Главная / Илм / АСКАРИДОЗ

АСКАРИДОЗ

stadii-askaridoza-u-chelovekaАСКАРИДОЗ (Ascaridosis), бемориест, ки онро лундакирмхо – аскаридахо ба вучуд меоранд. Аскаридахо кирмхои калони гуногунчинс буда, дар рудаи борики одам сукунат доранд. Одам ягона манбаи сироят аст.
Аскаридаи модина дар як шаборуз то 250 хаз. тухм мегузорад, ки бо пасафканди бемор хорич мешавад. Хангоми набудани хочатхонахои обод ва вайрон кардани коидахои бехдошт, тухмхои аскарида ба воситаи ахлот дар гирду атрофи хона, хавли, полез, богу дарахтон пахн шуда, сабзавоту мевахоро ифлос мекунанд. Тухми аскаридахо дар руи замин ва кабатхои болоии хок дар харорати 10 – 360 С ва рутубати кофи баъд аз 2 – 6 хафта болиг мешавад (барои инкишофи онхо 240 С харорати муносиб буда, тухм баъд аз 14 руз болиг хохад шуд). Тухми аскарида ба таъсири шароити номатлуб нихоят тобовар аст (дар зери барф дар сармои то 30оС кобилияти зистан дорад). Дар нохияхои иклимашон муътадил дар чукурии 20 см то 5 – 7 сол зинда мемонад. Тухмхое, ки инкишофашон дар тирамох ба охир нарасидааст, зимистонро гузаронида, дар фасли бахор болиг мешаванд.
Одам аз А. дар натичаи истеъмоли сабзавоту меваи ношуста, нушидани оби начушида, аз дасти ифлос сироят меёбад. Сироят мавсими буда, дар мавзеъхои иклимашон муътадил то 7 мох (аз апр. то ноябр) давом мекунад. Мавсими зимистон сироят аз сабзавоти гармхона ё тавасути пойафзол ба хона овардани тухми аскарида руй медихад. Сироят дар нохияхои иклимашон сард 2 – 3 мох ва дар мавзеъхои гармсер тамоми сол тул мекашад. А. дар чойхое, ки пасафканди одамро безарар накарда, чун пору дар богу полезхо истифода мебаранд, бештар пахн шудааст. Тухмхои аскаридаи болиг ба рудаи одам ворид шуда, аз онхо кирминахо ба вучуд меоянд. Кирминахо луобпардаи рударо сурох карда, тавассути чараёни хуни варид (вена) ба роххои нафас мегузаранд, баъд ба чавфи дахон омада, бо оби дахон аз нав ба рудаи борик дохил мешаванд ва дар он чо ба кирми болиг табдил меёбанд. Тамоми сикли (даври) инкишофи аскарида – аз вакти сирояти одам то дар пасафканди у пайдо шудани тухми насли нави он 2,5 – 5 мох тул мекашад.
А. ду давра (аввал ва охир) дорад. Давраи аввалро давраи кучи (то ба рудахо такроран афтодани кирминахо) ва давраи дуюмро давраи рудаги ном мебаранд. Дар давраи аввали бемори, одатан, аломати зохири пайдо намешавад. Баъзан беморон бехоли, сулфа ва табу тасф мекунанд, ачаб нест ба саглес гирифтор шаванд. Дар мархалаи охирин беморон аз бехузурии дил, бехоли, дарди шикам шикоят мекунанд, дар сари дил гарони эхсос шуда, оби дахон меравад, иштихо мебандад, сар ба дард медарояд, бемадори, баъзан шабхароси (шабтарси) рух менамояд. Бачагон дар хобашон дандон мехоянд; беморихои бронхит, нафастанги, камхуни сар мезананд. А. боиси асабони ва парешонхотирии кудакон ва кундзехнии мактаббачагон мегардад.
Аскаридахо ба талхадон ва роххои талха ворид шуда, беморихои холесистити мадданок, думбали чигар, перитонит ва уфунатро ба вучуд меоранд. Пас аз ба мачрои гадуди зери меъда дохил шудани онхо панкреатити шадид ва агар ба рудаи кирмшакл дохил шуда бошанд, аппендитсит пайдо мешавад. Микдори зиёди аскаридахо боиси руст шудани рудахо мегардад. А. чараёни исхоли хунин, тифи шикам, сурхча, махмалак ва диг. беморихои сироятиро вазнинтар менамояд.
А.-ро мувофики тавсияи духтур муолича бояд кард. Агар бемор саривакт ба духтур мурочиат карда, доруи киччаронро истеъмол намояд, табобат осон мешавад. Вале тул кашидани бемори муоличаи дуру дарозро талаб мекунад; дар мавриди ба холесистити мадданок, перитонит, инсидод (басташави)-и рудахо гирифтор шудан, чаррохи лозим аст. Истеъмоли худсаронаи давохои наботи ва дорухои дарунрон аскаридахоро нест накарда, баръакс сабаби оризахои вазнини бемори мегардад.
Мубориза бар зидди А. аз муоинаи умумии ахоли ва ба онхо таъин намудани муоличаи махсус, ободонии махаллхои ахолинишин, хифзи санитарии манбаи об, хок, корхои маорифи санитари ва г. иборат аст. Дар пешгирии А. риояи коидахои бехдошти шахси (мас., пеш аз истеъмоли хурок, баъди казои хочат ва пас аз кор дар бог, полиз ва г. бо собун шустани дастон) ва тоза нигох доштани манбаъхои обу хочатхонаи хавлихо ахамияти калон дорад. Ахлотро аввал бо усули компосткунони безарар гардонда, баъд чун пору истифода бояд бурд. Дар мавриди бо пасафканди одам ифлос шудани хоки хавлихо, хаёта, богу полизхо начосатро якчоя бо кабати хок нест мекунанд. Дар чои ифлосшуда як кабза кох ё когазро сузондан ё ба замин оби чуш рехтан лозим аст. Сабзавоту мевахоро пас аз хуб шустан ва бо оби чуш чайконидан истеъмол бояд кард. Кудаконро то хадди имкон барвакттар ба риояи коидахои гигиени (истифодаи тубак, бо собун шустани даст, ба дахон нагирифтани ангушт, нахоидани нохунхо ва г.) одат кунондан зарур аст. Ниг. низ Гелминтозхо.
Ад.: Покровский В.И., Инфекционные болезни и эпидемиология, М., 2004; Камардинов Х.К., Инфекционные и паразитарные болезни, Д., 2009.
Ш. Тошева.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …