Главная / Илм / АСАБ

АСАБ

677058АСАБ, торхое, ки байни силсилаи марказии асаб ва узву бофтахои гуногун робита баркарор менамояд. А. аз берун бо парда (эпиневрий) фаро гирифта шудааст, ки дорои рагхои хун ва лимфа мебошад. А. шохахо дошта, интихои онхо то узву бофтахо рафта мерасад. Дар организми одам мачмуи А.-хо системаи асабхои канориро ба вучуд меоранд. Аз магзи сар 12 чуфт А.-хои чумчумави ва аз хароммагз мувофик ба бандхои он 31 чуфт А.-хои хароммагзи ибтидо мегиранд. Вобаста ба чойгири А.-хо сатхи (А.-хои пусти), амик (чукур), аз руи вазифа бошад, харакатовар, харакатовари рагхо, тарашшухи (кори гадудхоро танзим мекунанд) ва г. мешаванд. Номи бисёр А.-хо аз номи узв (мас., А.-и чашм), мавкеи анатомию топографи (мас., А.-и руй), фаъолият (мас., А.-и бинои) ва г. бармеояд.
А. аз наххо иборат аст, ки хар яки онхо шохчаи хучайраи асаб буда, ангезишро ба дигар узву бофтахо интикол медиханд. Наххои А. ду навъ – миелиндор ва бемиелин мешаванд. Вобаста ба самти интиколи чунбахо (импулсхо) наххои А.-и марказшитоб (афференти ё хассос; чунбахоро аз ретсепторхо ба силсилаи марказии асаб мебаранд) ва марказгурез (эфференти ё харакатовар; чунбахоро аз силсилаи марказии асаб ва гиреххои наботи ба узвхо интикол медихад)-ро фарк мекунанд.
Оид ба беморихои А. ниг. Неврит, Радикулит, Плексит.
КЛ
Расми 1. Нахи асаб: А – нахи миелиндор; Б – нахи бе миелин; 1 – мехвар; 2 – кабати миелини; 3 – мезаксон; 4 – ядрои нейролеммосит (хучайрахои Шванн); 5 – пардаи асоси; 6 – тангнои Ранвйе; 7 – нейрофиламентхо; 8 – митохондрия.
Расми 2. Асабхои чехра ва сару гардан: 1 – шохахои асаби чаккаи сар; 2 – шохахои асаби болои чашмхона; 3 – шохчахои асаби рухсора; 4 – асаби зери косахонаи чашм; 5 – шохчахои асаби рухсора; 6 – асаби руй; 7 – асаби манах; 8 – асаби канории чоги поён; 9 – шохчаи асаби гардан; 10 – асаби кундаланги гардан; 11 – асабхои болои охурак; 12 – асаби изофаги; 13 – асаби калони гуш; 14 – асаби хурди паси гардан; 15 – асаби калони паси гардан; 16 – асаби гушу чаккаи сар.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …