Главная / Илм / АСПИРАТСИЯ

АСПИРАТСИЯ

servo_navaАСПИРАТСИЯ (аз лот. aspiratio – нафаскаши), 1) ба воситаи асбобу ускунахо берун кашидани моеъ ё хавое, ки дар натичаи беморихои гуногун дар чавфи бадан, банду бугум, римхона гун шудааст. 2) Хангоми нафасгири ба рохи нафас афтодани чисмхои бегона, заррахои гизо, хун, дандонхои сунъи ва г.; дар мавриди бехуш будани бемор ё ихтилоли кобилияти фурубари ба вукуъ мепайвандад. Окибати А. ба гилзати моддахои ба рохи нафас афтода ва чукурии чойгирии онхо вобаста аст. А.-и моеъ ва чисмхои бегонаи калон бинобар нафасгир карданашон боиси фавти одам мегарданд. Хангоми ба рохи нафас афтодани массахои нисбатан кам онхо тавассути балгам хорич карда мешаванд. Дар баъзе мавридхои дигар имкон дорад, ки онхо беморихои илтихобии гуногун, мас., ларинготрахеитхо, бронхитхо, бронхиолитхо, пневмония ва г.-ро ба вучуд оранд.
А. хусусан дар кудакон бештар рух менамояд. Он метавонад хангоми дар батни модар будани кудак, дар вакти таваллуд (аз луоби бачадон ва махбал), хамчунин баъзе беморихои модар ба вукуъ пайвандад. Дар кудакони навзод дар аснои ширмаки, кай, сурфа ва гиря кардан низ ба мушохида мерасад. Аз рохи нафас чисмхои бегонаи нисбатан калонро бо усули бронхоскопия берун меоранд.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …