Главная / Илм / АРИТМИЯИ ДИЛ

АРИТМИЯИ ДИЛ

aritmii-serdcaАРИТМИЯИ ДИЛ (аз а – хиссачаи инкори ва юн. rhythmos – низом), номураттаб кашиш хурдан (тапидан)-и дил, ки дар натичаи ихтилоли фаъолияти чудогонаи он ба амал меояд. Одам, одатан, задани дилашро хис намекунад, бинобар ин аз суръати он бехабар аст. А. д. дар номураттаби, бозистодан ва таппиши бетартиби он зохир мегардад. Бисёр шаклхои А. д. барои кори дил ва хаёти одам чандон хатарнок нестанд. Бо вучуди ин дар мавриди пайдоиши нишонахои аввалини он ба духтур мурочиат кардан зарур аст, зеро муоинаи тибби бо истифодаи электрокардиография имкон медихад, ки бемори ташхис шавад.
А. д. бештар ба вазъи силсилаи нокили импулс ё асабхои танзими кори дил вобаста аст. А. д. дар тез ё суст шудани кашишхури ва хуручхои тапиши дил, аломати кашишхурихои иловаги ва г. зохир мегардад. А. д. бештар окибати беморихои дил (миокардит, кардиосклероз ва г.) мебошад. А. баъзан тагйироти табиии кори дил буда, чавобан ба таъсири омилхои мухталиф, мас., хангоми варзиш, давидан, ичрои кори вазнини чисмони ва г. ба амал меояд.
Дар холати ороми ва фаъолияти муътадил набзи одам дар 1 дак. 60 – 80 маротиба мезанад. Тез задани дилро тахикардия меноманд. Суст гаштани кори дил брадикардия ном дорад. Дар фосилаи нобаробари вакт пайдо шудани импулсхо аломати аритмияи синуси аст. Чунин шакли А. д. бештар ба амали нафаскаши вобастаги дорад: дар мавриди нафас гирифтан, набз тез ва хангоми нафас баровардан, суст мешавад. Ин навъи А. д. муоличаи махсус талаб намекунад.
Экстрасистолия ихтилоли низом (ритм)-и дил аст, ки бинобар дар мушаки он ба вучуд омадани манбаъхои иловагии ангезиш (импулси онхо боиси бармахал кашиш хурдани дил – экстрасистола мешавад) сар мезанад. Вобаста ба чойгирии манбаи ангезиш экстрасистолия ду хел – фавкимеъдачави (пешдили, атриовентрикули) ва меъдачави мешавад. Эксрасистолия дар мавриди серхаячони, беморихои дил ва узвхои дигар, хамчунин дар одамони солим ба мушохида мерасад. Беморони гирифтори экстрасистолия бояд аз кашидани тамоку, истеъмоли чои талх, кофе, машруботи спиртдор худдори намоянд.
Тахикардияи пароксизми – ногахон ва тез шудани кори дил (дар 1 дак. то 180 – 220 маротиба). Хуручи бемори аз чанд сония то чанд руз давом карда, сипас ногахон хамон тавр хотима меёбад. Дар натичаи тул кашидани хуручи бемори бисёр вакт иллати шадиди дилу рагхо сар мезанад.
Аритмияи ларзон ихтилоли ритми дил буда, хангоми он пешдил пурра кашиш намехурад, импулсхо ба меъдачахо бетартиб интикол меёбанд. Бемори дар мавриди кардиосклероз, тиреотоксикоз, миокардит рух менамояд. Аритмияи ларзон метавонад доими бошад ё факат дар шакли хуручхо ба вучуд ояд. Бемори ба гардиши хун (хусусан дар вакти бехад тез шудани ритми дил ё осеби вазнини мушаки меъдачахо) таъсири номусоид мерасонад.
Инхисор (блокада)-и дил – ихтилоли ритм, ки сабаби он халал ёфтани интиколи импулсхо аз пешдил ба меъдачахо аст. Дар мавриди тарбод, миокардит, кардиомиопатия, кардиосклероз, захролуди аз дорувор ва г. мушохида мешавад. Хини инхисори чузъи фосилаи интиколи импулсхо аз пешдил ба меъдачахо дароз аст. Дар сурати инхисори пурра импулсхо аз гирехи синуси ба меъдачахо рафта намерасанд (онхо факат боиси кашиш хурдани пешдил мешаванд). Бинобар ин дар меъдачахо импулсхои худи (дар 1 дак. 20 – 40 зарба) ба вучуд меоянд (набзи чунин беморон канда-канда аст).
Х. Вохидов.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …