Главная / Илм / АСАЛРИШКА

АСАЛРИШКА

melilotus-officinalis2АСАЛРИШКА (Melilotus officinalis), говришка, зардбеда, зарришка, харбеда, гиёхест як ё дусола. Аз 30 то 200 см кад мекашад. Пояи рости сершохча, барги сешохаи дарозруя ё байзашакл, гули зард, тухми гирда ё мудаввари дорчини ё зарди сабзтоб дорад. Май – июн гул карда, июл – авг. тухм мебандад. Дар гулзорхо, сохили дарёхо, канори чуйхо, киштзори юнучка, гандум, чав, пахтазор ва богхо меруяд. Дар мавзеъхои к-куххои Курама, Туркистон, Зарафшон, Хисору Дарвоз, мавзеъхои Сирдарё, Точикистони Чанубию Шарки ва Помири Гарби (дар баландии 550 – 2600 м аз с.б.) дучор меояд. А.-ро дар давраи гулшукуфт мегундоранд.
Шифобахшии А.-ро Дискуридус (Диоскорид), Теофраст, Чолинус, Закариёи Рози, Абурайхони Беруни, Абуалии Сино ва дигарон кайд кардаанд. Мувофики маълумоти Дискуридус бехтарин А. хамон аст, ки ранги заъфарони ва буйи нисбатан тез дорад. Абуалии Сино бо чушоби появу барги А. беморихои занонаро табобат менамуд. Мархами А.-ро ба сар мебанданд (сардардро таскин мебахшад).
Дар тибби халки чушоби баргу пояи А.-ро хангоми бемории роххои нафас ва шуш (чун давои балгамовар) истеъмол мекунанд. Онро хангоми сардард ва чун давои таскинбахшу хобовар, бодрон (якчумчаги 2 – 3 маротиба дар як руз), пешоброн тавсия медиханд; мархамашро ба захм, никрис ва тарбод мебанданд. Накеъи «алафи» А. хангоми табларза, иллатхои меъдаву руда, бодхура нафъ дорад. Чойи гули А.-ро бо маска ё равгани зард омехта барои табобати чарохатхо истеъмол менамоянд, хангоми шамол хурдан ба бадан мемоланд.
Ад.: Ходжиматов М., Дикорастущие лекарственные растения Таджикистана, Д., 1989.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …