Главная / Илм / АРТРОЗ

АРТРОЗ

_artrozАРТРОЗ (Arthrosis), бугумдард, остеоартроз, иллати музмини бандхо. Ба он бештар раккосхо, операторони компютер, варзишгарон ва г. бинобар ихтилоли эндокрини, дар натичаи зарбулати бандхо, барзиёдии вазн, аз сабаби ихтилоли раванди мубодила дар организм, инчунин хангоми кори бисёру доимии чисмони гирифтор мешаванд. Пушидани пойафзоли танг низ боиси А.-и бандхои кафи по мегардад.
Чи бандхои калон (зону, кос, соку кафи по, оринч) ва чи бандхои хурд, аз чумла бандхои сутунмухра (спондилоартроз), осеб меёбанд. Хангоми А. тагояке, ки сатхи банди устухонхоро фаро гирифтааст, тадричан вайрону тунук шуда, бофтаи устухон ва пардаи дохилии халтачаи бугум зиён мебинад, баъзан устухон калон мешавад.
Бемори аз дарди сусту номуттасили бандхо огоз ёфта, хангоми кори сабук худ аз худ нест мешавад. Сони аз кори дуру дарози вазнин дард аз нав пайдо шуда, тадричан доими мегардад. Бандхо андаке варам ва дар аснои даст расондан дард мекунанд, аз хаму рост шудан кирс-кирс садо мебароранд. Тагйир ёфтани шакли банд ва дар бандхои калон чамъ шудани моеъ аз эхтимол дур нест.
Дар мавриди спондилоартроз решачахои асаб бинобар калон гаштани устухонхо фишор ва зарбулат хурда, ба ном «дарди решачаи асаб» ба вучуд меояд; дар атрофи дилу шикам низ дард хис карда мешавад. Хуручи бемори, одатан, дар натичаи кори барзиёди банди осебдида сар мезанад.
Муоличаи А. ба давраи бемори вобаста аст. Максад аз табобат муътадил гардондани раванди мубодилаи моддахо дар организм ва аз бори вазнин эхтиёт намудани банди иллатёфта мебошад. Дар баъзе мавридхо чаррохи низ зарур аст. Рахои аз вазни зиёдати дар кори табобати А. ахамияти калон дорад.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …