Главная / Гуногун / АСЧАДИ ва ФАРРУХИ- Дар Бахористони Абдурахмони Чоми

АСЧАДИ ва ФАРРУХИ- Дар Бахористони Абдурахмони Чоми

АСЧАДИ

Вай аз Марв аст ва аз чумлаи модехони Яминуддавла52 буд ва дар тахнияти фатхи вай Хиндустонро касидае дорад, ки матлаъаш53 ин аст:

Ш е ъ р
То шохи хурдабин сафари Суминот54 кард,
Кирдори хешро алами муъчизот кард.

Ва дар сифати харбуза гуяд:

К и т ъ а
Он забарчадрангу мушкинбую таъмаш таъми шахд,
Ранги дебо дорад у гуйиву буйи уди хом.
Чун бибурриди, шавад хар як аз он дах мохи нав,
В-ар набурри, бошад андар зоти худ мохи тамом.

ФАРРУХИ

Вай низ дар айёми давлати Яминуддавла буд ва аз фавозили56 инъомоти57 вай моли хатир 58 ба даст овард ва азимати тамошои Самарканд кард. Чун ба наздики он хитта расид, куттоъи тарик59 хар чи дошт, бибурданд. Ба Самарканд даромад ва худро зохир накард60. Рузе чанд он чо буд. Ин китъаро бигуфт ва бозгашт.

К и т ъ а
Хама наими Самарканд сар ба сар дидам,
Назора кардам дар богу рогу водию дашт.
Чу буд кисаю чайби ман аз дирам холи,
Дилам зи сахни амал фарши хуррами бинвашт,
Басе зи ахли хунар борхо ба хар шахре
Шунида будам: Кавсар як асту чаннат- хашт,
Хазор кавсар дидам, хазор чаннат беш,
Вале чи суд, ки лабташна боз хохам гашт?!
Чу дида неъмат бинад, ба каф дирам набвад,
Саре бурида бувад дар миёни заррин ташт.

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …