Главная / Илм / АРЗАН дар Канзи Шифо (Китоб)

АРЗАН дар Канзи Шифо (Китоб)

arzan-0-601x330Арзан растании зироати мебошад ва дар байни халкхои осиёи миёна васеъ пахн гаштааст. Сараш иборат аз хушаи тити пурдон аст. Ранги донхояш зарди сафедтоб мебошад. Инро ба забони руси просо ва донхои мукашшарашро пшено  мегуянд, ки ба точики сук мебошад. Дар тиб хамин донхои он истеъмол мегардад.

Мизочаш дар дарачаи якум хунук ва дар охири дувум хушк аст. Ба кавли баъзе табибони номдор, дар дарачаи дувум сард ва м хушк аст. Хислатхои шифобахши он: ин хамчун гизо сабуктар аз кунок аст, моддахои рехташавандаро аз харакат нигох медорад, яъне аз он, ки онхо ба узвхои бадан рехта гарданд, нигох медорад; хислати бидуни дард хушккунандаги дорад, вале хуни солим аз ин дар бадан камтар пайдо мешавад, аммо агар бо равган истеъмол намоянд, агарчи дерхазм аст, чун хазм ёбад, баданро кави мегардонад ва гизоияташ бештар мегардад. Агар сукро мухарро пухта бихуранд, печишхоро дар роххои нафас мекушояд ва таркишхои он роххоро ба хам меоварад; дар беморихои назла даво мешавад. Агар аз орди он нон пухта бихуранд, исхоли сафровиро мебандад, пешобро меронад, бачаро аз шиками занони хомила меафтонад.

Махсулоти сукиро аз хад бисёр бихуранд, дар бадан хилти савдоро зиёд мегардонад, дар узвхои бадан гиреххо пайдо мекунад. Агар инро бо равганхо, шакар ва халвохо бихуранд, хислатхои бади мазкураш ислох меёбанд. Касеро хунаш бисёр, яъне фишори хунаш баланд бошад ва рутубатхои мурдор дар баданаш афзуда бошанд, инро бихурад, меъёри хамаи он чизхоро ба эътидол меоварад. Сукро бо шири навдушида пухта, бо равганхо бихуранд, хамаи он холати нохушро баэътидол меоварад.

Арзанро бо намак якчо соида, дар латта баста, бар болои он нишинанд, макъади (кутани) баромадаро ба чойи аслиаш мегардонад ва ахлоти дар рудахо бандшударо равон месозад. Сукро бо равганхо ё бо сабусаш пухта бихуранду ба хаммом раванд ва он чо бар бадани худ равганхоро бимоланд, боди меъда ва тихигохро тахлил ва дарди рудахо ва бавосирро таскин медихад. Ба чойи ин сиёхдонаро хамчун давохои гузоштабанди истеъмол фармоянд, равост. Агар баъд аз ба сук гардонидани арзан як сол гузашта бошад, истеъмолаш чоиз нест.

Сурати тухми Арзан

arzan-300x202
Тухми арзан

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …