Главная / Илм / АРТЕРИЯХО

АРТЕРИЯХО

arteriiАРТЕРИЯХО (Arteria; аз юн. aerterio – нигох доштан), шараён, сурхраг, рагхое, ки аз дил сар шуда, хунро ба узвхо ва бофтахои бадан мебаранд. Ба воситаи А. хуни тозаи аз оксиген сер (рангаш сурхи равшан аст) харакат мекунад (гайр аз А.-и шуш, ки онхо хуни варидиро аз дил ба шуш мебаранд). Силсилаи А. аз А.-и шуш, аорта ва рагчахои хурдтарини хунгард (артериола) иборат аст. Рагчахои А. ба хам пайваст шуда, анастамозхоро ташкил мекунанд, ки онхо хангоми дар А.-и асоси катъ шудани харакати хун узвхоро бо хун таъмин месозанд.
А. найчаи нихоят чандир буда, деворахои секабата дорад: пардаи беруни (адвентитсия), ки вайро бофтаи пайванди ташкил медихад; кабати миёна (медиа), ки аз торхои мушаки суфта ва чандир иборат аст; пардаи даруни (интима), ки онро лояи хучайрахои эндотели ба вучуд овардааст. А. ба сабаби бисёр чандиру бакувват будани деворахояш ба фишори калоне, ки аз кашишхурии дил пайдо мешавад, тоб меорад.
Дар мавриди осеби эндотелий (бинобар рух намудани илтихоб ё атеросклероз) судда (тромб) хосил шуда, сурохи рагро танг ё умуман руст мекунад. Чунин иллат метавонад боиси сактаи дил, сактаи магзи сар, эндартериити фарогир ва диг. беморихо шавад. Беморихои А.: Аневризма, Аортит, Артериитхо, Атеросклероз, Коронарит, Коронаросклероз, Эндартериит. Ниг. низ Рагхои хун.
КЛ
Сохтори девораи артерия (А) ва веннахо (Б) – и мушаки (накша). I – чилди дохили: 1 – эндотелий; 2 – пардаи асоси; 3 – кабати зери эндотелий; 4 – пардаи чандири дохили; II – чилди мобайни: 5 – миоситхо; 6 – наххои чандир; 7 – наххои коллагени; III – чилди беруни: 8 – пардаи чандири беруни; 9 – бофтаи пайвандии нахдор (ковок); 10 – рагхои хунгард.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …