Главная / Илм / АРАХНОИДИТ

АРАХНОИДИТ

arahnoidit3АРАХНОИДИТ (Arachnoiditis; юн. arachne – тортанак ва eidos – шакл), газаки анкабудпардаи магзи сар ё хароммагз. Одатан, хамрохи газаки пардаи нарми магзи сар пайдо мешавад. А. баъд аз беморихои сироятии шадид ва музмин, мас, грипп, газаки римноки бинивораи иловаги (ниг. Бини), гуш (ниг. Отит), бодомак (ниг. Ангина, Тонзиллит), баъд аз осеби косахонаи сар ва сутунмухра, дар натичаи захролуди аз сурб пайдо мешавад. Чун оризаи зарбу лати косахонаи сар, грипп ва диг. беморихо А. аксар вакт хангоми риоя накардани режими бистари ва ичро накардани тавсияи духтур ба амал меояд. Хангоми А. анкабудпарда ва пардаи нарми магзи сар гафс шуда, гардиши моеъи хароммагз вайрон, фишори дохилии чумчума баланд мегардад; дарди сари бардавом пайдо мешавад, ки аломати маъмули А. аст. Дар баъзе холатхо хуручи саръ ба мушохида хохад расид. Хангоми газаки пардахое, ки асаби босираро фаро гирифтаанд, босира суст мешавад; дар натичаи А.-и кисмхои акиби магзи сар чархзании сар, заъфи шунавои, ихтилоли мувозанат ба вучуд меояд. Бинобар илтихоби пардаи решачахои хароммагз дар бадан ва дасту по дард пайдо мешавад. Пайдоиш ва сабаби А.-ро духтур баъди дар шуъбаи неврологи бодиккат муоина кардани бемор муайян месозад. Чараёни бемори музмин буда, дар мавриди пешгири накардани он шахс солхои дароз аз дарди сар азият мекашад, босира суст, шунавои паст мешавад. Саривакт муолича кардани беморихои шадиди сирояти ва музмини илтихобии халку бини ба инкишофи А. рох намедихад. Хангоми бо сурб сару кор доштан, риояи коидахои техникаи бехатари шарт ва зарур аст.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …