Главная / Илм / АСАЛ

АСАЛ

honey3АСАЛ, ангубин, ангабин, салво, шахд, махсули занбури асал, ки аз шахд ва гарди гул хосил мешавад. Дар Точикистон занбурпарвари чун сохаи мустакили хочагии халк с. 1934 ба вучуд омадааст. Замонхои кадим ахоли А.-ро асосан аз ковокии дарахтон мегирифт.
А. ду навъ мешавад: А.-и гул (аз шахд) ва А.-и шакарак (аз шакараки растани). А.-ро занбури асал барои гизои худ хосил мекунад. А.-и шакарак ва А.-и гуле, ки бо А.-и шакарак омехта аст, барои гизои занбур кор намеояд (онро касал ва махв месозад). Таркиби химиявии А. ба намуди растани, шароити махал ва фасли сол вобаста аст. А.-и гул бехтарин навъи А. буда, 15 –20% об, 80 – 85% карбогидрат (глюкоза, фруктоза, схароза, малтоза) ва 0,4% сафеда дорад. Дар таркиби А. 15 кислотаи органики (кислотаи себ, чавхари лиму, кислотаи глюконат ва г.), ферментхои гуногун (амилаза, каталаза, глюкозооксидаза ва г.), кариб 50 анвои моддаи хушбуй, 35 маводи минерали, витаминхои В2, PP, С, В6, К, Е ва бисёр алколоиду моддахои рангдех мавчуданд. Вазни хоси А. 1,416 (хангоми 20% будани оби таркибаш) аст; 1 кг А. 3200 калория гарми медихад. А.-е, ки занбур нав хосил кардааст, моеъ мебошад. Минбаъд он дар натичаи бухор шудани об расида, гализ мешавад. Баъд аз расидани А. занбур суроххои шонро бо мум руст мекунад. А.-и нав кашида вакти нигох доштан тадричан сахт шавад хам, сифати он тагйир намеёбад. Хангоми муайян кардани сифати А. пеш аз хама гилзат, часпаки, таъм, буй, ранг, мавчудияти кафк, хубобчахои хаво ва г.-ро ба назар мегиранд. Ранги А. сафед (А.-и кипрей), зард (А.-и акокиё, зирфун, офтобпараст) ва бури тира (А.-и марчумак ва хуланч) буда, вакти гарм кардан (то 370С), сиёхтоб мегардад. Таъм ва буи А. ба гарди гули растанихои асалдех вобаста аст. А.-и шакарак тираранг буда, баъзан бадтаъму бебуй мешавад. А.-и шакарак нисбат ба А.-и гул сахароза, моддахои минерали ва кислотахои органикии бештар дорад.
Микдори шахди гули растанихо гуногун аст. Дарахтони мева бинобар бармахал гул карданашон оилаи занбури А.-ро навбахорон бо гизо таъмин мекунанд. Аз дарахтони мева хусусан гули гелос, себ, нок, олуболу, олу, бектоши, кот, тамашк сершахд мебошанд. Занбур аз 1 га боготи дарахтони мева 20 – 30, бектоши то 50 – 60 ва тамашкзор то 100 кг А. хосил мекунад. Баъзе солхо дар натичаи мусоидии обу хаво аз 1 га тамашкзор то 200 кг А. гирифта мешавад. Гули дарахтони субтропики – афлесун, норанч, лиму, шафтолу, бодом, бихи ва г. низ сершахд аст.
А. гизои хушхазм буда, аз кадимулайём чун даво низ истифода мешавад. Ба акидаи Чолинус «…хеч чиз бехтар аз асал нест дар нафъ аз барои бадан ва илочи аксари маразхо ва расонандаи кувваи давохост бо суръат дар тамоми бадан». Абуалии Сино А.-ро давои васеъ ва тозакунандаи рагхо, хоричкунандаи фасоди аъзои дохили, пешгирикунандаи хирагии чашм ва бархамдихандаи дарди гулу хисобидааст. Мухаммадхусайн ибни Мухаммади Окили дар «Махзану-л-адвия» овардааст, ки А. «…чихати танкияи садр ва касабаи рия ва истиско, яракон ва сипурз ва бархам додани сангхои гурдаву масона ва душвории бавл ва анвоъи риёх ва барои дафъи сумум (захрхо) нофеъ аст». А. мубодилаи моддахои организмро мураттаб карда, сурфа, беморихои меъдаву руда, дил, чигар ва г.-ро шифо мебахшад. Бо максади хушбуй гардонидан ё додани рангу таъми дилхох баъзан чанд навъ А.-и аз растанихои гуногунро ба хам меомезанд.
Бо акидаи табибони халки А.-ро бо орди гандум хамир сохта гузошта банданд, варамхоро тахлил медихад, пучакхоро мепазонад; бо намак сиришта банданд, догхои зарба ва латхурдаро, ки кабуд шуда бошанд, нест мегардонад; бо оби зира даромехта бихуранд, бар зидди захри занбуруг даво аст. А.-ро бихуранд баданро аз моддахои зарарноки нодаркор пок месозад, гирехи рагхоро мекушояд, балгами часпак ва рутубатхоро нест мекунад, суст ва нотавон шудани аъзо, обварам, зардпарвин, иллати сипурз, душвории шошидан, бодхои гуногун, варами рудахоро рафъ менамояд, меъдаро кувват медихад, иштихоро мекушояд, бохро неру ато мекунад. Хусусан бо оби борон даромехта бихуранд, ба узвхои бадан об медавонад, бохи сустгаштаро кувват медихад, пешобро меронад, захми рудахо ва хичакро пок месозад, санги гурдаро майда карда мерезонад.
А.-ро дар чалакхое, ки аз чуби зирфун, бук, чинор, сангбед (верба), чалгуза (кедр) ва роздор сохта шудаанд, нигох медоранд. Кабл аз андохтани А. чалакхоро бо оби гарму сода шуста, мум ё парафини тоза (аз дарун) молидан лозим аст. А.-ро тавре бояд нигох дошт, ки буи чизхои дигар ба он нарасад. Баъзан ба чойхои дур А.-ро дар бидонхо (25 кг) хам мебаранд. Дар бидон ё чалак номи хочаги, навъ, мухлати кашида шудан ва вазни А. навишта мешавад. А.-ро, одатан, дар зарфхои шишагии дахонашон махкам ба фуруш мебароранд.
С. 2008 дар хочагихои чумхури 134480, аз чумла дар муассисахои кишоварзи 7045, ахоли 117780 ва хочагихои дехкони 9655 оилаи занбури асал мавчуд буд. С. 2009 дар Точикистон 2699 т А. истехсол карда шудааст. Дар пойтахти чумхури хар сол «Иди асал» бо шукуху шахомат чашн гирифта мешавад. Дар он асалпарварон аз тамоми шахру навохи махсулоти худро барои намоиш ва фуруш мегузоранд.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …