Главная / Илм / АРТРИТ

АРТРИТ

6-54АРТРИТ (Arthritis; аз юн. arthron – банд, бугум, мафсил), газаки банду бугум, бемориест, ки аз илтихоби банду бугум сар мешавад. А. окибати беморихои сироятии сил, сузок, брутселлёз, домана, исхоли хунин, ангина ва г., хамчунин зарбу лати бандхо ва манбаи сирояти музмини микробхо (хангоми газаки бодомак, дарди гуш, иллати узвхои нафас, иллати дандонхо ва г.) аст. Сирояти тулонии микробхои касалиангез дар пайдоиши беморихои музмини бандхо мавкеи мухим дошта, боиси инкишофи аллергия мегардад. Захролуди, хунук хурдан, суст шудани кобилияти мухофизатии организм низ ба пайдоиши А. мусоидат мекунанд.
Дарди бандхо, ки хангоми харакат шиддат мегирад ва хисси карахти (махсусан дар сурати тулони чараён гирифтани бемори) аломатхои асосии А. мебошанд. Аксар вакт варам, тагйири шакл ва тархи банд (аз сабаби чамъ шудани моеи газак дар чавфи банд) мушохида шуда, пусти чои иллати сурх мегардад. Хангоми А. бехоли ва варача ба амал меояд. Дар сурати саривакт ва дуруст табобат кардан (аз руи таъиноти духтур), ки он истифодаи дорухои пурсамар, варзиши шифои ва масхро фаро мегирад, бемор шифо меёбад. Дар аснои кухна гаштани иллат, бемори музмин ва боиси бадшаклии банду камхаракатии онхо мегардад. Ба варзиши шифои ва масх фавран баъди нест шудани зухури шадиди бемори шуруъ бояд кард. Дар аввал машкхои оддиро ичро карда, тадричан онхоро мураккаб мегардонанд. Бо ин максад мачмуи машкхои махсусро дарёфтаанд. Ба бемороне, ки гирифтори А.-и музминанду фаъолияти бандхояшон халал ёфтааст, варзиши шифои (харакат)-и муттасил зарур мебошад. Аз сабаби барзиёдии вазни бемор табобати бандхои осебдидаи сутунмухра, кос ва пой душворихо пеш меорад. Махлул ва мархамхое, ки ба бандхо мемоланд, чун воситаи мусакин истифода мешаванд. Барои масх факат дорухои таъинкардаи духтурро истифода бояд бурд, чунки воситахои хонаги бештар аз ангезандахои химияви иборат буда, аксар вакт чараёни газаки бандро метезонанд ва боиси сухтани пуст мегарданд. Табобат дар осоишгох танхо дар давраи хуруч надоштани газак ва бо таъиноти духтур тавсия мешавад.
Барои пешгирии А. саривакт табобат кардани беморихои сирояти, мунтазам тоза нигох доштани чавфи дахон (ниг. Дахон) зарур аст. Худро аз оббози дар оби хунук, хунук хурдан, якбора тагйир ёфтани обу хаво эхтиёт кардан лозим аст. Обутоби организм, тарбияи чисмони, инчунин бехтар кардани шароити зиндагию мехнат ахамияти калон дорад.
Бо максади муоличаи А. кабл аз хама сабабхои асосии бемориро бартараф сохтан лозим аст; истифодаи антибиотикхо, гормонхо, дорухои рафъи дард ва зидди илтихоб, гохо чаррохи, низ дар назар дошта мешавад.
У. Расулов.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …