Главная / Илм / АРАКШОРи

АРАКШОРи

1328547792АРАКШОРи, раванди физиологист, ки сардшавии организмро (аз хисоби ба буг табдил ёфтани араки руи пуст ва нигох доштани мувозинати обу намак) таъмин мекунад. Аракро гадудхои махсус, ки дар насчи чарби зери пуст чойгиранд, чудо менамоянд. Гадудхои арак бештар дар зери багал, кафи дасту пой чо гирифтаанд. Арак аз 99% об, 0,3% хлориди натрий, 0,1% дурдаи пешоб, хамчунин аз диг. моддахои мураккаби органики иборат аст. Тавассути арак махсули тачзия, ки дар натичаи мубодилаи моддахо хосил шудааст, ихроч мегардад.
А. дар танзими харорат, хусусан хангоми кори вазнини чисмони ва дар шароити харорати баланд, ахамияти калон дорад. Дар аснои нисбат ба харорати бадан афзунтар будани харорати мухит, А. омили ягонаест, ки организмро аз гармии зиёд эмин медорад. Дар холати ороми А. номаълум гузарад хам, дар асл бинобар буг шудани об ба воситаи пуст организм дар як шабонаруз ба хисоби миёна кариб 500 мл обро ихроч мекунад. Баробари баланд шудани харорати мухит А. низ меафзояд (аввал аз хисоби ба ин чараён иштирок кардани микдори зиёди гадудхои арак, сипас дар натичаи афзудани самараи кори онхо). Мас., дар мавриди аз 500С. боло будани харорати мухит дар тули як соат то 2 л арак чудо мешавад. Дар хавои гарм дар организм об захира нашавад хам, ихрочи арак идома меёбад. Хангоми багоят зиёд талаф шудани об фаъолияти физиологии организм (нафаскаши, гардиши хун ва г.) вайрон мешавад. Таъсири дурударози харорати баланд ва ба он мутобик гаштан А.-ро кам мекунад. Аз хамин сабаб хушкии пусти сокинони мамлакатхои гарм хатто дар харорати баланди мухит низ тагйир намеёбад.
А. баъди истеъмоли хуроки гарм ва тунду тез, нушокии бисёр, хангоми кори чисмони, табларза, гаму андух ва г. авч мегирад. Аз тарсу вахм ва хаячон кафи дасту пой, чабин ва диг. кисмхои бадани одам низ арак мекунанд.
Мафхуми «А.»-ро аз мафхуми «арак кардан» бояд фарк намуд. Микдори арак на аз шиддати А., балки ба суръати бугшавии арак вобаста аст. Мас., агар бугшави кисми алохидаи баданро фаро гирад (агар одам телпак пушад, пойафзол ё либоси гарм дошта бошад), пас хатто хангоми А.-и муътадил низ хамон кисми бадан тар мешавад. Дар ин холат сару либосро иваз кардан лозим меояд. А.-и барзиёд барои баъзе одамон одат шудааст. Дар ин холат бояд бо духтур маслихат кард, зеро А.-и доими мумкин аломати ягон бемори бошад. Ниг. низ Гипергидроз.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …