нест. Аз он ки факат дар «Лугати дари» ва ««Ал-муъчам» аз гуфтори у 35 байт иктибос шудааст, маълум мегардад, ки шоъири тавоное будааст. Васфи шароб, ситоиши маъшука, тараннуми ишк, мадху сито, панду хикмат, танзу шикоят, накухиши чизпарасти мазмуни асосии абёти дастраси Шокири Бухороиро ташкил медиханд:

Руйи маро хачр кард зардтар аз зар,

Гардани ман ишк кард нармтар аз дух.

Дух- хамон лух, яъне пахоли тибитмонандест, ки аз барги най мебарояд.

Дар мадхи касе мегуяд:

Ба гоме сипард аз Хито то Хутан,

Ба як так давид аз Бухоро ба Вахш!

Равнаки иктисодиёт, шукуфоии мамлакат, ривочи адабиёт, рушди хунархои зебо ва инкишофи сохти давлатдории Сомониён дар ахди ин хонадон кишвари моро дар худуди Хилофати Араб дар сурати давлати хеле мумтоз чилва дод, ки дар натича таърихнигорон ва ахли илм ба макоми волои Оли Сомон дар таърихи эронинажодон коил шуда, накши мухимми давлаташонро дар таърихи мардумони ориёинасаб эътироф кардаанд Хануз соли 1353 х. ш., ки баробари соли 1974 аст, дуктур Азизуллохи Баёт — устоди Донишгохи «Шахид Бихишти» дар Техрон гуфта буд: «Агар Сомониён ба чахонбини намерасиданд, Эрону эрони чунон дар тамаддуну забони този мустахкам мешуд, ки имруз чун Мисру Шимоли Африко ва Сурияву Ирок чузви каламрави забону тамаддуни араб ба шумор мерафт».65 Бузургиву азамати ин хонадонро аз ин бихтару рушантар ифода кардан имкон надорад, харчанд гунае аз онро бисёр мухаккикони каблу баъд аз ин хам баён кардаанд.

Хаким Майсарии Сугди аз табибони шоъирпешаи Сугд буда, ба форсии дари ва араби чандин китоб доштааст. Соли 324 хичри (935 мелоди) зоида шуда, асари маъруфи худро такрибан дар 47-солагиаш анчом бахшида, номи онро худаш «Донишнома» мегуяд, ки дар бахри хазачи мусаддаси махзуф, ба забони форси, иншо гардида, дар асл  4500 байтро фаро мегирифтааст. Нусхаи ягонае, ки аз он боки мондааст (Китобхонаи миллии Порис, № — 7799 — 3101) ба хатти настаълик, соли 852 хичри (1448 мелоди), китобат шуда,66 ховии 4481 байт аст. Котибаш Махмуди Табрезии «Шохнома»-хон мебошад. Ба гуфти худи  муаллиф,  у соли 367 хичри ба таълифи нома пардохта,  соли  370  ба  итмомаш расонидааст67, ки ба солхои 978 ва 981 мелоди рост меояд:

 

Биянчомид «Донишнома»-и ман,

Баромад з-у муроду комаи ман.

Ба соли сесаду хафтод будем,

К-аз ин нома хаме пардахта шудем…

Ман аз ду бисту ду се бургузаштам

Ва девони чавони барнавиштам.

         Ва:

Ман ин гуфторро андом додам,

Ва «Донишнома» аввал ном додам.

Ман инро гуфтам андар мохи шаввол,

Ба шасту сесаду хафт омада сол.

Ба форси, на араби, сурудани «Донишнома»-ро муаллиф ин тавр шарх медихад:

Бигуям този, арна порси нагз,

Зи хар дар ман бигуям мояву магз.

Ва пас гуфтам:-Замини мост Эрон,

Ки беш аз мардумонаш порсидон.

В-агар този кунам, неку набошад,

Ки хар касро аз у неру набошад.

Дари гуям-ш, то хар кас бидонад,

Ва хар кас бар забонаш — бар биронад.

Кунун пири хирадмандаш бихонад,

Хама рохи пизишки з-у бидонад.

Дар бораи мамдухи худ мегуяд, ки сохиби хирад, дониш, неки, чарбгуйи, дод, некхуйи, марди, савори, роди ва бурдборист.68

«Донишнома»-и Майсари аз лихози сабки нигориш, мазмунхои ахлоки ва пандиёташ лоики таваччух аст. Майсари тамоми донишро ба чахор бахш: ситорашиноси, хандаса, тиб ва илми дин чудо намуда, изхори акида мекунад, ки инсон нучум (ситорашиноси) ва хайатро надонад хам, метавонад зиндагии хуб гузаронад. Аммо бе донистани тиб, ки асоси зиндаги ва воситаи омузиши илми дин аст, зиндаги ба вахшоният табдил мегардад. Майсари мефармояд:

Сутуни хар чи аз дониш чахор аст,

Ду з-он хамвора мардумро ба кор аст.

Нахустин з-у ситора, к-аш бидони,

Хама ойинхои  у бихони.

________________________

 

Бидони сар ба сар рафтори уро,

Зи некию бади кирдори уро.

Дигар дониш, туро гуям, кадом аст,

Мар уро хандаса зи Рум ном аст.

Шумурдан, гарна паймудан-ш бунёд,

Чахон аз дониши у хаст обод!

Чи чох асту чи болою баланд аст,

Бурун орад ба паймудан, ки чанд аст.

Савум дониш пизишки — дониши тан,

Ки танро доштан бихтар зи чавшан!

Чахорум дониши дини худойи,

К-аз у ёбад тан аз дузах рахойи!

Ситора гар надони, з-у гузир аст,

В-агарчи дониши хубу хажир аст,

Чахон паймудан арчи судманд аст,

 Хам он кас, к-аш надонад, бегазанд аст.

Пизишкирову динро гар надони,

Зиён аст инчахону ончахони!

Яке танро зи бемори бисузад,

Дигар чонро зи дониш барфурузад!

Ситоиши доно ва кадри донишманд мазмуни асосии бисёр бобхои дастонро фаро мегирад. Майсари фикри худро бо гуфтори шахсиятхои бузурги таърих (Пайгамбари акрам, Нушервони одил, Хазрати Али ибни Абетолиб) таквият медихад. Аз чумла, «Кадри инсон аз руйи дониши уст» (Наку гуфтаст Нуширвон ба хониш, — Ки мардумро бувад арзиш ба дониш) мегуяд у, дар асоси панди Анушервон, ки Хазрати Али хам дар хамин маъни фармудааст: «Мардумро бахо чандон, ки донад».

 Аз ин гуфтахо ба хулосае омадан мумкин аст, ки на аслу насаб ва ирку нажод боиси имтиёзи инсон аст. Бар замми дониш, ба инсон неки варзидан обру мебиёрад (Хама неки кунад, неки сиголад, — Зи неки бар пушаймони ки нолад?). Кас метавонад аз некиву накукори ба саъодати хар ду чахон ноил гардад (Ба неки ёбад ин хар ду чахон мард, — Касе диди, ки бар неки зиён кард?). Дигар, гуфтори хуб, рости, саховат низ аз хислатхои писандидаи инсонист (Агар нонат набошад гандуминруй, —Сухан боре ба хон-бар гандумин гуй!). Бедоди, зулм ва чавр, дар андешаи хаким Майсари, нишони нотавонист.

Муаллиф дар мавриди ташрехи бадан тамоми амрози маълум ва дорухоро баён мекунад. Ба кавли у, гайр аз пири ва марг, илочи хамаи ранчхо мавчуд аст:

Валекин маргро чора надонам,

Ба чойи марг бечора  бимонам.

Ба василаи «Донишнома» хаким Майсарии Сугди суннати Устод Рудакиро дар бахши сурудани маснавихои илми пайрави ва ривочу дастгири намуда, анъанаи танзими маснавии «Даврони Офтоб»-ро идома додааст.

Кисойии Марвази, чунон ки аз нисбааш бармеояд, зодаи шахри Марв аст. Абулхасан Мачдуддин Исхок ном дорад. Аз шоъирони нимаи дувуми карни X – нимаи аввали карни XI мебошад. Соли таваллудашро бо рузу мох худаш 27 шавволи 341 хичри кайд мекунад, ки ба 17 марти соли 953 баробар аст:

Ба сесаду чихилу як расид навбати сол,

Чахоршанбаву се руз монда аз шаввол,

Биёмадам ба чахон, то чи гуяму чи кунам,

Суруд гуяму шоди кунам ба ниъмату мол!

Ба кавли Саъид Нафиси, у кариб сад сол хаёт дида, такрибан соли 1049 аз дунё гузаштааст.

Кисойи шоъири хеле тавоност. Газалу касидаро неку мегуфтааст. Васфи маю маъшука, холати ошик ва зухуроти гуногуни ишкро тараннум мекунад, ки ин мазмун мухтавиёти газалгунахо ва ташбиби касидахои уро ташкил медихад:

Комати чун сарв равонаш нигар,

Он лаби ширину забонаш нигар!

Кушиши он чашми сиёхаш бибин,

Хушшийи он танг дахонаш нигар!

Кисойи устоди чихранигориву манзаранигорист. Образхо ва сувари хаёли у хеле равшан ба чашм аён буда, аз камоли махораташ дарак медиханд:

Нилуфари кабуд, нигах кун, миёни об

Чун теги обдодаву ёкути обдор!

Хамранги осмону ба кирдори осмон,

Зардиш дар миёна чу мохи даху чахор!

Чун рохибе, ки ду рухи у солу мох зард

В-аз митрафи кабуд ридо кардаву изор!

Дар асри X ранг кардани муй одат (шояд одати ахли дарбор) будааст, ки Кисойи низ ба он ишора дорад:

Аз хизоби ману аз муй сиях кардани ман

Гар хаме ранч хури, беш хуру ранч мабар!

Гаразам з-ин на чавонист, битарсам, ки зи ман

Хиради пир бичуянду наёбанд асар!

Кисойи ба хотир меорад, ки дар ахди Сомониёну Балъамиён зиндаги, чунон ки дар замони Махмуди Газнави шуд, набуд. Албатта, у хеле бад шудани зиндаги, бетартиби ва ривочи бозори зулму чаврро дар назар дорад, ки Рудакивор мегуяд:

Ба вакти давлати Сомониёну Балъамиён

Чунин набуд чахон, бониходу сомон буд.

Ашъори рангоранг ва анвоъи гуногуни шеъри Кисойи далели кудрати шоъиронаи уст, ки абёти зерин далели равшани даъвостанд:

Гул ниъматест хадяфиристода аз бихишт,

Мардум каримтар шаванд андар наъими гул.

Ай гулфуруш, гул чи фуруши барои сим?!

Аз гул азизтар чи ситони ба сими гул?!

Чамъан аз Кисойи акнун такрибан 260 байт дастрас аст.

Абулаббоси Имоми низ аз шоъирони охири асри X — ибтидои асри XI буда, муаллифи «Ал-муъчам» Шамси Кайси Рози дар исботи харфи равии кофия ду байт аз у мисол меорад:

Ду чашмак пур зи банди чашмбандон,

Ду ёкутак хамеша ханд-хандон!

Яке мар тандурустонро гаму дард,

Якеро суй  дарди  дардмандон!

 

Абулфатхи Пиндор хам аз шоъирони хамин замон аст. Номи уро Абулфатх Камолиддин ибни Абунаср Хотири Рози (ваф. 1010) кайд кардаанд, ки чанде дар доираи адабии Мачдуддавлаи Дайлами (997—1029) ширкат варзида, ба забонхои пахлави, араби ва дари шеър мегуфтааст. Китоби лугате хам доштааст бо номи «Мунтахаб-ул-фурс», ки аз он дар айни замон мадраке дар даст надорем.

Ду байти зерин аз чумлаи 54 байти бокимондаи мероси устанд, ки басо макбулу Рудакивор офарида шудаанд:

Лахни уро ману байти пахлави,

Захмаи   руду самоъи  хусрави!

Ва:

Мушкинкилке, сару бунболое,

Во ду чашми шахлою чи шахлое?!

Абулхасани Огочи Али ибни Илёс ном дошта, зодгохаш Бухорост. Соли 977 уро ба дарбори Нух ибни Мансури Сомони даъват намуданд. Ба араби ва форси шеър мегуфтааст. Уро шоъири сохибдевон гуфтаанд, вале имруз девонаш аз байн рафта, холо аз он факат 39 байт дар даст дорем, ки дар носозгории рузгор, авчи бозори зулм, бекадрии илму хунар ва амсоли ин суруда шудаанд:

Туро фазилат бар хештан тавонам дид,

Валек фазлат номардумисту бехиради!

Абуабдуллохи Валволачи. Абуабдуллох Мухаммад ибни Солехи Валволачи, ки маъруф ба Навоехийи Марвази буд, дар ахди Сомониён шоъири устод шинохта шудааст. Аз мероси адабии у ду китъа дубайти бокист, ки яке ин аст:

Симдандонаку басдонаку хандонаку шух,

Ки чахон он-к бари мо лаби у зиндон кард.

Лаби у бинию гуйи, ки касе зери акик

Ба миёни ду гул — андар шакаре пинхон кард!

Абунасри Маргази аз шоъирони асри X буда, Асадии Туси дар «Лугати фурс» ин байти уро зикр мекунад:

Нестиро хаст кунад тунбали у,

Хастиро нест кунад фархасташ!

Мунчики Тирмизи. Номаш Абулхасан Али ибни Мухаммад буда, бо лакаби Мунчики Тирмизи маъруф аст. Ба шаходати муаллифи «Таърихи эхё-ул-мулук» Мунчик номи яке аз карияхои шаркии шахри Тирмиз буда, шоъир бо номи зодгохи худ ва Хаким Мунчик шухрат пайдо кардааст. Соли таваллуду марги у равшан маълум набошад хам, аз каринахо метавон ба хулосае омад, ки дар нимаи дувуми карни X ба шоъири пардохта, чанде дар доираи адабии хукмрони Чагониён Тохир ибни Фазли Чагони ширкат варзида, фаъолияти адабиро давом додааст.

Мунчик аз шоъирони сохибдевон аст. Ба кавли Носири Хусрави Кубодиёни, девони Мунчик дар Мовароуннахру Хуросон даргард буда, онро дар Озарбойчон низ мехондаанд. Катрони Табрези чанд чойи нофахмояшро аз Носири Хусрав пурсида мегирад.

Мунчик газалу касида ва рубоъиву китъа дорад, вале дар хачву танз бемонанд будааст. Ба махорати хачвнигории Мунчик Мухаммади Анвари ва тазкиранигорони баъдина бахои баланд медиханд. Аз чумла, Ризокулихони Хидоят менависад: «Мунчик марде теззабон, хазлойин, тундтабъ, забоновари болигу нуктадон буд, ки касе аз тири табъаш нарастиву аз каманди хачваш начасти; синаи ахли кинаро ба хичо хастиву дасти ахли забонро ба каманди хазл басти».69

Бо камоли таассуф метавон таъкид кард, ки аз мероси гании Мунчик намунахои каме то замони мо расидаанд, ки дар «Ашъори хамасрони Рудаки» хамаги 517 байти он гирд оварда шудааст. Намунае аз он:

Ай мачлисиёни хазрати шох,

Дарёи шумо наханг дорад!

Аз бахри Худо, маро бигуед,

То нони шумо чи ранг дорад?!

Панди  дигар:

Чаро-т риш дароз омадаасту боло-т паст?!

Мухол бошад боло чунону риш чунин!

Дар зарурати табиби доно ва вазири ботадбир  мефармояд:

Басо табиб, ки моя надошт, дард афзуд,

Вазир бояд, мулки хазорсола чи суд?!

Вазири нав ситади, к-у зи ройи бемаъни

Ба гуши мулк – андар фиканд карри зуд.

Чу мулк кар шаваду нашнавад муроди малик,

Ду чиз бояд – динори зарду теги кабуд!

Робиъаи Балхи нахустин шоъираи форсу точик, духтари Каъб буда,  дар асри X зиндаги ва эчод кардааст. Уро бародараш дар чавони бо гунохи ишк дар хаммом буги карда куштааст. Робиъа ба Бектош, ки гуломи бародараш буд, дил баста буд. Саргузашти шурангези Робиъаи Балхи бисёр адибонро ба илхом овардааст. Шоъири бузург Шайх Аттори Нишопури (асри ХШ), Ризокулихони Хидоят (асри XIX) ва чанд нависандаи хамзамони Точикистону Афгонистон дар бораи у асархои бадеъи навиштаанд.

Робиъа дар сурудани ашъори ошикона устод буда, шеърхои ишкии Рудакиро сармашки эчоди худ карор медодааст. Аз гуфтори Робиъа ба овардани факат як намуна иктифо меварзем:

Кош-к танам боз ёфти хабари дил,

Кош-к дилам боз ёфти хабари тан!

Кош-к ман аз ту бирастаме ба саломат,

Ой, афсусо, кучо тавонам растан?!

Аксари адибони дигаре, ки дар ин аср руз бз сар мебурданд, низ сохиби шухрати хос буда, аз Бухоро, Балх, Марв, Самарканд, Чагониён, Тирмиз, Хирот, Сарахс, Гургон ва Нишопур барин шахрхо ва бисёр музофоти Мовароуннахру Хуросон маншаъ гирифта, бештаринашон дар Бухоро, ки дар ахди Сомониён маркази бузурги илмиву адаби хисоб меёфт, чамъ омада буданд. Дар замонхои баъдина кам ба назар мерасад, ки дар як аср ин кадар суханварони сохибмакоме ба камол расида бошанд, ки сохиби табъи салим ва истеъдоди фитри бошанд.

Адабиёти  асрхои  IX—X точик аз чихати  мавзуъ нихоят гани буда, мавзуъхои асосии он аз инхо иборатанд: муборизаи абадии неки бо бади, хикмат, фалсафа, панд, хасби хол, мадх, хачв, танкиди иллатхои чамъият, хазл, ишк, хамоса, рухдодхои таърих, достон, кисса, васфи табиъат, васфи Наврузу Мехргону Сада, шодбоши ва гайра. Махз дар хамин замон талаби эстетикие пеш гузошта шуда буд, ки шеър бояд дар колаби суханхои фахмо бо чавхари маъни ороста гардида, хикмату лаззат дошта бошад. Хусусан, мавзуъхои мухофизати Ватан. мубориза бар зидди истилогарони хоричи, талоши истиклол, бо назари ибрат ба гузашта ва собикаи кавмхо нигаристан ва ситоиши обу хоки диёр дар адабиёти ин давр баланд садо медиханд. Кофист, ки як байти Фирдавсиро ба хотир оварем:

Хама сар ба сар тан ба куштан дихем,

Аз он бих, ки кишвар ба душман дихем!

Зеро шоъири чахоншумул, алхак, дуруст мефармояд:

Хама мулки Эрон саройи ман аст,

Ки неку бадаш аз баройи ман аст!

Барои чунин Ватан бедарег чон додан меарзад. Бар болои ин, суннати ачдодии мо будааст, ки мурдани баномро аз зинда  будан дар бандагиву  хидмати душман авлотар мешуморад:

Чунин гуфт муъбад, ки мурдан ба ном

 Бих аз зинда душман бар у шодком!

Панду андарзу нисихат, хусусан таълими одоби нек, таргиби инсофу адолат, ситоиши хунар ва васфи илму дониш, тавсифи хирад, тараннуми дусти кисмати барчастаи адабиёти асри Х-ро ташкил медиханд.70 Ин мавзуъ дар осори Рудаки, Шахиди Балхи, Абулмуайяди Балхи, Абулхайсами Гургони, Мунчики Тирмизи, Абушакури Балхи бакувваттар ба назар мерасад. «Калилаву Димна»-и Рудаки ганчинаи хикмат будааст. Адибони хамзамони Рудаки илму донишро сарвати бебахои маънави, начотдиханда аз тангдасти ва махрумиятхо дониста, эътироф мекарданд, ки чамъият хамеша ба илм эхтиёч дорад. Шахс бояд дар кудакию чавони илму хунар аз худ кунад ва то замоне, ки зинда аст, аз омухтан гофил намонад. Макоми шахс дар чамъият ба дониш, адаб ва хунарн у вобаста аст, на ба аслу насаб.

Танкиди иллатхои чамъият, нобаробарии ичтимои, фасоди ахлок ва    хазлу    шухи   дар    гуфтори   Рудаки,    Аммора,   Кисойи,    Шахид,  Абушакур, Хаббоз (ваф. 953)  ва Мунчик бештар ба назар мерасад. Онхо аз шикампарастии саркардагон, беадолатии хокимон, бемурувватии амалдорон, тангдастии ахли дониш ва холи бади ахли захмат шиква мекунанд. Ба кавли Шахиди Балхи,

Агар гамро чу оташ дуд буди,

Чахон торик буди човидона.

Дар ин гети саросар гар бигарди,

Хирадманде наёби шодмона!

Шоъирони ин давра хангоми тасвири инсону табиат дар байни онхо иртиботи хайратангезеро дарк намуда, барои ифодаи фикри худ аз он мохирона истифода бурдаанд. Ташбеххо, тазодхо, васфхо ва истиорахои табии хама аз ин ду манбаъи чахони модди гирифта шудаанд. Рудаки мефармояд:

Чамани аклро хазони агар,

Гулшани  ишкро  бахор  туйи!

Ишкро гар паямбари, лекин

Хуснро офаридагор туйи!

Шоъирони асри X хусусан дар тавсифи чилвахои бахор, нигориши манзарахои тирамох ва тасвири лахзахои зимистон устодиву хунармандии хайратоваре нишон додаанд. Дар ин гуна тасвирхои эшон кас табиъати зиндаи хамеша дар нахзату харакатро мебинад.

Дар газалу тагаззул ва насибхое, ки дар онхо сухан аз ишк меравад, лаззати ишк ва кайфу сафои ошик аз ин лаззатгири тараннум меёбанд, аммо аз хичрон, фирок ва дарди чудои осоре ба назар намерасад, зеро канизон ва гуломони турк, ки харида мешуданд, дар хар маврид бемалол метавонистанд, ки чун воситаи дилхуши истифода гарданд (Ай харидор, ман туро ба ду чиз: — Ба дилу чону махр дода забун). Ин маъшук метавонад марди лашкари бошад. Бинобар хамин, чобуксавори, берахми, газабноки, ноошнои ва сойири сифатхои чанговарона чун сифатхои хуби маъшук васф карда мешаванд.

Тахриру чамъ овардан ва сара намудани «Шохнома» дар асри X эхтиёчи маънавии халк буд, ки ба сабаби зиёд шудани хавфи хучуми кучманчиён бар зидди Давлати Сомониён, аз байн рафтани истиклолияти милли ва низоъхои дохили руз ба руз меафзуд, торафт бештар таваччухи ахли калам ва мардони сиёсатро ба худ чалб мекард. Соли 957, бо супориши сарлашкари Сомониён Абумансур Мухаммад ибни Абдураззок, чандин муъбади зардушти «Шохнома»-е мураттаб сохтанд, ки чун «Шохномаи Абумансури» машхур гашт. Соли 983 Абулмуъайяди Балхи ва баъди се соли у Масъудии Марвази «Шохнома»-хои худро таълиф намуданд. Икдоми Дакики дар ин чода кадами чиддие буд, ки  барои эчоди «Шохнома»-и Фирдавси рох кушод.

Киссаю достонхо дар навъу колаби маснави таълиф мешуданд. Достонхои кахрамони, хамосави (эпики), ишки ва ахлоки дар хамин навъи назм эчод гардидаанд. Хафт маснавии Рудаки, аз чумла «Калилаву Димна» ва «Синдбоднома», се маснавии Абушакури Балхи (тав. 915), ки яке аз онхо «Офариннома» аст, «Шохнома»-и манзум, «Юсуфу Зулайхо»-и Абулмуъайяди Балхи намунахои барчастаи достонсаройи ва киссапардозии он замон ба хисоб мераванд. Дар таркиби номи аксари онхо омадани чузъи «нома» ба достон буданашон ишорат мекунад. Махз дар асри X аввалин достонхое, ки мавзуъашон,  мисли     «Донишнома»-и Майсари, илм аст, ба майдон омаданд, ки асосгузори ин навъи достон низ Устод Рудаки буда, маснавии у «Даврони Офтоб» рочеъ ба илми нучум (астрономия) будааст.

Навъи  аз хама ривочёфтаи  назми  асри  X касида буд. Мавзуъи касида бештар мадху васф, гохе фалсафа, шикоят, хасби хол ва гайра мебошад. Асосгузори касидаи мукаммал дар адабиёти форси, чунон ки ишора шуд низ Устод Рудакист. Бисёр шоъирони давр касида навиштаанд. Аз чумла, Мачдуддин Абдулхасан Кисойии Марвази (953—1049) низ ба сурудани касидахои фалсафи, ахлоки ва хикматомез машгул будааст. Танхо кисмати мукаддимавии касидахояш мавчуданд, ки ба васфи бахор, ишк, чавони, хушгузаронии умр, чашну идхо ва амсоли инхо бахшида шудаанд.

Газал  хам чун  навъи писандидаи  лирика инкишоф меёфт, ки бо мусики алокаи зич дошта, асосан бо оханг суруда мешуд. Устодони ин навъи шеър дар асри X  Рудаки, Шахид, Дакики, Робиъа, Хусравони, Мунчик ва дигарон газалхои худро бо мазмунхои ошикона, васфи бахор ва лаззатхои зиндаги ороста, дар ифода суханхои нарму ташбехоти нозукро истифода кардаанд.

Бузургтарин хамосаи  миллии дунё «Шохнома»  мебошад, ки тахрири аввали онро Абулкосими  Фирдавси соли 994 ба охир расонда буд. Ин асар бо азамати хачм (120 хазор мисраъ), санъати баланд ва мазмуни оли мумтоз  буда, таърих,  фалсафа,  ахлок,  акоид,  мукаддасот,  одоб  ва  пиндори  эрониёнро оид ба    офариниши олам,  сиришти  одами,   мохияти   рухдодхои  табиат,   макоми чону хирад дар зиндагии

мардум кисса мекунад.71

Муаллифи «Шохнома»-и безавол Абулкосим Мансур ибни Хасан Фирдавси соли 934 дар дехаи Божи нохияи Табарони вилояти Тус дар оилаи ашрофзодаи заминдор, ки он вактко дехкон мегуфтанд, ба дунё омадааст. Вай дар мадраса улуми замонаро амик омухта, забони пахлави, ойини зардушти, аспсавори, тирандози, шамшерзани, гуштингири ва илми харбро азбар карда буд. Аммо диккати уро беш аз хама таърихи ниёгон ба худ мекашид. Аз овони чавони    шеър мегуфт, киссаю афсонахоро  чамъ   мекард.   Бо  ин   максад шахру  дехоти зиёдро   гашт,   «Авасто»,   «Худойнома»   ва   амсоли   инхоро омухт ва соли 975 ба таълифи «Шохнома» шуруъ намуда, кариб 20 сол ранч бурд, то ки тахрири  нахустини онро  ба  итмом  расонад. Вале  вазъи  кишвар  чунон ноором  буд, ки Фирдавси натавонист шохасари худро  ба  хокиме такдим  дорад.  Дар ин  миён, соли 999, Давлати Сомониён аз байн рафта, Мовароуннахр ба дасти Карахониён гузашта, дар Газнин Султон Махмуд  (998—1030)    хукумати    худро    пойдор      кард. Фирдавси асари худро аз нав тахрир карда, достонхои  наверо ба  он  илова    намуда, чо-чо    ба  ситоиши Махмуди Газнави пардохт ва тахрири охирини онро, ки солхои 1010—1014 анчом дода буд, ба Султон Махмуд пешкаш намуд. Вале Махмуд пешкаши шоъирро напазируфт. Чаро? Барои он ки Фирдавси таърих, эътикодот, кешу ойини эронихоро ситоиш намуда, халкро даъват менамуд, ки бар зидди ачнабиён, госибон, хокимони бенажоду бадасл ба набард бархезад. Хамчунин, Фирдавси Заххокро чун араб ба калам дода, Ковусу Афросиёб барин шохони Турону туркро чун акрабои Ахриман тасвир мекунад. Ба гуфти шоъир, Махмуд,

Чу андар табораш бузуги набуд,

Наёрист номи бузургон шануд!

Фирдавси, баъди дилозурдагихо ва оворагардихо, соли 1021 дар зодгохи    худ    оламро   падруд   гуфт.  Уро   дар   боги   падараш  ба  хок супурданд. Инак он чо оромгохи мухташаме кад афрохтааст. Мучассамахои шоъир дар Тус, Техрон ва Душанбе кад афрохтаанд. Дар Точикистону Эрону Афгонистон садхо кучаю хиёбон, мактабу муассисаи илми ва гайра номи Фирдавсиро гирифтаанд, ки кохи шухрату мухаббату сипосашро бегазанд нигах медоранд.

«Шохнома»-и Абулкосими Фирдавси аз лихози шаклу мазмун асари тому мукаммали бадеъи буда, дар он саргузашту таърих ва вокеахои ривоятиву таърихии 50 подшохи Эронзамин, аз Каюмарс то замони Сосонихо, Нушервони одил ва Яздигурди Ш бо бадеъияти баланд тасвир шуда, тадричан падид омадани фулузот, кишоварзи, зухури пайгамбарон Зардушту Мони ва Маздак, муборизаи куввахои неки бо хидояти Ахурамаздо ва нерухои бади бо сарпарастии Ахриман, набарди Коваи охангар бар зидди Заххоки Морон, ки тухми инсониятро аз руйи Замин нест кардан мехост, чори гардидани чашнхои милли (Наврузу Садаву Мехргон), мубориза алайхи чахлу нодони ва амсоли инхо баён мегардад. Зарару  зиёни манмани (дар мисоли Чамшед), бародаркуши (дар мисоли Эрачро нобуд кардани Салму Тур), окибату зарархои чохталаби (дар мисоли чангхои Эрону Турон, бо игво писарони худро куштани Рустаму Афросиёб) ва гайраро таъкид, гояхои подшохи одил, сулху осоиш, фукаропарвари, мухофизати обу хоки Ватан ва хифзи нангу номусро таргиб мекунад. Рустаму ачдоду авлоди у, занони далер Гурдофарид ва Манижаю Фарангис барои бахту саодат талош меварзиданд. Рамз бо базм ва хамоса бо ситоиши хирад, тараннуми ишку ахлок омехта тасвир меёбад; талош бо девхо, набард бо Заххоку Афросиёб, мубориза бо лашкари араб ва, нихоят, хачвияи Фирдавси дар хакки Султон Махмуд кадри шоъирро дар назари халк воло мегардонад. «Шохнома» дорои ва ифтихори тамоми инсоният аст. Хак ба чониби Фирдавсист, ки гуфта буд:

Намирам аз ин пас, ки ман зиндаам,

Ки тухми суханро парокандаам!

Шоъир Кисойии Марвази вазъи фалокатбору нобасомони замон, рузгори пурошуб ва касод шудани бозори шеърро дар Бухоро мушохида намуда, бо афсусу надомат гуфта буд:

Ба вакти Давлати Сомониёну Балъамиён

Чунин набуд чахон, бониходу сомон буд.

Дар бораи шеъри замони Сомониён метавон боз чандин сахфаи дигар навишт, вале аз ин мохияти масъала дигар намешавад. Факат манзараи он рангинтар чилва менамояд. Аммо вазъи адабиро бидуни баррасии насри он тасаввур кардан аз имкон берун аст. Бинобар хамин, як нигохи мухтасар ба насри он замон меандозем.

Насри бадеъии форсу точик зодаи асри X аст. Махз дар хамин аср, хусусан дар ахди Наср ибни Ахмади Сомони   (914—942)    ва Нух ибни Мансур    (977—997), насри форсии точики на танхо тавлид ёфт, балки ба пояи баланди инкишоф расид. Аммо доираи густариш ва тараккиёти он    ба дарачаи назми он замон нест. Се навъи наср дар  асри X маълум  буд:  Якум, асархои мансуре, ки аз гирд овардани ривоятхо, киссаю афсонахо, таърихномахо ва  вокеаномахои пешин тасниф шуда буданд. Намунаи мумтози он хамон «Шохнома»-хои мансур мебошанд, ки машхуртарини онхо ба калами  Абулмуъайяди   Балхи   мансуб   будааст.   «Шохнома»-хои  Абуъали  Мухаммад ибни  Ахмади Балхи ва шоъир Абумансур Мухаммад ибни Абдураззок низ маълуму машхур будаанд. Китобхои «Ахбори Бахман», «Ахбори  Фаромарз»,  «Ахбори   Рустам»,  «Китоби   Гаршосп», «Ахбори Соми», «Ахбори Кайкубод» аз хамин силсила   асархо   мебошанд.   Хамчунин,     «Ахбори   Рустам»-и Озодсарв,  «Ахбори  Наримон»,  «Ахбори  Сом» ва амсоли инхо    маълум    будаанд. Асари    дигаре, ки дар ин    колаб ба  вучуд омадааст,    «Марзбоннома»-и Марзбони    писари    Рустам    аст, ки    ба    лахчаи   табаристони таълиф гардидааст. Ин навъи асархо бештар дар шакли кисса андар кисса навишта шудаанд. Хикоятхои хурд асосан дар дохили асархои кисса андар кисса ва асархои таърихи чой дода мешуданд.

Дуюм, китобхое, ки аз забонхои пахлави, араби, хинди ва гайра тарчума шудаанд. Як намунаи хубу хурди ин навъ асархо «Зафарнома»-и Абуали ибни Сино дар ойини давлатдори мебошад, ки баъдхо номи «Пирузнома»-ро гирифт. Асли он аз панду хикматхои адлу дод ва ахлокии Бузургмехри Бахтагон (асри VI) иборат буда, Абуали ибни Сино онро соли 997 аз пахлави ба форсии дари гардонидааст.

Сеюм, насри фанни, яъне асархое, ки рочеъ ба сохахои гуногуни илм, хусусан таъриху чугрофия ва фикх таълиф гардида, дар онхо хикояту ривоятхои адаби низ накл карда мешаванд. «Таърихи Балъами», «Таърихи Систон», «Дар ахкоми фикхи Ханафи», «Ачоиб-ул-булдон»-и Абулмуъайяд, «Худуд-ул-олам» (соли таъл. 984) ва амсоли инхо аз он кабиланд.

 Насри асри X аз такаллуф ва ибораторойии сунъи бари буд. Дар он чумлахои кутох, ки магзи суханро ифода мекунад, бештар ба кор рафтаанду калимахои араби хеле кам ба назар мерасанд.

Дар охири асри X — ибтидои асри XI дар Эрони Гарби низ адабиёти форси арзи вучуд намуда, дар Гургон, Рай, Исфахон, Шероз ва гайра басе инкишоф ёфта буд, ки анъанаву суннатхои Рудаки, Мунчику Дакики ва амсоли онхоро омухта, идома медоданд ва Мовароуннахру Хуросон чун маркази адабиёту фарханг ва хунари форси боки монданд.

Дар асрхои XI—XII, аниктараш баъди бархам хурдани Давлати Сомониён ва баркарор шудани давлатхои Газнавиён ва гайра, яъне аз охири солхои асри X то панчяки аввали асри ХШ, то замони истилои мугул, чандин бор доирахои нави адабиёт ташкил шуданду аз байн рафтанд. Хар гох давлате таъсис мешуду шахреро пойтахти худ интихоб мекард, он чо доираи адаби шакл мегирифт. Адибону олимон дар он марокизи фарханги гирд меомаданд. Баробари бархам хурдани давлатхо марокизи мадани хам аз байн мерафтанд ва ё хеле заъиф мешуданд. Албатта, дар вилоятхо, хусусан дар шахрхои калон, хамеша конунхои адаби гардон буданд. Вале равияи пуркувватро хамеша адабиёти марказхо ташкил мекард, зеро, бар замми он ки дар марказхо таъсиси доираи адабиёти дарбори расм шуда буд, дар онхо хунармандон, ахли шахр ва зиёиён чамъ меомаданду аз байнашон адибон ба воя мерасиданд.

Чаро адабиёти ин давра адабиёти навин ва пояи тараккиёти адабиёти минбаъдаи форсу точик номида мешавад? Чунки то ин замон адабиёти точик ё ба забонхое, ки баъдан аз байн рафтаанд, навишта шудааст, ё ба забони араби таълиф гардидааст, ки барои халк бегона буданд. Аз асри IX сар карда адабиёти точик ба забоне офарида мешавад, ки бо он имруз хам мардуми мо гуфтугу менамоянд. Забони осори Рудаки, Дакики, Фирдавси, Абуали ибни Сино ва дигарон аз чихати таркиби лугави, таъбиру иборахо, воситахои тасвир, сохти сарфиву нахви ва тарзи талаффуз аз забони хозираи адабии точик чандон фарке надорад. Бар замми ин, анъаноти асосии адабиёти точик дар хамон замон ба вучуд омада, минбаъд инкишоф ёфтанд. Асоси назариявии адабиёти точик ва тобишхои зебопарастии он дар хамон давра гузошта шудааст. Жанрхо ва анвоъи асосии адабиёти мо дар насру назм — кисса андар кисса, хикоя, касида, газал, рубоъи, китъа, маснави, хелхои гуногуни достон махз дар хамин карнхо тавлид гардида, ба низом дароварда шуданд ва минбаъда такомул ёфтанд. Вазни аруз ва тарзи хатмии кофиябандии хос барои хар як навъи шеъри точики низ дар хамин давра устувор гардид. Хамаи ин пайвандхои ногусастание мебошанд, ки адабиёти асрхои IX— Х-ро бо тамоми адабиёти баъдинаи мо пайваст менамоянд ва тамоми ин адабиётро чун як адабиёти томи дорои конунхо, талабхо, хадафхо ва анъанахои устувор чилва медиханд.

Тавлид, сабзиш ва такомули адабиёти точик дар асрхои IX—X заминахои хоси таърихи дошт, ки мухимтаринашон аз инхо иборат буданд: ташаккули халкияти точик, таъсиси давлатхои мустакили точикон, болоравии худшиносии мардум, хамчун забони адабиёту илм маком ёфтану чун забони давлатии расми кабул гардидани забони форсии дари, инкишофи шахрхо чун марокизи илму хунар ва савдо, дастгирии хокимон аз ахли адаб ва амсоли инхо.

Тоза будани мазмунхо, равонии фикр, соддагии калом, табии будани забон, барои зехн гуворо будани воситахои тасвир, ки дар якчояги сахли мумтанеъро ба вучуд меоранд, хоси назми асри X мебошанд. Сахли мумтанеъ маънои соддагии баландмазмуну зебойии душворофаринро дорад, ки ду намунаи зерин аз насри асри X исботи гуфтахои боло буда метавонанд:

 «То чахон буд, мардум гирди дониш гаштаанд. Ва суханро бузург доштаву некутарин ёдгори сухан донистаанд. Чи андар ин чахон мардум ба дониш бузургтар ва моядортар. Ва чун мардум бидонист, к-аз вай чизе намонад, бад-он кушад, то номи у бимонад ва нишони у гусаста нашавад» (Аз мукаддимаи «Шохномаи Абумансури»).

«Чунин гуяд Ибни Мутеъи Балхи, ки дар Хиндустон… дарахтест бар сари кухе дар миёни дарё ва миёни он дарахт чихил дар хона асту дах дар дукон дар ситабри он дарахт. Ва дуконхо хамеша пури матоъхову кумошхост гуногун. Ва бар хар матоъе бахои он навишта, то хар факире ё амире ва хар кас, ки матоъе хохад, бихарад, ва хар чинсе ба чанд. Ва он чо хеч мардум набошанд, чунон чи эшонро бинанд. Чун кишти он чо расад, бидоранду дар он дуконхову хонахо раванду нарххо бархонанд, бахо барсанчанду биниханд ва он матоъ бардоранду бираванд. Ва харгиз кас он чо мардум надидааст. Ва агар касе чизе баргирад ва бахо он чо нанихад, аз миёни он дарахт берун натавонад омадан. Ва харчанд, ки гарданд, рохи берун омадан наёбанд. Чун матоъро боз чо ниханд ё бахои он биниханд, рох ёбанду берун оянд. Ва ин сахт азоб аст» (Аз «Ачоиб-ул-булдон»-и Абулмуъайяди Балхи).

Дар назми ин давра ташбеххои хаёли, тавсифхои  вахми,  муболигахои аз  фахм  дур,    иборахои муглак дида намешаванд. Танхо баъзе калимахояшон кухна шудаанд. Масалан, дар байти зерин иртиботи холу монандихои табиату инсон хеле равшану бинову табиъи ба калам оварда шудаанд:

Сарв аст он ё боло? Мох аст он ё руй?

Зулф аст он ё чавгон? Хол аст он ё гуй?

Ва ё:

Абр хаме гиряд чун ошикон,

Бог хаме хандад маъшуквор.

Раъд хаме нолад монанди ман,

Чунки бинолад ба сахаргох зор.

Бархак, шоъирони асри X хусусан дар таснифи чилвахои табиъат бештар доди сухан додаанд. Аз хамин нуктаи назар ба барфияи зерини Абулхасани Огочи таваччух фармоед, ки хеле шоъирона нигошта шудааст:

Бар хаво дарнигар, ки лашкари барф

Чун кунад андар у хаме парвоз:

Рост хамчун кабутарони сафед,

Рохгумкардагон зи хайбати боз!

Адабиёти асрхои IX—X бо эчодиёти даханакии халк алокаи мустахкаме дошт. Аз осори халки киссаю афсонахо, зарбулмасалу маколхо ва таъбирхои халкиро мегирифт. Охангнокии суруду таронахо ва чакомахои халки намунаи ибрати адибони бузург буданд. Дар навбати худ, бисёр асархои устодони сухан мазмунан ва ё дар шакли хикмат ба фолклор гузашта, моли халк мешуданд.

Адабиёти асри IXX, ки зодаи Мовароуннахр — сарзамини нозанини точикон аст, бо тамоми муваффакиятхояш асоси минбаъдаи тараккиёти адабиёти классикии точику форсро ташкил додааст. Бузургии бисёр суханварони он давр имруз хам эътироф карда мешавад. Аввалин сабки он — сабки мовароуннахри (туркистони) дар хамин давра ба вучуд омад. Махз дар хамин давра вазни аруз ба хусусиятхои забони адабии точик — форсии дарии онруза мувофик гардонида шуд.

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …