Главная / Илм / АРТРИТИ ТАРБОДМОНАНД

АРТРИТИ ТАРБОДМОНАНД

ds00020_im02689_r7_rheumatoidarthritisthu_jpgАРТРИТИ ТАРБОДМОНАНД (Rheumatoid arthritis), бемории бофтахои пайвандист, ки бо осеби бугумхо падид меояд. Сабаби А. т. то хол маълум нест. Баъзе маълумотхои тахмини далолат бар он мекунанд, ки А. т. табиати сирояти дорад (мас., зиёд шудани лейкоситхои хун, афзудани суръати тахшини эритроситхо – СОЭ ва г.). А. т. боиси маъюби (дар 70% беморон) мегардад. Сабаби асоси фавти маризон дар мавриди бемори нукси гурдахо аст.
А. т. се давраро дарбар мегирад. Дар давраи аввал халтачахои зулоли (синовали) варам карда, дардманд мешаванд. Дар давраи дуюм бинобар таксим шудани хучайрахо пардаи зулоли гафс ва сахт мегардад. Дар давраи сеюм хучайрахои иллати фермент ихроч мекунанд, ки он ба устухон ва тагоякхо зарар расонда, боиси кач ва бехаракат гаштани бандхо мешавад.
А. т. дар огоз охиста чараён мегирад. Нишонахои он ба полиартрит ва олигоартрит монанд мебошанд. Банду бугумхо бар асари тагйири обу хаво ба дард медароянд. А. т. аксар вакт якчоя бо дигар беморихо – остеоартроз, тарбод, амрози бофтахои пайванди ва г. пайдо мешавад. А. т. метавонад дар хама бандхо ба мушохида расад, вале бисёр вакт дар бугумхои ангуштон ва банди даст падид меояд. Осеби бандхо, одатан, ба таври симметри сурат мегирад, яъне агар банди дасти рост зарар бинад, пас хамон банди дасти чап низ иллат меёбад.
Аломатхои А. т. гуногун мебошанд, мас., хастаги, субхидам карахт шудани банду бугумхо, сустию бехоли, пайдо шудани дард хангоми бисёр нишастан, хуруч ёфтану хомуш шудани нишонахои маризи, дард кардани мушакхо, беиштихои, хиратабъи, хароб шудан, камхуни, хунук будани кафи дастон ва г.
Бо максади табобати А. т. аз дорухои рафъи илтихоб истифода мебаранд. Усулхои табобати физиотерапевти, гармишифои (парафин, озокерит), электрофорез, муолича дар санаторияхо низ корбаст мешаванд.
У. Расулов.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …