Главная / Илм / АСИРАК

АСИРАК

reseda-odorata-fl-mhassler2АСИРАК (Reseda odorata), асираки атрбу, асираки боги, асираки буё, як намуди гули хушбуй. Пояаш рост (баландиаш 15 – 40 см), сершоху барг (баъзан дар руи замин мехобад); баргаш сода, яклухт, байзашакл. Гулаш хушбуй, майда, сабзи зардча ё сафед, дучинса. Хушагулаш ахромшакли сершукуфа. Июн – июл гул мекунад (то фаро расидани сармои тирамох аз гул намефарояд).
А. сармобардор ва рушноипарвард аст. Барои кишти он чои офтобруя ва замини хосилхезу серрутубат лозим. Онро аз тухм месабзонанд ва мохи июн кучат мекунанд (масофаи байни нихолхоро 15 – 20 см гузоштан лозим). Гули А. равгани эфири хушбуй дорад, ки ашёи пуркимати атриёт аст.
А. гиёхи доруист. Бо максади табобат баргу поя, гул ва решаи онро кор мефармоянд. Мардуми Осиёи Маркази накеъи решаи А.-ро чун давои киччарон истифода мекунанд, накеъи баргу пояашро хамчун воситаи аракрон ва пешоброн муфид мешуморанд. Бо ин максад 1 кошук «алаф» – и майдакардаи онро дар 1 истакон оби чуш чой карда, болои зарфро пушида мемонанд. Пас аз як соат даворо полонда рузе 3 – 4 маротиба 2 кошуки (пеш аз таом) истеъмол мекунанд.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …