Главная / Илм / АСОБАГАЛ

АСОБАГАЛ

db7ca055-fa58-4442-a2fc-8bb6f7f5269a_cx0_cy19_cw0_w1023_r1_sАСОБАГАЛ, асо, олотест, ки хангоми бемори, иллати пой ё сутунмухра рох рафтанро осон мекунад. А. имкон медихад, ки бори сутунмухра ё пои мачрух ба даст гузарад. А. ду хел мешавад: А.-е, ки барои панчаи даст ва зери каш такягох дорад ва А.-е, ки такягохаш барои панча ва банди даст аст.
А.- и якум васлшаванда буда, дарозии онро вобаста ба кади бемор тагйир додан мумкин аст. Чунин А.-ро аз чуби сахт ё охан тайёр мекунанд. Он аз ду пояи дастадор (такягох) барои зери каш (дар боло) ва даста барои панчаи даст, ки бо мурват ба миёначои пояхо устувор мекунанд, иборат мебошад; дастаро мувофики хохиш боло ё поён кардан мумкин аст. Ба такягохи зери каш намаду чарм медузанд. Пояхо дар поён бо ду мурват ба пояи асоси васл шудаанд. Дар нуги пояи асоси гилофаки резини насб шудааст, ки аз лагжидан эмин медорад. А. набояд аз хад баланд ё паст бошад. А.-и аз хад баланд пустро обиладор ва асабу рагхои зери кашро иллатнок мекунад. А.-и паст бошад, хангоми рох рафтан ноустувори ба амал меорад, зеро вазни бадан ба панча гузашта, шахс зуд хаста мегардад.
А.-е, ки барои панчаю банди даст такягох дорад, одатан, васлнашаванда аст; онро факат мувофики андоза ва аз металл месозанд. Ин гуна асо аз такягохи бехаракат (барои панчаи даст) ва оринчмонак (дар кисми болои) таркиб ёфтааст. Оринчмонак бояд баробари сеяки банди даст бошад. Ба руи оринчмонак ва такягохи панчаи даст чарм медузанд. Ин намуди А. барои одамони бакуввату мушакхои дасташон пурзур мувофик аст.
Бо коидахои истифодаи А. беморро духтур ё инструктори варзиши шифои шинос мекунад.

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

planet

ЗАМИН – САЙЁРАИ СИСТЕМАМ ОФТОБИ

Сабабхои тагйирёбии фаслхои сол. Аз курси табиатшиноси мо медонем, ки Офтоб ин маркази системаи офтобии мо …