Главная / Биология / АСОСХОИ ГЕНЕТИКА ВА СЕЛЕКСИЯ

АСОСХОИ ГЕНЕТИКА ВА СЕЛЕКСИЯ

Асосгузори фанни генетика олими чех Грегор Мендел мебошад. У соли 1865 конунхои меросгузории аломатхои ирсиро кашф намуда буд. Лекин дар давоми 35 сол ахли илми онвакта бо ин кашфиёт марок зохир накард ва ё сарфахм нарафт. Факат соли 1900 ин конунхо аз сари нав кашф шуданд ва он соли тавлиди фанни генетика ба хисоб меравад. Генетика фанни нисбатан нав бошад хам, лекин ба комёбихои калон ноил гаштааст. Дар ин муддат тасаввуротхо дар бораи мутатсия, хатхои соф, популятсияхо, назарияи ирсияти хромосоми, инчунин конуни катори гомологи, ирсият ва тагйирпазири ба вучуд омаданд.

АСОСХОИ ГЕНЕТИКА ВА СЕЛЕКСИЯ

Зинаи дуюмини пешрафти генетика ба тараккиёти техника, аз чумла, пайдо шудани асбобхои мураккаби хозиразамон вобаста аст. Хамин тарик, ба туфайли ин дастовардхо имконияти муайян кардани механизми ирсият мухайё гардида, сохти кислотахои нуклеинат ва вазифаи онхо дар гузаронидани аломатхои ирси, кушодани рамз (код)-и генетики ва зинахои синтези сафеда маълум шуданд.

Комёбихои генетика дар сохахои гуногуни фаъолияти илми ва истехсоли, алалхусус дар биология, тиб ва кишоварзи, мавкеи хос доранд. Кашфи конуниятхои генетики боиси муайян намудани омилхои пайдоиши хаёт дар руи

Замин ва асоси материалии табаддулоти эволютсиони гардид. Омузиши алокамандии генхо бо сафеда бошад, заминаи пайдоиши фанни биологияи молекулави шуд. Имруз пешрафти пуравчи иммуногенетика, ки асосхои реаксияхои мухофизатии организмхоро меомузад, ба мушохида мерасад.

Алхол, асосхои генетикии бисёр касалихои инсон муайян гардида, роххои муоличаи саривактии онхо дарёфт ва роххои пешгирии онхо маълум шуданд. Генетика имруз асоси илмии корхои селексиони дар сохаи кишоварзи буда, усулхои нави амалиро дар сохахои биотехнология ва генетикаи мухандиси чори намуда истодааст. Хамаи ин исбот мекунад, ки генетика дар бисёр чабхахои илм ва сохахои гуногуни хочагии халк истифода шуда, дар тарбия ва таълими хонандагон мавкеи хос дорад.

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

КОНУНИ ДУЮМИ МЕНДЕЛ (КОНУНИ ТАЧЗИЯ)

Хангоми дурагакунии наслхои гибридии якум, ки аломати якхела доранд, дар насли дуввум хам аломати модари …